Президентро сарнагун карданд ва ӯ аз кишвар фирор кард.
Ҳокимият ба дасти низомиён гузашт ин натиҷаи се ҳафтаи эътирозҳои оммавӣ аст. Дар Мадагаскар баъди тақрибан се ҳафтаи эътирозҳои оммавӣ низом тағйир ёфт. Президент Андри Радзуэлин аз кишвар фирор кард ва низомиён эълон карданд, ки роҳбарии кишварро ба ӯҳда мегиранд:
“Мо қудратро ба даст овардем”, — эълон кард рӯзи 14 октябр сардори қисми элитаи ҳарбии CAPSAT полковник Майкл Рандрианирина. Вай изҳор дошт, ки низомиён фаъолияти аксари институтҳои ҳокимияти давлатиро, аз ҷумла сенат, суди конститутсионӣ ва кумитаи интихоботро боздоштаанд.
Маҷлиси миллӣ (палатаи поёнии Парлумон) то ҳол фаъолияти худро идома медиҳад. Чанд дақиқа пеш аз эълони ғасби қудрат аз ҷониби низомиён, Маҷлиси миллӣ барои истеъфои Президент Андри Радзуэлин овоз дод. Қонунияти ин қарор шубҳанок буд, зеро дар арафаи он Радзуэлин, ки расман ҳанӯз дар вазифаи Президент буд, бо фармони худ Парлумонро пароканда карда буд. Вакилон дар навбати худ ин қарорро нодида гирифтанд. Худи Радзуэлин рӯзи душанбе кишварро тарк кард ва инро бо нигарониҳо аз ҷони худ вобаста кард. Дар муроҷиат ба миллат ӯ изҳор дошт, ки дар ҷои “бехатар” аст ва таъкид кард, ки “ба нобуд кардани Мадагаскар иҷозат намедиҳад”. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар куҷост. Тибқи иттилои хабаргузории Reuters, Радзуэлинро бо розигии Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо ҳавопаймои низомии Фаронса аз кишвар берун овардаанд.Фаронса мустамликаи собиқи Мадагаскар аст. Ҷазира соли 1960 истиқлолият ба даст овард. Макрон, дар шарҳи рӯйдодҳои Мадагаскар, зарурати нигоҳ доштани тартиботи конститутсиониро изҳор дошт ва таъкид кард, ки “гарчанде Фаронса норозигии ҷавононро мефаҳмад”, низомиён набояд кӯшиш кунанд, ки онро барои мақсадҳои худ истифода баранд. Дар баробари ин, дар Париж таъкид карда шуд, ки онҳо бевосита ба вазъият дахолат карданӣ нестанд.
Эътирозҳо дар Мадагаскар 25 сентябр оғоз ефт. Дар аввал, тазоҳургарон аз норасоии доимии нерӯи барқ ва об норозигӣ изҳор карданд, аммо ба зудӣ талаботи онҳо ба истеъфои сиёсии Ҳукумат ва Президент иваз шуд. Чанд рӯз пас аз оғози эътирозҳо, Радзуэлин ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва изҳор дошт, ки омода аст бо эътирозгарон муколама кунад. Ваъда дод, ки агар дар пойтахти кишвар Антананариву дар давоми як моҳ қатъи барқ бас нашавад, ихтиёран вазифаи худро тарк мекунад. Ин садди роҳи эътирозҳо нашуд. Кӯшишҳои саркӯбии қувваи эътирозгарон, тибқи маълумоти СММ, боиси марги 22 нафар гардид, мақомот танҳо марги 12 эътирозгарро тасдиқ карданд.
Вазъи эътирозҳо дар рӯзҳои истироҳат ба таври куллӣ тағйир ефт, вақте ки ба тазоҳургарон як қисми элитаи CAPSAT ҳамроҳ шуд. Нерӯҳои махсус эълон карданд, ки минбаъд аз иҷрои фармонҳои ҳукумат саркашӣ мекунанд ва аз пулис ва дигар ҷузъу томҳои артиш даъват карданд, ки ҳамин корро кунанд. CAPSAT яке аз нерӯҳои бонуфузтарин дар Мадагаскар аст. Худи Андри Радзуэлин дар соли 2008 дар натиҷаи табаддулот бо такя ба дастгирии CAPSAT ба қудрат расида буд. Мадагаскар яке аз кишварҳои камбизоати ҷаҳон аст, ки сатҳи зиндагии он ҷо ҳатто нисбат ба аксари кишварҳои Африқо пасттар аст. Даромади миёнаи сокинон дар як сол тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад ва дар зери хати фақр (бонки Ҷаҳонӣ онро ҳамчун 2,15 доллар барои як нафар дар як рӯз муайян кардааст) тақрибан аз чор се ҳиссаи аҳолӣ қашшоқ ҳисоб мешаванд.
Тавре ки бисёре аз расонаҳои байналмилалӣ қайд мекунанд, эътирозҳо дар Мадагаскар аз инқилобҳои ба ин монанд дар Непал, Марокаш ва Индонезия илҳом гирифта буданд. Дар ин инқилобҳо асосан ҷавонон дар сафи пеш буданд ва номи умумии ” Эътирози насли Z” – ро гирифтанд. Дар Непал, ки эътирозҳо бо сабаби баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз ёфта буданд, эътирозгарон тавонистанд истеъфои сарвазирро ба даст оранд ва ҳукумати муваққатӣ таъсис диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь