Аз сентябри соли 2025 дар Русия тағйиротҳои васеъмиқёс дар қонунгузории муҳоҷиратӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки бевосита ба ҳаёту фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ таъсир мерасонанд.

Ислоҳот ба ҷанбаҳои калидии будубош дар ин кишвар – аз қоидаҳои вуруд ва сабти ном барои баҳисобгирии муҳоҷиратӣ то шуғл (бо кор таъминкунӣ), таҳсили кӯдакон ва гирифтани шаҳрвандӣ дахл хоҳад кард. Ин тағйиротҳо тамоюли умумии низомикунонии равандҳои муҳоҷиратиро дар Русия инъикос мекунанд: аз як тараф, мақомоти кишвар саъй доранд барои мутахассисони баландихтисос ва ҳамватанони мо шароити мусоид фароҳам оваранд, аз тарафи дигар, назоратро аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва нақзи қонун пурзӯртар мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки якҷоя бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов навгониҳои асосиро таҳлил намуда, амалҳои барои тоҷикони дар Русия фаъолияткунанда заруриро тавзеҳ  диҳем.

Авфи муҳоҷиратӣ хотима меёбад

Дар охири моҳи декабри соли 2024 дар Русия фармони президенти Русия таҳти №1126 дар бораи авфи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қабул гардид. Сараввал муҳлати амали ин барнома то 30-уми апрели соли 2025 муқаррар гардида буд, аммо моҳи апрел Владимир Путин дар мавриди то 10-ум сентябри соли 2025 тамдид додани муҳлати афви муҳоҷиратӣ тасмим гирифт.

Барои танзими мақоми худ муҳоҷирон бояд:

– ба Вазорати корҳои дохилӣ, Маркази муҳоҷирати “Сахарово”(Маскав) ё филиали Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хизмати шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кунанд;

– аз санҷиши биометрӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд, инчунин, аз забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи (қонунгузории) Федератсияи Русия имтиҳон супоранд;

– ҳамаи қарзҳоро аз рӯи андозҳо ва ҷаримаҳо пардохт кунанд;

– коргарон бояд шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандию ҳуқуқӣ баста, нусхаашро ба мақомоти муҳоҷиратӣ пешниҳод намояд.

“Ҳукумати Русия барои ҳамаи тоифаҳои муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, дар сурати ин ё он муқаррароти қонунро вайрон карданашон то 10-уми сентябри соли 2025 муҳлат додааст, ки тамоми мушкилоту нозукиҳои ҷойдоштаро ҳал карда, бо тартиби махсус будубоши худро қонунӣ гардонанд. Шаҳрвандони кишварҳои бераводид, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то 10-уми сентябр дар асоси шартномаи меҳнатӣ патент дарёфт кунанд. Дар акси ҳол онҳо бояд то 10-уми сентябри соли 2025 ҳудуди Федератсияи Русияро тарк кунанд”, – қайд мекунад коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов..

Чаро ин сана муҳим аст? Чунки баъди 10-уми сентябр имкони идома додани кор ба ин тартиб ғайриимкон мешавад ва барои онҳое, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, ихроҷкунии маъмурӣ бо манъи вуруд пешбинӣ шудааст. Бояд дарк кард, ки эҳтимолан дар марҳилаи аввал онҳое, ки таҳти мамнӯъ қарор мегиранд, ба мӯҳлати хеле тӯлонӣ аз ҳуқуқи вуруд ба ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд, зеро айни замон дар Русия пурзӯркунии қоидаҳои муҳоҷират барои шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади ба тартиб даровардани бозори меҳнат ва ҳамкорӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дигар  идома дорад. Аз ин рӯ, азбаски ҳукумат барои қонунигардонии будубош мӯҳлати калон додааст (бо назардошти он, ки ин тартиб тақрибан шаш моҳ амал мекунад), метавон интизор шуд, ки онҳое, ки аз ин имкон истифода накарданд, бо мамнӯъияти хеле сахти вуруд муҷозот хоҳанд шуд.

Барои танзими мақоми худ муҳоҷирон бояд:

ба Вазорати корҳои дохилӣ, Маркази муҳоҷирати «Сахарово» (Маскав) ё филиали Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хизмати шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кунанд;

– аз санҷиши биометрӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд, инчунин, аз забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи (қонунгузории) Федератсияи Русия имтиҳон супоранд;

– ҳамаи қарзҳоро аз рӯи андозҳо ва ҷаримаҳо пардохт кунанд;

– коргарон бояд шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандию ҳуқуқӣ баста, нусхаашро ба мақомоти муҳоҷиратӣ пешниҳод намояд.

Дар маҷмуъ, то имрӯз теъдоди хеле зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз раванди қонунигардонӣ гузаштанд. Маъмулан ин раванд содда аст, вале аз сабаби он, ки аксари муҳоҷирон барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо субҳи барвақт меоянд, худашон навбат эҷод мекунанд. Рӯзона чунин навбатҳои тӯлонӣ қариб ки мушоҳида  намешаванд.

“Ҳоло ки вақт ҳаст, бояд аз ин имконият истифода бурда, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба тартиб овард. Онҳое, ки барои саривақт пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо имкон надоранд, беҳтараш  то 10 сентябр интизор нашуда, пешакӣ, дар аввали моҳ  Русияро тарк кунанд. Онҳо метавонанд пас аз се моҳ  баргашта, ҳама чизро аз сар оғоз кунанд” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта

Фаридун Усмонов ҳамчунин, таъкид мекунад, ки аз аввали соли 2025 корфармоёни рус ва созмонҳое, ки ба ҷалби захираҳои меҳнатӣ (нерӯи корӣ) машғуланд, вазифадоранд, ки ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта дохил будан ё набудани шаҳрвандони хориҷиро тафтиш кунанд.

“Ба ин феҳрист вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷиратӣ дохил карда мешаванд: яъне шахсоне, ки мӯҳлати баҳисобгирии муҳоҷиратиро гузарониданд ва дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, патент ё иҷозатномаи кориашон бекор карда шудааст, инчунин, шахсоне, ки тартиби будубошро вайрон мекунанд. Аз ин рӯ, ҳатто агар шаҳрванди хориҷӣ муддати тӯлонӣ аз рӯи патент ё шартномаи меҳнатӣ кор карда бошад ҳам, мунтазам тафтиш карда истодани мақоми (ҳолати) ӯ бисёр муҳим аст. Худи муҳоҷир низ метавонад худро аз рӯи рӯйхат тафтиш кунад, то ки тасодуфан тартиби будубошро вайрон накунад”.

Ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта акнун фарзандони муҳоҷирон низ, яъне шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, дохил карда мешаванд. Ба мактабу боғчаҳо қабул кардани чунин кӯдакон манъ аст, ба  маъмурияти муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки дар оғози ҳар соли хониш ҳуҷҷат ва мақоми хонандагони хориҷиро тафтиш кунанд. Дар сурати вайрон кардани ин талабот муассисаи таълимӣ то 500 ҳазор рубл ҷарима карда мешавад.

Ҷарима барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ:

Барои шахсони мансабдор – то 70 ҳазор рубл.

Барои шахсони ҳуқуқӣ – то 1 миллион рубл.

Барои  муассисаи таълимӣ – то 500 ҳазор рубл.

“Илова бар ин, Думаи давлатии Федератсияи Русия пешниҳодҳоро дар бораи муқаррар кардани манъи умрбод барои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин на танҳо дар қаламрави Федератсияи Русия, балки берун аз он низ маҳкум шудаанд, баррасӣ мекунад. Нисбати шахсоне, ки ҷинояти қасдан содир кардаанд, ҳатто агар доғи судӣ тамом шуда бошад ҳам, чунин чораҳо татбиқ карда мешаванд. Дар сурати амалӣ шудани чунин пешниҳод, маълум аст, ки хатари маҳрум шудан аз ҳуқуқи вуруд барои муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ба маротиб бештар хоҳад шуд”.

Тағиротҳои иловагӣ

Аз тирамоҳи соли 2025 ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия дигар тағйиротҳои ҷиддӣ низ ворид карда мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба назар гиранд. Барои мисол, нархи аксари боҷҳои давлатии бо расмиёти муҳоҷиратӣ вобастабуда боло меравад.

“Ҳоло ки вақт ҳаст, бояд аз ин имконият истифода бурда, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба тартиб овард. Онҳое, ки барои саривақт пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо имкон надоранд, беҳтараш  то 10-уми сентябр интизор нашуда, пешакӣ, дар аввали моҳ  Русияро тарк кунанд. Онҳо метавонанд пас аз се моҳ  баргашта, ҳама чизро аз сар оғоз кунанд” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Коршинос Фаридун Усмонов ёдовар мешавад: “Ин барои муҳоҷирони корӣ хароҷоти изофагӣ эҷод мекунад ва инро бояд ба назар гиранд. Риоя накардани мӯҳлати пардохти боҷи давлатӣ ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои нопурра метавонад сабаби радди додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз тарафи мақомот гардад, ва пешниҳоди дубораи ҳуҷҷатҳо метавонад якчанд моҳ тӯл кашад. Дар ин ҳолат муҳоҷирон ба ҷуз тарк кардани Русия дигар илоҷе надоранд, яъне онҳо ба кишвари худ баргашта, пас аз гузаштани мӯҳлати муайян дубора ба Русия ворид шуда метавонанд”.

Тағйиротҳои асосӣ дар нархномаи боҷҳои давлатӣ:

Иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ  – 6000 рубл

Иҷозати иқомат  – 8000 рубл.

Патенти корӣ – 5500 рубл.

Тамиди қайд (сабти ном) – 3500 рубл.

Илова бар ин, ҳукумат рӯйхати соҳаҳои касбии барои коргарони хориҷӣ басташударо тавсеа медиҳад. Маҳдудиятҳои нав ба соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла ба соҳаи дифоъ, истеҳсоли моддаҳои хатарнок, муассисаҳои таълимии махсус ва бахши амнияти нақлиётӣ дахл хоҳанд кард. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки пеш аз ҷустуҷӯи кор аввал мушаххас кунед, ки оё ихтисоси шумо ба қатори мамнӯъҳо тааллуқ дорад ё не.

Ба низоми имтиҳонсупорӣ аз забони русӣ низ тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда мешаванд. Акнун санҷиш танҳо дар марказҳои махсус гузаронида шуда, ба барнома бахши нав барои санҷидани дониши қонунгузории муҳоҷиратӣ дохил карда мешавад. Зимнан, мӯҳлати эътибори шаҳодатномаҳои қаблан гирифташуда то ду сол кам карда мешавад. Аз супоридани имтиҳон тоифаҳои муайяни одамон, аз ҷумла шахсони аз 65-сола боло, кӯдакон, иштирокчиёни барномаҳои давлатии кӯчонидани аҳолӣ ва хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия озод карда мешаванд.

Ҷарима барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ:

Барои шахсони мансабдор – то 70 ҳазор рубл;

Барои шахсони ҳуқуқӣ – то 1 миллион рубл;

Барои  муассисаи таълимӣ – то 500 ҳазор рубл.

Аз ҷумла, дар ҳолатҳои ошкор шудани пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиби тезонидашудаи бекор кардани шаҳрвандӣ ҷорӣ карда мешавад. Қарор оид ба чунин ҳолатҳо дар муддати кӯтоҳ – на бештар аз се моҳ аз рӯзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда мешавад.

Барои гурӯҳи муайяни довталабон тартиби соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Ин пеш аз ҳама ба кӯдаконе дахл дорад, ки ҳадди аққал як волидайнашон шаҳрванди Федератсияи Русия мебошанд. Дар баробари ин, моҳи сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилӣ нақша дорад рӯйхати навшудаи ҳуҷҷатҳои барои тасдиқи пайванди хешовандӣ ва вазъи шаҳрвандӣ зарурбударо нашр кунад. Тавсия дода мешавад, ки эълонҳои расмиро бодиққат пайгирӣ кунед, то  ин ки ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт омода намоед.

Тағйиротҳои асосӣ дар нархномаи боҷҳои давлатӣ:

Иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ  – 6000 рубл

Иҷозати иқомат  – 8000 рубл.

Патенти корӣ – 5500 рубл.

Тамиди қайд (сабти ном) – 3500 рубл.

Коршинос Фаридун Усмонов чунин хулоса мекунад: “Албатта, ин тартибот барои муҳоҷирони корие, ки ба таври қонунӣ дар Русия қарор доранд ва тамоми қоидаҳоро риоя мекунанд, мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад. Аммо, ба эҳтимоли зиёд, аксари муҳоҷирон  ин раванди танзимкуниро дуруст дарк хоҳанд кард. Зеро ҳама мехоҳанд, ки оромона, бе ташвишҳои зиёдатӣ кор кунанд. Ҳар қадар зудтар низоми баҳисобгирии хориҷиён ба кор дарояд, ҳамон қадар бозори меҳнат тезтар ба танзим медарояд, ва муҳоҷирон оромона ба фаъолияти худ машғул шуда, худ ва оилаҳои худро таъмин карда метавонанд”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь