Залужний дар мусоҳиба бо Associated Press (АР) дар бораи муноқишааш бо Зеленский нақл кард. Вай Президенти Украинаро дар ноком шудани ҳамлаи муқобил айбдор кард ва изҳор дошт, ки дафтари Президент кӯшиш кардааст, ки ӯро тарсонида, кофтукоб гузаронад.
Сафири Украина дар Британия, собиқ сардори Нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний ба Associated Press мусоҳиба дод, ки дар он ӯ дар бораи ихтилофҳояш бо Президент Владимир Зеленский нақл кард. Ба гуфтаи Залужний, аввалин баҳсҳо байни ӯ ва Зеленский қариб фавран пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина ба вуҷуд омаданд. Ба гуфтаи собиқ сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, онҳо дар тирамоҳи соли 2022 ба ин нуқтаи муҳим расиданд, вақте ки даҳҳо кормандони хадамоти амнияти Украина бо кофтукоб ба ҳуҷраи Залужний омаданд. Залужний гуфт, ки ин ҳодиса дар миёнаи сентябри соли 2022 рух дод, вақте ки Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар шимолу шарқи кишвар ҳамлаи муқобил анҷом дод. Даҳҳо ҷосусони Хадамоти бехатарӣ ба ҳуҷраи ӯ дар Киев омаданд, вақте ки афсарони бритониеӣ дар он ҷо буданд. Кормандони Хадамоти бехатарӣ маҳз он чизеро, ки меҷӯянд, шарҳ надоданд, аммо Залужний изҳор медорад ба онҳо иҷозат надодааст, ки ҳуҷҷатҳо ва компютерҳоро тафтиш кунанд. Ба ақидаи собиқ сарфармондеҳ, кофтукоб ба хотири тарсонидан буд.
Дар ҳузури кормандони Хадамоти бехтарӣ Залужний ба раиси онвақтаи офиси Зеленский Андрей Ермак занг зад ва гуфт, ки”ин ҳамларо бозмедорад, зеро медонад, ки чӣ гуна ҷанг кунад”. Залужний инчунин изҳор дошт, ки омода аст барои ин низомиёнро ҷалб кунад. Ғайр аз ин, ӯ ба Василий Малюк, ки он вақт раиси Хадамоти бехатарӣ буд, занг задааст. Вай гуфт, ки дар бораи кофтуков чизе намедонад. Баъдтар Залужний фаҳмид, ки ду рӯз пеш аз ин Хадамоти бехатарӣ дар суди Киев ордери кофтукобро дар ҳамон суроғае, ки дафтари Залужний ҷойгир буд, талаб кардааст. Дар ин ордер гуфта мешуд, ки дар ин суроға як клуби “стриптиз” мавҷуд аст, ки онро ташкилоти ҷиноятӣ роҳбарӣ мекунад ва кофтукоб дар он ба нақша гирифта шудааст. Аммо ин муассиса ҳанӯз пеш аз ҳуҷуми Русия баста шуда буд, – қайд кардааст AP. Ба ақидаи Залужний, Хадамоти бехатарӣ аз ин хабар надошт. Хадамоти бехатарӣ бошад изҳор доштааст, ки дар давраи нақлкардаи Залужний, хадамоти махсус дар доираи мурофиаи дигари ҷиноятӣ оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил шумораи зиеди суроғаҳоро кофтукоб кардааст. “Дар яке аз суроғаҳое, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ пайдо шуда буд, дар он вақт яке аз нуқтаҳои эҳтиётии фармондеҳии пинҳонӣ Валерий Залужний ҷойгир карда шуда буд. Дар ин суроға ягон кофтукоб е тафтишоти Хадамоти бехатарӣ гузаронида нашудааст. Дар мусоҳиба бо AP Залужний инчунин гуфт, ки нақшаи ҳамлаи муқобил, ки ӯ бо шарикони НАТО таҳия кардааст, тобистони соли 2023 баргузор шуд. Сабаб ин буд ки Зеленский ва дигар мансабдорон захираҳои заруриро ҷудо накарданд ва ҳамла ноком шуд.
Ба гуфтаи собиқ сарфармондеҳ, нақшаи ибтидоӣ ин буд, ки қувваҳои кофӣ дар як мушт барои озод кардани вилояти Запороже ҷамъ карда шаванд ва сипас ба баҳри Азов бароянд. Ин имкон медод, ки роҳи таъминоти Русия ба Қрим, ки ба он ҳамроҳ карда шудааст, бурида шавад. Ба ақидаи Залужний, барои ин афзоиши васеъ ва мутамаркази қувваҳо ва ногаҳонии тактикӣ талаб карда мешуд.
Ба ҷои ин, ба гуфтаи Залужний, қувваҳо дар қаламрави васеъ паҳн шуда буданд, ки қудрати ҳамлаи онҳоро суст кард. Моҳи декабри соли 2023 Зеленский гуфт, Ки Украина дар натиҷаи ҳамлаи муқобил ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нашудааст. Ба гуфтаи вай, Киев аз иттифоқчиён силоҳи зарурӣ нагирифтааст ва шумораи маҳдуди нерӯҳои Мусаллаҳи Украина имкон намедиҳад, ки зуд ба ҳуҷум гузаранд. Дар мусоҳиба Бо AP Залужний гуфт, ки ӯ ҳодисаҳои дар ҷабҳа рӯйдодаро бодиққат назорат мекунад, аммо аз замони истеъфои Зеленский дар моҳи феврали соли 2024 дар қабули қарорҳои низомӣ иштирок намекунад. Ба гуфтаи собиқ сарфармондеҳ, аз он вақт инҷониб ӯ бо Президент ду сӯҳбат бо оҳанги “дӯстона” дошт. Залужний дар бораи ҳавасмандии сиёсии худ сухан гуфтанро рад мекунад. “То ба охир расидани ҷанг е аз байн рафтани вазъияти ҷангӣ, ман ин масъаларо муҳокима намекунам”- гуфт ӯ.
Ба Залужний мушовирон ва функсионерони ҳизбӣ муроҷиат мекунанд, ки дар таҳияи маъракаи интихоботӣ кӯмак мерасонанд – гуфта мешавад дар мусоҳибаи Associated Press. Баҳори соли 2025, ба гуфтаи Залужний, ба ӯ як мушовири сиёсии амрикоӣ муроҷиат кард. Тибқи иттилои манбаи AP, сухан дар бораи собиқ раиси ситоди пешазинтихоботии Доналд Трамп, – Пол Манафорт меравад. “Ман ба ӯ барои таваҷҷӯҳаш ташаккур гуфтам, аммо гуфтам, ки ба хидматҳои ӯ ниёз надорам” гуфт Залужний.
Валерий Залужнийро дар сурати интихоботи президентӣ дар Украина борҳо рақиби асосии Зеленский меномиданд. Тибқи назарсанҷие, ки натиҷаҳои он дар аввали моҳи январи соли 2026 нашр шуданд, 23% пурсидашудагон омодаанд ба Залужный овоз диҳанд, 20% ба Зеленский.
Дар аввали феврали соли 2026, рӯзномаи Financial Times бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки Зеленский метавонад дар бораи баргузории интихобот 24 феврал дар чорумин солгарди ҷанг эълон кунад. Зеленский дар посух гуфт:”Ман бори аввал дар ин бора мешунавам”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь