Имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ байни Тоҷикистону Русия на танҳо ҷараёни қувваи корӣ, балки як самти мукаммали ҳамкориҳои стратегии ду кишварро ташкил медиҳад. Русия на танҳо муҳоҷиронро қабул мекунад, балки барои фаъолияти қонунӣ, амнияти иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста шароит фароҳам меорад. Ин шарикӣ дар асоси эҳтироми ҳамдигар, манфиатҳои муштарак ва талошҳои воқеии ҳарду ҷониб бунёд ёфтааст.
Марказҳои таълимӣ
9-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе намояндагии расмии Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати Маскав (МММ) ифтитоҳ ёфт. Ин як қадами муҳим дар самти омодасозии муназзам ва шаффофи муҳоҷирони тоҷик мебошад. Дар ин марказ шаҳрвандони мо метавонанд аз аттестатсияи ҳамаҷониба гузаранд: аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон месупоранд. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо онҳо соҳиби шаҳодатнома мегарданд, ки барои гирифтани патент барои фаъолияти қонунии меҳнатӣ дар Русия зарур аст.
Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати Маскав (МБМ) як фазои ягона барои омода кардани тамоми ҳуҷҷатҳои барои муҳоҷирон зарурӣ мебошад: аз маълумотномаи муоинаи тиббӣ ва супоридани имтиҳони забони русӣ то дарёфти патент, иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат. Марказ аз рӯи принсипи “равзанаи ягона” фаъолият намуда, барои ба таври зуд ва бароҳат қонунӣ кардани будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Маскав мусоидат мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мақомоти кишвар ҷиҳати ифтитоҳи филиалҳои Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати Душанбе дар ноҳияҳои кишвар фаъолона корбарӣ мекунад. Ин дастрасии муҳоҷиронро ба сертификатсия ба таври назаррас осон гардонида, хароҷотҳои бо сафар ба пойтахт вобастабударо кам мекунад.
Ҳамчунин, дар соли 2024 дар Тоҷикистон 6 маркази омодасозии кормандони касбҳои гуногун таъсис дода шуданд, аз онҳо сетоаш махсусан ба омода кардани муҳоҷирони корӣ машғуланд. Дар ин муассисаҳо забони русӣ, саводнокии молиявӣ, инчунин таъриху фарҳанги Русияро меомӯзонанд. Ин махсусан дар пасманзари дар Русия афзоиш ёфтани талабот ба қувваи кории баландихтисос ва мутобиқшуда муҳим аст.
Илова бар ин, дар худи Русия як қатор ташаббусҳои таълимии ба ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ нигаронидашуда амал мекунад. Барномаи “Забони русӣ барои зиндагӣ ва кор”, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия таҳия шудааст, инчунин, онлайн-платформаи “Ба забони русӣ” ба муҳоҷирон дар омӯхтани забон, мутобиқ шудан ба муҳити фарҳангӣ ва бомуваффақият ворид шудан ба равандҳои корӣ кумак мерасонад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2024 Русия барои муҳоҷирони корӣ беш аз 1,5 миллион патент додааст, ки қисми назарраси онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин аз торафт зиёд шудани талабот ба мутахассисони тоҷик ва муҳим будани андешидани чораҳои муштарак оид ба баланд бардоштани сифати омодакунии қувваи корӣ шаҳодат медиҳад.
Қоидаҳои нав
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 беш аз 392,8 ҳазор нафар барои кор ба хориҷа рафтаанд, аз он беш аз 387,9 ҳазор нафарашон маҳз ба Русия рафтанд. Ин тамоюли устувор танҳо аҳамияти ҳамкориҳои муҳоҷиратии ду кишварро тасдиқ мекунад.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қайд мекунад, ки муҳоҷирати байни Тоҷикистону Русия нақши калидӣ мебозад ва барои ҳарду кишвар манфиатҳои воқеӣ меорад: “Ин раванд барои ҳарду ҷониб судманд аст: он ба пешрафти иқтисодиёти Русия ва инчунин, таъмини суботи молиявӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Барои он ки раванди муҳоҷират воқеан самаранок ва устувор бошад, бояд қонунҳои кишвари қабулкунандаро қатъиян риоя кард ва ба меъёрҳои фарҳангию иҷтимоии ин кишвар эҳтиром гузошт. Танҳо дар сурати риоя кардани қонун ва нишон додани рафтору маданияти баланди шахсӣ, муҳоҷирон ба муносибати сазовор аз ҷониби мардуми маҳаллӣ умед баста метавонад”.
Тибқи қоидаҳои нав, ҳангоми супоридани имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирон баҳои ҳадди ақал алоҳида дар бахшҳои “Гӯшкунӣ” ва “Гуфтугӯ” муқаррар шудааст, қаблан баҳоҳо ба таври умумӣ ҳисоб карда мешуданд. Худи супоришҳо низ аз нав тартиб дода шуданд: акнун теъдоди саволҳо ду баробар зиёд карда шуд. Аз соли 2026 имтиҳон пурра ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад, яъне малакаҳои ибтидоии кор бо компютер талаб карда мешавад.
Аз моҳи июни соли 2025 Русия қоидаҳои нави рақамии воридшавиро барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҷорӣ кардааст. Акнун барои ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия бояд пешакӣ тавассути барномаи махсуси мобилии ruID дар Системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном кард. Бо ёрии он аризаи электронӣ барои воридшавӣ ба кишвар пешниҳод ва ҳамзамон маълумотҳои биометрӣ пур карда мешаванд. Ҳангоми убури сарҳад бояд маҳз ҳамон ҳуҷҷатеро, ки дар система нишон дода шудааст, пешниҳод кард.
Пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия муҳоҷирон бояд дар муддати даҳ рӯз бақайдгириро анҷом дода, шахсан ба филиали яке аз бонкҳо муроҷиат карда, маълумотҳои биометрии худро дар Системаи ягонаи биометрӣ тасдиқ кунанд. Ин чораҳо ба таҳкими назорати муҳоҷиратӣ равона карда шудаанд, аммо ҳамзамон раванди бо кор таъминкунии қонунӣ ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатиро осон мекунанд.
Хабарҳо дар бораи он, ки аксари кӯдакони муҳоҷир аз имтиҳони забони русӣ нагузаштанд, онқадар хушбин нест, махсусан бо назардошти он ки аз 10-уми июл ҳангоми супоридани имтиҳон теъдоди супоришҳои гӯшӣ ду баробар зиёд мешавад. Ба гуфтаи намояндагони Рособрнадзор, ин тағйиротҳо бояд воқеияти арзёбии донишро баландтар гардонида, муҳоҷиронро иловатан ба омӯзиши воқеии забони русӣ ҳавасманд кунанд.
Коршинос Ниёз Мирзоев бар ин назар аст, ки масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон яке аз масъалаҳои авлавиятнок аст. Ӯ борҳо қайд кардааст, ки донистани забон, таърих ва анъанаҳои кишвари иқомат на танҳо бартарии иловагӣ, балки замина барои ҳамгироии муваффақ фароҳам месозад. Ин махсусан барои ҷавонон муҳим аст, ки бояд эҳтиром ва камолотро тавассути хоҳиши дарки ҷомеае, ки ба он ворид мешаванд, нишон диҳанд.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ: “Муҳоҷирон, новобаста аз синну сол (калонсол ё ҷавон), бояд фарҳанг, анъана ва таърихи Русияро донанд. Ин на танҳо нишонаи эҳтиром, балки як унсури мутобиқшавии пурра мебошад. Муҳоҷирон бояд на танҳо аз ҷиҳати касбӣ, балки аз ҷиҳати фарҳангу маърифат низ омода бошанд”.
Профессор таъкид мекунад: “Забони русӣ барои муҳоҷир – ин калиди зиндагии нав аст, ки дарҳоро барои кор, муоширати ҳамарӯза, имконияти рушди касбӣ ва шахсӣ боз мекунад. Илова бар ин, донистани забон – ин нишондиҳандаи майлу хоҳиш ба ҳамгироӣ мебошад, ки дар ҷомеаи Русия хеле баланд арзёбӣ (қадр) карда мешавад. Ҳангоми ворид шудан ба кишвари дигар, инсон бояд ҳадди ақал як касби асосӣ дошта бошад ва забонро донад. Ин барои ба зудӣ кор пайдо кардан ва ба ҷомеа ворид (мутобиқ) шудан кумак мекунад”.
Ниёз Мирзоев қайд мекунад, муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, ба иқтисодиёти кишварамон кумаки ҷиддӣ мерасонанд: ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия, ба истиснои давраи пандемия, хеле калон аст. Ин на танҳо кумаки бузург барои оилаҳо мебошад, балки як қисми муҳимми буҷети кишварро ташкил медиҳад.
“Тафаккури умумӣ, урфу одат ва мавҷудияти оилаҳои омехта ба мутобиқшавии нармтар ва башардӯстона мусоидат мекунад. Дар шароити чунин робитаҳои амиқ сиёсати муҳоҷиратӣ ва равандҳои ҳамгироӣ метавонанд ва бояд ба таври мусбат рушд кунад. Барои ин на танҳо тасмимҳои дурусти сиёсӣ, балки масъулияти шахсии ҳар як муҳоҷир барои муаррифии кишвари худ дар хориҷи кишвар муҳим аст”, – хулоса мекунад коршинос.
Дар шароити афзоиши талабот ба қувваи корӣ дар Русия ва ҳамзамон афзоиши назорати муҳоҷират, шарти асосии зиндагӣ ва даромади муътадил дар хориҷа риояи қонунҳо ва қоидаҳои кишвари иқомат мебошад. Муҳоҷирон бояд дар хотир дошта бошанд, ки тавассути риояи қонун ва омода будан ба ҳамгироӣ, онҳо барои тамоми оилаи худ дурнамоҳои нав боз мекунанд.