Бо мақсади истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар панҷ соли охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, то имрӯз 964 адад бунёд гардида, он 101,5 фоизи нақшаро ташкил дода, нақшаи панҷсола пеш аз мӯҳлат иҷро гардид. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдгардида 239 адади он ба нимсолаи якуми соли 2025-ум рост меояд.
Аз иншооти ба нақшагирифташуда 288 адад ба соҳаи саноат, 57 адад соҳаи тандурустӣ, 51 адад соҳаи маориф, 90 адад иншооти варзишӣ, 342 адад маркази савдо ва хизматрасонӣ, 105 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ ва ғайраҳоро ташкил медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 6 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими шаҳр иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Боиси ифтихормандист, ки соли ҷорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афранг Пластик” ва корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷпанел” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афранг Пластик” бо навтарин дастгоҳу технологияи истеҳсоли кишварҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин муҷаҳҳаз гардонида шуда, маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда истеҳсол менамояд.
Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонида мешавад.
Ҳоло дар корхона 100 нафар коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол намуда, 70-80 фоизи маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷпанел” бо саҳми соҳибкори ватанӣ Сӯҳроб Мирзоаҳмадов бунёд шуда, иқтидори он дар як сол истеҳсоли 15 ҳазор метри мураббаъ панелҳои ороишӣ ва 500 метри мукааб деворҳои байниҳуҷравӣ мебошад.
Маҳсулоти корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шуда, семент ва дигар ашёи хоми истифодашаванда дар истеҳсолот ватанӣ аст.
Дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, баҳри ҳусну таровати замонавӣ бахшидан ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр фурӯзонакҳою равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуданд.
Ҳамчунин тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 922,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Аз ин миқдор 214,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 113,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби 126 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 490,9 млн. сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 82,8 млн. сомонӣ зиёд ё 120,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 20,0 миллион сомонӣ сармояҳо 23 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд таъсис дода шуд, ки он боиси зиёд шудани ҷойҳои кории иловагӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаи саноат гаштааст.
Новобаста, аз таъсири хатарҳои бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба сохтмон 514,5 миллион сомонӣ ё 118,5 фоиз, корҳои сохтмону васлкунӣ 489,3 миллион сомонӣ ё 163,3 фоиз, корҳои пудратӣ 467,4 миллион сомонӣ ё 247,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 884,8 миллион сомонӣ ё 100,5 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 2,7 миллиард сомонӣ ё 122,0 фоиз, содироти молҳо 29,7 миллион доллари амрикоӣ ё 120,7 фоиз, воридоти молҳо 199,1 миллион доллари амрикоӣ ё 105,7 фоиз, сармоягузорӣ 38,0 миллион доллари амрикоӣ ё 114,5 фоиз, сармояи дохилӣ 27,3 миллион доллари амрикоӣ ё 102,6 фоиз, сармояи хориҷӣ 8,2 миллион доллари амрикоӣ ё 164,0 фоиз, сармояи мустақим 2,5 миллион доллари амрикоӣ ё 151,1 фоиз, ҳаҷми кашонидани бор 2,5 миллион тонна ё 130,0 фоиз, мусофиркашонӣ 50,8 миллион нафар ё 104,6 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 754 сомонӣ ё 120,9 фоизро ташкил дод.
Натиҷаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 111,9 фоиз, ё 52,9 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 106,1 фоиз, ё 11,8 миллион сомонӣ аз нақшаҳои пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
“Фараҳ”