Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар фаъолияти худро дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои амалкуннади кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри хизмати содиқона ба халқу ватан хизмат карда истодаанд. Дар бораи фаъолияти Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар давоми соли 2025-ум бо мудири бонки мазкур Самадзода Фирдавс суҳбати ихтисоси анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Натиҷаҳо назарасанд

Самадзода дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолияти худро ҷиҳати таъмини иҷроиши мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави минтақаи Бохтар равона сохта, фаъолияти хешро дар соли 2025 бо чунин нишондиҳандаҳо ҷамъбаст намудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки новобаста ба вазъи ноороми ҷаҳонӣ, фаъолияти низоми бонкӣ дар ин давра мӯътадил арзёбӣ карда шуд, ки ин натиҷаи пайгирӣ ва амалигардонии барномаи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаҳои он дар минтақаҳо мебошад.

Низоми бонкии минтақаи Бохтар ба санаи 31 декабри соли 2025 аз 78 адад воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад:

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Бохтар – 1 адад, филиали бонкҳо – 55 адад; ташкилотҳои маблағгузории хурд – 6 адад ва филиалҳои ТМХ – 16 ададро ташкил медиҳанд,-илова кард ӯ ва гуфт, ки дар ҳудуди минтақа 297 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки дар ҳайъати онҳо 236 адад хазина оид ба мубодилаи асъор ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Таъсиси воҳидҳои сохтории нав аз ҳисоби ташкилотҳои қарзии молиявӣ

Номбурда илова кард, ки дар давоми соли 2025 дар таркиби низоми бонкии минтақа тағйиротҳо ба миён омада, дар ин давра 8 адад воҳидҳои сохтории нав аз ҳисоби ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла: 1 адад филиали нави ҶДММ ТАҚХ Лолс “Молия” дар ноҳияи Қубодиён; 1 адад филиали нави ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” дар шаҳри Бохтар (табдилдиҳии МХМХ ба филиал); 2 адад маркази хизматрасонии бонкӣ аз ҳисоби ҶСП “Актив Бонк” дар ноҳияи Шаҳритус ва Ҷайҳун; 1 адад маркази хизматрасонии бонкӣ аз ҳисоби ҶСП “Спитаменбонк” дар ноҳияи Шаҳритус; 1 адад маркази хизматрасонии маблағгузории хурд аз ҳисоби ҶДММ ТАҚХ “Сарват” дар ноҳияи А. Ҷомӣ; 1 адад маркази хизматрасонии маблағгузории хурд аз ҳисоби ҶСП “Ҳумо Бонк” дар ноҳияи Панҷ ва 1 адад маркази хизматрасонии бонкӣ аз ҳисоби ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон.

34,4%-ро занону бонувон ташкил медиҳанд

Иттилоъ дода шуд, ки ба санаи 31 декабри соли 2025 теъдоди кормандони низоми бонкӣ дар минтақа 3000 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1033 нафар ё ин ки 34,4% занону бонувон мебошад.

Ба ҳолати санаи 31 декабри соли 2025 дар қаламрави минтақа теъдоди банкоматҳо ва постерминалҳо 1 300 ададро (516 адад банкомат ва 784 адад пос-терминал) ташкил медиҳад.

Шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба санаи   31 декабри соли 2025 маҷмӯъан 1,4 млн. нафарро ташкил дод, ки нисбат ба оғози  соли 2025 дар маҷмӯъ 227,7 ҳаз. нафар ё 18,8% зиёд мебошад.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Ҳамзамон, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа ба санаи 31 декабри соли 2025 дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1028 адад постерминалҳои пардохтӣ ва 3924 адад QR-рамзҳои ягона насб карда шудааст, ки тавассути онҳо дар давоми соли 2025 зиёда аз 11,5 млн. пардохтҳо ба маблағи 10,4 млрд. сомонӣ амалиётҳо анҷом дода шудааст.

Дар баробари ин, Шуъбаи минтақавӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Бохтар, вобаста ба муҳайё сохтани шароити лозима, дар тамоми нуқтаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои муздноки давлатӣ корҳои ташфиқотӣ ва назоратиро ба роҳ монда, аз рӯзи ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” то санаи 31 декабри соли 2025 тибқи ҳисоботҳо 498 адад корхона ва муассисаҳои давлатӣ, ки хизматрасониҳои пулакиро анҷом медиҳанд, бо 1 083 адад терминали электронии қабули пардохт ва 355 адад QR-рамзҳои ягона таъмин карда шудаанд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва барномаи мобилии ТҚМ дар маҷмӯъ ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ тавассути 3,0 млн. амалиёт пардохтҳои ҳатмӣ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шудааст.

Дороиҳо

Ба санаи 31 декабри соли 2025 дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа 3,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи cоли қаблӣ 723,4 млн. сомонӣ ё 22,6% афзудааст.

Уҳдадориҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 31 декабри соли 2025 дар минтақа 2,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 411,1 млн. сомонӣ ё 25,3% афзудааст.

Амонатҳо дар минтақа ба санаи 31 декабри соли 2025 маблағи 1,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 342,2 млн. сомонӣ ё 34,3% афзудааст.

Бештари қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ дода шудааст

Дар самти қарздиҳӣ қайд менамоем, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа дар давоми соли 2025 тақрибан маблағи 4,2 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст. Қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 820,8 млн. сомонӣ ё 24,2% зиёд мебошад.

Тақсимоти соҳавии қарзҳои додашуда дар минтақа нишон дод, ки ҳиссаи асосии қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ 22,1%, саноат 4,1%, сохтмон 2,5%, нақлиёт 0,3%, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 8,0%, хизматрасонӣ 8,6%, ипотека 6,7%, автоқарз 1,7%, истеъмолот 44,9%, ва дигар соҳаҳо 1,0%-ро ташкил додааст.

Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисодиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи ҳисоботӣ маблағи 3,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 27,8% ё 756,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи Шуъба бо мақсади танзими бозори дохилии асъор ва иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ мунтазам чораҳо андешида мешаванд.

Дар давоми соли 2025 талаботи аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ зимни хариди асъори хориҷӣ аз ташилотҳои қарзии молиявии минтақа пурра қонеъ карда шудааст. Иҷрои талаботи мазкур пайваста таҳти назорат қарор дошта, бо ин мақсад гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.

Таъминот бо пули нақд яке аз вазифаҳои Шуъбаи минтақавӣ буда, бо назардошти афзоиши бахши воқеии иқтисодиёт ҳаҷми он тағйирёбанда мебошад.

Аз ҷониби Шуъба дар давоми соли 2025 барои таъмини саривақтии мизоҷон бо пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа зиёда аз 868,2 млн. сомонӣ пули нақд бароварда шудааст.

Ба ватану миллат хизмат мекунем

Самадзода Фирдавс мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар фарҷоми суҳбат афзуд, ки дар оянда фаъолияти худро бозҳам ҷоннок намуда, ҳама он  дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалии Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад саривақт иҷро карда, барои ватану миллати худ содиқона хизмат менамоем.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь