Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳои худ таъкид медоранд: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет ҳадафи мост
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, Султонзода Фирдавс гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои ассосии кормнадони молияба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.
-Нашқаи қисми даромади буҷети ноҳияи Шаҳритус дар шаш моҳи соли ҷорӣ 97 дарсад таъмин гашта, ба буҷети ноҳия 70 миллиону 236 ҳазору 865 сомонӣ ворид гардида, дар ноҳия қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат вуҷуд надорад,-илвоа кард ӯ ва гуфт, ки нақшаи хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра 92 фисад таъмин гардида, 68 миллиону 118 ҳазору 944 сомонӣ ба соҳаҳои буҷети маблағгузорӣ гардидааст.
Номбурда афзуд, ки барои саривақт таъмир намдуани муассисаҳои соҳаи маорифу тандустӣ ба давари тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ба қадри имкон маблағҳои пешбинишуда ҷудо гардида, барои омодагии соҳаҳои маорифу тандурстӣ ва дигар соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зисимтони имсола ҳама чораҳо андешида шуда, то моҳи августи соли ҷорӣ ин соҳаҳо пурра ба зимистон омода карда мешаванд. Ҳамзамон рухсатпулии омӯзгорон то аввали моҳи август пардохт хоҳад шуд.
Забономӯзӣ
Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳо амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуда, мутахассисони молияи ноҳияи Шаҳритус дар ин марказ доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд. Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифтанд ва марҳила ба марҳила кормандони Раёсатҳ ба забономӯзӣ фаро гирфита шуданд.
Нақшаҳо неканд
Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоляти давалтии кишвар Роҳбарият ва кормнадои Раёсати Вазоарти молия дар ноҳияи Шаҳритус талошҳои хуро равона карда, дар ободии ватан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд ва ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назарас пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар оянда кормнадони Раёсатҳои молия ҷиҳати иҷрои дастру супоришҳои Пешвои миллат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти таъмини иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои нақшаи қисми даромадӣ буҷети меҳаллӣ аз ҳисоби потенсиалӣ дохилӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда тадбирҳои иловагӣ андешанд.