Дар Тоҷикистон дар хонаҳои истиқоматӣ батареяҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Насби панелҳои офтобӣ яке аз тадбирҳои барномаи рушди бахши барқии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат дастур додаанд, ки дар хонаҳои сокинони кишвар панелҳои офтобӣ насб карда шаванд.
“Ин масъала, аз ҷумла, дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он барномаи рушди бахши барқ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардид”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҳамин тавр, то соли 2030 дар Тоҷикистон ба кор даровардани беш аз 4 ҳазор МВт иқтидори нави энергетикӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз ҳисоби сохтмони НБО ва инчунин истгоҳҳои офтобӣ ба даст оварда мешаванд.
Дар бораи Барнома вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа суханронӣ кард.
Ин лоиҳа бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ” таҳия ва ворид карда шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи рушди миллӣ мебошад
Дар Тоҷикистон дар хонаҳои истиқоматӣ батареяҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Насби панелҳои офтобӣ яке аз тадбирҳои барномаи рушди бахши барқии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 мебошад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат дастур доданд, ки дар хонаҳои сокинони кишвар панелҳои офтобӣ насб карда шаванд.
“Ин масъала, аз ҷумла, дар ҷаласаи ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он барномаи рушди бахши барқ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардид” – хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҳамин тавр, то соли 2030 дар Тоҷикистон ба кор даровардани беш аз 4 ҳазор МВт иқтидори нави энергетикӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз ҳисоби сохтмони Неругоҳҳои барқии обӣ ва инчунин истгоҳҳои офтобӣ ба даст оварда мешаванд.
Дар бораи Барнома вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа суханронӣ кард.
Ин лоиҳа бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ” таҳия ва ворид карда шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи рушди миллӣ мебошад. Дар натиҷаи татбиқи барнома ба натиҷаҳои зерин ноил шудан мумкин аст:
2680 МВт иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ,
253 МВт иқтидори иловагӣ аз ҳисоби навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда,
барқарор кардани 440 МВт қувваи гумшуда аз сабаби фарсудашавии таҷҳизот,
1500 МВт энергияи офтобӣ,
кам кардани талафоти барқ дар шабакаҳои барқ то 3%,
кам кардани талафот дар шабакаҳои барқии тақсимотӣ то 9%,
афзоиши содироти нерӯи барқ то 5 млрд кВт•соат.
Тибқи иаълумоти Вазорати Энергетикаи ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 98% нерӯи барқро нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунанд. Дар айни замон дар кишвар нақшаҳои зиёд кардани шумораи нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ мавҷуданд.Иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ дар як сол беш аз 527 миллиард кВт-соат арзёбӣ мешавад, ки ин аз талаботи имрӯзаи Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ хеле зиёдтар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь