Ҳеҷ нагуфтӣ, ки куҷо меравӣ,

Дур зи падару модар ҷудо меравӣ.

Хонаи дил накарда ба ту вафо,

Аз бари мо сӯи Худо меравӣ.

Субҳи 18-августи соли 1987 ҷавонмарде аз беморхонаи деҳаи Дарғ, сӯи деҳаи Каздон бо шитоб ба хонаи ҳоҷӣ Саидолими Каздонӣ омада, аз таваллуд шудани тифлаке шодиёна гирифт. Ҳоҷи Саидолим баъди гусели меҳмон ба ҷониби қибла гашта, чунин суханро гуфтанд:

”Сад шукри парвардигор мекунам, ки давомдишандаи кори ман ба дунё омад”.

Хешу таборе, ки дар хона буданд, ҳама ҳайрон гаштанд аз суханони Саидолим. Рӯз аз рӯз ин тифлаке, ки номашро бобояш Саъдибой гузошта буд бузург мешуд ва аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Вақто, ки ҳафтсола шуда ба синфи якум ба мактаби миёнаи №4 ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафт ӯ алакай қуръонро хатм карда буд. Бо гузашти солҳо ӯ мактаби миёнаро хатм карда, ҳуҷҷаҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ супорид ва соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Солҳои донишҷӯйиаш ҳам мисли оби равон гузаштанд. Баъди соҳиби дипломи мактаби олӣ гаштанаш, бо роҳхати Вазорати маориф ба мактаби мимёнаи № 44 ноҳияи И.Сомонӣ ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба кор шурӯъ кард. Аз он рӯзе, ки Саъдибой корро дар мактаб шуруъ намуд ҳурмату эҳтироми мардум ба ӯ даҳчанд зиёд гардида буд.

Афсӯс, ки ӯ ба беморие дучор гашту ҳеҷ як табибе ба дарди ӯ дармон наёфт. Бо ҳамин сабаб  умр вафо накарду ӯро ҷавон бурд. Инак  аз фавти ӯ як солу шаш моҳ мешавад. Чи тавре, ки шоира Фарзонаи Хуҷандӣ гуфтааст:

Нақши мо дигару нақшаи боло дигар аст,

Муҳри Исоӣ дигару мӯҳри таъоло дигар аст.

Ҳарчи барнома кашидам, хатти батлон зада буд,

Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст.

Бале ҳарчи мо мехоҳем ӯ намешавад, ҳарчи Худо хоҳад ҳамон мешавад. Соати 3 шаби рӯзи 15 – марти соли 2024 дар моҳи шарифи рамазон дар синни 37 -солагӣ дар рӯи дастони падар ҷонро ба ҷонофарин супорид. Он рӯз ба қалби ман турбати санге гузошт ва мисраҳои аз дили сӯхтааш гуфтаро дар ин санг хаттотӣ кардам:

Ҷавонмарги ҷавонмардам дареғо,

Гули пажмурдаи зардам дареғо.

Бимондӣ доғи худро бар дили ман,

Саропо ҳасрату дардам дареғо…..

Инак рӯзи 18 август рӯзи мавлудат мебошад, аммо ҷойи ту холист…

Писари ягонаам Саъдибой ҷисмат аз байни мо рафт, вале меҳру муҳаббат то абад бо мост. Аз ин ру ҳар рӯз дуо мекунам, ки ҷойи писари азизу ягонаам ҷаннат бошаду хонаи охираташ обод!

Падари ҷигарсӯхтаат Мирбоқии Ҳоҷисаидолим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь