Русия ва Тоҷикистон дар бораи харитаи роҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2030 ба мувофиқа расиданд ва нияти худро барои ба сатҳи нави стратегӣ баровардани муомилоти мол тақвият доданд. Идораҳои ҳарду кишвар якҷоя нақшаи чорабиниҳоро барои то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани гардиши мол таҳия намуданд. Русия яке аз шарикони пешсафи тиҷорати хориҷӣ ба шумор меравад, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол беш аз 1,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ин тасдиқи ҳаракат ба сӯи марҳалаи нави ҳамкориҳои стратегӣ мебошад.

Таъсиси маркази содиротию логистикӣ дар вилояти Хатлон ва бакорандозии парки саноатӣ дар Душанбе бояд иқдомоти муҳим барои рафъи номутавозунӣ дар тиҷорати хориҷӣ ва таъмини рушди дарозмуддати иқтисодиёти Тоҷикистон гардад.

Сатҳи нави шарикии тиҷоратию сармоягузорӣ

Ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон рушди устувор нишон медиҳанд. Тибқи натиҷаҳои шаш моҳи соли 2025, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 1,071  миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд аст. Тибқи натиҷаҳои соли 2024 ҳаҷми муомилот 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2023 15 фоиз зиёд аст.

Рушди тиҷорат бо фаъолияти ҷиддии сармоягузорӣ тақвият дода мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 30 лоиҳаҳои муштарак бо иштироки Русия амалӣ карда мешаванд, ки соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, саноати сабук ва кишоварзиро фаро мегиранд. Дар қатори бозингарони намоён ширкатҳои «Газпромнефт Тоҷикистон», «Мегафон», НБО  “Сангтӯда-1» ва платформаи тиҷоратии “Wildberries»-ро ном бурдан мумкин  аст.

Тибқи маълумотҳои нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 130 миллиард рубл гузашт. Зимнан танҳо дар моҳҳои январ-июн Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,31 миллиард доллар равона (сармоягузорӣ) кардааст, ки қариб 40 фоизи тамоми сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳад, ва дар байни сармоягузорони хориҷӣ Русия дар ҷои аввал қарор дорад. Аниқтараш аз рӯи ҳаҷми умумии сармоягузориҳо Русия пас аз Чин дар ҷои дуюм қарор дорад, вале аз рӯи суръати сармоягузориҳои нав Маскав мақоми пешсафро ишғол  мекунад.

Дар харитаи роҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳадафи стратегии равобити дуҷониба сабт шудааст – то соли 2030 гардиши мол бояд ба 5 миллиард доллар расонида шавад, яъне нисбат ба сатҳи кунунӣ беш аз 2,5 баробар афзоиш дода шавад. Барои расидан ба ин нишондиҳанда ҷонибҳо дар мавриди бакорандозии (роҳандозии) абзорҳои нави ҳамкории саноатӣ ба мувофиқа расиданд.

Кишварҳо ба сӯи мақсади пешгирифта фаъолона ҳаракат карда истодаанд

Тибқи интизории Бонки рушди АвруОсиё, дар соли 2025 ММД-и воқеии Тоҷикистон 8,4% афзоиш хоҳад ёфт, ва ба ин омилҳои мусоиди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.

12-уми август дар Душанбе мулоқоти директори Агентии содиротии назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндаи нави тиҷоратии Русия дар ҷумҳурии мо Александр Рыбас баргузор гардид. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуда, ба масъалаи тавсеаи иқтидори содиротии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Яке аз тасмимҳои асосӣ мувофиқкунии нақшаи таъсиси маркази муштараки содиротию логистикӣ дар вилояти Хатлон гардид. Ин лоиҳа иштироки ширкату бонкҳои Русия ва кӯмаки онҳоро дар маблағгузории сохтмон дар ҷумҳурии мо пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ҷаласа, Тоҷикистон барои зиёд кардани ҳаҷми таҳвилот, бахусус таҳвили зироатҳои барвақтӣ ва мавсимии кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти саноатӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ҷумҳурии мо ният дорад ҳамкориро бо шабакаҳои бузурги тиҷоратии Русия фаъолтар гардонад, ки ин мавқеи маҳсулоти Тоҷикистонро дар бозорҳои хориҷӣ мустаҳкам мекунад.

Ҳамзамон Русия ва Тоҷикистон дар дигар самтҳо низ корбарӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе як парки саноатӣ барои ифтитоҳ омода мешавад, дар ин бора Александр Рыбас дар доираи Форуми имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Хуҷанд хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аллакай ташхиси оператори эҳтимолӣ гузаронида шуда, ҳаҷми маблағгузории зарурӣ муайян ва параметрҳои асосии лоиҳа мувофиқа карда шудаанд.

Амиқгардонии ҳамгироии иқтисодӣ

Робитаҳои тиҷоратию сармоягузории Русия ва Тоҷикистон босуръат рушд меёбанд. Баҳори соли 2025 бузургтарин платформаи тиҷоратии Русия – Wildberries дар Тоҷикистон фаъолияташро оғоз кард. Дар Душанбе ва Хуҷанд аввалин се нуқтаи қабули дархостҳо ифтитоҳ ёфтанд,  мӯҳлати миёнаи дастраскунӣ аз 10 то 14 рузро ташкил медиҳад. Ин як қадами муҳим дар самти ҳамгироии рақамӣ ва дастрасгардонии бозори Русия барои истеъмолкунандагони тоҷик гардид. То охири сол ифтитоҳи боз 40 ҳамин гуна нуқтаҳо ба нақша гирифта шудааст ва харидорон ба тамоми навъҳои молҳои платформа – зиёда аз 8 миллион намудҳои гуногуни маҳсулот дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Дар ин замина Русия на танҳо барои соҳибкорону истеъмолкунандагони тоҷик ба бозорҳои берунӣ роҳ мекушояд, балки табодули навовариҳо низ мекунад.

Игор Ковал, директор оид ба навовариҳо ва рушди системаи экологии ҶДММ “РВБ” (ширкати муштараки Русия, ки дар натиҷаи якҷояшавии платформаи Wildberries ва оператори таблиғоти беруна “Russ Outdoor” таъсис ёфтааст), қайд мекунад: “Имрӯз инсоният таҳаввулоти васеъмиқёсро, ҳам дар андозаҳои рақамӣ ва ҳам ҷисмонӣ, аз сар мегузаронад. Платформаҳои рақамӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёт гардидаанд, онҳо барои тавсеаи тиҷорат ва пешбарии маҳсулот дар бозорҳои байналмилалӣ, инчунин эҷоди амсилаҳои устувори рушд имконият фароҳам меоранд. Чизе, ки чанде пеш душвор менамуд, барои мисол, фармоиши мол аз дигар гушаҳои дунё ба Маскав ё Душанбе, акнун як чизи (кори) маъмулӣ гардидааст.

Дар доираи системаи экологӣ мо технологияҳоро барои такмилдиҳии равандҳои тиҷорат фаъолона истифода мебарем. Хидматрасонии тавлиди корти маҳсулот, 3D-намоиш, ченкунии виртуалии (маҷозии) либос – ҳамаи ин барои тезонидани воридшавӣ (роҳёбӣ) ба бозор ва дақиқтаркунии таҳлилҳо мусоидат мекунад. Инчунин алгоритмҳои мо дар пешгирии қаллобӣ кӯмак мекунанд: танҳо дар шаш моҳи охир ба мо муяссар гардид, ки ҳаракати қалбакии беш аз 4 миллион молро дар 6500 нуқтаҳо боздорем.

Аммо, рақамикунонӣ на танҳо ба тиҷорат таъсир мерасонад. Дар баробари ин, касбҳо тағйир меёбанд: бисёр ихтисосҳои маъмулӣ дар зери таъсири зеҳни сунъии амалӣ босуръат аҳамияти худро гум карда истодаанд. Имрӯз вазифаҳои муқаррариро мошинҳо иҷро мекунанд ва одамон бояд малакаҳои чандирии тафаккур, қобилияти идоракунии  мундариҷа ва ҳалли мушкилоти ғайристандартиро азхуд кунанд. Системаи анъанавии маориф бо нақшаҳои собит ва алгоритмҳои омӯзишаш аллакай кӯҳна мешавад. Дар оянда  амсилаҳои ба амал нигаронидашуда, ки дар онҳо зеҳни сунъӣ масъалаҳои маъмулиро ҳал мекунад ва одамон ба тадқиқот ва эҷоди арзишҳо тамаркуз мекунанд, афзалият пайдо мекунанд.

Барномаи дохили ҶДММ “РВБ” бо номи “Устодони соҳибкории виртуалӣ” ба се принсип асос ёфтааст: муносибати маҳсулотӣ, таҳлили амиқ ва зеҳникунонии таҷрибаи ҳаёт. Ба фарқ аз курсҳои кӯҳнаи идоракунӣ, барнома  назариячиёнро не, балки мутахассисони корозмударо (таҷрибадорро), ки қобилияти дар системаи экологии рақамӣ кор карданро доранд, омода мекунад. Ҳамкорӣ бо бозингарони асосии бозор самаранокиро тақвият медиҳад. Ҳамин тариқ, мо дар якҷоягӣ бо Wildberries Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкориро таъсис додем, ки дар он ҷо донишҷӯён бо ҳалли масъалаҳои воқеии тиҷорат машғуланд. Сипас ин ҳалҳо автоматикунонида шуда, дар равандҳои фаъолияти ширкатҳо татбиқ карда мешаванд. Мисоли натиҷаи амалии он – автоматикунонии анборҳо мебошад, аллакай 30—40 фоизи меҳнати дастӣ бо алгоритмҳо (барномаҳо) иваз карда шудааст.

Дар баробари лоиҳаҳои таълимӣ, мо маҳсулоти рақамии худро низ пеш мебарем. Ҳамин тавр Wibes – як платформаи тиҷорати иҷтимоӣ пайдо шуд, ки дар он истифодабарандагон  метавонанд наворҳои кӯтоҳро дар бораи маҳсулоти  худ интишор карда, дарҳол ба фурӯш машғул шаванд. Ин хизматрасонӣ ба зудӣ дар Тоҷикистон низ дастрас хоҳад гардид. Ташаббусҳои дигар низ ҷой доранд: лоиҳаи “Насли наслҳо” барои ба тариқи онлайн ташаккул додани дарахти оилавӣ имконият медиҳад, инчунин барномаи таълимии дар асоси зеҳни сунъӣ ва бо ҷуфти забонҳои русӣ-чинӣ тартибдодашуда, ки баъдтар ба онҳо забонҳои нав илова карда мешаванд.

Зеҳни сунъӣ, ки мо бо он кор мекунем, як ансамбли шабакаҳои нейронӣ мебошад, ки дар маркетинг, логистика ва ҳатто идоракунии захираҳои инсонӣ истифода бурда мешаванд. Масалан, система қодир аст, ки бидуни мусоҳиба ба сатҳи дониши мутахассиси технологияи иттилоотӣ баҳо дода, ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи ӯро муайян кунад. Чанде пеш дар як форум мо хатарҳои татбиқи зеҳни сунъиро баррасӣ намудем. Системаҳои next-best offer, ки дар бонкҳо ва платформаҳои тиҷоратӣ истифода мешаванд, рафтори мизоҷонро пешгӯӣ карда, бадалшавиро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Аммо хатари хатогиҳо ва “таваҳҳумҳо”-и шабакаҳои нейронӣ боқӣ мемонад, ин масъалаҳои беҳдошти рақамӣ ва киберамниятро махсусан муҳим мегардонад.

Имрӯз иттилоот ба мисли энергетика ё маблағ ба як захираи пурарзиш табдил ёфтааст ва ихроҷи он метавонад  оқибатҳои фалокатбор дошта бошад.

Рақамикунонӣ тадриҷан сохторҳои давлатиро фаро мегирад. Дар Душанбе бобати 34 муассиса тадқиқот гузаронида шуд: то баназдикӣ танҳо 20% ин муассисаҳо системаҳои мукаммали иттилоотӣ доштанд. Сабабаш: гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ, норасоии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои кӯҳнашуда. Аммо пешравӣ аён аст: аз 24 муассиса 15-тоаш аллакай ба сатҳи камолоти рақамӣ расидаанд, беш аз ҳазор ҳуҷҷат рақамӣ карда шуд, амсилаҳои ҳифз ва эътимоднокии маълумот татбиқ карда шудаанд. Ҳамаи ин ба шарофати кори мураттаб ва иродаи сиёсӣ имконпазир гардид, бидуни онҳо табдилдиҳии воқеӣ имконпазир намегардид».

Даст кашидан аз истифодаи доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила низ хеле ҳайратовар аст: то аввали соли 2025 97% тамоми муомилоти тиҷоратӣ ва хидматрасониҳо байни кишварҳо бо рубл ва сомонӣ сурат гирифтааст. Ин имкон дод, ки хатарҳои асъорӣ то ҳадди ақалл кам ва шаффофияти муомилот зиёд карда шавад, инчунин соҳибкоронро аз ноустувории бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳифз намоем.

Мубодилаи муфассали маҳсулот низ ба тараққиёт мусоидат мекунад: Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, озуқаворӣ, маҳсулоти саноати кишоварзӣ ва кимиёвӣ, чӯбу тахта, металл ва масолеҳи пардоздиҳиро таҳвил медихад. Тоҷикистон ба ивази он маҳсулоти нассоҷӣ, пахта ва нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати кимиёвӣ содир мекунад. Чунин гузариш ба асъорҳои миллӣ, тавсеаи инфрасохтор (чуноне ки Wildberries мекунад) ва тақвият додани гардиши мол – ин ҳама на танҳо механизми иқтисодиёт аст. Ин рамзи мустаҳкамшавии робитаҳо, болоравии эътимод ва шарикии стратегии ду кишвар мебошад.

Ҳамин тариқ, Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон боқӣ монда, нақши муҳимро ҳамчун такягоҳи суботи иқтисодӣ ва рушди кишварамон мебозад. Харитаи роҳи мувофиқкардашудаи ҳамкорӣ то соли 2030 уфуқҳои навро барои рушд боз мекунад: аз тавсеаи тиҷорати мутақобила то  бакорандозии истеҳсолоти муштарак ва амиқгардонии ҳамкориҳои саноатӣ. Ҳамаи ин барои тараққиёти саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва болоравии иқтисодиёти кишварамон замина мегузорад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь