Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Молиячиёни ноҳияи Вахш фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи кишвар, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати муҳосибӣ, таъмини шаффофияти буҷет, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоту муассисаҳо пайваста талош намуда, уҳдадориҳои хешро соли 2025 бо сари баланд иҷро намудаанд. Онҳо дар соли ҷорӣ низ фаъолияти худро пурзӯр карда, баҳри таъмини саривақтии буҷети ноҳия, пардохти саривақтии музди меҳнат ва самараноку оқилона истифода кардани маблағҳои буҷети талош хоҳанд кард.
Ҳадаф – таъмини саривақтии музди меҳнат
Оид ба фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 бо роҳбари он Абдуқаҳҳор Улфатов сӯҳбат кардем.
Мавсуф дар оғози сӯҳбат гуфт, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, оиди баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия, як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, инчунин иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ иҷро гардида истодааст.
Нақшаҳо барзиёд иҷро шудаанд
Ӯ илова кард, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2025 ба маблағи 68857900 сомонӣ ва нақша дар маҷмуъ 203921232 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра андози буҷети ноҳия ба маблағи 70681331 сомонӣ, яъне 103% ё ин, ки 1823431 сомонӣ зиёд ворид гаштааст, ки дар соли 2025 аз ҳисоби буҷети Ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок ба маблағи 133863332 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба маблағи 1200000 сомонӣ мебошад, ки нисбати нақша ба маблағи 900000 кам ворид гардидааст, аз ҳисоби буҷети Ҷумҳуриявӣ пурра пардохт шудааст ҷамъ 135063332 сомонӣ ворид шудааст, ки маблағҳо барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт карда шудааст.
Дар дар соли 2025 иҷроиши буҷет ба андозаи 103%-ро ташкил медиҳад, ки дар соли соли 2024 нақшаи андози буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 6259598100 сомонӣ пешбини шуда буд, ки иҷроиши он маблағи 62671980 сомонӣ-ро ташкил дода 100 % -и нақша мебошад.
Аз ин маълум мегардад, ки дар соли 2025 нисбати соли 2024 ба 8009351 сомонӣ зиёд буда 12,8% -ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 иҷроиши даромадҳои буҷети маҳаллии ноҳия бо пурраги иҷро гардидааст, ки тибқи нақшаи пешбинишудаи намудҳои андозҳо, аз шаш намуди сарчашмаҳои андозҳо ҳамааш ба пуррагӣ иҷро гардидааст, аз ҷумла: Андози ғайриманақул 101%, андоз аз арзиши иловашуда 120%, боҷи давлатӣ 126%, андоз аз даромад 100%, пардохтҳои ҳатми маҳаллӣ 103% ва андози низоми соддакардашуда 102%-po ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар соли 2025 мувофиқи нақша бо баҳисобгирии тағйиротҳои даровардашуда ба андоз 223859496 сомонӣ пешбинишуда, дар асл бошад 219430462 сомонӣ истифода бурда шудааст, ки ин 98%-и нақшаро ташкил медихад.
Тӯҳфаи арзанда барои кормандон
Номбурда илова кард, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Вахш барои кормандони Раёсати молияи ноҳия сохтмони бинои наву замонавӣ иборат аз 4 ошёна рафта истодааст. Иншооти мазкур дар арафаи ин санаи муҳими таърихи ба истифода дода мешавад, ки ин тӯҳфаи беҳтарин барои кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш мебошад.
Кормандон ба забономӯзӣ ҷалб шуданд
Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд. Раёсати Вазорати молияи ноҳияи мазкур баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро ба забономӯзӣ ҷалб намудаанд.
Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд
Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.
Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунон ки Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мост. Албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.
Молия сутуни давлат аст
Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ



