Охирин садои имдодҷӯёнаат, шаби шашум аст, хоби маро батамом мегурезонад.
Он саҳнаи мудҳиш такрори батакрор аз пеши назарам мегузарад.
Бехобӣ ба дарди сар, дарди дил, дарди виҷдон, дарди ғурур, дарди рӯҳ, дарди лоилоҷӣ мекашонадам ва барои бечорагиям, Қобилҷон, бачаҳаки номуродам, пеши ин сарнавишти талхат лол ба худ мепечам.
Тасаввур мекунам, ки вақте сӯйи пиллаҳои мактабат ба сӯйи ошёнаи болотар, аз дасти фашистбачаи теғбадасти рус, аз дасти марг, ки дар симои ин махлуқи беҳайсияти ваҳшӣ мегурехтӣ, магар аҷал пешпоят дод, ки болои фарши сангини мактабат ғалтидӣ?
Ҳамон ҷое, ки ту ҳар рӯз чандин бор медавиди, аз он пиллаҳо болову пойин мешудӣ, механдидӣ, меҷаҳидӣ, вале намеафтодӣ. Охир ҳар як ваҷаби ин роҳрав, ин зинаҳо бароят ошно буд, дилпурона бо ҳамсинфонат онҳоро убур мекардӣ.
Ҳамон мактабе, ки ту чанд сол ба он барои савод, маърифат, адаб, ахлоқ, дониш ва таъмини рӯзгори хуши ояндаат, бо умед, дилпур, бехавф мерафтӣ.
Мерафтӣ, то забони русро, таърихи русро, фарҳанги русро дониши русро биёмӯзӣ.
То дар дарси таърихаш бихонӣ, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, вақте ки фашистон ба хоки Рус ҳуҷум карданд, ваҳшиёна сар буриданд,сӯхтанд, оташ заданд, валангор карданд, таҷовуз карданд, қатли ом карданд, бобоёни ту, ҷадди ту дар паҳлӯи русҳо ҷон додаву фашизмро решакан ва кишвари русҳоро аз душман озод карданд.
Он вақт миллати мо бародар ва сипар буд, на чурка!
На мусулмонияш ҷурм ҳисоб мешуду на мӯйи сиёҳаш ғаши каллазардҳоро меовард. Бародар буд, фарзанди падарвор барои озодии русҳо ҷанг мекарду ҷон медод.
Таърих инро навишта карда ва охирин қаҳрамонони ин ҷанг баъди 70 сол, имсол ин дунёро падруд гуфтанд. Садҳо ҳазор тамоми умр аз маъюбии ҷанги зидди фашизм, ки ба муқобили русҳо (на тоҷикон!!!) буд, то охири умр ранҷ кашиданду дар деҳу шаҳри худ мурданд ва русҳо ҳатто ин озодгаронашонро намешинохтанд.
Садҳо ҳазорон тоҷикон барои барқарор кардани вайронаҳои ҷанги фашистон дар мулки Рус, дар бари русҳо монда то солҳи 50 ва 60 – уми асри пор истода шаҳр сохтанд. Ҳамон шаҳрҳое, ки имрӯз русҳо дар онҳо тоҷикро дидан намехоҳанд.
Онҳо на “чурка” буданд, на “мусулмон”. Онҳо бародар буданд.
Даҳҳо ҳазорон русҳо ба Тоҷикистон омада аз ҷангу гуруснагӣ паноҳ бурданд, зистанд ин ҷо ва то мурдан монданд, касе онҳоро таънаи миллат ва дин накард. Боқадртар аз тоҷикон буданд.
Қобилҷон, шаҳиди номуродам, агар туро фашистбачаи рус намекушт, ту ин ҳамаро аз китоби таърих бо забони русӣ мехондӣ.
Аммо як бачаи фашистботин риштаи ҳаёти туро бо бераҳмӣ дар як дақиқа бо корди аз пеш омода карда, дидаву дониста барои тоҷик буданат, барои абад барканд…
Қобилҷони ба хок ҳайфам, тӯли ин ҳафта ғами миллат, ғами ҷаҳониён гаштӣ. Боиси мутаҳидии инсонҳо шудӣ.
Магар ту ба мактаб барои он нарафта будӣ, ки озодона бо забони русӣ ҳарф бизанӣ, бо дониши русӣ тавоно шавӣ, бо фарҳанги русӣ маърифат бигирӣ, бо тарбияи русӣ расму ойин биомӯзӣ, зеро ин талаботи ДАВЛАТИ РОССИЯ аст?
Магар мактаби русӣ қатлгоҳ буд?
Магар ҳамин мактаби русӣ, ин фашистбачаро ҳам тарбия накарда буд?
Магар дар ин мактаб ба ғайр аз як мӯсафеди посбон дигар муаллим набуд? Магар муаллимаат, агар талабаи рус берун аз дари пӯшидаи вай мемонд, барои наҷоти ӯ намедавид?
Қобилҷони акнун дард ва доғи дили кулли кишвар, магар ту қурбон барои он шудӣ, ки мо ҳушёртар шавем? Муттаҳидтар бигардем?
Ту ба хотири он қурбон гаштӣ, ки мо бештар ба қадри Ватан ва амнияти зиндагиямон бирасем? Бачаҳои мо бидонанд, ки муҳоҷират чизи бадест. Бояд дар кишвари худ монду зист. Ҳатто бо пораи ноне, ки беҳтар аз оши мулки бегона аст?
Қобилҷони азизи дили модар , ту ба мо дарс додӣ, ки ягона ҷойи бехавф барои тоҷик ин Тоҷикистон аст, ҳатто агар русиро бидонӣ, ҳатто агар барои касе ҳеҷ зараре нарасонда бошӣ, ҳатто як кӯдаки бегуноҳе ҳам бошӣ, ҳар фашистмаоб душмани туст ва бадият мекунад. Метавонад барои қатлат камар бибандад?
Қобилҷони ормонии модар, мегӯянд ту ба хотири бародарат, ба хотири ҳамсинфонат, ба хотири муаллимаат хости ин фашистро чапғалат бидиҳӣ. Аммо ҷисмаки ҳанӯз шаклнагирифтаи ту тавони онро накард. Ҳарчанд ақли расои ту дар ин лаҳзаи ҳассос барои наҷоти дигарон расид, аммо қуввати ту камӣ кард, гулаки каллакани мардқаторӣ. Қаҳрамонқаторӣ.
“Дадаааа”, гуфтӣ дар лаҳзаи охирини ҷон доштанат.
Чаро?
Маъмулан кӯдакон “оча” мегӯянд, ҳангоми хатар. Модарро фарёд мекунанд. Ҳатто пиронсолон ҳангоми марг модар мегӯянд. Аммо чаро ту падар гуфтӣ?
Охир ту медонистӣ, ки падар надорӣ. Ӯ фавтидааст. Аммо чаро чун аз пой афтодӣ ва теғи қотил болои ҷонаки ширинат ҷавлон кард, “дада” гуфтӣ? Чаро аз падар имдод хостӣ?
Охир ту бачаи боақл будӣ, дарк мекардӣ, ки МАРДе бояд барои ҳимояи ту биёяд, туро аз теғи ин кофар дасти тавоное бояд бираҳонад… ҳайҳоту вовайло.
Сад дареғу дард. Акнун ту дар қатори он 10 тифлаки бегуноҳи куштаи фашизми русӣ ва дар шумули садҳо ҷавони аз теғи скинхедҳои рус бегуноҳ қатлшуда дар он дунё аз Парвардигор имдод аз ин бедодӣ биталаб.
Ҳамагӣ шикоят пеши Худо бибаред, ки ба “ҷурм”-и миллат ва дин қатл гаштаед…
Бигӯед, ки фашизм дар кишвари рус тарафдорон дорад. Бедодгарии онҳо рӯпӯш мешавад, ҳақ ба ҳақдор намерасад.
Бигӯед, ки рӯҳи адлҷӯйи ҷисмаки таҷовузгаштаву бо табар пора- пора кардаи Ҳувайдо, тифлаки 5 солаи тоҷик, солҳо дар долонҳои суди русҳо сарсон гашт.
Бигӯед, ки рӯҳи тифлакони бегуноҳи дигар то ҳол дар ҷустуҷӯйи адолат ором нагирифтаанд.
Бигӯед, ки сари буридаи аз тан ҷудои Вазирбекро бародараш чандин рӯз дар яхдони хонаи иҷорааш нигоҳ дошт, то ҷисми скинхедҳо куштаи ӯро милисаҳои рус бе сар ба бародараш бо дахолати сафорат бозпас доданд…
Қобилҷони умеди барбоди модар, акнун ҷоякат паҳлӯи падарат дар ҷаннат бод, ки фариштаи наҷоти зиндагият нашуду барои раҳоият аз теғи фашистбачаи рус, аз гӯр ба по шуд…
PS: Медонед, азизон… тӯли ин рӯзҳои пурдаҳшати ин қатли ваҳшиёна худро бо чӣ таскин медиҳам?
Мегӯянд, вақте ки марг фаро мерасад, фариштае аз осмон фурӯд меояд ва пеш аз оне, ки Азройил ҷонро қабз кунад, рӯҳро Худованд аз тан ҷудо мекунад ва ҳамон фаришта онро беозор ба осмон мебарад.
Ҷисми беҷон дигар дардро ҳис намекунад. Он фаришта дар симои модар, падар, бибӣ, бобо ё ягон пайванди фавтида намудор мешавад.
…Вақте қотил кордро ба тани Қобилҷон мехалид, рӯҳи ӯ аллакай дар осмон буд. Ӯ дардро ҳис накард. Тифлаки бегуноҳ аллакай ба фариштаҳо пайваста буд ва ин фашистбача танҳо ҷисми беҷони вайро корд мезад.
Вақте Қобилҷон медавиду лаҳзаи фано наздик мешуд, марг ҷони ӯро аз бадан берун мекард, дар пеши чашмаш арвоҳи падарро дид, ки оғӯш кушода ба имдодаш меояд ва фарёд зад:
“ДАДААААААА”

Ҳуриннисо Ализода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь