Дар байни онҳо номзади собиқи президентӣ ҳам ҳаст
Ҳукумати Венесуэла аввалин маҳбусони сиёсии мухолифин, фаъолон ва рӯзноманигоронро аз зиндонҳо озод кард.
Рӯзи гузашта Раиси ассамблеяи миллии Венесуэла Хорхе Родригес изҳор дошт, ки “шумораи зиёд” – и одамон озод карда мешаванд ва онро “ишораи иродаи нек дар ҷустуҷӯи сулҳ” номид. Ҳанӯз маълум нест, ки дар бораи кадом миқдор сухан меравад.
Тибқи маълумоти гурӯҳи ҳуқуқи Башари Foro Penal, дар байни аввалин озодшудагон Бяджио Пилери, иштирокчии маъракаи президентии Мария Корина Мачадо, яке аз пешвоёни мухолифини Венесуэла ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ҳамчунин сиёсатмадори мухолиф Энрике Маркес, ки дар интихоботи соли 2024 номзад ба президентӣ буд, озод шуданд.
Илова бар ин, хориҷиён, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Испания, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ Росио Сан — Мигел озод гардиданд.
Доналд Трамп озодкуниро “ишораи оқилона” номида, гуфт, ки “Венесуэла шумораи зиёди маҳбусони сиёсиро ба нишони “ҷустуҷӯи сулҳ” озод мекунад. Ин як иқдоми хеле муҳим ва оқилона аст. ИМА ва Венесуэла ҳамкории хуб доранд, алахусус дар барқарор кардани инфрасохтори нафту гази онҳо дар шакли калонтар, беҳтар ва муосир” – навиштааст ӯ. “Ин як мисоли он аст, ки чӣ гуна Президент фишангҳои ҳадди аксарро барои дуруст кор кардан нисбат ба халқҳои Амрико ва Венесуэла истифода мебарад” – идома дод Трамп.
Пас аз он ки низомиени амрикоӣ шаби 3 январ президент Николас Мадуроро бо ҳамсараш Силия Флорес аз Венесуэла берун оварданд, кишварро Делси Родригес, ки ноиби президент буд, роҳбарӣ кард. Дар аввал вай “таҷовузи мусаллаҳонаи ИМА” – ро маҳкум кард ва изҳор дошт, ки Мадуро ягона Президенти қонунӣ боқӣ мемонад. Аммо Трамп таҳдид кард, ки агар Родригес аз ҳамкорӣ бо ИМА даст кашад, “Нархи хеле баланд пардохт мекунад”.
Тибқи маълумоти созмонҳои ҳуқуқи Башар, дар Венесуэла беш аз 850 маҳбуси сиёсӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки аксари онҳо дар замони Мадуро боздошт шудаанд. Human Rights Watch қайд кард, ки бисере аз маҳбусони Венесуэла дар режими инкоммуникадо нигоҳ дошта мешаванд, яъне бидуни робита бо ҷаҳони беруна.

Дар Венесуэла маҳбусони сиёсӣ озод шуданд
Блоки рекламавӣ


