Дар Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки 22 июли соли 2025 дар Душанбе баргузор гардид, аҳамияти забони русӣ дар соҳаи маориф, илм ва ҳамкориҳои байнифарҳангӣ баррасӣ карда шуд.
Иштирокчиён қайд намуданд, ки забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамгироӣ ҳам дар дохили минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ боқӣ мемонад. Забони русӣ ба табодули дониш мусоидат намуда, ҷаҳонбинии (уфуқҳои) маърифатию касбиро васеъ мекунад, инчунин дар нигоҳ доштани робитаҳои таърихию фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна ва Русия нақши калидӣ мебозад.
Забони илм, тиҷорат ва технологияҳо
Дар доираи иҷлосияи «Муколамаи фарҳангҳо – забони русӣ ҳамчун асоси фазои байниминтақавии эътимод» иштирокчиёни форум аҳамияти забони русиро дар таҳкими робитаҳои башардӯстона, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Махсусан ба он, ки чӣ гуна забони русӣ ба эҷоди фазои эътимод, аз ҷумла дар платформаҳои иртиботӣ ва таълимии минтақа мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳ карда шуд. Таъкид карда шуд, ки созишномаҳои байналхалқӣ на танҳо ба тасвияи ҳуқуқӣ, балки ба фаҳмиши умумии маънои бо «калимаи» барои ҳамаи ҷонибҳо ягона ифодашуда такя мекунанд (асос ёфтаанд). Бе ягонагии забон чунин фаҳмиш ғайриимкон аст.
Дар мавриди аҳамияти забони русӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокимаронӣ карда, бояд кайд кард, ки он кайҳо боз аз доираи як воситаи оддии муошират берун рафтааст. Имрӯз забони русӣ забони пешбурди илми муосир, технологияҳои баланд, маориф ва тиҷорат гардидааст. Барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон забони русӣ як муҳити табиии зеҳнӣ ва эҷодӣ гардилааст, ки дастрасӣ ба донишҳои ҷаҳонӣ, платформаҳои таълимӣ ва амалисозии касбиро фароҳам месозад.
Ирина Каримова, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, муовини президенти Академияи маорифи Тоҷикистон, узви хориҷии Академияи маорифи Русия: “Русия Тоҷикистонро дар соҳаи маориф хеле дастгирӣ мекунад. Бахусус, сухан дар бораи таҳия ва нашри китобҳои дарсии ба мактабҳои мо мутобиқшуда меравад. Ин кори муҳимро Маркази нашри китоб анҷом медиҳад”.
Роҳбари Кумитаи фарҳанги Палатаи савдо ва саноати Маскав ва коршиноси Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия оид ба арзишҳои фарҳангӣ Марианна Гнездилова ҳангоми суханрониаш дар Форум қайд кард: «Форум ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг мусоидат хоҳад кард ва ин бевосита ба соҳаи сайёҳӣ ва маориф алоқамандӣ дорад. Мо на танҳо бо донишгоҳҳои пойтахт ҳамкорӣ кардан мехоҳем, балки кӯшиш мекунем, ки донишгоҳҳои дур аз Маскав ва кишварҳои дигарро низ ба ҳамкорӣ ҷалб кунем. Мо на ҳама вақт донишгоҳҳои асосии кишварро интихоб мекунем, балки кӯшиш мекунем баъзе донишгоҳҳои минтақавиро пайдо кунем, то ки бо онҳо алоқа барқарор карда, ба сохтани лоиҳаҳои нав дар соҳаи фарҳанг ва дигар самтҳо рӯҳбаланд созем.
Ҳоло дар мо даври аввали озмуни «Санъат ҷаҳонро муттаҳид мекунад» ба охир расида истодааст, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор гардида истодааст. Аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тошкент, аз Душанбе чӣ қадар асарҳои боистеъдод дастрас карда шуданд — ин ҳайратовар аст! Зеро дар ин ҷо дар воқеъ давомат (муттасилӣ) эҳсос карда мешавад: муаллимон маҳорати худро ба бачагон меомӯзонанд, инчунин теъдоди зиёди маҳфилҳои таълимӣ амал мекунанд ва ин маълум аст. Натиҷаҳои озмун маро самимона (дар воқеъ) ба ҳайрат овард».
Русия ба инкишоф додани забони русӣ дар кишварамон мусоидат мекунад – аз таъсиси марказҳои фарҳангию маърифатӣ ва пешниҳоди квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия то барномаҳои мубодилаи омӯзгорон ва такмили ихтисоси омӯзгорон.
Забони донишҳо
Низоми таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон фаъолона рушд меёбад. Айни ҳол дар 59 мактаби ҷумҳурӣ раванди таълим пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз ин, дар 185 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забонҳои русӣ ва ҳам тоҷикӣ сурат мегирад. Дар донишгоҳҳо низ забони русӣ омӯзонида мешавад – ҳамаи донишҷӯён, новобаста аз ихтисосашон, дар давоми ду семестр ин забонро меомӯзанд. Алалхусус 10 донишгоҳе, ки мутахассисони филологияи русро тайёр мекунанд, нақши калон мебозанд; маҳз ҳамин донишгоҳҳо асоси иқтидори кадрии омӯзгорону тарҷимонҳоро ташкил медиҳанд.
Инчунин Россотрудничество, ки бо дастгирии он дар Тоҷикистон шаш маркази наздимактабӣ оид ба таҳсилоти иловагӣ ва ҳамчунин дар Душанбе маркази захиравии «Русия бо шумост» амал мекунанд, кӯмаки назаррас мерасонад. Дар ин марказҳо машғулиятҳо аз забон, адабиёт ва таърихи рус, инчунин барои мутахассисони рус семинарҳо, дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳои методӣ гузаронида мешаванд, ки ин ба мустаҳкамшавии ҷамъияти касбии омӯзгорони забони русӣ дар кишварамон мусоидат мекунад. Русия мунтазам барои рушди таҳсилоти русзабон дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад, аз ҷумла дар соли ҷорӣ ба ҷумҳурии мо 800 ҳазор китобҳои дарсиро аз забони русӣ ва дигар фанҳо тақдим кардааст. Нисфи ин китобҳо аллакай ба мактабҳо дастрас карда шудаанд.
Дар рӯзномаи ҳамкориҳои соҳаи маорифи Русия ва Тоҷикистон дастгирии инфрасохторӣ низ пешбинӣ шудааст. То соли 2030 Русия ният дорад, дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби нав бунёд кунад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ аллакай панҷ чунин муассиса фаъолият мекунанд, ки дар онҳо қариб 5,7 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Дар мактабҳои нав боз қариб 5 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Инҳо танҳо мактаб не, балки макони (нуқтаи) ҷалби хонандагон барои таҳсилоти босифат, муколамаи байнифарҳангӣ ва тарбияи насли дузабона барои кору фаъолият дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Масалан, дар охири моҳи май – аввали июн беш аз 1000 нусха адабиёти таълимӣ ва бадеӣ аз ҷониби Хонаи русӣ дар Душанбе ба Мактаби президентии кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғара ва литсейи техникии ба номи Афлотун ирсол карда шуд. Дар литсей забони русиро иштирокчии лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” таълим медиҳад.
Дар ин рӯзҳо ба китобхонаи гимназияи хусусии Саидумари шаҳри Душанбе беш аз 300 нусха адабиёти таълимӣ аз фанҳои химия, забон ва адабиёти рус, биология, геометрия дастрас карда шуд. Инчунин ба китобхонаи мактаби №2-и ба номи С.Салимови деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод қариб 500 адад китобҳои дарсӣ аз фанҳои асосӣ, аз ҷумла алгебра, таърих, физика, химия, инчунин адабиёти методӣ ва бадеӣ тақдим карда шуд. Ва ин танҳо чанд мисол аст.
Дар масъалаи таъмин кардани насли наврас бо адабиёти таълимӣ мутахассисони тоҷик низ якҷоя бо ҳамкасбони руси худ фаъолона корбарӣ мекунанд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, муовини президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, узви хориҷии Академияи маорифи Русия Ирина Каримова қайд мекунад: “Яке аз самтҳои фаъолияти имрӯзаи мо низ ба таҳияи китобҳои нави дарсӣ аз забони русӣ барои синфҳои 2-11 дар мактабҳои тоҷикӣ вобаста аст. Ҳадафи асосии мо – бештар амалӣ, фаҳмо ва ҳаётӣ гардонидани китобҳои дарсӣ мебошад. Илова бар ин, ба барнома бори аввал фаъолияти лоиҳавӣ (лоиҳасозӣ) дохил карда шудааст — дар як сол ду лоиҳа таҳия карда мешавад.
Иштирокчиёни Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ қайд намуданд, ки пешбурди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ташаббусҳои устувори таълимӣ, мутобиқсозии барномаҳо ба манфиатҳои кишварҳои минтақа ва истифодаи фаъолонаи расонаҳо ва платформаҳои рақамии муосирро тақозо мекунад. Инчунин чолишҳо ва имкониятҳое, ки ба туфайли рушди технологияҳои генеративӣ боз мешаванд, ва чӣ гуна онҳоро барои таблиғи (оммавикунонии) забони русӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ метавон истифода кард, баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, мо бо кӯмаки ҳамкасбони рус китобҳои дарсии забони русиро барои мактабҳои таҳсилоташон ба забони русӣ мутобиқ карда истодаем. Барои мо на танҳо омӯзонидани забон, балки наздику фаҳмотар гардонидани мундариҷаи китоби дарсӣ муҳим аст. Мо кӯшиш мекунем, ки ба китобҳои дарсӣ афсонаҳо, супоришҳо, матнҳо бо унсурҳои миллӣ дохил кунем, то ин ки хонанда дар китоб инъикоси воқеияти худро бубинад. Ин як нуқтаи бисёр муҳим аст – хонанда бояд худро шинохта тавонад, ҳис кунад, ки китоби дарсӣ барои ӯ сохта шудааст. Дар оғози соли таҳсили ҷорӣ ба ғайр аз китобҳои дарсии синфҳои 2, китобҳои дарсӣ барои синфҳои 3 ва 4 низ ба истифода дода мешаванд. Дар ояндаи наздик китобҳои дарсии боқимонда низ ба истифода дода мешаванд”.
Ин кӯшишҳои муштарак ба таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи башардӯстона мусоидат мекунанд. Ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаи маориф на танҳо ба таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо, мусоидат мекунад, балки системаи маорифи ҷумҳуриро замонавӣ, чандир ва ба оянда нигаронидашуда месозад. Ин сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ мебошад, ки дар дурнамо натиҷаҳои устувор хоҳад дод.
Аз соли 2017, тибқи фармони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар аксари риштаҳои илмӣ бо забонҳои русӣ ё англисӣ имконпазир аст, ба истиснои рисолаҳои илмие, ки ба мавзӯъҳои этникй ва миллй дар соҳаи филология бахшида шудаанд.
Ҳаракати академикии байни ду кишвар низ сол то сол меафзояд. Дар соли хониши 2024/2025 1000 донишҷӯи тоҷик тибқи квотаҳои Россотрудничество аз ҳисоби буҷаи федералии Русия дар донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар таҳсил карданд. Дар охири соли 2024 президенти Русия Владимир Путин дар бораи омодагии ҳукумати Русия барои зиёд кардани теъдоди квотаҳо эълом дошт. Тибқи маълумоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, аз рӯи теъдоди донишҷӯёни хориҷии дар Русия таҳсилкунанда Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсаф, яъне пас аз Қазоқистон ва Чин дар ҷои сеюм қарор дорад. Айни ҳол беш аз 30 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ки ин аз сатҳи баланди эътимод ба системаи маорифи Русия ва талаботнок будани дипломҳои донишгоҳҳои ин кишвар шаҳодат медиҳад.
Аммо дар баробари ин мушкилоти норасоии омӯзгорони баландихтисоси забони русӣ торафт мубрам мегардад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба порлумон дар моҳи декабри соли 2024 изҳор дошта, ба зарурати омода кардани кадрҳои омӯзгории нав таъкид намуд. Аллакай дар моҳи феврали соли 2025 Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой зимни мулоқоташ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар бораи нияти Маскав барои зиёд кардани теъдоди квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ихтисосҳои омӯзгорӣ изҳор дошт. Диққати махсус ба тайёр кардани омӯзгорони забони русӣ барои таълимдиҳӣ ҳам дар мактабҳои шаҳр ва ҳам дар деҳот равона карда мешавад.
Тасмим дар бораи таҳвили мунтазами китобҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз ду сол қабл дар сатҳи сарони давлатҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд. Аз он замон то кунун Русия барои таъмини мактаббачагони тоҷик бо адабиёти муосири таълимӣ ҳамасола 200 миллион рубл ихтисос медиҳад. Чунин дастгирӣ на танҳо ба беҳтаршавии сифати таълим, балки барои баробар кардани имкониятҳои таълимӣ байни шаҳру ноҳияҳои дурдаст мусоидат мекунад.
Забони русӣ муҳимтарин унсури пайвандкунандаи байни халқҳо – махсусан дар Осиёи Миёнаи сермиллат боқӣ мемонад. Барои Тоҷикистон низ забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати минтақавӣ ва ҳамчун воситаи ворид шудан ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад. Донистани забони русӣ барои сокинони кишвар имкониятҳои иловагиро фароҳам меорад – хоҳ дар таҳсил, хоҳ дар кор ва хоҳ барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак бо Русия ва кишварҳои ИДМ.
Матлубаи Қ.



