Нархи 1 кг гӯшти говро яку якбора ба хотири моҳи шарифи Рамазон тоҷирони мо аз 62-65 сомонӣ ба 72-75 сомонӣ бардоштанд.
“Тоҷикистон”, №14 (1525), 05.04 2023
Савол: Як бор пурсед шояд ҳамон говпарварону қассобон ҳам ҳоҷӣ набошанд? Пурсиш аз уламои дин ин аст ки ҳаҷи ин гунаҳо қабул мешавад ё не?
***
Гитлер, ки баровард дувум ҷанги ҷаҳонро,
Мехост кунад бандаи худ оламиёнро.
Аз баҳри бадастории ин қасди хаёлӣ
Сар дод ба ҳар сӯйи ҷаҳон хайли дадонро.
«Самак», №13 (595), 06.04.2023
Андеша: «Дӯст занад табарвор, душман занад шакарвор»- эҳтиёт кунед!
***
То ба ҳол намефаҳмидам, ки маро бад мебинанд. Бузургсолтар шуда, андаке пайхас кардам, ки хурду калон, пиру ҷавон бо ман муоширати хуб надоранд.
Ҳаким Алӣ – адиб (ш. Ҳисор), «СССР», №13 (758), 06.04.2023
Тасалло: Ҳоло ҳам тез фаҳмидед. Бахилии тоҷикӣ гуфтанӣ бемориро дигарон шунидаанд, шумо дидаед.
***
Устод Бозор Тилавов чунон ба илми фолклор ғӯта хӯрда буданд, ки раҳбариро
унсури вақтгиранда дониста, тез худро аз чунин корҳои шарафманд озод менамуданд.
Шоҳзамон Раҳмонов, «Фараж», № 13 (851), 06.04.2023
Ҳайрат: Шумо он касро моҳие гумон кардед, ки худро дар баҳр озод ҳис карда ба ҳар сӯй ғӯтавар мешаванд. Аммо чаро аз шасти моҳигирон нагуфтед?
***
Намояндагони ҷунбиши тундрави «Толибон», ки дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст оварда буданд, ваъда доданд, ки ҳуқуқи занонро чун давраи аввали ҳукмронии худ дар кишвар – аз соли 1996 то 2001 маҳдуд нахоҳанд кард. Аммо тадриҷан онҳо имкониятҳои занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт торафт маҳдуд мекунанд.
«Дунё», № 14 (990), 06.04.2023
Вокуниш: Зӯри Толиб ба мардон ки нарасид, дигар домани занон гирифт.
***
Биноҳо барои муқовимати сейсмикӣ чӣ гуна санҷида мешаванд?
asia+, №12 (1599), 06.04.2023
Интизор: Қоидавӣ санҷед! Зеро мегӯянд: «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд».
***
Соҳиби мағоза дафтареро бо қарзи муштариёнаш сӯзонд
Dайdжест Press, №14 (1457), 04.04.2023
Дилбардорӣ: Ғам нахӯред, пас аз моҳи Рамазон боз дафтари нав боз мекунед.
***
Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон миллионер шуд?
Азия плюс, (Телеграм), 11.04.2023
Ҷавоб: Дар ана ҳамин вақти Рамазон соҳибкор шавед ё ба бозор бароед, метавонед дар як ҳафта миллионер он тараф истад, миллиардер мешавед.
Таҳияи Ҳусейнова Фурӯзанда, “Фараж”