Боварии аниқ ба ҷинҳо комилан равшан нест. Масалан, аз нигоҳи илми Тиб мавҷудияти ҷинҳо ба мисли дидани Хоб аст. Яъне ҳастии ҷинро тиб инкор мекунад. Назарияҳое ҳастанд, ки  инсон ҳангоми ба ягон бемории ҷисмонӣ ё ба душвории зиндагӣ дучор гардида, дар мавҷудияти ҷинҳо бештар боварӣ ҳосил мекунад ва дар тахаюлоти худ онҳоро ҷо медиҳад. Масалан, агар дар майнаи сар лахтаи хун дармонад, одамро ба гирифтории бемории эпелепсия оварда, бадани ӯро ба ларза меорад.

Дар замони пеш то тараққӣ ёфтани илми тиб шахсоне, ки табиатан носолим таваллуд мешуданд, ба бемориҳои асаб мубтало гардида, бештар дар назари онҳо ҳар гуна ҷисмҳои ғайриодии воҳиманок намоён мегардид, ки онҳоро ҷинзада мешумориданд. Ба мисоли касалии «РАК», ки дар майнаи сари шахси ба ин беморӣ мубтало гардида пайдо шавад, асосан онҳоро ҷинзада меноманд, ки дар асл онҳо ҷинзада неву балки шахсони ба бемории асаб гирифторшуда ҳастанд.

Аммо нигоҳи дини ислом дар бобати ин мавзӯъ умуман дигар аст. Мувофиқи гуфтаи Қуръони Карим ва ривоятҳои мусулмонӣ ҷинҳо аз оташи бедуд пайдо шудаанд. Мавҷудияти ҷинҳоро инсон, одатан бо ягон 5 гонаи ҳисёти худ пай бурдан наметавонад. Онҳо аз одамон барвақтар дар рӯи замин пайдо шуда, мисли онҳо дар рӯи замин, осомон ва зери замин дар қатори дигар мавҷудот зиндагонӣ мекунанду ба мусалмону кофир низ ҷудо мешаванд. Яъне ҷинҳои намозхони мусалмон, ки номашонро «Парӣ» мегӯянд ва ҳастанд ҷинҳои кофире, ки аз Худо тарсе надоранд ва онҳоро бошад Дев, Балову Шайтон меноманд.

Меоем сари мақсади асосӣ, ки овоза ё ҳақиқат будани ҳуҷуми ҷинҳо дар ноҳияи Рашт вирди забонҳои марудум зиёд чарх мезад. Бисёриҳо ба воқеаи мазкур то ба пайдоиши далелу аснод ҳеҷ бовар намекарданд… Мо кӯшидем роҷеъ ба ин ҳодиса то андозае асли воқеъаро дарёбем…

Хонаводаи қишлоқи Дуобаи ноҳияи Раштро ҷинҳо, париҳо ва махлуқони ноаён оромона дар ҳавлии худ зиндагӣ кардан намегузошатанд ва зери фишори меҳмони нохонда хонабадӯш шуда буданд.

Қаҳрамони ин воқеа Сӯҳроб Нуриддинов, ки дар қисми рости дарёи деҳаи Дуоба замин гирифта, хона карда буд, мебошад.

Шабона… касе ба хонаи Сӯҳроб санг мепартояд. Ӯ аз хона баромада, ҳар чанд ин тарафу он тараф нигоҳ мекард, касеро намедид. Дохили хона мешавад. Боз касе санг мепартояд. Маротибаи дуюм низ касеро мушоҳида намекунад. Ин ҳама воқеаро ба ҳамсояҳову хешу таборон қисса мекунад. Вале касе намедонист, ки ин чӣ аст. Назди домулло меравад. Ӯ мегӯяд, ки инҳо ҷин ҳастанд ва онҳо хонаатро ғасб карда, туро пеш карданианд. Сангборон шудани хона дар рӯзи дигар зиёд мешавад.

Шаш нафар ҷавони 15-25 сола, ки ҷиянҳои Сӯҳроб Нуриддинов ба ҳисоб мерафтанд, ҳамроҳаш дар хона менишинанд ва таввасути “DVD” фитта  тилловати Қуръонро гӯш мекунанд. Аммо сими “DVD” аз барқ худ ба худ кашида, ҷудо карда мешавад. Дискҳои дар назди  “DVD” қарордошта, ба девору ашёҳои хона задан мегиранд. Як ҷияни Сӯҳроб ҳамаи дискҳоро ҷамъоварӣ карда, зери болишт мегузораду худ болои он хоб меравад вале бефоида. Амалҳои муқовиматнишондиҳӣ баръакс қаҳри ҷинҳоро оварда, ба сангпартоӣ аз болои бом ба долону хонаи хоб мегузарад. Ғазаби ҷинҳо рӯз аз рӯз зиёд мегардид. Сангҳои партофтаи онҳо ба пою дасти Сӯҳроб бармехӯрданд. Аз маҷбурӣ ӯ ва оилааш хонаро тарк мекунанд. Аҷиб ин аст, ки агар Сӯҳроб тани танҳо дар хона бошад, ҷинҳо ӯро озор намедоданд, вале бо аҳли оила дар ин хона зиндагӣ кардан намегузоштанд.

Мардуми деҳаи Дуоба ва хешу табори Сӯҳроб ба хулосае меоянд, ки чорвоеро хун карда, садақа кунанд. Як домуллоро барои тилловати Қуръон ҷеғ мезананд. Чорворо забҳ карда, гӯшташро ба дег барои пухтан мегузоранду мардуми гирду атрофро даъват менамоянд. Аммо танҳо ду се коса ба меҳмонон меоранду халос. Таомро хурдан наметавонанд. Дигаре гӯштҳоро дар зарфе мебардорад ва ба болои зарф як зарфи дигареро мегузорад. Зарфи гӯшдор ба замин чаппа шуда, ба болояш регу қум рехта мешавад. Дар пеши чунин зараррасони ноаён мардум дигар чорае дида наметавонистанд.

Ҳар касе, ки онҳоро дашном медод аз ин ба ғазаб омада, сангпартоиашонро зиёдтар мекарданд.

Бисёри аз одамон то дидани ҳодиса бо чашми худ, чандон бовар надоштанд, ки ҷинҳо хонаи Сӯҳробро сангпартоӣ мекунанд. Як чизи аҷибаш ин ки ҷинҳо ба ҷисми одамон санг намепартофтанд. Онҳо гӯё огоҳ мекарданд ва ё аз мавҷуд будани хеш дарак медоданд.

Дар як тараф партофтани сангу чаппаву роста кардани курпачаҳо, дар тарафи дигар бошад, ҳарфҳои нофаҳмо дар рӯи қолини хона ҳуруфчинӣ шудагӣ буд. Ҳайратовараш он ки навиштаҷот бо ҳуруфи ангилисӣ навишта шуда буданд, вале ин навиштаҷотро, ки Сӯҳроб хонда натавонист, ҷинҳо бо лаҳҷаи тоҷикӣ бо ҳуруфи крилӣ бо мазмуни «умрбод баромада равед» навиштанд. Ин як сӯ истад. Бозёфти 9 сомонӣ баъди 22 рӯз аҷиб менамояд. Сӯҳроб ба духтаронаш нӯҳ сомонӣ медиҳад, то куртаи духташудаи худашонро аз назди дӯзанда гирифта оранд. Онҳо пули додаи падарашонро мегиранду якеашон пулҳоро дар ҷайбаш мемонад. Нав ба назди дӯзанда рафтанӣ мешаванд, ки пулҳо ғайб мезананд. Ғайб задани онҳо ниҳоят ҳайратовар буд. Пас аз 22 рӯз аввалан 4 сомонии ба таври номафҳум сурохкардашуда ва гирдогирдашон каҷу килеб бурида шуда, ба замин меафтанд. Сӯҳроб онҳоро мегираду аз диданашон тааҷуб мекунад ва барои надодани 5 сомонии дигар ҷинҳоро номард мехонад. Дар он вақт аз осмон чӣ тавр дар назди пои духтараш афтидани 5 сомонаро дида ҳардуяшон дар ҳайрат мемонанд. Он панҷ сомонӣ низ ба мисли яксомонаҳо буридашуда ва сурох кардашуда буд.

Сӯҳроб барои рӯшанӣ андохтан ба олами ҷинҳо, ба имоми масҷиди ба номи Салмони Форсии шаҳри Душанбе – домулло Саидҷалол муроҷиат мекунад ва аз ӯ дар бораи онҳо чунин ахборот мегирад:

«Як рукни эмондории ҳар як мусулмон ин бовар кардан ба олами ҷинҳо аст. Ҷин ҳам махлуқи Худост. Чӣ тавре, ки медонед, Худованд одамро аз хок офаридаасту ҷинро аз оташ. Ҷинҳо низ дар олами мо зиндагӣ мекунанд. Инсонҳо онҳоро намебинанд. Чуноне, ки дар сураи Ҷин омадааст, ҷинҳо низ хубу бад, хайрхоҳу зиёнрасон, баодобу беодоб, босаводу бесавод ва роҳбари худро доранд. Чашми одамизод сурати ҷинро дида наметавонад. Агар бинад ҳалок мешавад. Ба ғайр аз як ҳодисаи дар даврони Паёмбар (с) рух дода, рух додани чунин ҳодиса дар китобҳои динӣ наомадааст. Ҷинро бо чашми дил ва майна дар ҳолати бехудӣ ба ҳар сурат дидан ва муколама кардан мумкин аст. Ин ҳам бошад, дар зери хониши сураҳои Қуръон аз тарафи муллои ҷинхон сурат мегирад. Муллои ҷинхон одамеро, ки зиёни ҷинҳо ба вай расидааст, мехонад ва дар зери хониши домулло он бемор бе худ мешавад ва дар ҳамин ҳолат муколамаи байни домулло ва ҷин бо забони бемор оғоз мегардад. Дар ин вақт домулло пурсон мешаваду бемор чӣ дидани худро (масалан, мор, гов ва ё одам) қисса мекунад. Умуман, тавассути муколама муллои ҷинхон ба ҷин ғолиб меояд».

Барои муқовимат бо ҷинҳо Сӯҳроб як домуллои дигареро аз Душанбе ба хонааш даъват мекунад. Ӯ тӯли чанд рӯз бо ҷинҳо мубориза мебарад ва  чанд тани аз онҳоро низ нест мекунад. Вале то охир мулло муқовимат карда наметавонад.

Чӣ тавре, ки сӯҳроб худ аз таърихи пайдоиши ҷинҳо қисса кард, миёнаҳои солҳои навадум, аниқтараш дар даврони нооромиҳо Сӯҳроб мехост дар пушти хонааш як меҳмонхонаи созад. Барои пойдевори хона чуқурӣ меканад ва дар чуқурии як метр белаш ба чизи сахте бармехӯрад ва ҳис мекунад, ки он санг нест. Чуқуриро васеътар меканад ва билохира даҳони як кӯзаи калон дар онҷо намоён мегардад. Хоки болои кӯзро ба ин тарафу он тараф партофтан мегирад, ки як кӯзаи калоне, худи ӯ дар дарунаш бемушкилот ҷой мегирифт, мебарояд. Кӯзаи дигареро дуртар аз он меёбад, ки нисбати кӯзаи аввала хурдтар буд. Аз дохили кӯзаҳо даҳҳо сатил хок холӣ мекунаду онҳоро тоза мекунад. Бо дасти худ онҳоро мешиканад. Зеро ҳамон шабу рӯз яроқбадастон ба деҳоти ҳамсоя зиёд рафтуомад менамуданд ва тарс аз он дошт, ки мабодо онҳо хабари дарёфт намудани кӯзаҳоро шунаванд ва аҷаб нест маҷбур намоянд, ки тиллоҳои дарунашро биёрад. Ҳол он ки аз дохилашон чизе ёфт нашуд ва аз он метарсид, ки зери зулму ситами онҳо намонад ва «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» – гӯён бо дасти худ он зарфҳои ғайриодии қадимиро шикаст. Аз ин амалаш пушаймон ҳам шуд, аммо чӣ суд? Нест шудани кӯзаҳо аз тарафи ҷинҳо ягон вобастагие дорад ё не, ин суоли матраҳ аст.

Бояд ёдовар шавем, ки ҷинҳо ба ҷуз аҳли хонаводаи Сӯҳроб ба каси дигаре кор надоранд, танҳо дар ҳолати сарҷамъии оила ба сангу кулухпартоӣ шурӯъ мекунанд. Дар аввал ҷинҳо сангу кулухҳои 300 – 400 грамма мепартофтаанд ва баъдан ба партофтани сангҳои як -ду клограмма сар мекунанд. Рузе ҳамсари Сӯҳроб хостааст либиёҳои назди ҳавлиро ғун кунад, як ҷӯйборо начинда, як санги як-якуним килограмма чунон сахт ба пушташ мезанад, ки ҷои захм сиёҳ гашта, дарди он дигар аз танаш гум намешавад. Ҷинҳо баъд аз ба хона зарар овардан, ба ҳамсари Сӯҳроб бисёртар зиён мерасонданд.

Рӯзе дар хонаи Сӯҳроб 13 нафар наздикон нишаста буданд. Намози шом фаро мерасад ва  завҷаи Суҳроб ҷойнамозро боз намуда, нияти намозходан менамояд. Ба ногоҳ ӯ аз фарши хона то ба андозаи як – якуним метр бархоста, ба тахтапушт ба замин чунон сахт мезанад, ки аз ҳуш меравад.

Рӯзе Сӯҳроб ба берун баромаданӣ мешавад, ки як пои пояфзолашро намеёбад. Дар ҳангоми дуруст намудани қолину курпачаҳои чаппанамудаи ҷинҳо пойафзолашро аз онҷо меёбад, ки бандҳои он зиёда аз даҳ гиреҳ баста шуда буд. Маълум мешавад, ки ҷинҳо дар хонааш бозӣ мекардаанд. Зеро, либосҳои Сӯҳробро ба шакли лухтакҳо ва одамча сохта, дар рӯи курпача мехобониданд ва ба сараш болишт гузошта, ба болояш курпа бор мекардаанд. Боре духтараш чунин манзараро дида, гумон мекунад кӯдаке хобаст. Сӯҳроб ҳам қариб бовар мекунад, ки ӯ кӯдак аст, аммо вақте наздик омада, мебинад шиму куртаашро ба шакли лухтак сохтаанд. Рӯзи дигар духтараш ба хона даромада зуд мебарояду ба падараш аз будани море дар назди ҷевон хабар медиҳад. Сӯҳроб чӯб ба даст хона даромада шакли мори алоиро мебинад, ки тақрибан як метр буд, ҳеҷ аз ҷой намеҷунбид ва аз тарс ӯ ба наздаш рафта натавонист.  Сагеро ба сӯяш мепартояд ва танҳо пасон мебинад, ки вай мор набуда куртаи алоя будааст, ки ҷинҳо моҳирона ба шакли мор сохтаанд, аз дурии 3-4 метр фарқ кардан намешуд.

Боз барои аз хона пеш кардани ҷинҳо, аз Қумсангир домулло Мухторро меоранд. Домулло як рӯз то ними шаб дуъо мехонад, вале сангу кулухпартоӣ торафт зиёд мегардад ва дар охир дуохонии муллои навбатӣ ҳам кора намекунад.

Дар рӯзи аввали пайдоиши ҷинҳо Сӯҳроб дар замини назди ҳавлияш юнучқа корида, дар он қушқореро мебанданд. Қушқор баъд аз пайдо шудани ҷинҳо аз хурдан мемонад. Агар ӯро ба беруни ҳавли бароранд ба хурдан машғул мешавад. Ҳангоми дар онҷо будан танҳо рост меистад ва кушиши аз хона фирор карданро мекунад.

Мавзӯи ҷинҳои хонаи Сӯҳроб зуд паҳн мегардад. Як хонуми амрикоӣ Ҷеймс, ки роҳбарияти барномаи хориҷии “Шафкет”- ро ба уҳда дорад, аз ин мавзӯъ огоҳ гардида, хоҳиши аз наздик дидани ҳодисаро мекунад. Дар хонаи Сӯҳроб ҳолатҳое, ки қабл ҷинҳо анҷом дода буданд (яъне табақчаҳоро мешикастанд, сангу кулухҳо ҳаво медоданд, курпачаҳоро дар рӯи хона парешон мекарданд), дар назди хонуми амрикоӣ Ҷеймс такрор карданд…

Аз дасти махлуқони ноаён ӯ маҷбуран бо аҳли оилааш ба Душанбе кӯч мебандад. Аммо махлуқони ноаён Сӯҳроб ва оилаи ӯро то ба Душанбе думболагирӣ намуданд. Акнун тамоми ҳодисаҳои Рашт дар Душанбе такрор мешуданд. Пас аз кӯчбаста ба Душанбе омадан, Сӯҳроб фикр мекард, ки дигар ҷинҳо думболагираш нестанд ва аз моҷароҳои дар Рашт ба вуқӯъ омада, халос ёфт. Аммо…

Дар хонаи дар Рашт будаи Сӯҳроб сангпартоӣ ва шикастани шишаҳо зиёд ба чашм мерасид, дар Душанбе бошад чунин ҳодисаҳо бо ӯ рӯх намедоданд, вале аллакай оташзанӣ ва ғайбзании ину он анҷом такрор мегардиданд.

Боре амакбачаи Сӯҳроб меҳмони хонадони ӯ шуд. Вай телефони мобилиашро дар назди тирезаи хона гузошт ва ба назди дастурхон нишаст. Баъди сӯҳбат бо бародарон нохост мебинанд, ки телефон дар ҷояш нест. Ҷустуҷӯ мекунанд, каме баъдтар телефонро дар назди тирезаи хонаи дигар меёбанд, ки худ ба худ тоб мехӯрд. Гӯё касе онро чарх мезанонд. Телефонро мегиранд, вале батаре ва симкорташ нест. Каме баъд симкорташ аз сақфи хона ба замин меафтад, вале аз батаре дигар дараке набуд.

Тақрибан соати  12: 30, махлуқони ноаён ҷевони пур аз либоси хонаи хоби Сӯробро оташ мезананд. Дар хона зану духтаронаш буданду халос. Он рӯз Сӯҳроб ба хонаи бародараш, ки чандсад метр дуртар будааст, барои хӯроки нисфирӯзӣ таклиф шуда буд. Як духтари ӯ вақте, ки дуди ғализро аз хонаи хоб ҳис мекунад, дарҳол ба модару хоҳарон хабар медиҳад ва сабаби оташ гирифтани хонаро ҷустанд. Дар ҷое, ки ҷевон меистод, ягон намуди асбоби барқӣ ва ё ноқили барқӣ набуд. Ҳамаи либосҳои Сӯҳроб тӯъмаи оташ шуданд. Ҳамчунин, якчанд ҳуҷҷат низ ба коми оташ рафта мераванд.

Чизи дигари ғайриодӣ ин буд, ки вақте ҷинҳо хонаро оташ заданӣ мешаванд, тамоми аъзои хона гӯё пешакӣ эҳсос менамоянд. Ҳамон рӯз, пеш аз оташзании ҷевони пур аз либос, ҳамаи аҳли хонавода, як нохушиеро ҳис намуданд. Ҳатто як фарзанди Сӯҳроб, ки дар Русия мардикорӣ мекард, ҳамон рӯз нотоб шуда, аз эҳтимоли шунидани хабари нохуше нигарон шудааст. Аз ин рӯ, баъди ҳодиса ба хона занг зада, аз воқеа хабардор мегардад.

Ҷинҳо ба бегонаҳо зиён намерасониданд. Ин баъди сӯхтори ҷевони либосҳо бар мало мегардад. Дар даруни либосҳои аҳли оила се либоси ғайр, яъне аз хешовандони ҳамсари Сӯҳроб мавҷуд буданд. Аҷоиботаш ҳамин буд, ки ҳамаи либосҳои аҳли хона сӯхтаанду он се либоси бегона эмин нигоҳ дошта шудаанд.

Чизи дигар он аст, ки Сӯҳроб қариб тамоми домуллоҳои ҷинхонро аз тамоми ҷумҳурӣ барои кӯмак оварда буд, вале мутаасифона ягон домулло ҷинҳоро аз оила дур карда натавонистааст…

Шаҳзод ФАЙЗИЗОДА

Шаҳрияи МАДГИЁ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь