Ба озмуни маводҳои журналистӣ
«Фридом Банк Тоҷикистон сохтори тобеи Freedom Bank Kazakhstan аст ва моҳи октябри соли 2024 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт ва фаъолияти он ба ҷорӣ намудани маҳсулоти рақамии ипотекавӣ ва сармоягузорӣ равона шудааст.
Силоҳи асосии қаллобон воҳима аст!
Сӯҳбат бо Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Фридом Банк Тоҷикистон» Даурен Ертаевич Нисинбаев
– Чӣ гуна бонкҳои Тоҷикистон ба рушд ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат мекунанд?
-Бонкҳо дар саросари ҷаҳон дар сафи пеши рақамӣ қарор доранд ва пешбари асосии тағирёбии одатҳои истеъмолӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон дар ҳамин самт бо боварии комил ҳаракат мекунад. Қисми расмиёти ҳатмии хонагӣ, ки қаблан вақт ва саъйро талаб мекарданд – сафар ба бонк барои пардохти коммуналӣ е кассаи интиқолдиҳанда – имрӯз зуд ба гузашта табдил меёбад. Ин ба шарофати барномаҳои бонкӣ имконпазир гардид, ки ба шумо имкон медиҳанд, ки вазифаҳои ҳаррӯзаи молиявиро дар дақиқаҳо ва бидуни вақти зиёдатӣ ҳал кунед. Дар айни замон, барномаҳои бонкӣ дигар танҳо воситаи пардохт ва интиқол нестанд. Онҳо тадриҷан ба платформаҳои технологӣ табдил меёбанд, ки бо хидматҳои тақозокунандаи ҳаёти ҳаррӯза, суғурта, маркетплейҳо ва хидматҳои алоҳидаи давлатӣ муттаҳид карда шудаанд. Боварӣ дорам, ки дар Тоҷикистон ин тамоюл танҳо афзоиш хоҳад ёфт-пеш аз ҳама тавассути фардикунонии маҳсулот ва кори дақиқтар бо маълумоти муштариён.
-Дар ҷаҳони муосир дар раванди рақамисозии низоми бонкӣ кадом навовариҳои дигар ҷорӣ мешаванд?
-Дар мавриди навовариҳои муосир, низоми бонкӣ аллакай аз барномаҳои маъмулӣ пеш гузаштааст. Аввалан ва муҳимтар аз ҳама, ин ҷорӣ намудани фаъолонаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз зеҳни сунъӣ натанҳо дар хизматрасонии муштариён, ба монанди “чатбот” -ҳо, балки дар вазифаҳои мураккабтар низ истифода мешавад: моделҳои баҳогузорӣ, назорати риояи меъёрҳо, пешгирии қаллобӣ ва таҳлили рафтори муштариён. Дар амал ин маънои қабули қарорҳои дақиқтар, равандҳои тезтар ва кам шудани хатари амалиётиро дорад.
Дар солҳои оянда нақши зеҳни сунъӣ танҳо меафзояд ва бонкҳое, ки онро зудтар ба равандҳои кории худ ворид мекунанд, бартарии рақобатии назаррас ба даст меоранд.
-Оё рақамисозии иқтисод воситаест барои осонтар кардани зиндагӣ ё воситаест барои мубориза бо иқтисоди соягӣ?
-Рақамисозӣ ҳамзамон ҳарду мушкилро ҳал мекунад. Аз як тараф, хизматрасониҳои онлайн ҳаёти ҳаррӯзаи муштариёнро содда мекунанд: вақте ки қаблан дар навбат истодан ва пур кардани варақаҳои коғазӣ сарф мешуд, ҳоло барои кор ё оила сарф мегардад. Аз тарафи дигар, гузариш ба пардохтҳои бенақд ҷараёнҳои молиявиро шаффоф ва идорашаванда мегардонад. Ин ҷамъоварии андозро зиёд мекунад, имкониятҳои амалиётҳои соягиро кам мекунад ва муҳити рақобати солимтар эҷод менамояд. Аз ин рӯ, рақамисозӣ натанҳо роҳат, балки устувории иқтисодиро низ таъмин мекунад.
-Гузариш ба низоми пардохти бенақд то чӣ андоза ба шаффофияти иқтисод таъсир мерасонад?
-Таъсир мустақим аст. Пардохтҳои бенақд барои ҳар як муомила роҳи рақамиро эҷод мекунанд, ки равшан нишон медиҳад, ки ба кӣ, кай ва бо кадом мақсад маблағ мегузарад.
Ин имкониятҳоро барои нақшаҳои соягӣ ба таври назаррас маҳдуд мекунад ва ҳамзамон эътимодро ба низоми молиявӣ меафзояд. Ин махсусан барои соҳибкорӣ муҳим аст: таърихи шаффоф, дастрасӣ ба қарз, сармоягузорӣ ва бозорҳои байналмилалиро осон месозад.
– Рақамисозӣ ба минтақаҳои дурдаст чӣ таъсир хоҳад дошт? Оё фарогирии молиявӣ воқеан беҳтар мешавад?
– Бале, ва ин аллакай рӯй дода истодааст. Пештар сокинони минтақаҳои дурдаст маҷбур буданд соатҳо ва баъзан тамоми рӯзро барои расидан ба филиали бонк сарф кунанд. Имрӯз смартфонҳо то андозае ҷойи филиалҳоро гирифтаанд.
Ин дастрасиро натанҳо ба интиқол ва пардохт, балки ба қарз, пардохтҳои давлатӣ ва воситаҳои пасандоз низ фароҳам меорад. Дар асл, рақамисозӣ монеаҳои ҷуғрофиро барҳам дода, фарогирии молиявиро васеъ менамояд.
– Рақамисозӣ ба одатҳои молиявии мардум чӣ гуна таъсир мерасонад? Оё системаи осони пардохт беэҳтиётиро ташвиқ намекунад?
– Рақамисозӣ рафторро воқеан тағйир медиҳад — амиқтар аз он чи ба назар мерасад. Молия камтар мушаххас мешавад: пардохтҳои автоматӣ, обунаҳо ва интиқолҳо ба ҳаёти ҳаррӯза ворид мегарданд.
Хатари хароҷоти импулсӣ вуҷуд дорад. Аммо барномаҳои муосири бонкӣ инчунин воситаҳои назоратро пешниҳод мекунанд — огоҳиномаҳо, таҳлили хароҷот, маҳдудиятҳо. Дар ниҳоят, масъала дар бораи технология нест, балки дар бораи сатҳи интизоми молиявӣ ва саводи муштариён аст. Вазифаи бонкҳо ин аст, ки ба мардум дар нигоҳ доштани ин назорат кӯмак расонанд.
– Метавон гуфт, ки бо афзоиши хизматрасониҳои рақамӣ хатари қаллобӣ низ меафзояд. Омилҳои асосӣ дар пасманзари ин афзоиш кадомҳоянд ва мо чӣ гуна метавонем худро аз он муҳофизат кунем?
-Амният ҳоло афзалияти аввалиндараҷа барои тамоми соҳаи бонкдорӣ аст ва шумо дуруст мегӯед: рушди технологӣ ҳамеша ҳамзамон бо пайдоиши таҳдидҳои нав сурат мегирад. Фиребгарон низ як навъ «навоварон» ҳастанд, ки ба тағйирот зуд мутобиқ мешаванд. Омили асосӣ дар афзоиши ҷиноятҳои киберӣ имрӯз на ҳакерӣ кардани системаҳои бонкӣ, ки дар сатҳи олӣ муҳофизат мешаванд, балки он чизест, ки онро «муҳандисии иҷтимоӣ» меноманд. Сабаби асосии муваффақияти ҳамлагарон истифодаи омилҳои инсонӣ аст: боварпазирӣ, шитоб ё тарси мо. Онҳо сомонаҳои фишингиро эҷод мекунанд, ки саҳифаҳои бонкро нусхабардорӣ мекунанд, ё бо даъво кардани корманди хадамоти амниятӣ занг мезананд, то рамзҳои махфӣ ва паролҳоро ба даст оранд. Бо афзоиши шумораи амалиётҳои онлайнӣ, шумораи нуқтаҳои тамос, ки дар он корбарон метавонанд хато кунанд, низ меафзояд.
Барои ҳифзи худ, шумо бояд чанд «қоидаи тиллоӣ»-и рақамиро риоя кунед: Ҳеҷ гоҳ кодҳои SMS ё кодҳои CVV (се рақами дар пушти корти шумо буда) -ро ба касе надиҳед, ҳатто агар онҳо даъво кунанд, ки корманди бонк ҳастанд. Корманди воқеӣ ҳеҷ гоҳ онҳоро намепурсад.
Ҳар гоҳ имкон бошад, аз тасдиқи дуқабата истифода баред. Ин мисли қулфи иловагӣ дар дари шумост.
Линкҳое, ки пахш мекунед, санҷед. Сомонаҳои қалбакӣ аксар вақт аз сомонаҳои расмӣ танҳо бо як ҳарф дар суроға фарқ мекунанд.
Дар барномаи мобилии худ барои муомилоти онлайн маҳдудият муқаррар кунед. Дар ин ҳолат, ҳатто агар маълумоти корти шумо ба дасти ҳамлагарон афтад, онҳо наметавонанд бештар аз ҳадди муқарраркардаи шумо пул гиранд.
Амният дар ҷаҳони рақамӣ масъулияти муштарак аст. Бонк қалъаҳои ғайриимкони шиканандаи алгоритмҳо ва рамзгузориро месозад, аммо калидҳои дарвозаҳои асосӣ ҳамеша назди муштарӣ мемонанд ва муҳим аст, ки онҳоро дар ҷои бехатар нигоҳ доред.
-Нақши сохторҳо ва қонунгузории дахлдор дар таъмини амнияти молиявӣ ва рушди рақамисозӣ дар кишвар чист?
-Тағйироти муваффақонаи рақамӣ бидуни қоидаҳои возеҳи бозӣ ғайриимкон аст. Нақши давлат эҷоди мувозинат байни инноватсия ва идоракунии хатар мебошад. Албатта, трансформатсияи рақамӣ бидуни пояи устуворе, ки давлат ва танзимгарон эҷод кардаанд, ғайриимкон аст. Нақши сохторҳои дахлдор, пеш аз ҳама Бонки Миллӣ ва вазоратҳои марбут, дар он аст, ки «қоидаҳои бозӣ»-ро эҷод кунанд, ки инноватсияро ҳавасманд намуда, хатарҳоро ба ҳадди ақал расонанд.
-Имрӯз дар Тоҷикистон кадом намудҳои қаллобӣ бештар дида мешаванд? Фишинг? Қаллобии телефонӣ? Нармафзори зараровар?
-Мутаассифона, Тоҷикистон аз тамоюлҳои ҷаҳонии ҷиноятҳои киберӣ истисно нест. Имрӯз мо се самти асосиро мебинем, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар бораи он огоҳ бошад.
Аввалан, қаллобӣ тавассути телефон. Одамон зангҳои шахсонеро мегиранд, ки худро кормандони бонк муаррифӣ мекунанд ва онҳоро маҷбур месозанд, ки маълумоти худро диҳанд.
Дуюм, фишинг тавассути паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан тавассути Telegram.
Сеюм, фиреб дар платформаҳои онлайнӣ, вақте ки онҳо пешакӣ пардохт талаб мекунанд ё истинодҳои қалбакӣ мефиристанд. Ҳамчунин барномаҳои зараровар ҳастанд, ки худро ҳамчун хизматрасониҳои муфид нишон медиҳанд.
-Оё системаҳои бонкӣ барои ошкор кардани муомилоти шубҳанок алгоритмҳоро истифода мебаранд?
Албатта, ин «ҷанги ноаён» дар кори ҳар бонки муосир аст ва яке аз қисмҳои аз ҷиҳати технологӣ мураккабтарин дар кори мо аст. Бонки муосир натанҳо як маркази нигаҳдории маълумот аст, балки маркази пуриқтидори таҳлилӣ мебошад. Мо системаҳои пешрафтаи зидди қаллобиро истифода мебарем, ки бар асоси алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ва зеҳни сунъӣ кор мекунанд.
Дар амал ин чӣ гуна кор мекунад? Система «портрети рақамӣ»-и рафтори маъмулии ҳар як муштариро месозад. Он медонад, ки шумо одатан дар кадом мағозаҳо пардохт мекунед, чӣ қадар пул интиқол медиҳед ва аз кадом кишвар ё шаҳр бештар ба барнома дастрасӣ доред. Агар ногаҳон кӯшиш карда шавад, ки соати сеи субҳ дар кишвари дигар бо корти шумо маблағи ғайриоддӣ пардохт карда шавад, алгоритм фавран чунин амалиётро ҳамчун амалиёти шубҳанок қайд мекунад.
Агар амалиёт барои система хатарнок ба назар расад, он метавонад ба таври худкор баста шавад ва муштарӣ барои тасдиқ огоҳинома ё занг аз бонк мегирад. Ин метавонад каме нороҳатӣ эҷод кунад, агар шумо воқеан қарор дода бошед, ки хариди ғайриоддӣ анҷом медиҳед, аммо маҳз ҳамин алгоритмҳо ҳар рӯз миллионҳо сомониро дар ҳисоби шаҳрвандони мо наҷот медиҳанд ва дуздӣ пеш аз он ки пул аз система берун шавад, пешгирӣ мешавад.
-Дар сурати дуздии маблағҳо масъулият байни муштарӣ ва бонк чӣ гуна тақсим мешавад?
Масъалаи масъулият ҳамеша як мувозинат аст. Ба таври содда, бонк барои амнияти система масъул аст, муштарӣ барои амнияти калидҳояш ба он система масъул. Бонк дар ҳолатҳое ҷавобгар аст, ки дуздӣ бар асари нокомии техникӣ, нуқсон дар барномаи бонкӣ ё ихроҷи маълумот аз ҷониби худи муассисаи молиявӣ ба вуҷуд омадааст, рух дода бошад. Агар монеаҳои амниятии бонк аз берун шикаста шуда, пул бидуни дахолати муштарӣ дуздида шавад, бонк вазифадор аст зарарро ҷуброн кунад ва тамоми масъулиятро барои бехатарии маблағҳо бар дӯш гирад.
Масъулияти муштарӣ аз лаҳзае ба миён меояд, ки маълумоти махфӣ ихтиёран интиқол дода мешавад (ҳатто агар таҳти таъсири фиреб бошад). Мувофиқи созишномаи хизматрасонии бонкӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, муштарӣ вазифадор аст рамзи PIN-и худ, паролҳои ҳисоби шахсӣ ва кодҳои якдафъаинаи SMS-ро махфӣ нигоҳ дорад.
Агар шахс рамзи худро ба қаллоб дода бошад, ба истиноди шубҳанок клик карда ва маълумоти худро ворид карда бошад, ё рамзи PIN-ро бевосита дар корти худ сабт карда бошад, бонк, мутаассифона, дар ин маврид аз ҷиҳати ҳуқуқӣ масъул нест. Аз назари система, чунин амалиёт қонунӣ ба назар мерасад, зеро худи соҳиби корт онро анҷом додааст, чун «калидҳои» шахси” – и ӯ истифода шудаанд.
Аз ҳамин сабаб мо қоидаҳои амниятиро такрор ба такрор хотиррасон мекунем. Мо «дари зиреҳпӯш» месозем, аммо агар муштарӣ онро ба бегонагон боз кунад, ин зиреҳ ба кор намеояд. Аммо, агар шумо фаъолияти шубҳанокро мушоҳида кунед, вазифаи асосии шумо фавран қатъ кардани корти худ аст. Суръате, ки шумо бо бонк тамос мегиред, аксар вақт омили ҳалкунанда аст, ки оё шумо метавонед маблағҳои худро барқарор кунед ё қаллобиро исбот намоед.
Амнияти маблағҳои шумо ба саводи молиявии шумо вобаста аст!
-Оё сатҳи саводи рақамӣ дар байни аҳолӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст?
-Ин саволи хеле мураккаб аст, ки ба назари объективӣ ба вазъият ниёз дорад.
Мо ҳанӯз дар раванди табдилем. Ҷавонон зудтар ба технология мутобиқ мешаванд, аммо насли калонсол ва сокинони деҳот ҳассостар боқӣ мемонанд.
Аз ин рӯ, нақши бонкҳо ва давлат имрӯз на танҳо эҷоди маҳсулот, балки таълими оммавии аҳолӣ аст. Мо бояд ба таълими молиявӣ ҳамон қадар фаъолона сармоягузорӣ кунем мисле, ки дар дигар соҳаҳои муҳими фаъолияти бонк мекунем.
Амнияти муштариёни бонк ва маблағҳои онҳо калиди устувории молиявии худи бонк аст. Мо бештар аз ҳама манфиатдорем, ки сарвати муштариёни мо танҳо афзоиш ёбад ва ҳеҷ чиз онро таҳдид накунад.
-Кадом технологияҳо дар 5 соли оянда низоми бонкиро тағйир хоҳанд дод – зеҳни сунъӣ, блокчейн ё…?
-Зеҳни сунъӣ бешубҳа дар ояндаи наздик ҳамчун омили асосии пешрафт дар хизматрасониҳои бонкӣ боқӣ хоҳад монд. Агентҳои зеҳни сунъӣ бештар ҷорӣ хоҳанд шуд ва дар идоракунии маблағҳои муштариён фаъолона иштирок хоҳанд кард: ба таври худкор беҳтарин шартҳои амонатгузориро меёбанд, андозҳоро асоснок мекунанд ва ҳатто барои тахфифҳо дар харидҳои калон музокира мекунанд. Зеҳни сунъӣ «ҳиссиётан доно» хоҳад шуд, ҳолати рӯҳӣ ё шубҳаҳои муштариёнро мешиносад ва дар лаҳзаи муносиб дастгирӣ пешниҳод менамояд.
Технологияи блокчейн васеъ истифода хоҳад шуд. Дар ҷаҳоне, ки дар он зеҳни сунъӣ метавонад овозҳо ё видеоҳоро (“дипфэйк”) – ҳоро сохта кунад, маҳз блокчейн аст, ки метавонад воқеияти муомилот ва ҳуҷҷатҳои калонро кафолат диҳад. Мо “токен” – созии оммавии дороиҳоро хоҳем дид: амволи ғайриманқул, тилло ва ҳатто ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ метавонанд ба қисмҳои рақамӣ тақсим шуда, фавран ҳамчун гарав барои қарз ё ҳамчун объекти сармоягузорӣ истифода шаванд.
Дар маҷмӯъ, мо муттаҳидшавии ҳарчи амиқи ҳама гуна хизматрасониҳоро дар барномаҳои бонкӣ хоҳем дид. Рақобат байни бонкҳо ниҳоят аз доираи хизматрасониҳои молиявӣ берун хоҳад рафт. Бонкҳои ҷолибтарин онҳое хоҳанд буд, ки ба муштариёни худ на танҳо фоизи баланди амонат ва фоизи пасти қарзро, балки имконияти бемонеа иҷро кардани ҳамаи корҳои рӯзмарраашонро бидуни тарк кардани барнома пешниҳод мекунанд: маслан, харидани чиптаҳои кино, фармоиш додани маҳсулоти хӯрокворӣ барои шом, навсозии смартфонашон.
-Оё вобастагӣ ба платформаҳои хориҷӣ таҳдиди амнияти молиявии миллӣ маҳсуб мешавад?
Ин савол хеле ҳассос ва муҳим аст ва бояд боэҳтиёт ҷавоб дода шавад. Баъзе хатарҳо вуҷуд доранд: вақте ки инфрасохтори муҳими молиявӣ ба технологияҳои беруна вобаста мешавад, ҳамеша омилҳои қарорҳои беруна – маҳдудиятҳои танзимӣ, режимҳои таҳримӣ ё нокомии техникӣ дар провайдерҳо вуҷуд доранд.
Муҳим аст таъкид шавад, ки низоми муосири молиявӣ на бар асоси ҷудоии комил, балки бар асоси ҳамгироии назоратшаванда сохта шудааст. Имрӯз бонкҳо меъмории худро ба тавре месозанд, ки беҳтарин ҳалли мушкилоти байналмилалиро истифода баранд, назорати унсурҳои калидии инфрасохторро нигоҳ доранд.
Аввалан, ба маҳдудсозии макони (“локализатсия”) – и маълумот ва устувории амалиётӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Талаботи нави танзимкунанда ва стандартҳои байналмилалии амнияти иттилоот, инчунин рушди моделҳои амнияти киберӣ бо назардошти хатарҳо, назорати қатъиро бар нигоҳдории маълумот, такрори система ва идоракунии ҳодисаҳо талаб мекунанд.
Дуюм, стандартҳои муосири ҳифзи пардохтҳо ва маълумоти муштариён фаъолона татбиқ мешаванд. Ин истифодаи васеи аутентификатсияи бисёрафакторӣ, токенизатсия ва биометрияи рафториро дарбар мегирад. Ҳалли ин масъалаҳо хатарҳоро новобаста аз платформаҳои технологӣ истифодашаванда кам мекунанд.
Сеюм, бонкҳо ҳадафмандона шарикони технологиашонро гуногунранг намуда, ҳалли миллӣ, аз ҷумла иқтидорҳои коркарди маҳаллӣ, инфрасохтори пардохтӣ ва таҳияҳои дохилиро таҳия мекунанд. Ин равиш вобастагӣ аз таъминкунандагони алоҳидаро коҳиш дода, устувории системаро дар маҷмӯъ афзоиш медиҳад.
Аз ин рӯ, дурусттар аст, ки дар бораи мувозинат, на вобастагӣ сухан гӯем. Вазифаи бонкҳо ва танзимгарон ин аст, ки ҳамзамон бо таъмини соҳибихтиёрии технологӣ, устуворӣ ва амнияти низоми молиявии кишвар ба технологияҳои ҷаҳонӣ боз монанд.
-Инфрасохтори молиявии рақамӣ дар баробари таҳримҳои эҳтимолӣ чӣ гуна ҳифз мешавад?
-Дар баробари таҳримҳои эҳтимолӣ, афзалияти асосӣ барои бонкҳо риояи қатъии сиёсати таҳримҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад, ҳамзамон устувории инфрасохтори молиявӣ таъмин карда шуда, манфиатҳои муштариён ҳифз мегарданд.
Аввалан, ҳифз бар асоси низоми пурқуввати риояи қоидаҳо сурат мегирад. Бонкҳо тартиботи бисёрсатҳаи назорати таҳримҳоро татбиқ мекунанд: скрининги автоматонидашудаи муштариён ва амалиётҳо, навсозии мунтазами рӯйихатҳои таҳримҳо, санҷиши амалиётҳо бар асоси хатарҳо ва назорати доимии амалиёт. Ин равандҳо бо таҷрибаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавсияҳои OFAC, талаботи танзимии аврупоӣ ва стандартҳои идоракунии мутобиқат ҳамоҳанг шудаанд.
Дуюм, ҷузъи технологӣ дар назорати таҳримҳо тақвият дода мешавад. Системаҳои муосири назорати муомилот, воситаҳои таҳлилӣ ва унсурҳои омӯзиши мошинӣ барои муайян кардани муомилоти ғайриоддӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ истифода мешаванд.
Сеюм, устувории амалиётӣ унсури муҳими дигар боқӣ мемонад. Бонкҳо инфрасохтори устувор месозанд, шарикони технологӣ ва каналҳои ҳамкориро гуногунранг мекунанд ва мунтазам санҷиши стрессӣ (stress testing)-ро барои сенарияҳо, аз ҷумла маҳдудиятҳои беруна, мегузаронанд.
Дар ниҳоят, ҳамкории доимӣ бо танзимгарон ва шарикони байналмилалӣ нақши муҳим мебозад, ки имкон медиҳад равандҳоро ба зудӣ ба талаботи тағйирёбанда мутобиқ сохта, сатҳи баланди шаффофиятро нигоҳ доранд.
Ҳамин тавр, ҳифзи инфрасохтори молиявии рақамӣ дар доираи хатарҳои таҳримҳо асосан бар асоси риояи қатъии режими таҳримҳо, системаи рушдёфтаи риояи қоидаҳо, технологияҳои муосири назорат ва меъмории устувори тамоми низом боқӣ мемонад.
-Агар интернет як рӯз қатъ шавад, низоми молии мо то чӣ андоза устувор мемонад?
– Агар ором ва бидуни воҳима гӯем, қатъи кӯтоҳмуддати интернет худ ба худ маънои онро надорад, ки низоми молиявӣ ба таври комил бозмеистад. Инфрасохтори муосири бонкдорӣ аз ибтидо барои ба назар гирифтани чунин хатарҳо тарҳрезӣ шудааст ва якчанд сатҳи устуворӣ дорад: Аввалан, системаҳои муҳими бонкӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ тавассути интернети умумӣ кор намекунанд, балки тавассути каналҳои махсуси бехатар ва шабакаҳои дохилӣ кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки амалиётҳои асосӣ байни бонкҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои калидӣ ҳатто бо маҳдудиятҳои муваққатӣ дар дастрасии корбарон ба шабака идома ёфта метавонанд. Дуюм, бонкҳо меъмории эҳтиётиро бунёд мекунанд: онҳо марказҳои додаҳои такрорӣ, каналҳои алтернативии иртиботӣ ва нақшаҳои идомаи фаъолияти тиҷоратиро истифода мебаранд.
Барои муштариён қатъи дастрасӣ ба интернет бешубҳа эҳсос мешавад: барномаҳои мобилӣ, пардохтҳои онлайн ва баъзе хизматрасониҳои дурдаст метавонанд муваққатан дастрас набошанд. Аммо механизмҳои алтернативӣ, ба монанди банкоматҳо, амалиётҳои офлайн бо корти бонкӣ дар доираи маҳдуд ва хизматрасониҳои филиалӣ амал менамоянд.
Аз ин рӯ, ҳатто дар чунин ҳолат, ин бештар масъалаи камшавии қулай будани хизматрасониҳо аст, на хатар ба устувории система. Вазифаи асосии бонкҳо дар чунин шароит таъмин намудани амнияти маблағҳои муштариён ва идоманокии амалиётҳои муҳим мебошад ва маҳз ба ҳамин равона шудааст меъмории инфрасохтори молиявии муосир.
-Тасаввур кунед, ки як шабакаи бузурги қаллобона тавассути паёмҳо фаъол мешавад. Ба ин чӣ гуна бояд посух дод?
-Агар мо бубинем, ки ҳамлаи оммавӣ оғоз шудааст, масалан, ҳазорҳо нафар ҳамзамон паёмҳо дар бораи «баста шудани ҳисоби корбарӣ» ё «пардохти ҷубронпулӣ» мегиранд, протоколи посухи фаврӣ фаъол карда мешавад.
Аввалин ва муҳимтарин чиз сипари иттилоотӣ аст. Ҳамин ки бонк ё танзимгари молиявӣ афзоиши фаъолияти шубҳанокро мушоҳида мекунад, мо фавран паҳнкунии паёмҳоро ба шакли паҳншуда тавассути каналҳои расмӣ оғоз мекунем: SMS, огоҳиномаҳои push ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳадафи мо ин аст, ки муштариро пеш аз он ки онҳо фурсат пайдо кунанд, то ба истиноди қаллобон “лаббайк” гӯянд, огоҳ созем. Мо инро «ваксинатсия» меномем — яъне пеш аз он ки таҳдид ба онҳо таъсир расонад, ба мардум дар бораи он маълумот медиҳем.
Қадами дуюм “блокировка” – и техникӣ аст. Хизматрасониҳои амнияти киберии мо, дар ҳамкорӣ бо операторони телеком ва провайдерҳо, бастани доменҳои вебсайтҳои қаллобиро, ки дар паёмҳо зикр шудаанд, оғоз мекунанд. Мо кӯшиш менамоем, ки «сар»-и ин шабакаро «бурем», то истинодҳои фишингиро дигар кушода натавонанд.
Марҳилаи сеюм назорати пурзӯршуда мебошад. Системаҳои зидди қаллобии бонкҳо ба режими ҳассосияти баланд гузошта мешаванд. Агар мо бубинем, ки пас аз чунин ирсол кардани паём одамон интиқолҳои ғайриоддӣ анҷом медиҳанд, бонк метавонад муваққатан ин амалиётро боздошта, барои тасдиқ ба муштарӣ занги ҳатмиро оғоз кунад.
Ва шумо, ҳамчун корбар бояд чӣ гуна вокуниш нишон диҳед?
А). Қоидаи «эътимоди сифрӣ»: Оё паёми тарсонанда ё аз ҳад зиёд ҷолиб гирифтед? Онро аз аввал бардурӯғ донед. Б). Ба пайвандҳо клик накунед: Ҳеҷ гоҳ тавассути пайвандҳои паёмҳои SMS ба ҳисоби шахсии худ ворид нашавед. Танҳо аз барномаи расмӣ истифода баред. В). Бонкро огоҳ кунед: Скриншоти паёмро ба хадамоти дастгирии муштариён ирсол намоед. Гузориши шумо метавонад садҳо нафари дигарро, ки камтар огоҳанд, наҷот диҳад.
Дар чунин ҳолатҳо мо ҳамчун як воҳиди ягона кор мекунем: бонк ҳифзи техникӣ ва маълумот пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки муштарӣ ором мемонад ва намегузорад, ки қаллобон аз эҳсосоти ӯ истифода баранд. Силоҳи асосии ҳар шабака воҳима аст ва ҳадафи муштараки мо пешгирӣ кардани он мебошад.
– Ташаккур барои сӯҳбати пурмӯҳтаво!
Сӯҳбаторо: Хуршедҷон Ниёзов,
журналист



