Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Федератсняи Руссия платформаи «Равзанаи ягона»-ро барои мусоидат ба фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иктисодии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNDO) дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии лоиҳаи таъсиси платформаи миллии рақамии «Равзанаи ягона барои МОИ», ки бо дастгирии молиявии Руссия амали карда мешавад, бо иштироки намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ, муаррифӣ карда шуд.
Ин ташаббус ба азнавсозии хидматрасониҳо барои сармоягузорон, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияти расмиётҳо дар минтакаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст. Платформа интерфейси ягонаи рақамиро барои дарёфти иҷозатномаҳо, риояи талаботҳо ва тамдиди ҳуҷҷатҳо, инчунин, табодули бехатарии маълумотро байни ниҳодҳо таъмин менамояд.
«Таъсис додани Равзанаи ягона як қадами муҳим, ба сӯи табдилдиҳии рақамии фазои сармоягузории Тоҷикистон аст. Мо итминон дорем, ки лоиҳа суръатбахшандаи рушди устувор ва ҷалби сармоя хоҳад гардид», – гуфт роҳбари лоиҳа Алексей Саврасов.
Лоиҳа тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ амалӣ карда мешавад. Он ҳамгироии вазорату идораҳои асосии давлатӣ, автоматикунонии равандҳои кор, омузонидани кормандон ва ҳамоҳангии меъёриро фаро мегирад.
Ба иттилои масъулин, Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Руссия ҳамчун як қисми ҳамкориҳои байналмилалӣ ба мусоидат ба рақамикунонӣ ва рушди устувор маблағгузорӣ карда мешавад ва барои 48 моҳ пешбинӣ шудааст.
“Фараҳ”



