Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Молияи сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав хабарнигори ҳафтаномаи “Фараҳ” бо сардори Раёсати мазкур Фаридуни Хайриддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 Раёсати Вазоарти молияи дар ноҳияи Носири Хусрав баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Иҷроиши барзиёди буҷети ноҳия

Заҳматҳои шабонарӯзии кормандони бахши молия ноҳияи Носири Хусрав буд, ки давоми шаш моҳи соли 2025 буҷети ноҳия барзиёд таъмин карда шуд.

Ӯ афзуд, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 13 декабри соли 2024-ум таҳти №335 буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2025 дар қисми даромад ба мабалағи 58812462 сомонӣ, аз ҷумла бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби ҳисоббаробаркунии буҷети вилоят ба маблағи 38047762 сомонӣ қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба мбалғи 19770800 сомонӣ бо касри буҷет ба маблағи 993900 соомнӣ ва қисми хароҷот ба мблағи 58812462 сомони тасдиқ карда шуд.

Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мбалағи 948982 сомонӣ нақшаи пешбини шуда, иҷроиши он дар ин давра ба маблағи 10050013 сомоиро ташкил медиҳад, ки баробари 105,9 фоизи нақшаи буда, нисбати нақшаи пешбинишуда ба маблағи 56 0031сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби ҳисоббаробаркунии буҷети вилоят ба маблағи 17883000 сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ ба нақша гирфита шудааст, ки дар асл иҷро гардидааст ба маблағи 1688300 сомонӣ, ё ин, ки 94,4 дарсад иҷро гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети буҷети маҳалии ноҳия бошад, дар семоҳаи дуюми соли 2025 нақшаи аниқшуда ба маблағи 29319362 сомонӣ пешбини шуда, иҷроиши он бошад дар ин давра маблағи 26474485 сомонӣ ё ин, ки 90 дарсади ақшаро ташикил медиҳад.

Музди меҳнати кормандон саривақт пардохт мегардад

Гуфта шуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати молияи ноҳия ҷиҳати саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт гардидаст.

Мусоҳиби мо ҳамчунин илова кард, ки музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фондӣ ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯйи он вуҷуд надорад.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ

Дар ноҳияи Носири Хусрав ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шуда буд, пурра пардохт шуда, ин соҳаҳо ба зимистон пурра омода карда шуд, – илова кард ӯ.

Ҳамчунин, баҳри иҷрои қарори 639 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 629 дар бораи маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷети ноҳия дар доираи имкониятҳои мавҷуда маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин барои беҳ кардани ҳолати роҳҳо ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.

Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав, ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд.

Бунёдкорӣ

Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, бинои Раёсатро пурра таъмири асосӣ карда, барои кормандон тамоми шароити кориро фароҳам оварда, ният доранд, ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назарас итиқбол гиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь