Дар ҷомеа шахсиятҳои бузурге ҳаёт ба сар мебаранд,  ки фаъолият ва кору  пайкорашон нисбати зиндагии шахсии онҳо ба аҳли ҷомеа ё миллату кишвар бештар иртибот мегирад. 

Ин гуна шахсиятҳо барои беҳбудии зиндагии мардум, пойдории миллату давлат ҳама вақт дар талош буда ҳамеша тақдири худро бо тақдири халқу Ватан мепайванданд. Мақолаи мазкур дар бораи шахсияте иншо гардидааст, ки у тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро барои  Ватанаш – Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол нисор намудааст. Ин  родмарди асил  устоди гиромиқадрамон, сиёсатмадори беназир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои дуюм ва сеюм мӯҳтарам Сайдулло Хайруллоев мебошанд.

Таърихи давлатдории ҳар мамлакат аз шахсият ва чеҳраҳои шинохтаи арсаҳои гуногун, ки аз худ корҳои некеро ба мерос гузоштаанд, ба хубӣ ёд меорад. Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ чунин абармардони миллат ҳастанд, ки тамоми ҳастӣ, дониш ва маҳорату малакаи худро баҳри ободиву шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо сарф кардаанд. Агар ба таърихи начандон дури кишварамон, хусусан, аз нимаи дуюми асри гузашта назар афканем, мушоҳида менамоем, ки модари тоҷик шахсиятҳои маъруфу барҷастаро дар ҳамаи соҳаҳо ба дунё овардаву тарбия намудааст. Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Эмомалӣ Раҳмон, Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои шинохтаи арсаи илму сиёсат – Ҷаббор Расулов, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари ба онҳо монандро метавон номбар кард, ки ҳар кадом бо хизматҳои арзандаи худ саҳми хешро дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни кишвар гузоштаанд. Номи онҳо дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин нақш бастааст.

Хушбахтона, замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин шахсони бомаърифатро ба мо ҳадя кардааст. Дар қатори ҳамаи чеҳраҳои шинохтаи олами сиёсат номи Сайдулло Хайруллоеви муҳтарам, мақоми махсусро касб менамояд. Мо бо Шумо ҳанӯз аз солҳое, ки дар вазифаҳои баланди сатҳи ноҳияиву вилоятӣ ва Ҳукумат фаъолият мекардед, ифтихор доштем ва имрӯз низ аз он ифтихормандем, ки таърихи навини давлатдории тоҷикон дар қатори дигар чеҳраҳои шаҳири сиёсӣ бо номи Шумо низ рақам зада мешавад.

Шумо дар душвортарин солҳо дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда кор карда, бо сари баланд аз уҳдаи вазифаҳои бар дӯш доштаатон баромадед. Саҳми Шумо дар барқарории сулҳу оромӣ, амнияти миллӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешрафту шукуфоии кишварамон хеле муассир аст. Шумо дарду алами миллатро дарду алами худ ва шодиву сурури мардумро шодиву сурури худ ҳисобида, бо ҷонибдорӣ аз сиёсатҳои сулҳхоҳонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургтарин дастоварди миллӣ, ки бо номи сулҳ ёд мешавад, расидед. Маҳз бовариву эътимоди Сарвари давлат нисбат ба Шумо буд, ки Шумо ба вазифаҳои ниҳоят масъулиятноки давлатӣ пешниҳод гардидед. Роҳбарияти кунунии давлату ҳукумати мамлакат дар интихоби Шумо ҳамчун ҳамқадами худ хато накард. Ҳамин садоқату боварӣ буд, ки меҳри Шумо дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт ва дар соли 2000-ум маҳз Шумо ба ҳайси нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудед. Фаъолияти даҳсолаи Шумо ба сифати Раиси Парламенти касбии мамлакат бори дигар собит сохт, ки донишу маҳорат, таҷрибаву малака ва шеваи роҳбариатон дар ин мақоми олии қонунгузор барои насли оянда як парлумони аз ҳама лиҳоз омода ва пуртаҷрибаро боқӣ гузошт.

Ҳамаи ин заҳмату талошҳоятон аз чашми роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд ва ин аст, ки имрӯз Шумо сазовори ҳамаи мукофотҳои давлатӣ гардидаед. Аммо беҳтарин мукофот барои Шумо ин маҳбуби мардум ва миллат буданатон аст.

Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи парламентаризми тоҷик ба ҳайси роҳбари нахустин парлумони касбии мамлакат машҳур гаштааст.Бо номи ин абармарди миллат таърихи давлатдории тоҷикон пайвастагии ногусастае дорад.

Нақши Сайдулло Хайруллоев ҳамчун аввалин Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан дар ташаккули парлумони касбӣ ва дипломатияи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят муассир мебошад. Аз нуқтаи назари коршиносони масоили сиёсӣ Сайдулло Хайруллоев ба сифати саpмеъмоpе баpгyзида шуд, ки на танҳо парлумони касбии мамлакатро аз ҷиҳати сиёсӣ таpмим намуд, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy кӯҳи сифатан нав баpпо намуд.

Бинобар ин солҳои 2005-2010-ум дубора ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани ӯ аз ҷониби кулли вакилон далели ҳамчун ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ ва шахсияти шинохтаву бонуфуз ба шумор рафтани ӯ байни тамоми  қишрҳои ҷомеаи кишварамон буд. Хидматҳои ӯ дар вазифаҳои роҳбарии ташкилоту хоҷагиҳои гуногун, роҳбарии ноҳияҳо, Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар се даъвати Шӯрои Олии Тоҷикистон намояндаи мардумӣ фаъолият намудани ӯ бо овозҳои аксарияти кулл интихоб шудани ӯро ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси намояндагон таъмин намуд.

Сайдулло Хайруллоев солҳои роҳбариаш дар парлумонро ба ёд оварда, қими муаззами дастовару муваффақияти худро дар эътимоди Пешвои миллат ва ҳамкорию дастёрии камандаи корӣ дониста,  чунин мегуяд: «ба ҳамаи онҳое, ки якҷоя кор кардем барои заҳмати пурсамару фидокорона ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.

Ин ходими намоёни давлатӣ ҳоло ҳам рӯзе нест, ки аз сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дур монда бошад. Дар тамоми давру замон  ва имрӯз низ ҷомеа ба Сайдулло Хайруллоев барин шахсиятхои нотакрор, окилу доно  ниёз дорад. Ҳоло ҳам устод Сайдулло Хайруллоев дар вазифаи Раиси ҷамъияти дӯстӣ  ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷӣ адои вазифа намуда, бо хирадмандию покизагӣ, гуфтору рафтори худ баҳри солимии ҷомеа гом мебардорад. Имрӯз дар ҷумҳуриамон Саӣдулло Хайруллоев барин пирони барнодил ангушт шуморанд. Ӯ ҳоло ҳам  бо сафирони хориҷӣ, корпуси муқимии дипломатии кишварҳои Аврупою Шарқ, ходимони давлатӣ мулоқоту вохуриҳо анҷом медиҳад. У ҳоло ҳам ҷавонмардона манфиатҳои миллии моро ҳифз менамояд.  У дар роҳ ба сӯи адолат ва гул-гул шукуфии миллат хастаги роҳро  ҳис намекунад. Бузургии ӯ дар сарҷаъмии миллат аст. Аз ҳама муҳимаш барои чунин ҷавонмардон ҳеҷ гоҳ маҳал вуҷуд надорад.

Сайдулло Хайруллоев ҳамеша яке аз парчамбардорони  баору ба номуси ин миллат буд ва мемонад.  Дар ҳама ғаму шодии мардум  ҳамеша бо мардум аст.

Сайдулло Хайруллоев  дар ҳақиқат  ҳамсафи содиқу бовафои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. У аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии ватанамон дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд.                  «-Мо- тоҷикон миллати тамаддунофар бояд дар атрофии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муттаҳид гардида,  «ҳушёрии сиёсӣ»-ро набояд аз даст диҳем, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Сайдулло Хайрулоев ҳангоми фаъолияташ дар Маҷлиси намояндагон дар симои ҳар ҳамкораш, хоҳ вай вакил бошад хоҳ корманди Дастгоҳ дӯст, бародар ва шахси ба худ қаринро медид.  Хусумату душманӣ  ва ҳасаду нотавонбинӣ ва махалгароӣ ба табиати ин шахсияти бузург аслан бегона буд.  Сайдулло Хайруллоев ҳамчун як равоншиноси  (психологи) соҳибтаҷриба  то ҳатто дар суҳбатҳои кутоҳ бо вакилон  хулқу атвори ҳар як шахсро ба осони муайян менамуд. Шояд ин аз он боис бошад, ки Сайдулло Хайруллоев  аз овони кудаки дар меҳнат, дар муҳити пеш аз ҳама падару модар, одамони накукор ба камол расида, тамоми сатҳҳои баланди зиндагиро гузаштааст. Ҳоло ҳам мардум аз одамшиносиву росткории  он кас ҳамаи кормандон  ҳарф мезананд.    Дар вохуриҳои аввал бо Раис ман бо хислату фазилатҳои меҳрубонӣ, ҳақиқатгуиву ҳақиқатҷуӣ, ошкорбаёниву хайрихоҳии ин шахсияти бузург шиносоӣ пайдо намудам. Бале, азбаски Сайдулло Хайруллоев ҳамаи ин хислатҳоро дорост, мехоҳад ки ҳамкорону наздиконаш низ дорои чунин хислатҳои нек бошанд, одамони дурӯя, қаллоб, фиребгар ва дуруғгуйро чашми дидан надорад.

Бояд қайд кард, ки Сайдулло Хайруллоев на танҳо ба шуғли китобхони завқи калон дорад, балки ҳамчун донишманди асил  ва сиёсатмадори ояндабин роҷеъ ба таърихи парламентаризми тоҷик чандин корҳои таҳқиқоти-илмӣ  эъҷод  кардааст. Асарҳояшон  «Интихоби замон», «Башорати қонун»,  «Асри қонун» ва ғайра оид ба мавқеи қонун дар чанде аз кишварҳои қадим, унсурҳои қонун дар эҷодиёти бузургони адабиёти тоҷику форс, ҳамзамон оид ба ташаккули парламентаризми тоҷик дар солҳои 1924-2005 ба табъ расидаанд. Ҳамаи ин асарҳои Сайдулло Хайруллоев айни замон ҳамчун китобҳои рӯи мизии вакилони Маҷлиси намояндагон буда , дар бисёр мавридҳо вакилон ҷавоби саволҳои худашонро бе ягон мамониат  аз китобҳои дар боло номбаршуда  ба  осони меёбанд.

Сайдулло Хайруллоев ҳамчун  донишманди асил нисбати таъриху фарҳанг ва мероси адабии бузургони адабиётамон ҳамеша бо дилсӯзи муносибат намуда бо  дастгири ва тавсияашон «Гулшани тавҳид»- и Мавлави Шохидии Рашти, «Мазҳари кулл»-и Мавлоно Чомии Сонӣ ба табъ расидаанд.

Сайдулло Хайруллоев таърихи гузаштаю имрӯзаи давлатамонро хуб медонад. У энциклопедияи зиндаи миллат аст.  Аслан мо одат кардаем, ки ҳамаро баъди мурданаш “Бузург” гуем. Дар зинда будани бузургон гуё забонамон ба ин калима одат накардааст.  Биёед ин қолабро шиканем. Сиёсатмадорону бузургон мисли мо одаманд. Мисли мо сухани хубро дуст медоранд. Биёд бузургони миллатро дар зиндагияшон қадр намоем.  Баъди мурданашон суханҳои ширини мо барои онҳо  заррае қадр надоранд. Агар Шумо кори хайре кардани бошед дар ҳақи бузургони миллат аз ҳоло оғоз кунед. …

Дар ин рӯзи фируз аз номи хонандагони сершумор ва аз номи аҳли адабу калом, зиёиёни кишварамон, онҳое, ки Сайдулло Хайруллоевро дӯст медоранду  эҳтиром менамоянд  ба Сайдулло Хайруллоеа  саломатӣ, умри дароз, бахту саодат ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно намуда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон барори кору комёбиҳо орзу менамоем!.

Муҳамадато Султонов,

журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь