Ба истиқболи 28-умин солгарди Сулҳи тоҷикон

Месароям Сулҳро бо сози Сулҳ,

То ҷаҳон пур гардад аз овози Сулҳ.

Ҳамин нидои малакутии файзрезу файзхезу файзбахш, ки ҳанӯз ҳафтод сол муқаддам аз имрӯз аз қалби пуршӯри Шоири шаҳири зиндаёд Қаҳрамони користони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи олитарин мукофоту қадрдонии роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба самои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ ғулғула ангехта буд, номи поки миллати тамаддунофари тоҷикро дар миёни наздик бо 300 миллион нафарони ҳамдилу ҳамкешу ҳамраъй машҳур гардонида буд. Номи поки шаҳдрези Сулҳу якпорчагӣ дар саросари олам, аз умқи таърихи беш аз даҳ ҳазор солаи абоҳои мо тоҷикон, Каёниёни далери кишваркушо машҳури олам гардид. Эъломияи ҳимояи ҳуқуқи башар низ аз ҳамин хонадон бо ибтикори Куруши Кабир рӯи кор омада, шинохт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ аз ҳамин хонадон сарчашма гирифтааст. Ҳамин миллати тамаддунофари қаҳрамони достонангез дар қаламрави бузурги хеш, ки фарогири Осиёву Африқо буд садҳо қавму миллатҳои гуногуни оламро дар оғӯши гарми бародарӣ аз ҳалокату нестӣ наҷоташон бахшидааст. Ҳамин Сулҳпешагӣ, Сулҳмаромӣ, Сулҳсозӣ ва Сулҳхоҳии тоҷикон буд ки ҳанӯз замони пойбарҷоии Иттиҳоди абарқудратӣ раъиятпарвари Шӯравии собиқ, дар симои поки мардуми тоҷик муждаи Сулҳу якпорчагӣ ва самимияту бародариро хонда, Шоири шаҳири зиндаёд Мирзо Турсунзодаро ба мақоми Олии Райиси Кунгураи байналмилалии Сулҳи Осиёву Африқо таъинаш намуданду дар бузургтарин ҳамоишҳои Сулҳи саросари Осиё ва Африқо ки фарогири наздик бо панҷоҳ кишвари олам буд роҳбариашро бар души ӯ гузошта буданд. Яъне мавқеъ ва мақоми Сулҳхоҳиву сулҳсозии тоҷикон ҳанӯз дар замони ҳафтод соли пойбарҷоии Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ мақоми пурарзише дошта буд. Аммо низоъу кашмакашиҳои оғози солҳои навадуми баъди сари Шуравӣ, вазъи саросарии он қаламравро бо дасисаву иғвоҳои қавмиву нажодиву диниву милливу мазҳабӣ ноором намуда Тоҷикистони азизи мо низ аз ин туфони даҳшатбор дар канор набуд.

Мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён, ки дар қаламрави Осиёи Миёна пешгомтарин бошандагони қаламрави Шӯравӣ буданд, душманонашон онҳо огоҳӣ ва бедории онҳоро бар манфиатҳои хеш истифода намуда, онҳоро ба вартаи низоъу кашмакашиҳои сиёсии диниву миллӣ ва мазҳабиву гурӯҳи кашида вазъи саросари кишварро хеле ноором намуданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда давлатмардони хирадманди тоҷик дар баҳои ҷону хони азизашон кишварро ҳимоя намуда нагузоштанд, ки ҳуқуқу арзишҳои милливу мардумии мо зери по уфтад. Гуногунандешӣ ва худхоҳии баъзе аз аёракҳо авзои сиёсии Тоҷикистони азизро ноором намуда, худсариву худхоҳии бархе аз мансабдорони давлати низоъи милливу қавмӣ ва диниву мазҳабиро ба миён оварда, сохторҳои роҳбарии идораи давлатиро фалаҷ намуда буд. Рӯи кор омадани ҳизбу, ҳаракату созмонҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо то охири соли 1992 аз сад номгӯй зиёдтар буданд, авзои сиёсии кишварро печидатар намуда, зиддиятҳои қавмиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ ба авҷи аълояш расида буд. Аксари собиқ давлатмардони кишвар, ки узви роҳбарӣ ва пурифтихори Ҳизби собиқ ҳокими коммунист буданд, ҳизбҳои сиёсии хешро созмон дода, як иддаи дигараш ба хотири “охират” ба Ҳ.Н.И.Т. пайваста, идеологҳои муллоҳо гаштанд. Адибон шоирон ва нависандагон бештараш бемавқеъӣ зоҳир намуда, як иддаи дигараш бо ҳизбу созмон ва ҳаракатҳои сиёсӣ пайваста, соҳиби минбар гардиданд. Ва як гурӯҳи хурди академикҳо, докторҳо ва донишмандони кишвар мушовири роҳбари он Ҳизбу ҳаракату Созмонҳои сиёсиву иҷтимоӣ гардида, миёни мардум ҳукуматро маломат намуда, соҳиби мавқеъ ва мақоми иҷтимоӣ мегардиданд. Ва дар ҳамон шабу рӯз аксари давлатмардони аз мақомҳои баланди роҳбарӣ барои иҳонат, ғараз ва нопоки барканор гардида, ба хотири “охират” хидматгори ҳоҷиву эшону шайху шоб гардиданд. Бо ҳамин аз охири соли 1990 то охири соли 1992 замони сахти муқовиматҳои сиёсӣ ба миён омад.

Қариб тамоми сохторҳои, идораи давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани кишвар рӯз аз рӯз бештар мегардид. Пуштибони воқеии давлат ва ҳукумати кишвар мардуми минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буданду роҳи омадани онҳо бо Душанбе баста. Интиҳои ин ҳама кашмакашиҳо ба он оварда расонид, ки мардуми минтақаи Кӯлоб бо тарафдоронашон ба Душанбе биёянду аз ҳукумати кишвар пуштибонӣ намоянд. Ва ҳамон тавр ҳам шуд. Вале мухолифини ҳукумат, ки бо роҳҳои хоси худашон соҳиби қудрат ва тавоноии моливу иҷтимоӣ гардида буданд дар муқобили ҳукумату пуштибонии мардум аз ҳукумат истодагарӣ намуда онҳоро пароканда намуданд. Баъди ин ҳама зарурати таъсиси ҷабҳаи мардумӣ ба хотири пуштибонии ҳукумат дар минтақаи Кӯлоб ба миён омад. Ва ҳамин ҷабҳаи мардуми масъулияти буду боши Тоҷикистонро бар души хеш гирифта қавл доданд ки кишварро аз ҳалокати нестӣ наҷот бахшида Сулҳу ваҳдатро дар саросарии кишвар ба миён хоҳанд оваранд. Ва бо талошу ҷоннисориҳои роҳбарияти “Ҷабҳаи мардумӣ” нахустқадамҳои Сулҳу якпорчагии саросарии Тоҷикистон ба миён омад. Аввалин кореро ки ба хотири Иттиҳоду якпорчагии давлат ва ҳукумати кишвар карданд, ин мусолиҳа ва гуфтушунид бо нирӯҳои даргир ва даъвати Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд. Ва он иҷлосияи тақдирсоз охири моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд ба миён омад. Баъди баҳсу талошҳои зиёди вакилон ҳайати раёсати Иҷлосия интихоб гардида масъалаи интихоби Райиси иҷлосия ба миён омад. Баъди баҳсу талош ва машварати зиёди вакилон масъалаи асосӣ интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Он замон бар душ гирифтани тақдири давлат ва ҳукумати кишвар осон набуд. На ҳар кас он шабу рӯз соҳиби чунин ҷуръат буда метавонист. Ба фардо касе бовар надошт. Ҳамин ҷуръатро вакили ҷавони мардумӣ, аз ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмонов дошт. Гурӯҳҳои силоҳшур ва ҳизбу ҳаракат ва Созмонҳои сиёсие ки аз ҷониби хоҷагони хеш маблағгузорӣ мешуд ва аз амри хоҷаи хеш сарпечӣ карда наметавонистанд супориши қатъи гирифта буданд, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии кишвар манфиати онҳо мебояд дар ҷои аввал бошад. Вале тақдири давлату миллат барои вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб аз ҳама волотар буд. Ҳамин тавр вакилони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастгири аксари ҷонибдориашон вакил аз ҳавзаи ноҳияи Данғара Раҳмонов Эмомалӣ Шариповичро ба мақоми Раиси Шӯрои Олии кишвар таъин намуданд. Нахуст сухане ки аз минбари баланди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар Раиси тозаинтихоб гуфт, аз Иттиҳоду якпорчагӣ ва Сулҳу ваҳдати Миллӣ ва ба мавзеъи зисти доимӣ бозовардани гурезаҳои иҷборӣ буд, ки дар мағз-мағзи ҷони мардуми саросарии кишвар ҷой гирифт. Ҳамагон дар симои поки тоҷикона ва тавонмандии зеҳнӣ ва ҷасорату матонату далерии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ пуштибони мардуму кишварро диданд. Ӯ бо пайғоми Сулҳу якпорчагӣ ва Иттиҳоду созандагӣ вориди пойтахти Тоҷикистони азиз шаҳри Душанбе гардид. Аз нахуст мулоқоташ бо мардуми пойтахт ҳамагон дарёфтанд, ки қалби поки саршори ватанхоҳиаш ӯро ҳамнишини қалби мардуми саросарии кишвар хоҳад намуд. Ҳарчанд, ки бештаре аз нотавонбинону ҳасудонаш ба фардои нур бовар надоштанд. Аввалин муроҷиаташ ба мардуми кишвар аз бахшидани ҷурми ҳамдигар буд. Ҳамин бахшояндагиву меҳрубонӣ ва самимияту поктинатӣ ӯро ба мардуму мардумро ба ӯ хеле ва хеле наздик намуд. Баъди ин мулоқоти самимии пурмуҳтаво фаъолияти воқеъии ватансозиаш оғоз гардид.

Нахустиқдоми ин абармарди таърихи навини сулҳовариву кишварсози Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгирии “Ҷабҳаи миллӣ” аз шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Аз нигоҳи поки ватанхоҳонаи Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ зарурати таърихии мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини кишвар ба миён омад. Баъди машваратҳои зиёди корӣ бо ҳукумати кишвар ба хулосае омад, ки ба назди роҳбарияти ИНОТ ки онҳо муқими Эрон ва Афғонистон буданд, биравад. Ин сафари Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишварро Комиссияи ҳукуматӣ таҳия намуда, аз роҳҳои дипломатӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Давлати Исломии Афғонистон мулоқоти корӣ доир намуда ҷои вохури маҳали Хостдеҳи Бадахшони Давлати Исломии Афғонистон муайян гардид. Ва даҳаи дуюми моҳи декабри соли 1996 нахустин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ибтикори Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Рабонӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гардид. Ин мулоқот заминаи Сулҳи воқеиро гузошт. Баъди ин музокироти Сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Давлатмардони ватанхоҳу ватансози кишвар атрофи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ гардида, ба эъмори Сулҳи пойдори тоҷикон бунёд гузоштанд. Ва дар ҳамон шабу рӯзи ноороми даҳшатбор, ки рақибони девсиришти Тоҷикистони азиз гурӯҳҳои даргирро пинҳону ошкор дастгирӣ менамуданд, Президенти кишвар бо ҷасорату матонати ватандорӣ роҳи созишро пеш гирифта дар баҳои ҷони азизаш он Сулҳу якпорчагиеро ки аз минбари Иҷлосияи 16-уми Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гуфта буд роҳандозӣ намуд.

Атрофу акнофи пойтахти кишвар хеле ноором буд. Силоҳшӯрҳои бефармон бо қатлу ғорати мардум машғул буда низоъи байни дастаҳои ғоратгари саропо мусаллаҳ ҳар лаҳза вазъи сиёсии кишварро тираву тор намуда рӯзгори мардумро ноором менамуданд. Вазоратҳои қудратии кишвар бошад ҳанӯз қудрату тавоноиеро надоштанд, ки бо онҳо муқовимат намоянд. Аз ҷониби дигар Раиси тозаинтихоби Шурои олӣ бо таъкид ба ҳамаи сохторҳои қудрати мегуфт, ки ҳамеша аз мардум пуштибонӣ намоед.

Ба хотири “як кайк пӯстинро насӯзонед”. Аксари он мардуми силоҳбадаст ҷавонони гумроҳе мебошанд, ки онҳоро гургҳои борон дида бо роҳи фиреб ҷониби худ бурдаанд. Барои ҳамаи онҳо шароити кору зиндагӣ бояд таҳия намоем. То, ки онҳо тавонанд, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд. Ана ҳамин ғамхорӣ ва ватанхоҳии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ заминаҳои боварии ҳамон нафарони гумроҳшудаи вориди гурӯҳҳои даргири бефармон гардидаро ба ҳукумати кишвар зиёд намуд. Ва ҳамин будаву ҳаст, ки мардуми ду ҷониб самимияти ватанхоҳиву ватансозӣ ва сулҳофарии Пешворо дар синаҳои хеш ҷо намуда бо ифтихори зиёд ӯро Ваҳдатовар ном мебурданд. Комиссия халъи силоҳ аз ҷониби идораҳои қудратии кишвар ба миён омад. Ҳамин тавр дар тӯли солҳои 1993 то 1996 ҳазорон силоҳи оташфишонӣ ҷамъоварӣ гардид. Амният ва осудагии мардуми Душанбе ва манотиқи атрофи он рӯ ба беҳбудӣ овард. Гуфтушунидҳо миёни ҳукумати кишвар ва нируҳои даргир ба миён омад. Ин гуфтушунидҳо маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995 оғоз гардида, моҳи июни соли 1997 заминаи ҳуқуқии Созишномаи Истиқрори Сулҳ дар шаҳри Маскавро ба миён овард. Мутобиқи бандҳои он созишнома ҳама муҷримон аз ҷониби Президенти кишвар авф гардида баъди халъи силоҳ ба ҳаёти осоишта баргаштанд. Давлатмардони кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори Сулҳу якпорчагӣ ҷоннисор буданд. Ҳатто нафарони зиёде дар ин роҳ ҷони азизи хешро аз даст доданд. Ва яке аз он нафароне ки қурбони роҳи Истиқрори Сулҳу якпорчагии кишвар гардид муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби сиёсиву давлатӣ Мунаваршо Назриев буданд. Номи пок ва корномаи ватандориаш дар дили ҳазорон ватанхоҳони кишвар ба абадият сабт гардидааст. Ҳамин тавр Коммисиюни Оштии Миллӣ дар ҳайатҳои Иттиҳоди Мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта Раисии он комисияро Роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовинии онро муовини Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев бар уҳда доштанд, бо эътибори баланди ватандорӣ бисёре аз масоили баҳсангези истиқрори сулҳро бо роҳи музокира ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намуда, дар пурра баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Коммисиюни Оштии Миллӣ буд саҳми бузурги ватанхоҳонаи хешро гузоштанд. Ва номзадҳои ба мақомҳои роҳбарӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ пешниҳодгардидаи мухолифин ба он мақомҳо таъин гардиданд.

Номзадҳои аз ҷониби Иттиҳоди Мухолифин ба мақомҳои роҳбарикунадаи давлатӣ пешниҳод гардида мавриди баҳсҳои тезу тунд қарор мегирифт. Чунки аксари номзадҳои пешниҳод гардида на таҷрибаи роҳбарӣ доштанду на маълумоти кофӣ. Ин масъала масъалаи хеле ҷиддӣ ва баҳсбарангезанда буд. Вале шумораи камтарини номзадҳои пешниҳодгардидаи онҳо одамони арзанда ва соҳибэҳтиром буданд. Онҳо номзад ба мақоми муовини Прокурори генералӣ, раиси ноҳияи Қумсангир ҳоло Ҷайҳун, Раиси ноҳияи Шоҳмансур муовини вазири фарҳанг, муовини Сарвазири ҳукумат ва муовини Вазири мудофиа буданд, ки дар воқеъ миёни мардум ва Ҳукумати кишвар то охири фаъолият соҳиби иззату икром ва эътибори баланд буданд.

Банда, ки он замон корманди яке аз мақомотҳои қудратии кишвар будам шоҳиди хидмати содиқонаи яке аз он нафароне будам, ки бо пешниҳоди Иттиҳоди Нируҳои мухолифин ба мақоми муовини аввали Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омада буд. Ростӣ садоқати ватандориву ватанхоҳӣ ва арҷгузории ӯ ба Сарфармондеҳи Олии Неруҳои Мусаллаҳи кишвар руҳияи ҳазорон афсару аскари Нируҳои Мусаллаҳи кишварро баланд бардошта Иттиҳоду ҳамбастагиро дар сафи Артиши кишвар хеле ва хеле пойдор гардонида буд. Номи неку фаъолияти баланди ватахоҳӣ ва садоқат ба Ватан ва Сарфармондеҳи Олии кишвар буданаш то абад дар дили ҳар як афсару аскари кишвар то ҷовидон боқӣ мондааст. Тӯли 13-соли роҳбарии ин муовини вазир хизмати содиқонаву ватанхоҳонааш сарманшаи ифтихори афсарони олирутбаи Вазорати мудофиаи кишвар буд. Ростӣ чунин фарзандони содиқ ба Ватан ифтихори на танҳо афсарону аскарон балки тамомии ватанхоҳони кишвар буда месазад, ки ба хотири хизмати содиқона ва ватандӯстиву ватанхоҳонаашон номи покашон зинатфизои гушаҳои ҳарбӣ ватанхоҳии Артиши Миллии кишвар бошад.

Ҳамин гуна фарзандони садоқатпешаи Ватан аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистони азиз дар он шабу рӯзи тақдирсоз кам набуданд. Хидматҳои пурарзиши собиқ Вазири корҳои хориҷӣ академик Талбак Назаров, Шукурҷон Зуҳуров, Абдулмаҷид Достиев Сайид Салим, Саидамир Зуҳуров, Зафар Икромов, Иброҳим Усмонов ҳеҷ вақт аз хотири сулҳхоҳони кишвар фаромӯш нахоҳад шуд. Ва хеле бомаврид мебуд, ки ин нафарон ки саҳми бузурги хешро дар сулҳи тоҷикон гузаштаанд, дар рӯзи тантанаи Ваҳдати Миллӣ дар мулоқот бо мардум соҳиби ҷойгоҳи пурарзиш бошанд. Ва насли ҷавони ояндасози кишвар онҳоро шиносанду бо номашон ифтихор намоянд. Ва бо ифтихор бигӯянд, ки бобоҳои онҳо чӣ гуна аз ин Ватан ин марзу бум дифоъ намуда, бо донишу ахлоқи баланди инсонӣ чӣ саҳме дар Сулҳу якпорчагии кишвар гузоштаанд.

Охир ин Сулҳи покдилону поктинатони давлатмардони тоҷик аз ду ҷониб аз ду сангар оламиёнро ба ваҷд овард. Душманони хону мону марзу буми тоҷик аз бо ҳамоии ду баробар ба таҳлука ва дилларза уфтода роҳгум заданд.

Онҳо то ҳанӯз бовар надоранд, ки ин миллати қаҳрамони достонангез зери роҳбарии Пешвои хирадманд, Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама бандҳои гиреҳхураро кушода, занҷирҳои аҳриманиро бишкаста ба истиқболи Хуршеди Истиқлол ва саодати Сулҳу Истиқрори Миллӣ расидаанд.

Онҳо зинҳор бовар надоштанд, ки ин ду гурӯҳи даргир бо ҳам биёянду кишварсозиро бо Пешвои муаззами миллат пешаи худ қарор бидиҳанд. Вале фарҳанги баланди Сулҳхоҳона ва кишварсозиву раъиятпарварии ирсии Ориёии онҳо болотар аз ҳама манфиатҳои қавмиву гурӯҳи буд. Миёни нируҳои мухолифин низ фарзандони собиқи сарсупурдаи миллат кам набуданд. Маҳз ҳамон ҷавонмардони ватанхоҳу башардӯсти миллат буд, ки арзишҳои миллӣ ва ватанхоҳиашонро болотар аз арзишҳои қавмиву диниву гурӯҳиву мазҳабӣ гузошта паҳлӯи Президенти кишвар содиқона аз манфиатҳои миллату давлат пуштибонӣ намуданд. Нашояд ки бо васвоси бадгуҳаре номи поки он нафаронеро ки аз рӯзи нахустини боҳамоии миллат содиқона хидмат намуданд доғдор намуд. Дар урфият гуфтаанд:

Бад магӯ, то бад нафарсояд туро,

Нек-гӯ то нек пеш ояд туро.

Бо он ки чанде нотавонбинон бо разолат ва кабоҳат ба Иттиҳоду якпорчагии миллат берун аз ватан санг мезананд, онҳо набояд фаромӯш созанд ки хиёнат ба Ватан модар гуноҳест нобахшиданӣ. Руҳи поки ҷавонмардоне ки ба хотири Сулҳу Истиқрори Миллӣ ҷони худро нисор карданд онҳоро намебахшанд. Ҷавонони саодатёри кишвар ки ҷоннисори ғояҳои ватандорӣ ватансозиву Сулҳоварии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд нахоҳанд гузошт, ки ин сулҳу якпорчагӣ халал ёбад.

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь