Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабарнигори ҳафтаномаи “Фараҳ” бо раиси ноҳияи мазкур Ашуралӣ Ҷалилзода суҳбат орост ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда нахуст қайд кард, ки имрузҳо мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аз ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, бахусус ба деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат хеле рӯҳбаланд гардида, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда меоянд.

Бо мақсади дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат- 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи окимияти давлатии ноҳия таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмпарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, аз худкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятнокии фаъолияти худ қарор дод.

 Фаъолияти пурсамар

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо мақсади бартарф намудани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозини буҷет дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор корбарӣ ба роҳ монда шуда, нақшаи қисми даромади буҷетҳои давлатию маҳаллӣ барзиёд таъмин гардид.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли 2025 ба андозаи 103,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 55 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ба буҷет 57 миллиону 983 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 2 миллиону 17 ҳазору 322 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи соли равон ба буҷети маҳаллии ноҳия 25 миллиону 277 ҳазору 809 сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 572 ҳазору 809 сомониро ташкил дод, ки баробари 102,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 90 миллиону 235 ҳазору 302 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 90 миллиону 49 ҳазору 686 сомонӣ таъмин карда шуд.

Дар баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 73 миллиону 304 ҳазору 007 сомонӣ, тандурустӣ 9 миллиону 801 ҳазору 327 сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 836 ҳазору 399 сомонӣ, фарҳангу варзиш 1 миллиону 528 ҳазору 386 сомонӣ, дар маҷмӯъ 85 миллиону 470 ҳазору 119 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 94,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли равон нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 23 миллиону 628 ҳазору 998 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 24 миллиону 853 ҳазору 808 сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 1 миллиону 227 ҳазору 508 сомонӣ барзиёд аст.

Натиҷагирӣ

Дар мавриди фаъолияти корхонаву дигар ниҳодҳои дахлдор дар ноҳия мавсуф зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба кор андохтани корхонаҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар ин замина иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар ин самт қобили зикр аст, ки айни ҳол мувофиқи ноҳия 28 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусии ноҳия ба маблағи 57 миллиону 779 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 403 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 106 фоизро ташкил медиҳад.

Вобаста ба таъмини бонизоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо қувваи барқ масъалаи пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аҳамияти авваллиндараҷа дорад.

Дар нимсолаи якуми соли равон дар ноҳия 76 миллиону 617 ҳазор Кв/соат қувваи барқ ба маблағи 21 миллиону 733 ҳазор сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 20 миллиону 468 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст. Дар ин давра ба аҳолии ноҳия 27 миллиону 354 ҳазор кВт/ соат барқ интиқол гардида, аз 8 миллиону 990 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи барқ пардохти он 9 миллиону 15 ҳазор сомонӣ ё ба 100 фоизи ҳаққи истифодаи барқ баробар мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2025 тавассути маҷмуи нақлиёт 1 миллиону 172 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ нисбат ба соли гузашта 105,7 фоиз буда, 889 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки сурати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дастгирии соҳибкорон

Дар идомаи суҳбат номбурда иттило дод, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории хурду миёна, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.

Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебошад. Ҳамкориҳои мазкур ба мустаҳкам гардидани заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдшавии ҳиссаи соҳибкорӣ дар ташаккули маҳсулоти минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат карда истодааст.

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони хурду миёна ба санаи 1-уми июли соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 4 ҳазору 225 адад буда, аз он ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2593 адад, аз рӯи патент 733 адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва шаҳодатнома 899 ададро ташкил медиҳад.

Бо назардошти бо суръати баланд ворид шудани унсурҳои иқтисодӣ рақамӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди босубот ва пешгирикунандаи соҳаи калидӣ дар самти таъмини шуғли пурмаҳсул, яъне соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ афзалияти асосиро касб намудааст.

Кишоварзӣ ва чорвопарварӣ

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хело муҳим аст.

Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 1 миллиарду 85 миллиону 74 ҳазор сомонӣ расониданд, ки ба 121 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Барои ҳосили соли 2025 ба масоҳати 29 ҳазору 74,1 гектар кишт гузаронида шуда, мавсими киштукори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия ба майдони 6 ҳазору 316,3 гектар картошка кишт карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 397 гектар зиёд буда, дар маҷмӯъ бо хоҷагиҳои аҳолии ноҳия дар майдони 8638 гектар кишти картошка гузаронида шуда, 105,9 фоизи соли гузаштаро ташкил дода, 477 гектар зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 1 ҳазору 747 тонна, ки 134,3 фоиз буда аз нақша 446 тонна зиёд мебошад. Инчунин гушти паранда 51,8 тонна, шир 10 ҳазору 387 тонна, тухм 4 миллиону 499 ҳазор дона, ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши гушти чорвою парранда 3 баробар, аз ҷумла шир 114,8 фоиз, тухм 110,3 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 97 ҳазору 596 сар, аз ҷумла, модагов 53 ҳазору 543 сар, моли майдаи шохдор 181 ҳазору 794 сар, паранда 116 ҳазору 424 сар ва асп 1065 сарро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 тибқи дурнамо бунёди 25 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳия 40,1 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки нисбат ба дурнамо 1,6 баробар зиёд буда, ҳамзамон дар масоҳати 14,5 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудааст. Инчунин дар майдони 2,5 гектар токи нав бунёд карда шудааст.

Маориф- сарчашмаи пешрафт

Дар хусуси вазъи маориф дар ноҳия ҳамсуҳбати мо изҳори назар карда, бахусус тазаккур дод, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷӯҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар ноҳия 78 муассисаҳои таълимӣ ва тарбия фаъолият мебарад.

Шумораи омузгорони ноҳия 2590 нафар, аз ҷумла занон 1289 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 2335 нафар бо таҳсилоти олӣ, 149 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 283 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд.

Ҳифзи солимии ҷомеа ҳадафи мост

Мавсуф инчунин, дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар ноҳия ба ҳифзи саломатии аҳоли пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ корҳои назаррас ба иҷро мерасанд.

Ба аҳолии ноҳия 8 адад беморхонаҳои ноҳиявӣ, 2 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 адад Марказҳои саломатии деҳот ва 20 адад бунгоҳҳои саломатӣ хизмат мерасонад. Ба аҳолии ноҳия 190 нафар табиб, 890 кормандони миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд.

Ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Беморхона ва шабакаи муассисаҳои навташкили Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия таҷҳизотҳои муосир, аз қабили рентгени рақамӣ, оксигенератор, таҷҳизоти ЭКГ, таҷҳизоти ултрасадо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, нақлиёти ёрии таъҷилии муосир ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ ворид гардида, ба истифода дода шудаанд.

Ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибби ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Аз ҷониби кормандони ЮНИСЕФ таъмирии кулии шӯъбаҳои бачагона ва ҷарроҳӣ ба анҷом расонида шуда, дар нимсолаи дуюм шӯъбаҳои собиқ амрози занона, дил ва ҷомашӯихона ба нақша гирифта шудааст.

Варзиш ва ҷавонон

Дар боби ҷавонон ва машғулияти онҳо ба варзиш сухан карда, аз ҷумла қайд кард ҳамсуҳбати мо, ки дар доираи тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ноҳия фаъолияти як мактаби варзишӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он 31 гурӯҳ бо фарогирии 424 машқварзони наврасу ҷавон ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Боиси қайд аст, ки варзишгарони ноҳия дар мусобиқаи байналмилалӣ байни калонсолон оид ба намуди варзиши сабук, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат варзида, соҳиби 1 медали тилло ва 2 медали нуқра гардиданд.

Дар ин давра дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии ноҳия дар маҷмӯъ 60 медал, аз онҳо 19 медали тилло, 20 нуқра ва 21 биринҷӣ ворид намуданд.

Бо мақсади баланд бардошатни ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш дар ин давра дар аксарияти деҳаҳои ноҳия ба монанди мулоқоту вохӯрӣ, аксияҳои таблиғотӣ, хонишҳои сиёсӣ, мизҳои мудаввар, озмуну викторинаҳои зеҳнӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд.

Рушди сайёҳӣ- муаррифгари Тоҷикистон

-Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ноҳия ҳамзамон бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт дар доираи тадбиқи “Стратегияи рушди сайёҳи барои давраи то соли 2030” нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур қабул карда шуд, изҳор дошт номбурда.

Ҳамчунин, тазаккур дод, ки дар ноҳия мавзеъҳои “Чилдухтарон”-и деҳаи Метк, мақбараи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, “Саричашма”-и деҳаи Сурхобча, мақбараи Хоҷа Абӯтоҳир воқеҷ дар деҳаи Хӯҷаҳои Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ, мавзеи “Шаршара”-и деҳаи Далёни Болои Ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва майдони боғи фарҳангию фароғатии майдони Парчам, муҷасамаи “Деваштич” ва боғи истирогҳатию фароғатии “Фидоиёни ҷовид” дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ арзи вуҷуд дошта, барои қабули меҳмонону сайёҳон мувофиқи матлаб мебошад.

35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 583-бандро ташкил медиҳад, ки аз он 2 банд аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, 5 банд вилоятӣ, 9 банд ноҳиявӣ, 42 банд бо ҷалби ташкилотҳои хориҷӣ, 42 банд хоҷагии деҳқонӣ, 483 банд аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ мебошанд.

Аз он ҷумла, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 27 адад, муассисаҳои табобатӣ 7 адад, сартарошхона 9 адад, толорҳои варзишӣ 7 адад, боғи фарҳангию фароғатӣ 2-адад, қасри фарҳанг 2 адад, марказҳои хизматрасонӣ 86-адад ва иншоотҳои таъиноташон гуногун 419-ададро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати имруза аз 583 адад иншоотҳои ба нақша гирифташуда, 524 адад сохта, ба истифода дода шуд, ки дар ин замина 5332 ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шудаанд, ки 90 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шавам, ки баҳри пешрафти кишвари азизамон мо- масъулин мекӯшем беш аз пеш фаъолияти хидматиамонро иҷро намоем ва ба ин васила баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь