Рӯзи 4-уми августи соли 2025 дар маҷаллаи Nature Human Behaviour натиҷаҳои як таҳқиқоти фарогир нашр шуданд, ки нишон медиҳанд: сатҳи маводи таҳриршуда ё пурра таълифшуда бо ёрии LLM (large language models), ба мисли ChatGPT, дар нашрияҳои илмӣ босуръат меафзояд. Ин таҳқиқот таҳти роҳбарии Weixin Liang аз Донишгощи Стенфорди ИМА анҷом ёфтааст.
Миқёс ва методология
Барои ба даст овардани натиҷаҳои воқеӣ ва боэътимод, гурӯҳи олимон беш аз 1 121 912 мақола ва препринтҳоро мавриди таҳлил қарор доданд, ки аз январи соли 2020 то сентябри соли 2024 дар платформаҳои arXiv, bioRxiv ва маҷаллаҳои гурӯҳи Nature фаро нашр шудаанд. Олимон дар асоси “модели геҷиши басомади вожаҳо” таҳлил карда, омӯхтанд, ки кадом қисмҳои мақола (аннотатсия, муқаддима, методика, натиҷаҳо) бо эҳтимолияти зиёд бо ёрии ҳуши маснуъӣ (ҲМ) таҳрир ё навишта шудаанд.
Натиҷаҳои асосӣ
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки аз замони дастрас шудани ChatGPT дар ноябри 2022 то сентябри 2024:
- Дар соҳаи илмҳои компютерӣ истифодаи ҳуши маснуъӣ дар навиштани аннотатсияҳо аз тақрибан 2,4 % ба 22,5 % афзудаанд.
- Муқаддимаҳо дар ҳамин соҳа аз 2,4 % то 19,5 % боло рафтааст.
Қисмҳои “Методика” ва “Таҳқиқот” хеле камтар бо ёрии ҳуши маснуъӣ таҳрир гаштаннд, зеро барои навиштани ин қисмҳо дақиқияти баланд ва пайдарҳамии мантиқии иттилооти пешниҳодшаванда зарур аст.
Дар дигар соҳаҳои илмӣ низ чунин тамоюл мушоҳида шуд:
- Электротехника — 18,0 % аннотатсия ва 18,4 % муқаддима.
- Математика — танҳо 7,7 % барои аннотатсия ва 4,1 % барои муқаддима.
- Дар маҷаллаҳои Nature (умуман) — 8,9 % аннотатсия ва 9,4 % муқаддима.
Чӣ муҳим аст?
Баландшавии паҳншавии истифодаи LLM ба нашри илм суръат мебахшад, аммо ҳамзамон мушкилоти нави шаффофият ва дараҷаи аслӣ будани таҳқиқот ба миён меояд. Муаллифони таҳқиқот суолҳои зерини асосиро ба миён мегузоранд:
- Оё мақолаҳое, ки қисман ё пурра бо ёрии ҲМ омода шудаанд, метавонанд ба эътимоднокӣ ва шаффофияти илмӣ осеб расонанд?
- Чӣ гуна хонандагон ба муқаддимаҳо ва аннотатсияҳои эҷоди ҲМ мувофиқ вокуниш нишон медиҳанд?
- Оё инҳисор ё монополияи чанд ширкати бузурги техникии ҲМ дар бозори LLM ба мустақилият ва гуногунрангии таҳқиқоти илмӣ таҳдид мекунад?
Чораҳо ва пешниҳоди минбаъда
Барои ҳалли мушкилот ва рушди устувори интишороти илмӣ, олимон чунин тавсияҳо медиҳанд:
- Рушд ва татбиқи усулҳои боэътимод барои ошкор кардани матне, ки ҲМ офарид аст (бояд барои ҳамаи забонҳо кор кунад).
- Ҷорӣ намудани механизми таъкид кардани кардани саҳми ҲМ дар навиштани қисмҳои мухталифи мақола (аннотатсия, муқаддима ва ғайра).
- Баҳсу баррасӣ миёни муҳаққиқон, нашриётҳо ва коршиносони соҳаи ҲМ барои таҳияи сиёсатҳои аниқ ва устувори истифодаи LLM дар илм.
Хулоса
Бо суръати рушди ҲМ дар соли 2025 ва баъд аз он, равандҳои таҳрир ва таълиф дар илм дигаргун мешаванд. Фарогирии масъулият, шаффофият ва таҳияи стандартҳои сифат барои ояндаи устувори интишороти илмӣ хеле муҳим гаштааст.
Ризои Баҳромзод