Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Давлатии кишвар,  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бинои Раёсати молия бо тамоми лавозимоти зарурӣ,  бунёд гардид, ки дар ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд. Ифтитоҳи бинои нав,  барои кормандони Раёсати молияи ноҳияи мазкур туҳфаи беҳтарин дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар мебошад.

Соҳаи молия омили асосии суботи кишвар аст

Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Қадамшоҳ Расулзода, гуфт, ки молиячиёни ноҳия  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  ноҳия фаъолияти худро ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати муҳосибӣ, таъмини шаффофияти буҷет, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоту муассисаҳо пайваста талош намуда, уҳдадориҳои хешро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Ӯ афзуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти маҳаллӣ дар  якҷоягӣ бо кормандони Раёсати молия ва Нозироти андоз буд, ки дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети ноҳияи Ҳамадонӣ 101,4  дарсад таъмин карда шуд. Қайд гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия дар 7 моҳи соли 2025-ум 31880772 миллион сомонӣ буд, ки он дар ин давра 32325157  миллион  сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин нисбати нақша 444385 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қадамшоҳ Расулзода, илова кард, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад дар ин давра  96722072  сомонӣ буд, ки он дар ин давра 93368668 миллион сомонӣ яъне 96,5  дарсад таъмин карда шуд. Дар 7 моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилояти маблағҳои мақсаднок падохт карда шуда,  ҳамаи маблағҳои равонкардашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт гардидааст,-илова кард ӯ.

Рухсатпулии омӯзгорон пурра пардохт карда шуд

Мавсуф иброз дошт, ки рухсатпулии омӯзгорон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 11,8 миллион сомонӣ буд, ки он пурра пардохт карда шуд.  Ҳамзамон барои саривақт омода кардани соҳаҳои маорифу тандурстӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва таъмири  муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш аз ҳисои буҷети ноҳия маблағҳои пешбинишуда ҷудо гардида истодааст,-қайд кард ӯ ва афзуд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳалии ноҳия аз ҳисоби буҷет 47 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.  Ӯ илова кард, ки дар ин давра  ба аҳоли 285 ҳазору 600 сомонӣ кӯмакпулӣ (ҷубронпулҳо) пардохт карда шудааст.

Забономузӣ ва такмили ихтисоси кормандон

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия  доимӣ аз курсҳои   такмили ихтисос мегузаранд.

Қадамшоҳ Расулзода, иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардида буданд, тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Раёсати Вазорати  молияи ноҳияи мазкур  баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро  ба забономӯзӣ  ҷалб намудаанд.

Дастуру супоришҳо саривақт амали мешаванд 

Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки  ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо  дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.

Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Мир Сайид алии Ҳамадонӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

“Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь