(дар ҳошияи ҳодисаи   ба ҳалокат расонидани   4 тифли масъум дар ноҳияи Фархор аз тарафи модар)

Дар рафти пешбурди тафтиши пешакӣ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фархор   вобаста ба  ҳодисаи ғарқ намуда ба ҳалокат расонидани чор нафар тифли масъум аз  ҷониби модарашон -Ҳалимова Мадина Сайфуллоевна маълум карда шуд, ки мавсуф  санаи таваллудаш 13 апрели соли 1998 таваллуд гашта,  зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Хутан, деҳаи ба номи Н.Сафаров, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ ибтидоӣ, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд будааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки  мавсуф  бо шаҳрванд Шарифов Қудратулло Абдуллохонович, санаи таваллудаш 26 ноябри соли 1996, маълумоташ миёна, соҳибкори инфиродӣ, соли 2017 ақди никоҳ баста, ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ карда , аз зиндагии якҷояашон соҳиби чор фарзанд – Абдуллохонзода Латофат Қудратулло, санаи таваллудаш 1 сентябри соли 2020, Абдуллохонзода Зайнаб Қудратулло, санаи таваллудаш 22 феврали соли 2022, Абдуллохонзода Ёсамин Қудратулло, санаи таваллудаш 13 сентябри соли 2023 ва Шарифзода Муҳаммад Қудратулло, санаи таваллудаш 24 апрели соли 2025 гардидаанд.

Ҳалимова М.С. аз ҳисоби рашки зиёд ба суханони шавҳараш Шарифов Қ.А ба гирифтани зани дуюм тоб наоварда, шаби 29 ба 30 июни соли 2025 тахминан соатҳои 24 ба 01 ҳангоми хоб будани шавҳараш, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани фарзандони хурдсолаш Абдуллохонзода Л.Қ., Абдуллохонзода З.Қ., Абдуллохонзода Ё.Қ. ва Шарифзода М.Қ. онҳоро аз хоб бедор карда  бо худ гирифта, ба лаби дарёи Сурхоби мавзеъи зисташ воқеъ дар ноҳияи Фархор  рафта, аз болои  пул, дидаву дониста, ки фарзандонаш хурдсол ҳастанду дар ҳолати оҷизӣ қарор доранд, бо сангдилӣ ва бераҳмии махсус онҳоро ба дарёи Сурхоб, ки ҷараёни об хело баланд будааст,  мепартояд.

Ҳодиса чунин рух додааст, ки Ҳалимова М.С. баъди ба дарёи Сурхоб партофтани фарзандони хурдсолаш Абдуллохонзода Л.Қ., Абдуллохонзода З.Қ., Абдуллохонзода Ё.Қ., фарзанди хурдиаш Шарифзода М.Қ.-ро, ки ҳамагӣ 2 моҳа буд ба оғӯш гирифта, якҷо бо охирон худашро низ, ба оби дарёи Сурхоб мепартояд, ки баъди тахминан ба масофаи 400 метр бурдани оби дарё худро наҷот дода, аз об мебарояд, вале фарзандони хурдсолаш ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҷасади хурдсолон Абдуллохонзода З.Қ., Шарифзода М.Қ. ва Абдуллохонзода Ё.Қ. аз дарёи Сурхоб дарёфт карда шуда, ҷасади хурдсол Абдуллохонзода Латофат  то ҳол дарёфт нагардидааст.

Нисбати ҳолати рухдода, ки ҷомеъаи Тоҷикистонро хело такон дод аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фархор  бо моддаи 104 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бурдани тафтишоти пешакии он ба зиммаи муовини прокурори ноҳияи Фархор, мушовири адлияи дараҷаи 2 Раҳмонзода Хуршед Карим  вогузор карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ  маълум карда шудааст,ки  Ҳалимова Мадина Сайфуллоевна  бо шаҳрванд Шарифов Қудратулло Абдуллохонович ба тариқи расму оини динӣ оиладор шуда, ақди никоҳашонро дар Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагонии якҷояашон соҳиби 4 фарзанд, ки дар боло ишора намудем, гардидаанд.

Санаи 29 июни соли 2025 тахминан соатҳои 17 ба 18 шавҳараш Шарифов Қ.А., ки туйи домодию арусии писари амааш санаи 28 июни соли 2025 рафта будааст ба хона баргаштааст.

Бо гузашти якчанд вақт шавҳараш Шарифов Қ.А. аз хона баромада ба сари заминҳояш рафта, баъдан калидҳои автомашинаашро гирифта боз баромада рафтааст. Бо ҳамин мавсуф  тахминан соатҳои 22:00 баргаштаааст ва Мадина  ба шавҳараш Шарифов Қ.А. хӯрок омода намудааст.  Ҳамин тариқ, то соатҳои 0:00 ба 01:00 машғули кор шудааст, ки дар ин вақт телефони мобилии шавҳараш, ки ба қувваи барқ пайваст карда шуда буд садо баровардааст ва ӯ рафта телефони мобилии шавҳарашро гирифта дидааст, ки ба он паёмак омадааст.

Пас аз дидани паёмак, ки аз номи зане будааст,  аз ҳиссиёти рашк  бо назардошти дар  ҳолати хоб  қарор доштани шавҳараш ҳар чор  фарзанди  ором,  дар хоби ноз қарор доштаашро  аз хоб хезонида, аз дастонашон гирифта, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум  сохтани худ ва онҳо ба лаби дарёи Сурхоб, ки тахминан дар масофаи 150-200 метр аз манзили истиқоматиашон воқеъ гаштааст, бурдааст.

Ӯ аз  болои пули дарёи Сурхоб,  аввал фарзандони хурдсолаш Абдуллохонзода Л.Қ., Абдуллохонзода Ё.Қ., Адбуллохонзода З.Қ. ва баъдан фарзанди хурдӣ Шарифзода М.Қ.-ро дар оғӯш гирифта аз болои пул, аниқтараш аз ҷойи кушодаи оҳани иҳотавии пул ба дарё  андохтааст.

Дар дохили дарё тахминан 200-300 метр дар об рафта, аз як хасчӯбае  доштааст, ки он хасчӯба  ӯро ба соҳили дарё овардааст ва ӯ аз дарё баромада, худашро бе ҳаракат ҳис карда, дар як макони ба ҷангалзор монанд, то субҳи 30 июни соли 2025 нишааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ чунин шаҳодат додааст, ки шароити моддии зиндагиашон хуб буда, аз ҷиҳати моддӣ ягон танқисӣ намекашиданд , шавҳараш   ӯ ва фарзандонашро бо хӯрду хӯрок ва пӯшока пурра таъмин мекард ва аз ҷиҳати ҳамхобагӣ ҳам ягон мушкилие  надоштаанд.

Дар давоми 8 соли зиндагониашон байни ӯ ва шаваҳараш Шарифов Қ.А. ягон нофаҳмӣ ба вуҷуд наомадааст. Ӯ доимо дар хизмати шавҳараш ва фарзандонаш қарор дошта, ба хубӣ аз ӯҳдаи кору бори зиндагӣ мебаромадааст. Шавҳараш Шарифов Қ. дар зиндагиашон бо ӯ ва фарзандон меҳрубонона  рафтор намуда ,  ягон маротиба ӯро мавриди лату кӯб қарор  надода, шаъну шарафашро паст назада, мавсуф  зани дуюм надошта ва бо ягон зани дигар муносибат доштанашро надидааст.

Ӯ занеро, бо номи Марямро, намешинохтааст  ва намедонистааст,ки бо шавҳараш Шарифов Қ. чӣ гуна алоқамандӣ дорад.

Ин номро дар телефони мобилии шавҳараш  зимни воридшавии паёмак шаби рухдоди воқеъа дида будааст.

Ӯ ҳангоми содир кардани ин кирдор, ҳаракатҳои худро  нафаҳмидааст ва танҳо баъди ба об партофтани фарзандон  дарк кардааст. Айни ҳол аз кирдори кардааш пушаймон гашта, дар ин ҳодиса ягон нафар, аз ҷумла шавҳараш  Шарифов Қ.-ро гунаҳгор намедонистааст.

Шоҳид-намояндаи ҷабрдидагон Шарифов Қудратулло Абдуллохонович дар рафти тафтишоти пешакӣ  чунин шаҳодат додааст, ки соли 2017 бо Ҳалимова Мадина, ки падараш Ҳалимов Сайфулло хешу таборашон мебошад, оиладор шудаааст. Ӯ ва ҳамсараш Ҳалимова М.С. давоми се соли зиндагониашон фарзандор нашуданд. Барои фарзандор шуданашон аввал дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар беморхонаи ноҳияи Данғара табобат карда, баъдан ҳамсараш Мадина соҳиби чор фарзанд шудааст.

Субҳи 30 июни соли 2025 тахминан соати 04:30 дақиқа аз хоб хеста, дидааст, ки фарзандонаш дар хона нестанд. Ҳар субҳ фарзандонаш аз хоб хеста, ба хонаи модараш Муртазоева Ҳалима, ки дар паҳлӯи манзили истиқоматии ӯ ҷойгир мебошад, мерафтаанд. Бинобар ин сабаб  дигар ба набудани фарзандонаш аҳамият надода, рафта дар берун таҳорат карда, ба хона баргаштааст, ки пойафзолҳои фарзандонаш дар долон бо тартиб гузошта шудаасту худашон нестанд. Вориди бинои хона шуда, дидааст, ки дар назди тиреза ифтихорномаи худаш ва дар пасаш навиштаҷоти аз ҷониби ҳамсараш Ҳалимова М. навишташуда, ки дар он аз ӯ бахшиш пурсидааст дидааст(тобистони имсол рисолаи ҳуқуқшиноси варзида А.Ф.Кониро бо номи “Худкушӣ дар қонун ва ҳаёт” аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам ва бо чунин мисолҳои бахшиши завҷаҳо пеш аз даст задан ба худкушӣ зиёд вохӯрдаам, ки чунин амалҳо зиёда аз 100 сол пеш хело роиҷ будаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин). Ӯ онро хонда, ба ҷустуҷӯи  завҷа ва фарзандонаш  машғул шуда, дохили дигар ҳуҷраҳои хона, ҳавлӣ ва соҳили дарёи Сурхобро, ки дар назди манзили истиқоматиаш ҷойгир будааст, кофтукоб кардааст. Онҳоро дарёфт накарда, дар ин бора бародараш Шарифов Шамсуллоро, дигар хешу табор ва ШВКД – и ноҳияи Фархор  хабар додааст.

Тахминан соати 15:30 даққиқа ҳамроҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба соҳили дарёи Сурхоб рафтаанд ва ӯ ҳамон ҷо фаҳмидааст, ки ҷасади духтараш Зайнабро аз соҳили дарёи Сурхоб ёфтаанд. Баъд аз ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи сокинони деҳа ба кофтукови кӯдакони дигараш   шурӯъ карданд. Баъд аз як соат ҷасади фарзанди хурдиаш – Муҳаммадро аз дохили дарё дарёфт кардаанд. Инчунин, санаи 6 июли соли 2025 ҷасади духтараш Ёсаминро аз дохили дарёи Панҷ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дарёфт карда  ба ӯ нишон додаанд, ӯ духтараш Ёсаминро шинохтааст.

Мавсуф  соҳибкор буда, шароити моддии зиндагиаш хуб будааст. Ҳамсар ва фарзандонаш аз ҷиҳати моддӣ ягон танқисӣ намекашидаанд ва онҳоро бо хӯрду хӯрок ва пӯшока пурра таъмин мекардааст. Аз ҷиҳати ҳамхобагӣ ҳам ягон мушкилӣ надошта, ҳамсарашро қонеъ мекардааст. Дар давоми 8 соли зиндагонашон байни ӯ ва ҳамсараш Ҳалимова М.С. ягон нофаҳмӣ ба вуҷуд наомадааст.Аз ҳама ҷиҳат аз ҳамсараш Ҳалимова М.С. розӣ будааст. Ӯ дар бораи содир кардани чунин кирдор аз ҷониби ҳамсараш Ҳалимова М. то ҳол тасаввур карда наметавонистааст, ки  чӣ тавр   чунин ҳодиса дар оилаи ӯ рух додааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ  волидайни Ҳалимова М.С. иброз доштаанд, ки духтарашон  инсони оромтабиат, зудбовар ва хушмуомила буда, бо хешу таборон ва ҳамсоягон муносибати хуб доштааст. Муносибати оилавии  Мадина бо шавҳараш Қудратулло ва аҳли оилаи шавҳараш нағз будааст. Духтарашон ягон маротиба аз зиндагонӣ, махсусан аз шавҳараш Қудратулло ва аҳли оилаи онҳо шикоят накардааст.

Падари домодашон Қудратулло-Шарифов Абдуллохон хеши наздикашон  буда, номбурда шахси саховатманд ва дастбахайр будааст. Фарзандонашро  тарбияи хуб додааст. Муносибати онҳо бо хешу табор ва ҳамсояҳо хуб буда, ягон маротиба нашунидаанд, ки муносибати аҳли оилаи онҳо бо ягон нафар бад шуда бошад. Муносибати домодашон  Қудратулло бо ҳамсар ва хешу таборон хуб буда, духтарашон  Мадина ягон маротиба нисбати шавҳараш Қудратулло шикоят накардааст.

Муртазоева Ҳалима Абдуллоевна низ муносибати оилавии писараш Қудратулло бо келинаш Мадина ва аҳли оилаашон нағз  тасвир намуда, иброз доштааст, ки онҳо ягон маротиба аз зиндагониашон шикоят накардааанд.

Бо ҳамсояҳо ва хешу таборонашон низ, муносибати нағз доштааст, ягон нафар нисбаташ шикоят накардааст. Аз аввали оиладор шуданашон онҳо дар манзили истиқоматии ӯ зиндагонӣ мекардаанд. Соли 2023 писараш Қудратулло дар паҳлӯи манзили истиқоматиашон хона бунёд намуда, аз ҳамон лаҳза бо аҳли оилаи худ дар он истиқомат мекардааст.То ҳол тасавур карда наметавонад, ки дар оилаи онҳо чунин ҳодиса рух додааст, зеро  онҳо зиндагонии оромона ба сар мебурдаанд. Дар зиндагӣ аз ягон чиз танқисӣ надоштаанд. Махсусан писараш Қудратулло ҳамсар ва фарзандонашро дӯст дошта, онҳоро бо ҳамаи лавозимоти рӯзгор таъмин мекардааст. Ягон маротиба надидаю нашунидааст , ки писараш  бо ҳамсараш Мадина ҷангу ҷанҷол карда, нисбати ҳамсараш ноҳурматӣ ва ё шаъну шарафашро паст зада бошад.

Писараш Қудратулло як ҳамсар доштааст, ки он ҳам келинаш Мадина будааст. Дар бораи он,  ки зани дуюм гирифтанӣ бошад, ягон хабаре низ ба ӯ нарасидааст.Агар зангир ҳам мешудааст, ӯ иҷозат намедодааст, чунки келинаш  Мадина ягон камбудие  надоштааст.

Гарчанде, ки айбдоршаванда Ҳалимова М.С. бо айби ба ӯ эълон кардашуда худашро пурра айбдор ҳисобад ҳам, гунаҳгории ӯ бо нишондодҳои шоҳидон ва бо дигар маводҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда ба пуррагӣ исботи худро ёфтаанд.

Аз ҷумла,  бо хулосаи экспертизаи судӣ-психологӣ аз 11 июли соли 2025, ки муайян карда шуд, айбдоршаванда Ҳалимова М.С. дар вақти содиркунии ҷиноят дар ҳолати бехудии (аффектӣ) қарор надошт(аффект – аз лотинӣ offectus – изтироби рӯҳӣ)-шадидтарин ва кӯтоҳтарин ҳаяҷонзадагӣ, фишори рӯҳӣ ва эҳсосот дар шахс, ки боиси хашм, тарс, навмедӣ ва ғайра гардида, шахс дар он ирода ва идораи худро барои чанд лаҳзае аз даст медиҳад- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ҳамчунин  тибқи  хулосаи экспертизаи судӣ-руҳӣ-статсионарӣ таҳти №60 аз 5 августи соли 2025 муайян карда шудааст, ки  мувофиқи он айбдоршаванда Ҳалимова М.С. гирифтори бемории руҳӣ нест, дучори ихтилоли рафтор намуди барангезанда мебошад. Дар вақти содир намудани ҷиноят мавсуф гирифтори бемории рӯҳӣ набуд, аз болои ҳаракатҳои худ пурра ҳисобот дода, роҳбарӣ карда метавонист ва мукаллаф буда, айни ҳол дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ иштирок кардан қобилият дорад, ба табобати маҷбурӣ аз бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёҷ надорад.

Ҳалимова Мадина Сайфуллоевна бо ин кирдори қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои «а,в, е»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардааст, ки он барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, ду шахс ё бештар аз он, баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, одам бо бераҳмии махсус, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар менамояд.

Баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ки он аз тарафи Раҳмонзода Хуршед Карим ба таври касбӣ дар мӯҳлат бо сифати  анҷом ёфт,  фикри айбдорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят тасдиқ ва  он барои баррасӣ ба суди вилояти Хатлон дар минтакаи Кӯлоб ирсол карда шуд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз ҷониби суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  мавриди баррасӣ қарор гирифта, айбдоркунии давлатӣ аз ҷониби   прокурори шуъбаи назорати қонунӣ  будани санадҳои судӣ  оид ба парвандаҳои  ҷиноятии прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шарифзода Муҳаммадамин  мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 8-уми октябри соли 2025 судшаванда Ҳалимова Мадина Сайфуллоевна  бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в” ва “г” КҶ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 20  сол бо адои ҷазо дар коллонияҳои  ислоҳии низомашон умумӣ таъин карда шуд.

Оре,  рашкро беҳуда андеша   ва пайғоми  шайтон нагуфтаанд.

Рашки беасос  инсонро ба амалҳои даҳшатноке, ки баъдан пушаймонии зиёдеро ба бор меовараду ҷуброн намудани онҳо ғайриимкон ҳаст метавонад барад.

Дар бисёр ҳолатҳо надоштани дониши  қазоӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ,  фарҳангиву адабӣ низ касро ба ин варта ва андешаи шайтонӣ савқ хоҳад дод.Ин модари ҷавон низ бо хондани як паёмаки ночиз,  бо андешаи хому дониши ибтидоии худ даст ба қатли чор нафар тифли масъуми худ зад, ки ин аъмол аз як  амали  шайтоние беш нест!

Дар ҳамин асос меандешам, ки бояд падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии мустақилона кӯшиши зиёде ба харҷ диҳанд.

Дар мактабҳо бошад  дарси оиладорӣ  бо додани маълумоти педагогӣ ва равоншиносӣ  барои хонандагони синфҳои болоӣ бояд роҳандозӣ карда шавад, то чунин аъмолҳои даҳшатнок,боз аз тарафи модарони оянда,ки одатан модарро силаи раҳм мегӯянд рух надиҳад.

Ҳайфи тифлони ба аёми ҷавонӣ  нарасида ва аз оғӯши  падару модар сер набӯида, ҳайфи  Латофати панҷсолаи (духтари калонию арӯси  аввали  хонадон дар оянда) то имрӯз ҷисмаки тифлонаи нозукаш зери оби хунук хуфта.

Ҳайфи инсонҳо, тифлакони билкул бегуноҳ.

Афсӯз, сад афсӯс!

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

шаҳри Бохтар.

        

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь