Маҳфуми “фарҳанг” аз печидатарин, вале фарогиртарин ва густурдатарин маҳфумҳои улуми башарӣ аст, чун аз зовияи мухталиф: инсоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа, адабиёт баррасӣ мешавад. Фарҳанг маҷмуае аз арзишҳо, донишҳо, боварҳо, расму оинҳо, суннатҳо, намодҳо, забон, ҳунар, шеваи зиндагӣ аст, ки аз насл ба насл ба мерос мегузарад ва симои як миллатро фароҳам месозад.
Вақте мо миллатеро ном мебарем, ҳатман арзишҳои болозикр пеши назар меоянд. Фаразан аврупоӣ, ҳинду, араб ва ё қафқозӣ бо шеваи зиндагии барои эшон хос, забон, либос, суруд, рақс ва мисли ин пеши назари мо тасвир мешаванд.
Вале гоҳҳо мешавад, ки тамаддун ва фарҳанги як миллат ё қавм пеши назари дигар миллатҳо ба унвони як ҷаҳолат талаққӣ шавад.
Бубинед, юнониҳо дар аҳди бостон худро яке аз миллатҳои мутамаддин ва дигар миллатҳоро ҷоҳилу ваҳшӣ мешинохтанд. Ба девондорӣ, низоми ҳуқуқӣ, меъморӣ, хат, артиши худ ифтихор доштанд ва ин дастовардҳоро меъёри тамаддун медонистанд. Барои онҳо тамоми миллатҳои дигар, ки берун аз доираи ин “меъёр”-ҳо зиндагӣ мекарданд, ҷоҳил маҳсуб мешуданд. Ба андешаи Юнониҳо, ҳатто кишварҳои ҳамҷавори ин империя, миллатҳое, ки ба рушди тамаддуни башар саҳми арзишманде гузоштаанд, мисли олмониҳо, сарматиҳо, ҳунҳо ва галҳо, ғайримутамаддин ва ваҳшӣ шинохта мешуданд.
Вале юнониҳо бо ҳама дастовардҳои илмиву фаннӣ одатҳое низ доштанд, ки дур аз фарҳанги инсонӣ ва дар пояи ҷаҳолат қарор дошт. Онҳо дар асрҳои I-III милодӣ дар амфитеатроҳои шаҳрҳои бузурги Юнон, ба сӯи пайравони дини масеҳӣ шерҳои хунхорро раҳо мекарданд, то онҳоро пеши назари мардум пора-пора кунанд. Чунин намоишҳо тақрибан ҳар ҳафта баргузор мешуд. Юнониҳо ба тамошои ин даҳшат бо фарзандони хурдсоли худ, мисли ин, ки имрӯз мардум ба ба театр мераванд, ҳозир мешуданд. Онҳо аз “ғояти меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ” дастандаркорони ин саҳнаҳои мудҳишро хоҳиш мекарданд, ки масеҳиёнро урён ба “саҳна” раҳо кунанд, то дандони шерон аз либоси дурушти онҳо озор набинад. Баъд аз анҷоми ”намоиш”, вақте фарзандонашон аз волидайн хоҳиш мекарданд, навбати дигар низ барои тамошои куштори масеҳиён ҳамроҳ гиранд, шарт мегузоштанд, ки агар онҳо дар давоми ҳафта рафтори хуб дошта бошанд ва аз доираи одоб убур накунанд, ҳатман хоҳишашон иҷобат мешавад.
Тасаввур кунед, ки ҳамин “саҳнаи мудҳиш” яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги зисти юнониён буд.
Ҳамин гуна то асри XX дар ИМА бидуни иҷозаи додгоҳ ба дор кашидан ва оташ задани зангиҳо ва ҳиндунажодон аз ҷониби тӯдаи сафедпустон (“lynching”-линчевание, бо номи як додгустари амрикоӣ Чарлз Линч алоқаманд аст) як амри воқеӣ ба шумор мерафт.
Яҳудиёни ортодокс низ ҷашни диние доранд ба уновони “пурим”, ки ҳамасола онро таҷлил мекунанд. Шабе қабл аз ҷашн дарҳои худро бо хуни ҳайвон сурх мекунанд, ки заминаи таърихӣ дорад. Ин ҷашн ба хотири шабехун задан ва эъдоми даҳҳо ҳазор нафар форсҳо таҷлил мегардад, ки аз суннатҳои наслкушии яҳудиён дарак медиҳад.
Чанд сол қабл як бону дар метрои Москав саги бесоҳиберо ваҳшиёна чанд корд зада ба ҳалокат расонид. Расонаҳои русӣ дар ин замина машҳаре барпо карданд, ки дар паёмади он даҳҳо адибон ва ҳунармандони рус (мисли Аркадий Арканов, Валентин Гафт, Армен Ҷигарханян, Евгений Ефтушенко, Любов Полешук, Юрий Куклачов, Андрей Макаревич…) шӯрое таъсис дода, қотилро маҳкум ва садорати метрои Маскавро водор намуданд, ки пайкараи сагро зери унвони “Шавқат”дар яке аз гузаргоҳҳои метрои Менделеевская гузоранд. Вале ҳамон солҳо садҳо нафар муҳоҷирони бегуноҳ аз ҷониби скинҳедҳо ҷон мебохтанд, касе аз ин калламардон ҳатто аз тариқи расонаҳо изҳори ҳамдардӣ намекарданд.
Ва ё ин ки барои мусалмонони ортадокс, мисли ДОИШ ва Толибон, дар маҳзари ом ба таври ваҳшиёна бо теғ сар буридан ва сангборон кардани муҷримон ба як ҷузъи фарҳанги эшон табдил ёфтааст, ки ҷомеаи баъзе кишварҳои исломӣ онро ором қабул мекунанд.
Чаро мо ин амалҳои ҳаросафканро, ки аз доираи ахлоқи башарӣ берун аст, ҷузъе аз фарҳанги ин ақвом арзёбӣ мекунем? Дар ҳамаи ҳолатҳое, ки дар боло зикрашон рафт ё издиҳоми омма зери раҳнамоии “нухбагон” дар он ширкат меварзиданд ва ё ҳадди ақал ихтиёрӣ ба тамошои он мерафтанд ва аз ин ваҳшоният лаззат мебурданд. Яъне ин далели он аст, ки “қурбонӣ”- инсонҳо дар заминаи таассуби нажодӣ ва динӣ ба фарҳанги миллии эшон табдил ёфта буд.
Барои баъзе кишварҳои мутамаддини ҷаҳон, ки аз насли ин миллатҳои баргузидаанд, имрӯз ҳатто қурбонӣ кардани мол дар идҳои мусалмонӣ, ба ҳайси як амали ғайриинсонӣ маънидод мешавад. Бо вуҷуди ин, ки худи аврупоиҳо ҳамасола миллионҳо филмурғ (индюк)-ро дар иди мавлуди Масеҳ ба теғи қассоб месупоранд.
Имрӯз низ бидуни шустушӯи субҳгоҳи дар бистари хоб наҳорӣ кардани аврупоиҳо, ки бо фарҳанги эшон алоқамандӣ дорад, барои мусалмонон макрӯҳ аст. Мисл ин тасаввур кунед, ки агар аврупоиҳо бо даст яз як табақ палов ё қурутоб хурдани чанд нафари моро бубинанд, ба фарҳанги миллии мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ хеле чизҳои арзишмандро додааст чӣ баҳо мегузоранд?
Манзур аз ин гуфтаҳо чист?
Имрӯз дар ҷомеа мо ба тарғиби ғизо ва либосҳои миллӣ, ки бештар хоси маҳалл аст, зиёд таваҷҷуҳ мекунем ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъ боиси баҳсҳои доманадор мешаванд. Мисли ин, ки чанд сол қабл баҳси андозаи риш ва бусидани дасти руҳониён фазои иҷтимоиро комилан забт карда буд. Банда мухолифи он нестам, ки суннатҳои мардумӣ, ба хотири аз зеҳни ҷавонон фаромуш нашудан дар фазои дохилии иттилоотӣ мавриди тарғиб қарор гиранд, вале дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мо бояд илм ва фарҳанги ғановатманди миллиро таблиғ кунем, ки дар гузашта камтарин миллатҳо аз он бархурдор буданд.
Мо набояд фаромуш кунем, ки илм ва фарҳанги тоҷикон барои миллатҳои дигари минтақа ва ҷаҳон ҳамеша рисолати раҳнамоиро анҷом додааст. Пас ҳангоми тарғиб байни суннатҳо, расму оини мардумӣ ва донишу фарҳанги асили миллӣ тафовут гузоштанро биёмузем. Сарҳади ин арзишҳо мутаассифона имрӯз бештар аз ҷониби блогнависон (ютуберҳо, тик-токерҳо, инстаграмерҳо…), ки савод ва дониши кофӣ надоранд, помол мешаванд. Онҳо бо шеваи маҳаллии омехта бо забони русӣ, ҷаҳоншиносии маҳдуд, ахлоқи фосид чизҳои сода ва беарзишеро аз номи миллати тоҷик, таблиғ мекунанд, ки гӯё маънавиёт ва фарҳанги мо дар ҳамин поя қарор дошта бошад. Ин шеваи таблиғ бидуни шак иҳонат ва таҳқир ба арзишҳои асили миллии мост, ки моро пеши дигарон мисли як қавми ҷоҳил муаррифӣ мекунад.
Хуб, моро дар ҷаҳон чӣ гуна мешиносанд ва мо низ худро бояд чӣ гуна ба таври шоиста муаррифӣ кунем?
Мисли баъзе қавму миллатҳо моро зарурат нест, ки ба таърихсозӣ ва ё таърихгадоӣ шуғл варзем. Тамоми далелҳо доир ба тамаддуни пешрафтаи миллати мо дар саҳифаҳои таърих сабт шудаанд, ки танҳо истинод овардан кофист.
Фаразан, мо ягона миллате дар минтақа маҳсуб мешавем, ки дар аҳди бостон дорои таълимоти динӣ-фалсафии таъсиргузор ва фарогир буд.
Оини Зардуштӣ, ки ҳануз асри IX қабл аз меолод аз худ дарак дода буд, бо шиори “пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” бо назардошти фосид шудани ахлоқи башарӣ, то ҳануз меҳварӣ аст. Оташи муқаддаси Зардуштӣ дар шаҳри Язд 1 500 сол ин ҷониб фурӯзон аст ва боре ҳам хомӯш нашудааст.
Митрогароӣ- фирқаи парастиши Худои нур ва хуршед-Митро, нигаҳдори паймонҳо ва адолат. Пеш аз зардуштгароӣ вуҷуд дошт ва ҳамзамон бо он низ идома ёфт. Намоде барои навсозии кайҳонӣ буд.
Монигароӣ (садаи савуми милодӣ)- беҳтарин таълимоти зардуштӣ, масеҳият ва буддоиро ба ҳам оварда буд.
Зурувонгароӣ- шохае аз дини Зардуштӣ. Эзиди марказӣ – Зурувон, яъне “Замон”, ки Аҳуромазо ва Ангиримайна (Аҳриман) аз ӯ зода шудаанд. Дар ин таълимоти диниӣ чун замон сарчашмаи ҳама чиз буд, сарнавишти ҷаҳон аз пеш таъиншуда талаққӣ мешуд, ки то имруз низ байни мардум ба унвони амри тақдир, сарнавишт маъруф аст.
Маздакгароӣ –ҷунбиши иҷтимоӣ-мазҳабӣ дар авохири садаи V милодӣ. Бунёдгузор паёмбар Маздак. Дар меҳвари таълимот бародарӣ ва баробарии инсонҳо, лағви моликияти хусусӣ ва нобаробари иқтисодӣ қарор дошт, ки баъдтар дар таълимоти Марксистӣ ва Ленинӣ ҳамчун ғояи меҳварӣ истифода шуд.
Бузургтарин ва маъруфтарин уламо дар шинохт ва муаррифи ислом низ аз табори тоҷикон буданд, ки имрӯз дар тамоми ақсои олам мусалмонон аз таълимоти эшон пайравӣ мекунанд: Имом Абу Ҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғаззолӣ ва даҳҳо нафари дигар, ки рисолати раҳнамоӣ доштанд.
Бутзургтарин империя дар таърихи ҷаҳон то ба ҳол салтанати ниёкони мо Ҳохоманишҳо (ба порсии бостон: ‘Xšāça’, 550 – 330 пеш аз мелод) маҳсуб мешавад, ки 44 дарсади тамоми аҳолии сайёраро идора мекард, ки то ҳол империяи дигаре ба ин дастовард ноил нашудааст.
Нахустин “Маншури ҳуқуқи башар” дар ҷаҳон: Куруши Кабир дар садаи панҷуми пеш аз милод “устувонаи гилӣ”-ро содир кард, ки дар он озодии дин, лағви бардадорӣ ва ҳимоят аз ақалиятҳои миллӣ эълон шуда буд. Ин рӯйдод ду ҳазор сол пеш аз тасвиби “Маншури кабири озодиҳо” (Великая хартия волностей, 1215, Англия) рух дод. Куруши Кабир ҳатто дар китоби Тавроти масеҳиён ба унвони фиристодаи Худо эътироф шудааст.
Шиносномаҳо нахустин маротиба дар давраи ҳукумати Ҳохоманишиҳо пайдо шуданд, ки ба аҳолӣ дар шакли корти чармӣ дода мешуд.
Нахустин системаҳои обёрӣ ба унвони “канат”-ҳо (маъруф ба канал) дар давраи Сосониён бунёд гардида буданд, ки то имрӯз дар тамоми ҷаҳон истифода мешаванд.
Дар аҳди Дорои Кабир бори аввал ниҳоди додгоҳ (суд) аз сохтори ҳукумат ҷудо карда шуд, ки то имрӯз дар тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ин усул истифода мешавад.
Дар катибаҳои Персополис ишора рафтааст, ки ҳанӯз дар аҳди бостон занон дар умури давлатдории кишварҳои форзабон ширкати фаъол доштанд ва вазифаҳои роҳбариро низ ба зима мегирифтанд.
Нахустин тақвиме, ки аз тақвими имрӯза (григорианӣ) дақиқтар буд, дар садаи XI Умари Хайём тартиб дод. Фаразан дар тақвими гиригорианӣ дар 3 330 сол як рӯз иштибоҳ шавад, дар тақвими Умари Хайём ин иштибоҳ дар муддати 5 000 сол ба мушоҳида мерасад.
Минётураҳои форсӣ на танҳо як мусаввара, балки як истиора дар фалсафа буд, ки баъдтар дар рушди мусавваранависии аврупо замина гузошт.
Яке аз бузургтарин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ Абурайҳони Берунӣ (973–1048) дар соҳаҳои ахтаршиносӣ, хокшиносӣ, ҷуғрофиё, физика, таърих ва этнография корҳои назаррас анҷом дод. Асарҳои маъруфи ӯ «Қонун-ул-Масъудӣ» ва “Осор ул Боқия” то ҳанӯз заминае барои пажуҳиши улуми мухталиф маҳсуб мешаванд. Берунӣ нахустин шахсе буд, ки усулҳои дақиқи андоза кардани радиуси Заминро пешниҳод кард.
Ал-Хоразмӣ асосгузори илми алгебра ва яке аз падарони математикаи муосир аст. Асари машҳури ӯ «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» на танҳо ба пайдоиши калимаи «алгебра» сабаб шуд, балки усулҳои ҳал кардани муодилаҳои хаттӣ ва квадратиро низ ба таври муназзам пешниҳод кард. Аз номи лотинишудаи ӯ — Algoritmi (Ал-Хоразми) — калимаи «алгоритм» ба забонҳои аврупоӣ ворид шуд. Тарҷумаи «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» тавассути Роберт Честер соли 1145 милодӣ анҷом шуд ва то қарни XVI китоби дарсии донишгоҳҳои аврупо буд. Китоби “Ҳисоб-ал-ҳинд” чанд маротиба ба лотинӣ тарҷума ва боис шуд, ки урупоиҳо ва баъдтар тамоми манотиқи ҷаҳон аз ададнависии румӣ даст кашанд.
Абӯалӣ Ибни Сино яке аз асосгузорони тибби муосир эътироф шудааст. Аз мӯҳтарамтарин осори Ибни Сино метавон ба китоби “Қонун дар тиб” ишора кард, ки ба унвони яке аз муҳимтарин мутуни пизишкӣ дар ҷаҳон ба муддати чанд аср будааст. Дар ин асар, Ибни Сино илми тибро бо усули мантиқӣ ва таҷрибавӣ тавсиф намуда, бемориҳоро гурӯҳбандӣ ва усулҳои муолиҷаро тавзеҳ додааст. Ҳамчунин китоби “Шифо” низ аз осори муҳими ӯ дар заминаи фалсафа маҳсуб мешавад. Мероси Ибни Сино марзҳои ҷуғрофиё ва замонро убур кардааст.
Асарҳои шоирони бузурги форсзабон, мисли Фирдавсӣ, Хайём, Мавлоно Румӣ, Хоҷа Ҳофиз, Саъдиро, ки на танҳо назм, балки фалсафаи ҳаёт аст, дар тамоми саёра беш аз XIII қарн ин ҷониб мутолиа мекунанд ва андешаҳои эшон дар асарҳои адибони маъруфи ҷаҳон мисли Ҳёте, Шекспир, Матьё Арно, Эдвард Фитҷеральд ,Стеван Георге ва Пушкин иқтибос шудаанд. Рубоиҳои Умари Хайём дар ҷаҳон то ҳол яке аз серхонандатарин китобҳо дар аврупо маҳсуб мешаванд.
Аз асри X то XIX забони форсӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Қафқоз ва Империяи Усмонӣ забони илм, адаб ва дипломатия эътироф мешуд.
Бад ин тартиб, феҳристи дастовардҳои ҷаҳонии миллати моро метавон ҳамчунин идома дод, вале мо дар маҳдудаи ин мақола танҳо ба ёдоварии шинохташудатарин ва баҳснопазиртарин ҳақоиқ басанда кардем.
Бо дареғ бояд гуфт, ки дар расонаҳо ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр кам ба ин воқеиятҳои истисноӣ ва беҳамто таваҷҷуҳ мекунем.
Ман беш аз ин мутмаинам, ки донишомӯзон ва донишҷуёни мактабу донишгоҳҳои мо мероси гаронмояи таърихӣ ва фарҳангиамонро ба таври сатҳӣ мешиносанд. Дастикам дар рӯзгори мо, ҳангоме, ки дар мактабу донишгоҳ таҳсил мекардем, низ сухан чандон аз ин воқеият ба миён намеомад.
Фурсати он расидааст, ки ба барномарезии омузишӣ ислоҳот ворид кунем. Имрӯз мо муваззафем аз солҳои нахустини таҳсил дар курсии мактаб ва донишгоҳ, насли наврас ва ҷавонро бо ин дастовардҳои беназири ниёгон ошно кунем, то дар оянда, замоне, ки олим, адиб, рӯзноманигор ва ё блогнавис мешаванд, дар фазои илмӣ ва иттилоотӣ тасавир ва имиҷи шоистае аз миллат бисозанд, ки саҳми дархур ва арзишманде дар тамаддуни ҷаҳонӣ доштааст…
Бахтиёр Ҳамдамов