Имшаб хостам дар пиёдароҳи ҷодаи калон қадам занаму аз ҳавои тозаи шабонгаҳ нафас гирифта, каме сайру гашт кунам. Аммо на ҳавои тоза ёфтаму на ҷодаи ободе барои қадамзанӣ.
Роҳҳо вайрону валангор, хоку чанг дар осмон. Худамро дар роҳи кадом як деҳаи дурдасте тасаввур кардам. (Албатта ба ҳеҷ ваҷҳ шаъни деҳаеро паст заданӣ нестам, зеро ҳоло дар деҳоти дурдасти кишвар низ мардум, тариқи ҳашар, дастҷамъона барои ободии роҳҳои рӯстоҳояшон камар бастаанд). Аммо не, ин ҷодаи шаҳри Душанбе аст, маҳаллаи Испечак-2 то маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Пиёдароҳҳоро канда, қубур хобонданд ва хокпӯш кардаанду халос. Ин ҳолати ногувор моҳҳо боз вуҷуд дорад, аммо мушкилии мардумро замоне дарк кардам, ки пои пиёда дар ин роҳ қадам задам. Магар ширкатҳои сохтмонӣ, кадом вақте хоҳанд роҳро мекананду барои бинои сохтаашон қубур мекашанд? Ё чаро ҷодаҳои байни биноҳои дигари истиқоматиро канда, қубур мехобонанд, (ҳатто гулгаштҳои назди биноҳоро вайрон мекунанду мепартоянд), аммо ҷои кандаашонро, мисли қабл ободу асфалпӯш намекунанд? Як мисоли одӣ таваққуфгоҳ ва гулгашти назди бинои 15-ошёнаи Ispechak Rezidence дар маҳаллаи Испечак-2 аст, ки гулгашт комилан валангор аст. Мушкили сокинони маҳалларо, моҳи август низ, зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Сино ба миён гузошта будам, то нафарони алоҳида ва ё ширкатҳои сохтмонӣ гӯшмол дода шаванду камбудиҳояшон ислоҳ кунанд, аммо мутаассифона, дар ин самт беҳбудӣ ба назар намерасад.
Тибқи нақша, ширкате, ки бинои мазкурро бунёд кард, гулгашти зебое низ барои фароғати сокинонаш обод кард, аммо боз кадом биносози дигаре омаду хандақ кофту вайрон карду рафт. Таваққуфгоҳи назди бино баъди хобондани қубур то назди мағозаи “Мадина” ва ҳамин тавр, то тарабхонаи “Парасту” хокпӯш карда, партофта шудааст, ки ҳангоми ҳаракати мошинҳо хоку чанг ба ҳаво мехезад. Фасли боронгариҳо ҳам расид, агар аз ҳоло чунин ҷодаҳо мумфарш карда нашаванд, баъди боришот сокинон лой дар зону мекашанд.
Мушкили дигари роҳи калон мошингард дар ин минтақа ба таваққуфгоҳ табдил додани хати якуми роҳи мазкур аз ҷониби нақлиётҳои бузурги боркаш мебошад. Ин нақлиётҳо ҳатто ҳафтаҳову моҳҳо, дар чор фасли сол, хати аввали ҷодаро банд ва ҳаракати мунтазами мошинҳои мусофирбарро халалдор мекунанд. Чаро масъулини роҳу нақлиёт ба ин мушкилот беаҳамиятанд? Магар таваққуфгоҳ барои чунин мошинҳои гаронвазн дар ноҳияи Сино вуҷуд надорад? Субҳ, ҳангоми ба кору дарс рафтани мусофирон, аз ҷумла донишҷӯён нигаронкунанда аст. Онҳо мусофирбарро дар хати дуюми роҳ интизор мешаванд. Ноҳияи Сино аз ҷиҳати масоҳату аҳолӣ калонтарин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъулини соҳаҳои зирабти ноҳияро зарур аст, ки мушкили роҳу об, нақлиёт ва бехатарии сокинону меҳмонони онро дар мадди аввал гузоранду то мавсими барфу боронҳо аз пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта шаванд.
Шамсулло Фозилов, “Фараҳ”



