“Фаромӯш набояд кард, ки таърих як фазои холӣ нест, балки онро одамони зинда ба вуҷуд меоранд. Вале мо дар бораи абармардони миллатамон маълумоти кофӣ надорем. Вақти он расидааст, ки силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем”. 

Эмомалӣ Раҳмон 

Илми кимиё дар ҳаёти инсон аз замонҳои хеле қадим ( мувофиқи баъзе маълумотҳо аз вақте ки дар Африқои Шарқӣ инсон оташро кашф кард) истифода мешавад. Воқеан ҳам, кашфи оташ ҳамчун объекти илми кимиё  аҳамияти хосса дошта, дар раванди таҷзияҳои кимиёвӣ , мубодилаи моддаҳо ва кимиёи гудохтан ва гудохтабарории филиззот зарур аст. Дар натиҷаи ин дастовардҳои муҳимтарини ҳазорсолаҳои 2 то 1 – и то мелод истеҳсоли оҳан, чӯян, пӯлод, рангу бор, шиша, оина ва коuаз буданд. Дар баробари ин бо пайдо шудани илми тиб ва табобат технологияи дорусозӣ, аз ҷумла ҳосил кардани давоҳои гуногун ва заҳр инкишоф ёфт. Ҳанӯз дар асри 12 – и то мелод назарияи “унсурӣ”- и  пайдоиш, яъне  оташ, об хок ва бод арзи ҳастӣ карда, минбаъд онро Афлотун ва шогирдаш Арасту инкишоф доданд. Ин назария дар қиёс бо ҳолати агрегатии моддаҳо, ки имрӯз вуҷуд дорад, яъне  сахт (хок), моеъ (об), газшакл (бод) ва плазма (оташ) хеле мантиқӣ аст.                                                                         Дар аҳди бостон аз ҳама бештар олимони Шарқ дар рушди илми кимиё  нақши муҳим гузоштаанд. Аз ҷумла, нахустин кимиёдони машҳури Шарқ Ҷобир ибни Ҳайёни Тусӣ (721 – 815)  мебошад, ки дар Аврупо бо номи Ҳебер маъруф аст. Ин олими тоҷик бо ҳамроҳи шогирдон ва пайравонаш чандин пайвастҳои кимиёвиро кашф ва табақабандӣ карда, усулҳои ҳосил намудани асид (кислота) – ҳои uайриорганикиро ба роҳ монд. Вай дар таҷрибаҳояш асиди сулфатро ҳамчун катализатор истифода кардааст ва ихтирои асиди нитратро низ ба ӯ нисбат медиҳанд. Равандҳои ба корбурдаи ин олими соҳаи кимиё, аз қабили тақтир, шӯшабандӣ, гудозиши филизҳо,рафинатсия, оксидшавӣ, буuгардонӣ, полоиш ва uайра ҳоло ҳам дар илми муосир истифода мешаванд.

Давраи инкишофи илми кимиё дар асрҳои миёна бо номи Муҳаммад Закариёи Розӣ (865 – 925), ки дар Аврупо бо номи Разес машҳур аст, сахт алоқамандӣ дорад. Аксари муҳаққиқон вайро асосгузори кимиёи илмӣ медонанд. Абурайҳони Берунӣ дар мавриди Закариёи Розӣ  чунин гуфтааст: ” …нахуст ба кимиё  иштиuол варзид ва чашми худро дар маърази авориз ва офот ниҳод. Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯро ба сӯйи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид.” Машҳуртарин таълифоти Закариёи Розӣ дар илми кимиё ” Китоб-уш – шавоҳид”, ” Ал – асрор”, ” Ал – мадхал – ут – таълим”, ” Китобус – сир – ул – асрор” мебошанд, ки дар онҳо усулҳои аз маъдан ҳосил кардани филиззот, сохтани хуллаҳо ва тарзи гудохтани онҳо ва таснифоти моддаҳо шарҳу эзоҳ ёфтаанд. Мувофиқи маълумоти “Ал – феҳрист” – и Ибни Надим (асри 10)  Закариёи Розӣ маҷмуае бо номи          “Дувоздаҳ китоб дар бораи санъати алкимиё” таълиф намудааст, ки” Ал – мадхал – ут – таълим” китоби аввалини ин маҷмуа мебошад ва дар охири асри 9 навишта шудааст.  ” Китоб – ул – асрор” – и  вай дар ибтидои асри 10 ба забони арабӣ навишта шуда, дар он бори аввал дар таърихи илми кимиё  дар бораи тақсими моддаҳо ба гурӯҳҳо, намакҳо ба ҳалшавандаю  ҳалнашаванда, минералӣ, наботиву ҳайвонӣ ва тарзи истифодаи онҳо дар таҷрибаҳои кимиёвӣ маълумот дода шудааст. Закариёи Розӣ яке аз нахустин олимонест, ки роҳи ҳосил кардани оби муқаттар (дистилат) – ро муайян карда, истеҳсол ва истеъмоли спирти этилро дар тиб ба роҳ монд ва дар вақти ҷарроҳӣ хосияти беҳискунии спиртро ошкор намуд.

Яке аз олимони дигари тоҷик Абумансури  Муваффақ ибни Алии Ҳиравӣ (асри 10)  мебошад, ки дар пешрафту тараққиёти илми кимиё ва тиб саҳми назаррас гузоштааст. Вай соли 977 китоберо ба забони тоҷикӣ бо номи “Ал -абния ан ҳақоиқил адвия” таълиф намудааст, ки барои омӯхтани илми кимиё ва тиб бисёр муҳим буда, ҳатто олимони Аврупо онро аз китобҳои пешин бартар  ва ба илми муосир наздиктар медонанд.

Кимиёдони дигари машҳури асри 10 ва аввали асри 11, ки ҳамчун асосгузори кимиёи ҷозибавӣ шинохта шудааст, Абулҳаким Муҳаммад ибни Абдулмалики Хоразмӣ мебошад. Вай роҷеъ ба амалиётҳои кимиёвӣ ва вазни моддаҳо силсилапажуҳишҳои бомуваффақ анҷом додааст.

Олими дигари тоҷик, дӯст ва устоди Абуалӣ ибни Сино  Абусаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ мебошад, ки дар соҳаи илми кимиё таълифоти арзандае аз худ боқӣ гузоштааст. Вай дар китоби худ бо номи “Сад боб” дар бораи таркиби кимиёвии доруҳо ва усулҳои таҳияи онҳо маълумот додааст. Абумаҳмуди Хуҷандӣ бошад яке аз аввалин олимонест, ки дар зодгоҳи худ озмоишгоҳи дорусозӣ ташкил карда буд. Кимиёдони олмонӣ Микеле Ҷуа дар бораи вай дар китоби “Таърихи кимиё” чунин гуфтааст: ” Дар Аврупо таваҷҷуҳи мутафаккиронро асари безаволи Абумаҳмуди Хуҷандӣ – ” Рисола дар бораи асосҳои дорусозӣ” ба худ ҷалб мекунад. Ин китоб охири асри 10 бо шарҳу тафсир дар Олмон бо забони олмонӣ тарҷума шудааст ва яке аз сарчашмаҳои қадимтарини дониши кимиёӣ мебошад.”

Дар рушду нумӯи илми кимиё инчунин саҳми олимони тоҷик, фарзандони баруманди миллат Абунасри Форобӣ (874 – 950), Абурайҳони Берунӣ (973 – 1050) ва Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037)  хеле назаррас аст. Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ ҳанӯз 800 сол пеш аз М. В. Ломоносов ва Ҷон Далтон дар бораи ҳаракати дохилӣ, ки ҳоло ҳаракати атом ва молекула ном дорад, назария ва фикрҳои мушаххас баён карда буд. Форобӣ дар баробари 4 унсур, яъне об, оташ, хок ва бод вуҷуд доштани унсури 5 – ум – эфирро, ки аз фазои байни ситораҳо иборат аст, пешниҳод карда буд.

Абурайҳони Берунӣ бошад аввалин олимест, ки ба омӯзиши вазни хоси ҷисмҳо асос гузошт. Вай ба ин мақсад асбобе низ ихтироъ кард, ки аввалин бор дар таърих тарзи озмоиши таҷрибаҳои илмиро ба миён гузошт. Нишондодҳои илмии вай аз илми муосири имрӯза кам фарқ доранд. Абуали ибни Сино, ки дар Аврупо бо номи Ависенна машҳур аст, бо асари безаволи худ “Рисолаи кимиё” дар таърихи илми кимиёшиносӣ саҳифаи наверо кушод. Вай дар ин асар қонуни фалсафии гузаштани миқдор ба сифатро муфассал баррасӣ намуда, аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани моддаҳоро ҳангоми реаксияҳои кимиёвӣ баён намуд. Ибни Сино дар назарияи кимиёгарӣ таuйиротҳои бузурге ворид намуда, дар роҳи табдил додани кимиёгарӣ ба кимиёи илмӣ қадамҳои устувор гузошт. Таълимоти вай дар бораи пайдоиши филиззот баъдан барои тараққии илми геология асос гузоштанд. Маълумотҳои дар боло овардашуда гувоҳи онанд, ки миллати фарҳангсолори тоҷик на танҳо адабиёт, санъат ва фарҳанги қадима дорад, балки дар соҳаҳои гуногуни илм, хусусан илмҳои дақиқ, низ ҳанӯз дар аҳди бостон пешқадаму пешсаф буд. Аз ин рӯ ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст бояд ба гузаштагони худ, бахусус ба шахсиятҳои илмию фарҳангии ин миллат, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, ифтихор намояд.

Маҳмудҷони  Абдулаҳад

омӯзгор ва рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь