Ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ (тақвимӣ) дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, сарусадо бармехезад, ки оё дини ислом таҷлили ин рӯзро ҷоиз медонад ё на? Имсол низ дар остонаи Соли нав мо ба ин суол посух ҷустем.
Иди мусалмонон
Мухолифони таҷлили Соли нав бар онанд, ки Соли нав аз мусулмонҳо нест. Мусулмон ду ид дорад – Қурбон ва Рамазон, ин Соли нав мавлуди Исои Масеҳ аст, ки ба мусулмонон рабт надорад. Чун ин мавъизаҳо чанд сол аст дар YouTube чарх мезананд, бисёре аз сокинони кишвари мо аз таҷлили Соли нав худдорӣ мекунанд.
Барои мисол яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависад:
«Ман Соли навро ҷашн намегирам, зеро ин ид ба дини мо ягон робита надорад. Асли пайдоиши Соли нав аз даврони бисёрхудоӣ мондааст. Арчаро оро додан ҳам аз ҳамон давру замон аст, ки одамон дар фасли зимистон сабзии арчаро дида, хурсанд шуда, онро ба ҳайси Худои худ қабул мекарданд ва ба наздаш туҳфаҳо мегузоштанд. Аслан ҷашн гирифтани он шояд гуноҳ набошад. Фикр мекунам, ҳамааш ба нияти худи инсон вобаста аст. Лекин беҳтараш аз анъанаҳои бегона дур шавӣ».
Шарҳи муфтӣ
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди таҷлили Соли нави масеҳӣ чунин андеша дорад:
«Соли нав ҷашни динӣ нест, вале онро ҳамчун шуруъшавии сол ҷашн гирифтан мумкин аст. Мувофиқи шариати исломӣ ҳар идеро, ки он ба ақидаи исломӣ ва ба шариати ислом ё ин ки ба фармудаҳои Худованд ягон мухолифат надорад, метавон ҷашн гирифт. Хусусан дар мазҳаби имом Ҳанифа – ҳар урфе, ки ба шариати исломӣ муқобил ва мухолиф нест, аз нуқтаи назари илмӣ боке надорад, яъне кори гуноҳе нест».
Имомхатиб: «Соли навро ҷашн гиред!»
Назарҳо нисбати таҷлили Соли нав мухталиф аст. Бештари рӯҳониёни тоҷик ҳамоно муқобили таҷлили ин ҷашн ҳастанд ва ё посухи духӯра медиҳанд. Вале ба гумони банда шарҳи муосир ва ба замони мо мувофиқро Шамил Аляутддинов, раиси Шурои уламои исломии Русия, имомхатиби яке аз масҷидҳои бузурги Маскав ва муаллифи 30 китоб оид ба дини ислом додааст:
«Бештари онҳое, ки мухолифи таҷлили Соли нав ҳастанд, таърихи пайдо шудани ин идро далел меоранд. Маъмулан менависанд, ки як вақтҳо ин ид – иди даврони ҷоҳилият ё бутпарастӣ буд, барои ҳамин ҷашн гирифтани он дуруст нест. Аз як нуқтаи назар дуруст аст, мусулмонон идҳои даврони бутпарастиро ҷашн намегиранд. Аз нигоҳи дигар бошад, бояд ба назар гирифт, ки ҳеҷ кас дар ҷомеаи мо ин идро ба монанди иди бутпарстӣ ҷашн намегирад ва ба чизе саҷда намеорад, ки ин маълум аст. Имрӯзҳо барои тамоми сокинони олам ҷашн гирифтани Соли нав иди халқӣ ва давлатӣ гаштааст – ҷашн гирифтани ба охир расидани сол. Рӯзҳои истироҳатии Соли нав, ки бо баҳонаи он мардум истироҳат мекунанд ва ба наздикони худ туҳфа меоранд ва кӯдаконашонро шод мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин ҷо нишонае аз усули динӣ дида намешавад. Одамон танҳо вақташонро хубтар мегузаронанду истироҳат мекунанд. Барои ҳамин, аз нигоҳи ислом бояд ҳадисеро ба назар гирифт, ки мувофиқи он тамоми амалҳои инсон аз ният вобаста аст. Дар масъалаи ҷашн гирифтани Соли нав агар мақсади одамон ба хотири ба анҷом расидани сол ва ё омадани соли дигар дар сари дастархон ҷамъ кардани наздикон, таманниёти нек кардан, ба якдигар туҳфа намудан бошад, пас амалҳои онҳо мувофиқи ҳадиси овардашуда баҳо дода мешавад. Дар ислом бо дӯстон истироҳат кардан, ҳамдигарро шод намудан манъ нашудааст, балки ислом ҷонибдори ин амалҳост. Табрик намудан бо Соли нав ҳам ягон амали бад нест, балки нияти хуб нисбати касе аст, ки ҳеҷ бадие надорад. Агар ба таҷлили Соли нав дуруст муносибат кунем, он барои ғанӣ гардонидани корҳои неки шахсии худ дар назди Худованд мешавад».
Воқеан, таҷлили Соли нав барои мардуми мо як василаи дилхушӣ, ба аёдати ҳамдигар рафтан, барои якдигар ҳарфи меҳр гуфтан ва аз ҳама муҳим ҷашни шодии кӯдакон аст.
Бинобар ин, беҳтар аст, ки ба ҷойи ҳадису ривоят ҷустан ва монеи хурсандӣ шудан, ҳамдигарро ба Соли нав табрик гӯем ва барои соли оянда орзуҳои нек кунем”.
Соли нав муборак!
Аз саҳифаи фесбукии Д. ҚОДИРПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь