Русия ба таври анъанавӣ дар байни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафро ишғол мекунад. Чунин ҳамкориҳои мутақобилан мукаммалкунанда робитаи мустаҳками иқтисодии байни ду кишварро ташаккул дода, равандҳои ҳамгироиро тақвият мебахшад ва барои рушди саноат, логистика ва сармоягузорӣ замина фароҳам меорад.

Ҳамгироии тиҷоратӣ

Тибқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия ба 1,1 миллиард доллар расидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 10 % зиёд аст. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Русия беш аз 1 миллиард доллар ва воридот аз Русия ҳудуди 53,5 миллион долларро ташкил дод. Ин на танҳо аз афзудани гардиши мол, балки аз тағйирёбии сохтори ҳамкориҳо ба нафъи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар соли 2024 таҳвили нахи пахтаи Тоҷикистон 62%, содироти сабзавоту мева 47% ва ҳаҷми меваи хушк 60% афзудааст. Махсусан содироти зардолуи хушк зиёд шуда, дар як сол ду баробар афзудааст.

Дар сохтори содирот нақши пешсафро комплекси агросаноатӣ мебозад: ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии байни ду кишвар беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамкории иқтисодии ду кишвар аз ҳамгироии устувор ва амиқ шаҳодат медиҳад: Тоҷикистон ба занҷирҳои истеҳсолию логистикии Русия фаъолона ворид шуда, мавқеи худро дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ мустаҳкам мегардонад, инчунин дар самти таҷдиди коркард ва тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ корбарӣ мекунад.

Тибқи иттилои Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон, дар соли 2024 97 фоизи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо рубл ва сомонӣ сурат гирифт, ки ин ба коҳиш додани вобастагии амалиётҳо аз тағйирёбии қурби доллар ва евро, инчунин ҳифз намудани тиҷорат аз ноустуворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев қайд намуд: “Дар раванди ҳамкориҳои иқтисодии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба мушоҳида мешавад. Ин раванд дар баробари афзоиши гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон сурат мегирад”.

Шарикии инфрасохторӣ

Дар шароити чолишҳои имрӯза на танҳо афзоиш додани мубодилаи мол, балки ҳамгироии амиқи логистикӣ низ муҳим аст. Ин аст, ки иштироки Тоҷикистон дар ташаккули шабакаи ягонаи нақлиётию логистикии Авруосиё яке аз муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гардидааст. Ин ташаббус таъсиси марказҳои инфрасохториро, аз ҷумла барои таҳвили мунтазами молҳо, соддагардонии амалиётҳои содиротӣ ва густариши робитаҳои минтақавӣ дар бар мегирад.

Дар доираи ин лоиҳа дар Тоҷикистон сохтмони маҷмааҳои агрологистикии насли нав оғоз гардидааст. Нуқтаҳои асосии ҷойгиршавӣ – Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон мебошанд, ки минтақаҳои стратегии муҳимро фаро мегиранд. Ба сохтмони марказҳо шарикони русӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, кишвари Олтой ва дигар субъектҳои Федератсияи Русия, ки дорои салоҳият дар соҳаҳои логистика, сохтмон ва технологияҳои кишоварзӣ мебошанд, машғул хоҳанд  шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев: “Таъсиси марказҳои агрологӣ дар Тоҷикистон ба такмилдиҳии занҷирҳои арзиши иловашуда дар бахши меваю сабзавот мусоидат карда, рақобатпазирии маҳсулотро баланд бардошта, дастрасиро ба бозорҳои содиротӣ, аз ҷумла тавассути ноил шудан ба меъёрҳои муайяни сифат ва бехатарии озуқаворӣ таъмин менамояд”.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории бахши кишоварзӣ»-ро, ки ҳадаф аз он  сохтмони марказҳои агрологистикӣ дар ноҳияи Балх (вилояти Хатлон) ва дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) мебошад. Илова бар ин, бо ташаббуси Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо оид ба таъсиси марказҳои логистикӣ дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби ширкати русии ҶДММ «ИнфраПроектҳо» маҷмӯи корҳои машваратӣ, таҳлилӣ, коркарди амсилаи молиявию иқтисодии чунин марказҳо анҷом дода шудааст. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як маркази логистикии омодасозии пешазсодиротии маҳсулоти меваю сабзавоти ватаниро таъсис диҳад.

Платформаҳои такмилдодашудаи коркарди маҳсулот, аз ҷумла анборҳои инноватсионии нигоҳдории маҳсулот имкон медиҳанд, ки хатари талафот бо сабаби тағйирёбии иқлим коҳиш дода шуда, устуворӣ ба таъсироти беруна баланд бардошта шавад. Ба туфайли анборҳои марказонидашудаи нигоҳдории маҳсулот хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон имкон доранд, ки маҳсулотро бидуни робита бо миёнаравон бо фоидаи бештар фурӯшанд, ин дар навбати худ ба сатҳи некӯаҳволии онҳо таъсир мерасонад», – таъкид намуд сафири Русия.

Дар баробари рушд ёфтани логистика инфрасохтори савдои рақамӣ низ тавсеа меёбад. Баҳори соли 2025 платформаи тиҷоратии “Wildberries” расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз карда, аввалин нуқтаҳои қабули фармоишро дар Душанбе ва Хуҷанд боз кард. Имрӯз сокинони кишвар зиёда аз 8 миллион намуди мол, аз ҷумла сару либос, техника, маснуоти ороишӣ, китоб ва ғайраро фармоиш дода метавонанд. Гузашта аз ин, Wildberries на танҳо барои таҳвил ба Тоҷикистон, балки барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои ИДМ манфиатдор аст. Ширкат аллакай бо таъминотчиёни маҳаллӣ ҳамкориро оғоз карда, барои ҷалб кардани (роҳ ёфтан ба) чандин миллион харидорон имконият фароҳам  меорад.

Миссияи тиҷоратӣ дар Точикистон

Тобистони соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як миссияи васеъмиқёси тиҷоратии бисёрсоҳа баргузор гардид, ки аз ҷониби ҶСК “Маркази содироти Русия” бо дастгирии Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ба ин  ҳайат 25 ширкати русӣ аз маинтақаҳои мухталифи кишвар – аз Маскаву Санкт-Петербург то Тотористон, Удмуртия, Адыгея ва кишвари Хабаровск шомил буданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев: “Миссияи тиҷоратӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби ҶСК “Маркази содиротии Русия” ташкил шудааст, ба муаррифиҳо ва B2B-музокиротҳои сайёр дар вазоратҳои асосӣ, муассисаҳои ихтисосӣ ва шабакаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бештар тамаркуз намуд. Ин ба иштирокчиёни миссияи тиҷоратӣ имкон дод, ки на танҳо маҳсулот ва технологияҳои худро муаррифӣ кунанд, балки бидуни миёнаравҳо бо бозори маҳаллӣ робитаи мустақим барқарор кунанд”.

«Ширкатҳо доираи васеи бахшҳоро намояндагӣ карданд, аз ҷумла: саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва нуриҳо. Дар давоми ду рӯз зиёда аз 130 вохӯриҳои тиҷоратӣ бо шарикони давлатӣ ва хусусӣ аз Тоҷикистон баргузор гардид ва беш аз 40 нуқтаи эҳтимолии ҳамкорӣ фаро гирифта шуд. Яке аз натиҷаҳои амалии миссия – ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ байни ҶДММ «Лигногумат» ва ширкати тоҷикии «СомонАгроГрупп» буд. Дар доираи ин созишномаҳо таҳвили биостимуляторҳои нашъунамои растанӣ, нуриҳои минералии моеъ ва иловаҳои ғизоии дар асоси ашёи хоми табиӣ истеҳсолшуда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин гуфтушунидҳо дар бораи ташкили истеҳсоли муштараки стимуляторҳои рушд дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ин лоиҳа метавонад як қадами муҳим дар самти маҳаллисозии агрохимияи Русия дар минтақа гардад. Ҳамин тариқ, миссия на танҳо як шакли муаррифӣ, балки як василаи воқеии тавсеаи ҳузури иқтисодии Русия дар Тоҷикистон, инчунин як қадам ба сӯи наздикшавии технологӣ ва сармоягузории ду кишвар гардид», – қайд намуданд дар сафорат.

Ҳамаи ин равандҳо маънои як чизро доранд: Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли фазои иқтисодии АвруОсиё табдил меёбад. Ҷумҳурии мо бо истифода аз мавқеъи ҷуғрофӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва имконоти логистикии худ ММД-ро таҳким бахшида, сармоя ҷалб мекунад, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош мекунад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь