Душанбе ба рушди манбаи энергетикӣ – аз коркарди конҳои нафту газ то тавсеаи иқтидори гидроэнергетикӣ ва муҳокимаи лоиҳаҳо дар самти энергетикаи атомӣ тамаркуз мекунад. Чунин муносибати ҳамаҷониба ба кишвар имкон медиҳад, ки на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ гардонад, балки нақшаҳои дарозмуддатро оид ба таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва ҳамгироӣ ба бозорҳои минтақавӣ таҳия намояд.
Ҳамкорӣ дар самти сӯзишворӣ
Байни Русия ва Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ амал мекунад, ки таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтиро – аз бензин ва сӯзишвории дизелӣ то сӯзишвории реактивӣ, мазут ва битум танзим мекунад. Манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки то охири моҳи феврали соли 2025 дар Федератсияи Русия амал мекард, ба шарофати ин созишнома ба таҳвилот ба Тоҷикистон таъсир нарасонд.
Соли 2025 Русия барои нахустин бор дар чанд соли охир дар ҳаҷми интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон пеш гузашт. Дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ 94,1 ҳазор тонна гази моеъ ё 53,2 фоиз аз ҳаҷми умумии он ворид карда шудааст, дар ҳоле ки ба Қазоқистон 82,9 ҳазор тонна ё 46,8 фоизи он рост меояд.
Соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ интиқол гардидааст. Ин нишондиҳанда навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, аз қабили бензин, сӯзишвории дизелӣ, керосин, мазут, гази моеъро дар бар мегирад. Динамикаи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки таҳвилот меафзояд. Аз рӯи натиҷаҳои ҳафт моҳи аввали соли 2025 транзити маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Қазоқистон ба 713,1 ҳазор тонна расидааст, ки назар ба соли гузашта зиёд аст.
Бузургтарин бозингар дар бозори маҳсулоти нафтӣ ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар соли 2024 ҳудуди 45 дарсади бензини воридотӣ ва тақрибан ҳамин миқдор сӯзишвории дизелӣ ба ин ширкат рост меояд. Таҳвилоти соли гузашта аз Русия беш аз як миллион тоннаро ташкил дода, қисми зиёди эҳтиёҷоти ҷумҳуриро пӯшонид, дар соли 2025 транзит тавассути Қазоқистон 33% афзуд, ки ин аз тавсеаи минбаъдаи таҳвилот шаҳодат медиҳад.
Илова бар ин, дар соли 2025 Душанбе расман ба ширкатҳои энергетикии Русия бо пешниҳоди ҳамроҳ шудан ба нақшаҳои васеъмиқёс оид ба азхудкунии 22 кони ояндадори нафту газ ва иштирок дар коркарди ашёи хоми карбогидрид муроҷиат кардааст. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар форуми байналмилалии “Энергопром” ин иқдомро тасдиқ намуда, таъкид кард, ки ҷонибҳо ният доранд то охири соли ҷорӣ объектҳои афзалиятнокро интихоб карда, аллакай дар соли 2026 ба марҳилаи амалии татбиқи лоиҳа гузаранд.
Бояд гуфт, ки базаи геологии ҷумҳурӣ қариб 28 кони нафтро бо захираҳои умумии иктишофшудаи беш аз 2 миллион тонна нафт дар бар мегирад. Ғайр аз ин дар кишвар 12 корхонаи коркарди маҳсулот фаъолият мекунад. Бо вуҷуди ин, истихроҷ дар дохили кишвар дар сатҳи паст боқӣ мемонад, барои мисол, соли 2024 каме бештар аз 16,1 ҳазор тонна истихроҷ шудааст, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест.
Коршиносон аҳамияти афзояндаи ҷуғрофию сиёсии минтақа ва фаъол гардидани ҳамкориҳои энергетикиро ҳамчун як гардиши стратегӣ арзёбӣ мекунанд. Русия ҳамчун таъминкунандаи асосии берунии нафту гази Тоҷикистон боқӣ монда, бо шартҳои имтиёзнок ва бидуни боҷи гумрукӣ таҳвил мекунад.
Тараққиёти энергетика
Ҳамкорӣ бо Русия дар самти сӯзишворӣ барои Тоҷикистон ҳама вақт муҳим аст: таҳвили маҳсулоти нафтӣ ниёзҳои дохилии кишварро бароварда карда, суботи бозорро таъмин мекунад. Аммо дар баробари ин дар ҷумҳурӣ дигар самтҳои соҳаи энергетика низ фаъолона тараққӣ мекунанд. Самти аз ҳама афзалиятнок гидроэнергетика боқӣ мемонад – Тоҷикистон аз ҳисоби дарёҳои бузургаш аз ҷиҳати иқтидори тавлиди энергияи тоза дар қатори кишварҳои пешсаф қарор дорад. Ҳамзамон лоиҳаҳо оид ба истифодаи захираҳои офтобӣ амалӣ карда мешаванд, инчунин имкони сохтмони як нерӯгоҳи хурди атомӣ дар сатҳи стратегӣ баррасӣ карда мешавад, ки дар оянда барои боз ҳам устувортар ва гуногунранг гардонидани тавозуни энергетикӣ имконият фароҳам меоварад.
Муовини директори генералии ширкати давлатии “Росатом” оид ба алоқа Владимир Гушин қайд мекунад: “Имрӯз сохтори “Росатом” беш аз чаҳорсад корхонаро дар бар мегирад. Ин на танҳо энергетикаи атомӣ ба маънои муқаррарӣ, балки як системаи мукаммали экологии ширкатҳое мебошад, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Ҳар панҷумин чароғак дар Русия ба шарофати энергияи ҳастаӣ фурӯзон мешавад. Мо 88% технологияҳои содиршударо таҳти назорат дорем ва инҳо танҳо технологияҳо нест, балки ҳаллҳои муосир ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошанд.
Мо дар назди ҷомеа масъулияти бузург ҳис мекунем ва аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ барои мо муҳим аст. Ҳифзи муҳити зист, иштирок дар ҳаёти маҳалҳо, дастгирии ташкилотҳои маҳаллӣ -ҳамаи ин як қисми муносибати мост. Мо инчунин, дар лоиҳаҳои башардӯстона фаъолона иштирок мекунем.
Имрӯз ба энергияи атомӣ алтернативае нест. То соли 2045 кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми тавлиди нерӯи атомиро се баробар афзоиш диҳанд. Ва ин намоишӣ аст, зеро то ба наздикӣ энергияи атомиро барои тавозуни энергетикӣ номувофиқ меҳисобиданд. Ҳоло аҳамияти он дар амал эътироф ва тасдиқ шудааст.
Имрӯз дар Русия ҳиссаи энергетикаи атомӣ дар тавозуни энергетикӣ тақрибан 20% -ро ташкил медиҳад. То соли 2045 мо бояд ин нишондиҳандаро ба 25 фоиз расонем. Ин вазифаи бузург, вале комилан воқеӣ аст. Дар баробари ин, мо энергоблокҳои кӯҳнаро бо агрегатҳои нави ҳозиразамон ва самаранок иваз карда истодаем. Мо минтақаҳои дурдастро бо нерӯи барқ таъмин мекунем ва ифтихор дорем, ки ба онҳо манбаи боэътимоди энергия медиҳем”.
Муовини директори генералии ширкати давлатии “Росатом” оид ба алоқа Владимир Гушин: “На фақат пешсаф будан дар соҳаи технология, балки қобилияти шинос карда тавонистани мардум бо кори худ низ хеле муҳим аст. Дар мавриди энергияи ҳастаӣ то ҳол афсонаҳо ва ақидаҳои зиёд ҷой доранд. Танҳо гуфтани он, ки мо як нерӯгоҳ сохтем ва самараи иқтисодиро нишон додем, кифоя нест. Мо бояд бехатарӣ ва фоидаи онро барои ҷомеа нишон дода, саҳми худро дар рушди сарзаминҳо гузорем. Энергияи атомӣ – ин на танҳо истеҳсоли нерӯи барқ, балки бунёди инфрасохтор, мактабҳо, тайёр кардани кадрҳо ва дастгирии муҳити зистро низ дар назар дорад”.
Ёдовар мешавем, ки дар сатҳи ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон имкони бунёди як нерӯгоҳи хурди атомӣ бо иқтидори тақрибан 40-50 МВт баррасӣ гардида истодааст. Чунин формат барои кишвар бештар мувофиқ аст: он имкон медиҳад, ки минтақаҳои дурдастро, махсусан минтақаҳои аз шабакаҳои барқӣ дурро бо нерӯи барқ таъмин кунем, инчунин, ба мисли нерӯгоҳҳои бузурги атомӣ хароҷот ва инфрасохтори калонро талаб намекунад.
Директори департаменти Маркази трейдинги “Интерал” Алексей Левченко таъкид намуд, ки иттиҳоди энергетикии Осиё торафт аҳамияти калон пайдо мекунад, зеро маҳз энергияи электрикӣ дар байни тамоми захираҳои энергетикӣ суръати баландтарини афзоишро нишон медиҳад. Афзоиши умумӣ ба ҳисоби миёна 3%-ро ташкил медиҳад, аммо дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда ба таври назаррас баланд аст. Ва ин қонунӣ аст: рушди иқтисодиёт, зиёд шудани аҳолӣ, тараққиёти корхонаҳои саноатӣ – ҳамаи ин боиси зиёд шудани талабот ба қувваи барқ мегардад.
Айни ҳол диққати махсус ба татбиқи васеъмиқёси тафтишоти нерӯгоҳҳои барқи обӣ равона карда шудааст. Ин барномаҳо дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд ва мунтазири бомуваффақият анҷом ёфтани мувофиқакунониҳои системавӣ мебошанд. Дар солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон тақрибан 80 фоиз меафзояд ва дар ин раванд Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, нақши махсусро мебозад.
Кишварҳои мо дар ҷараёнҳои ҷаҳонии нақлиётӣ ва энергетикӣ нақши бузург мебозанд. Ба шарофати мавқеъи ҷуғрофии беназир дар байни Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ мо барои дар сатҳи комилан нав ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ имконият пайдо мекунем. Ҳатто имрӯз бо назардошти робитаҳои мавҷуда бо кишварҳои тараққикунанда бахши нави истеъмолӣ ташаккул меёбад, ки барои рушди тиҷорати нерӯи барқ ва дигар захираҳо иқтидори иловагӣ ба вуҷуд меорад».
Алексей Левченко, директори департаменти Маркази трейдинги “Интерал”: “Мувофиқи стратегияи Федератсияи Русия ва ширкатҳои пешсафи мошинсозии саноатию энергетикӣ, сохтмон ва муҳандисӣ ҳиссаи калонро дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Дар байни 120 ширкати бузургтарини Русия, корхонаҳои ин соҳа аз рӯи фоидаи соф ҷои 4-умро ишғол мекунанд ва дар барномаи васеъмиқёси рушди энергетикии Осиёи Марказӣ 19%-и онро таъмин мекунанд”.
Тараққиёти соҳаи энергетика бояд ҳамаҷониба бо назардошти тамоми захираҳои мавҷуда ва эҳтиёҷоти дарозмуддати кишвар пеш бурда шавад. Тоҷикистон аллакай ба иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ такя мекунад, инчунин, аз Русия мунтазам маводи сӯзишворӣ ворид мекунад ва лоиҳаҳои муштараки нерӯи офтобӣ ва атомиро баррасӣ мекунад. Чунин муносибати мутавозин барои коҳиш додани хатарҳои қатъшавии мавсимии барқ ва таъмини боэътимоди интиқоли нерӯи барқ, баланд бардоштани истиқлолияти энергетикӣ ва ҳамзамон ба назар гирифтани афзалиятҳои экологӣ мусоидат мекунад. Танҳо якҷоякунии манбаъҳои анъанавӣ ва нави энергия барои рушди устувори иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Матлубаи Қ.



