Мусаллам аст, ки авзои ҷаҳони муосир дар  як вазъияти басо носозгоре қарор дорад. Ин поя ё решаи носозгориҳо барои бархӯрди манфиатҳои шахсии миллатҳои дунё ба шумор меравад.

Пешоҳангон ё дурнамонигарони сиёсатшинос, тоҷирони фазои модию маънӣ раванди пурихтилофи ҷаҳонро пайваста мавриди омӯзишу корбурд қарор медиҳанд. Албатта, барои расидан ба ҳадафҳои устувори худ аз ноустувории фазои пурҳаводис истифода мебаранд. Ин матлаби зикршуда, худ як падидаи нав нест ва ин амал такрори шикастҳои таърихиеро пеши рӯ меоварад. Иқтидоршиносони ҷаҳон бар он ақидаанд, ки болоравии нархи маҳсулот дар таҳи садсолаи охир аз ноамнии фазои сиёсии олами кунунӣ ҳар лаҳза метавонад дарак диҳад. Ин дарак доданҳо низ ҳодисаи нав набуда, идомаи парешонрӯзгории солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Ҳамагон хуб огоҳанд, ки дар пасманзари ҳодисоти рӯзгори хунини солҳои 90-ум, алалхусус мо тоҷиконро нақши чӣ хотироти баде пеши рӯ омада буд. Дар асл ва дар умум, он вақтҳо ҳаёти зиндагонии мардум чандон бад набуд (дар назар дошта шудааст вазъи солҳои то 90-ум), вале ин носозгориҳо ба якборагӣ  рӯй доданд. Халқи тоҷик дар радифи дигар кишварҳои собиқ Шуравӣ дар фазои миёнаи вазъияти иқтисодӣ қарор дошт. Анборҳои захиравии мо барои зинданигаҳдории некуаҳволии халқ дар ҳолати тангӣ барои беш аз 2 сол иктифо намекард.

Таъминоти амнияти озуқавории мардум, ки аз маркази пойтахти онвақта, яъне шаҳри Москва банақшагирӣ мешуд, дастрасиҳо дошт. Ҳеҷ як нафаре бидуни шакку шубҳа дар фикри норасоии ризқу рӯзӣ, косташавӣ, гуруснагӣ, қашшоқӣ, бекорӣ, захирасозӣ, пасандози молҳои ғайриманқул набуд. Сарвати ҷамъовардаи молиявии мардум, ки асосан, пулҳои дар бонкмонда буд, бо пошхӯрии иттиҳоди абарқудрати давлати Шуравӣ, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ беқадр гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамон вақтҳои солимии ҳукумати даврони Шуравӣ ҳам бисёр нозукандешиҳои техно-иқтисодии сарходимони давлат, алалхусус дар мавриди фазои иқтисодии Тоҷикистон ба назар мерасид. Масалан, заминҳои пахтакории фаровону набудани заводи равғанбарорӣ, набудани заводи тракторбарорӣ, набудани фабрикаҳои коркарди чигиту пахта,   набудани комбинатҳои матоъбофӣ ва амсоли ин.

Илова бар ин, вазъи фазои иқтисодии навоҳии дурдаст, вилоятҳо, аксар деҳаҳои дурдаст ҳам, ба истиснои марказҳо чандон хуб набуд. Вазъияти иқтисодии вилояти Бадахшон низ дар ҳамон вақтҳо аллакай манфӣ арзёбӣ мегардид, ки як қисми дигари минтақаҳои болооби Зарафшон низ аз он монданӣ надошт.

Бархе аз шаҳрвандоне, ки мунтазам ба кишварҳои дигар рафтуо мекарданд, аз вазъи фазои иқтисодии фарқкунандаи Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистӣ изҳори нигаронӣ менамуданд. Ҳамин назарияҳои зикршуда, дар охиртарин умри ҳукумати Шуравӣ ба амалияи таҷрибаманде мубаддал гардид. Яҳудитаборони тиҷоратпешаи атрофи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Намангону Фарғона ҳамаи молу маҳсулоти мағозаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қисман молҳои ниёзи аввалу дуюм буданд, то ҳадди охирин миқдору сифат баякборагӣ харидорӣ намуданд. Ҳамаи мағозаҳо, анбори мағозаҳо комилан холӣ гардиданд. Вазъ дар саросари минтақа бадтар мегардид. Фақат, рӯзгори онҳое, ки як андоза дар худ тиҷорати молиявии чорвопарварӣ ё зироаткорӣ доштанд, беҳбудӣ дошту халос.

Мушкилтар аз ҳама ин буд, ки дар дили кишварии азизамон, шаҳри Душанбе неруҳои мухолифмаром ба ҷанги оташи шаҳрвандӣ ҳам асос гузоштаву ҳам боди алангаафзо медоданд. Халқ гуруснаву ташна, беҷою беманзил, овораю дар ба дар буд. Соҳибвазифаҳои маъмурӣ бошанд, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Мактабу маориф чун як низоми нолозим сахт фалаҷзада буд. Корхонаву фабрикаҳо кайҳо аз кор монда буданд. Нон, ки бақои сутуни инсоният аст, ба ҳукми истилоҳи муболиғавии абстракт шомил шуда буд. Беморхонаҳо, фурӯдгоҳҳо, биржаҳо масрафи фасоди шахсони манфиатҷӯ шуда буданд. Муҳимтар аз ҳама ин, ки боварии халқ пеш аз худи халқ мурда буд.

То ҷое, ки оташи хунин саропои кишварро ба коми худ мехост кашад. Дигар истилоҳи миллату давлат дар даруни нохунак амал мекарданд. Ба бахти миллати тоҷик, ки пуштибоне ҷуз Худо надошт, ҳеҷ раҳмпарваре ӯро раҳме намекард, дилсӯзонаш-хонасӯзони ӯ буданд, раҳбареро аз миёни халқ ба сари қудрат овард. Ин роҳбар парвардаи дастранҷи як деҳқон, нозпарвадаи як модари одии тоҷик, фарзанди як хоку оби ин миллат-Эмомалии Раҳмон буд. Авваллин хушбахтии халқи тоҷик дар ин, ки роҳбари ҷавони тозаинтихоби халқ таҷрибаманди сатҳи мардумӣ буд. Ин таҷрибаҳои роҳбари ҷавон сараввал, барои аз байн бурдани оташи ҷонсӯзи ҷанг, ба ватан баргардонии гурезагон, бунёди роҳу пулҳо, таъмини амнияти озуқаоврӣ, муҳимтар аз ҳама, “Ваҳдат ва таҳкими сулҳу истиқрори миллӣ” роҳандозӣ гардид.

Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, аз ҳар ҷиҳат, бисёр гиреҳҳои риштаи иқтисоди кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро кушод. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими бинои ваҳдати миллӣ ва гиромидошти арзишҳои маънавии он хизматҳои арзандаеро анҷом додаанд. Масалан, густариши робитаҳои хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди роҳҳои аҳаммияти минтақавидошта, бунёди нерӯгоҳҳо, бунёди муассисаҳои хурду бузурги томактабӣ, мактабӣ ва олӣ, сармоягузорӣ намудан ба минтақаи куҳии Бадахшон, обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи вилояти Хатлон, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд аз шумори чунин пешравиҳо буда метавонад.

Пешсафиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу амнияти миллӣ ва бунёди Ваҳдати он самараҳои некеро ба бор овардааст, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаи мардумон дастаҷамъона аз зери мафҳуми “маҳал” берун омада, дар зери мафҳуми “миллат” сарҷамъ гардидаанд.

Ҳоло дар дунё кам сиёсатмадореро пайдо карда наметавонем, ки пайкори ӯ ба шоҳкориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабоҳат дошта бошад!

Солеҳзода М.С.

омӯзгори ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь