ин аст шиори баъзе ронандаҳои пойтахт
Ба директори генералии «ККВД-Автобус-1» Анвар Алишерзода,
Ба директори «ТКВД-«Троллейбус» Сорбон Акрамзода
Пагоҳӣ, аз истгоҳи «Олами китоб», поёнтар аз Коллеҷи техникӣ, ба автобуси № 8, рақами давлатияш 8519 ТТ-05 савор шудан хостам. Корти нақлиётиямро рӯи дастгоҳи муоинаи пешорӯи ронанда гузоштам. «Корти ройгон!»-ро шунида, ронанда Азиззода ваҷоҳати хушунатомез гирифту аз ҷо нимхез «Э брра-а, брра-е….!» – гӯён аррос зад. Ҳайрон мондам. Хаёлам ӯро «судорг» қаппид. Ду қадам монда будам, ки овози таҳқиромези ӯ ба гӯшам расид. Пас гаштаму ба вай риояи одоби муоширатро гӯшзад намудам. Э ҳе, аз даҳонаш боди дӯзах мебаромад.
– Барои чӣ шахсияти шаҳрвандонро таҳқир мекунӣ? – пурсидам аз ронанда.
– Корта задӣ, гузар!!
– Ройгон аст, гунаҳкор шудем?
– Кори ман-чӣ?
– Ин чӣ гуна муносибат аст? Ба мусофирон дағалӣ накунед, бародар.
– Вақти одамонро нагир.
– Беҳтараш фарҳанги хизматрасониро риоя намоед.
Дар ин фосила ба чанд корти дигар дастгоҳи автоматӣ посухи ғалат дод. Мусофирон ҳайратзада буданд, ки чӣ тавр ҳақиқатро ба ронандаи тундхӯ бифаҳмонанд? Мехостам пештар биравам, вале овози дуҳулосояш аз пушт қатъ намегашт. Чи гапҳое аз забони заҳрогини Азиззода мечакид. Дар назарам ҳама мусофирон ба ман менигаристанд. Аммо касе ба ронанда намегуфт, ки «Эй, бефаросат! Вақте дастгоҳи муоинаи кортҳо дар автобус кор намекунад, мусофирон гуноҳ доранд? Бе омодагии ҳолати техникӣ ва носоз будани дастгоҳи кортҳо, барои чӣ ба хатсайр баромадаӣ? Ба ту кӣ ҳуқуқ додааст, ки иззату орият ва шаъну шарафи мусофиронро паст бизанӣ?» Ҳама гӯё гунгу кар ва оби лаби ҷу баробар бошад, касеро парво набуд. Вақте алфози ронанда дағалтар шуд, дар истгоҳи Боғи Рӯдакӣ фуромадам.
Раҳравон андеша мекардам, ки рафтори хабисона ва таҳқиромези ронандаи автобуси №8, рақами давлатияш 8519 ТТ-05 мусофиронро дилгир кардааст. Ҳазорон таҳсину офарин ба Сарвари давлату Шаҳрдори ободгар мегуфтам, ки шаборӯзӣ заҳмат мекашанд, аммо дар қиболи некиҳояшон афроди тиҳимағзе ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита дар пешбурди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва муносибат бо шаҳрвандон хизмати хирсона мерасонанд. Чаро?!
Азбаски банда чанд сол инҷониб дар ин мавзуъ тадқиқоти журналистӣ мебарам, бо муовини директори генералии ККВД «Автобус-1» Мансур Бозоров телефонӣ тамос гирифта, аз вазъи хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт пурсон шудам. Ӯ дар посух камбуди ҷойдоштаро дар хатсайрҳо тасдиқ ва зикр намуд, ки автобуси 8, рақами давлатиаш 8519 ТТ-05-ро Р. Азиззода (номи пурраашро нагуфт) меронад. Ҳамчунин афзуд, ки ба чунин ҳушдорҳо ниёз доранд ва масъалаи доғи ҷомеаро дар ҷамъомади бегоҳирӯзӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд дод.
Чун медонистам, ки бисёр вақт суханони роҳбарон барои таскини дили мусофирони «ҷабрдида» садо медиҳад, аз идомаи мавзуъ даст накашидам. Ин паҳлуи масъала азиятам медод, ки ин ҳолат ҳамарӯза ба сари садҳо ва ҳазорон зиёӣ ва кормандони идораҳои давлатӣ меояд. Вале чаро масъалаи доғи ҷомеа то ҳанӯз рӯйпӯш монда, касе аз мутасаддиёни соҳаи нақлиёт ба он мароқ зоҳир намекунанд? То кай ин тоифаи «говзӯр»-у «буққа»-ҳои нӯхтакан мардуми бегуноҳро азияти равонӣ дода, таҳқиру тардид мекунанд? Чунон ки ронандаи қайсару бефарҳанг Азиззода ҳарчи хоҳад, «давр-даври ман!» – гӯён ҷавлон мезанад. Агар дар муқобили ин мардуд мисли худаш ягон нафари бешарму беҳаё ва бадзот мебуд, бо садои баланд мегуфт: «Ту барои чӣ ба нишони волидайни мусофирони бегуноҳ ҳамоқат мефиристӣ? Милёнҳо лаънатро бар падари худат мефиристем. Ту заррае дар хатсайри нақлиётии пойтахти шаҳри зебоманзари Душанбе ҳаққи кор карданро надорӣ! Бо кадом роҳу восита ва бо чӣ мақсади нопок ин касбро пеша кардаӣ?»
Вақтҳои охир чунин «расм» шудааст, ки дастгоҳҳои хурдаки автобус ё троллейбусҳо корти «ройгон»-ро қабул нанамуда, миёни шаҳрвандон ва ронандаҳо баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд меоянд. Вале гоҳе бо дастони худи ронанда пахш намудан гӯё корт ба «забон» меояд. Шаҳрвандон ва махсусан, кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ, ки дертар мебароянду хастаҳол ба манзилҳояшон бозгашт кардан мехоҳанд, аз дағалӣ ва муносибати сарди ронандагони бефарҳанг ба дод омадаанд. Ҳатто баъзе ронандагони бетарбия нақлиёти ҷамъиятиро моли шахсӣ ҳисобида, ба ҳар навъ рафтору гуфтор мекунанд.
Шомгоҳи ҳамон рӯз баъди интизорӣ аз истгоҳи «Ватан» дар троллейбуси 9, таҳти рақами 2033 ба самти маҳаллаи 32-юми пойтахт савор шудам. Нақлиётро ҷавони лоғарандоме идора мекард. Кортро болои дастгоҳи муоинаи нақлиётӣ гузоштам. Ронанда мисли нозири дидбонгоҳи марзӣ рост истода, равуои одамонро наззора дошту паҳлуи дари даромадгоҳ нафаре ба вай «суфлёрӣ» мекард.
Кортро ба рӯи дастгоҳи муоина бурдам. Як бор не, ду бор, се бор… Ронанда ибораи «корти ройгон»-ро аз ман шунида, аз дохили кобин, чуноне аз боғи ҳайвонот садои шағол меояд, ба ғурридан даромад. Халтаи китоб ва ҷузвдонам гаронӣ оварда, баъди баҳсу мунозираи беҳуда идомаи суҳбатро ҳайф донистам. Тавба, ронандаи миҷморуқи аз фарҳанги хизматрасонӣ фарсахҳо дур барои ҳақ баровардани худ аз бағочмонак варақеро алвонҷ дода мегуфт:
– Ана, мо ҳуҷҷати худро дорем! Корт ҳам бояд чунин бошад.
– Худи корти мазкур ҳуҷҷати бебаҳс аст. Агар андак зеҳну идрок медоштӣ, инро пай мебурдӣ…
– Э, ма худта намебарам. Фаҳмидӣ?!
– Баъд гап мезанем, – гуфтаму аз троллейбус берун шудам.
– Ҳар куҷо мехоҳӣ, жалоб кардан гиред…
Баъди соати 9-и шаб ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар гӯшаҳои шаҳр аҳён-аҳён ба чашм мерасад. Аз чунин бархурдҳои бемаъниву асабхароши ронандаҳои баднафсу бефарҳанги автобусу троллейбусҳо мусофирон ба дод омадаанд. Онҳо ҳар рӯз наметавонанд ба таксӣ савор шуда, ба манзил бираванд.
Директори ТКВД «Троллейбус»-и шаҳр Сорбон Акрамзода ба баъзе паҳлуҳои андешаҳоям розӣ шуд. Вай троллейбуси 9, рақамаш 2033-ро аввал ба Илҳом Ҳафизов нисбат дод. Дар гуфтугузори сонӣ дақиқан гуфт, ки троллейбуси мазкурро ҳамон шомгоҳӣ ронанда Умед Сангов меронд. Ин гуна ҳолатҳои таҳқиру шиканҷаҳои равонӣ ба мусофирон аз ҷониби ронандаҳои корхонаи номбурда бори аввал нестанд. Зеро ҳамин гуна бархурд бо як ронандаи «говзӯр»-у «ҷанговар»-и дигар як сол бештар дар троллейбуси 4, таҳти рақами 2049 бо Қадам Ҷалолов рух дода буд. Пас аз интишори матлаби танқидӣ аз ҳамин ТКВД «Троллейбус» дар ҳафтаворҳои «СССР», «Самак» ва рӯзномаи «Имрӯз-нюс» ҷавоб омада буд, ки ронанда аз кор пурра сабукдӯш карда шудааст.
Масъулони ТКВД «Троллейбус» тасдиқ намуда буданд, ки Қадам Ҷалоловро барои ноуҳдабароӣ, дағалмуомилагӣ ба мусофирон ва ахлоқи ғайриинсонияш аз кор рондаанд. Ба гуфташон, хонашери майдонғариб аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳиҷрат кардааст. Вале дигарбора ин ронандаи худкомаи «говзӯр»-ро паси чанбари троллейбуси 4, бо рақами давлатии 2008 дида, ҳайрон мондем. Дар посух роҳбари ТКВД «Троллейбус» Сорбон Акрамзода гуфт, ки пас аз муҷозот боиси камчинии ронандаҳо ӯро дуюмбора ба кор гирифтааст.
Шигифтовар аст, ки матолиби танқидӣ дар матбуоти давр интишор меёбанд, ҳайҳот, аксар масъулон «ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ» ва баҳри рафъи камбуди ҷойдошта чораандешӣ намекунанд. Агар посух бифиристанд ҳам, сатҳиву рӯякӣ буда, ҷиддан натиҷагирӣ карда намешавад. Ҳол он ки Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма, аз 7.02.2009 таҳти рақами 622 ба тасвиб расидааст. Дар банди 2-юми он омадааст:
«Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд».
Таври маълум, Сарвари мамлакатамон иброз медоранд, ки «Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст». Модоме чунин бошад, моро зарур меояд, ки ҳампаймони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намоем, на баракс. Зеро заҳмату ҷонфишониҳои ин абармарди фарзона ва Шаҳрдори муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳар кадоми мо Мактаби бузургу садоқату корнамоӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ буда, садоқат ва саҳмгузорӣ дар вазифаи ҷониямон ба шумор меравад.
Бо назардошти андешаҳои фавқ зарур мешуморам:
– хизматрасонии шоиста ба мардум дар хатсайрҳои пойтахт ва гӯшаҳои он аз авлавияти соҳа қарор бигирад;
– бо фарорасии фасли гармо кори кондисионерҳои дохили автобусу троллейбусҳо оғоз ва фаъол карда шаванд;
– аз ҳисоби хатсайрҳои одамонаш нисбатан камшумор ба хатсайрҳои серодам (субҳ ва шомгоҳӣ) муваққатан нақлиёт изофа шавад. Ин реҷа барои озодона ба коргоҳ ва манзил бурда расонидани мусофирон мусоидат намуда, эътирози эшонро аз байн мебарад;
– волонтёрҳо дар хатсайрҳо назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва шикояти шаҳрвандонро ба мутасаддиёни нақлиётӣ расонанд;
– роҳбарияти соҳа аз ҳисоби мутахассисон дар хатсайрҳо навбатдории шаборӯзиро ба роҳ монанд ва фаъолияти ронандаҳоро таҳти назорат қарор диҳанд;
– ба ронандаҳои чапдаст ва «ғамхор» иҷоза надиҳанд, ки бо хоҳиши мусофирон дар ҳар гӯшаву нимароҳ автобус ё троллейбусро боздоранд;
– ронандаҳоро аз курси такмили ихтисос гузаронида, сипас, ба тариқи Озмун дар хатсайрҳои пойтахт иҷозаи кор диҳанд;
– дар сурати шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати дағалмуомилагӣ ва худписандиву бадахлоқии ронандагон, рафтори ғайриқонунии онҳо дар маҷлисҳои истеҳсолӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, муҷозот ва аз соҳа хориҷ карда шаванд;
– дар мавриди такрори чунин ҳолаҳо парвандаи чунин ронандагони худсару бетарбия ва тасодуф ба идораи додгоҳӣ ирсол карда шаванд;
– ба ронандагоне ба мардум пайваста хизмати шоиста мерасонанд, мукофотҳои моддиву маънавӣ муқаррар карда шавад;
– системаи кортӣ дар хатсайрҳои нақлиётии пойтахт пурра ҷорӣ карда шавад;
Рафтори ношоями ронандагони беодобу худписанд ба ҳусни шаҳри азизамон-Душанбе доғ мегузорад. Гумони ғолиб аст, ки бо шунидани халосӣ аз ронандагони тасодуф ба тани мусофирон ҷони тоза медамад. Хас каму ҷаҳон пок!
Сипеҳр Ҳасанзод, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон