Ба ифтихори фаро расидани 80-умин солгарди умри пурбаракати дурахшонтарин ахтари осмони санъати муосири тоҷик Ҷӯрабек Муродов

Чунин гӯянд меъморони ин кох,

Ки чун шуд бар иморат доя густох,

Падид овард устоде ҳунаркеш,

Ба ҳар ангушти дасташ сад ҳунар беш.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар арзу тӯли даҳсолаҳост, ки ҳамнаслу ҳамсилки ман Ҷӯрабек Муродов дар мадди назар ва таваҷҷуҳи мардумони ҳунарпарвару қадрдон дар соҳати дарунмарзию берунмарзӣ қарор доранд ва яқин медорам, ки дар ояда низ дар чунин мақому мартабайи баланди маданию иҷтимойӣ хоҳанд монд!

Ман санъатшинос нестам ва бад-ин сабаб хусусиятҳойи ҳунари баландпарвози Ҷӯрабекро ба ҳадде, ки дилам мехоҳад, яъне дар миқёс ва контексти маданияти ҷаҳонӣ, таҳлилу таъбир карда наметавонам. Аз ин рӯ, бештар ба ҳамон ҷанбаҳойи эҷодиёти халлоқонайи рангорангашон дидайи андешайи фардназарона дӯхтанӣ ҳастам, ки ба сурати инфиродӣ  бошад ҳам, аз аҳамияти куллии фарҳангшинохтӣ (културологӣ) холӣ набудагист.

Дар радифи хидматҳои шоистае, ки устоди мумтоз Ҷӯрабеки Мурод дар тараққӣ ва такмили санъати тоҷик кардаанд ва минбаъд аз тариқи ҳамкории эҷодӣ бо ворису шогирдонашон хоҳанд кард, ба хусус дутояш лоиқи қадру баҳойи сазовор аст. Аввал ин ки Ҷӯрабек Муродов ба ҷиҳати ҳақиқатан мардумӣ будани рагу решайи ҳунари олиашон суруду таронайи асили тоҷикиро, ки дар шароити хоси иҷтимоию фарҳангии охирҳойи солҳойи панҷоҳум ва аввалҳои солҳойи шастуми садайи гузашта қариб ба фаромӯшии таърихӣ рӯ оварда буд, дубора зинда карданд. Таърифам муболиғае нест, ки ба ифтихори солҷашни Ҷӯрабек ба унвони таоруфи дӯстона нигошта бошам.

Боре худашон зиндагиномайи ҳунариашонро фикран варақ зада, гуфта буданд: вақте ки нахустин қадамҳойи худро ба саҳнайи иҷрогарӣ мегузоштам, тамоми шимоли Тоҷикистон таҳти нуфузи санъати Ӯзбекистон қарор гирифта буд; ҳатто ҳофизони тоҷик ба ӯзбекӣ месароиданд. Қариб монда буд мардум бовар кунад, ки ба тоҷикӣ суруд хонда намешудааст!

Дар шарҳи таърихии ақидаи мазкура боястӣ афзудан: онро хусусан душмашони қаттоли тоҷикон мавсум ва машҳур ба пантуркистон ба гунайи таоруф паҳн мекарданд. Ба қавли устод Айнӣ, ин “ташвиқоти контрреволутсионии пантуркистон” ба гунайи зерин қаламӣ шуда будааст: “Забони тоҷикӣ нозук аст ва қобилияти саҳнагӣ надорад” [1]. Бар хилофи ин даъвои бебунёд Садриддини Айнӣ ба унвони донандайи асли ҳол гуфтаанд:

Тарона ва мусиқии халқи тоҷик “чунон шӯрангез, чунон таъсиромез, чунон шавқовар ва чунон рӯҳпарвар аст, ки шунавандагонро ба ҷӯшу хурӯш меоварад ва ба онҳо шавқу ҳавас мебахшад”. [2]

Аммо баъд… Воқеайи ғарибайи фарҳангие, ки ишорааш гузашт, сабабҳойи таърихию сиёсӣ, маданӣ ва равоншинохтие дошт, ки ба тафсиру таъбири махсус ниёз дорад.

Ман гуфтайи Ҷӯрабекро дар борайи нуфузу таъсири санъати иҷрогарии ӯзбек дар  шимоли Тоҷикистон бо ишора ба ду далели таърихӣ собит карданиам: яке технологиву амалист ва он дигар сиёсию идеологӣ. Аввалан, сокинони вилояти Ленинобод то худи оғози солҳойи шастум баройи возеҳу равшан шунидани радиёи Душанбе имкон надоштанд; барояшон танҳо радиёи расмии Ӯзбакистон дастрас буд. Сониян, Тошканд шабу рӯз ба ӯзбакӣ ҳарф мезаду сурудҳойи ӯзбакӣ мешунавонд, ки хилофи сиёсати миллии КПСС буд, зеро бад-ин тариқ ҷумҳурии ҳамсоя ниёзи миллионҳо шаҳрвандони тоҷикзабонашро (онҳо ҳоло ҳам беш аз 40%-и аҳолиро ташкил медиҳанд!) дидаю дониста инкор мекард…

Ба ростӣ, радийои Тошканд ба тоҷикӣ низ “хабарҳойи охирин” мешунавонд, ки барояш 20 дақиқа вақт ҷудо карда буд! Лекин баройи шунавонидани суруди тоҷикӣ ақаллан як дақиқа ҳам фурсат надошт! Ва агар мабодо ягон вақт ба ин забон таронае садо диҳад, онро “эронӣ” ё “афғонӣ” гуфта муаррифӣ мекард!

Баройи чунин рангу раванди нохуш ё агар ҳақиқати ҳолро гӯям, қасдан ба ҷодайи зиддитоҷикӣ равон шудани ҷараёни тадбирҳойи миллию фарҳангӣ дар Осиёи Миёна тарафи Тоҷикистон низ гунаҳкор буд. Ҳушу ёди роҳбарони ҳизбии аз Москав таъйиншудайи ҷумҳурӣ (албатта, ба истиснойи Бобоҷон Ғафуров) аз рӯйи нишондоди амалфармоёни марказнишин ба тараққиёти иқтисодию иҷтимойӣ ва бад-ин тариқ мустаҳкам кардани бунёни сиёсии давлати болшевикӣ банд буд.

Ва аз ин рӯст, ки ҳокимони камунистимазҳаб ба рушди маънавии “халқҳойи таърихан ақибмонда” (истилоҳи маъмули ҳамонвақта) эътибор намедоданд, ки сабаби бунёдӣ дошт: дар тасаввури идеологияи ҳукмрони камунистӣ фарҳанг як падидайи фаръӣ буда, дар ҷомеа нақши таърихии феълан муассир надошт. Ҳамзамон, ҳокимони вақт аз маданияти миллӣ ба унвони таҷассуми тафовут ва вежагиҳойи маънавии мардумони қитъаҳойи гуногуни “сарзамини Шӯроҳо” хавфи идеологӣ доштанд…

Гап сари ин аст, ки аҳкомпарастони марксистию ленинӣ пайваста талқину таъкид мекарданд, ки дар оянда ҳамайи халқҳойи гуногунзабону мухталифсуннат дар рӯҳи шиори илҳомбахши “Инқилоби ҷаҳонӣ” (“Пролетарҳои ҳамайи мамлакатҳо, ба ҳам бипайвандед!”) як мешаванд, яъне ки забону миллатҳойи ҷудогона барҳам мехӯранд! Зимнан, В. И. Ленин мафҳуми “маданияти миллӣ“-ро рад мекард, зеро ки онро сарчашмайи миллатгароӣ (ба маънии сиёсии манфӣ) медонист. Аз ин рӯ, ҳам солҳойи бистум аксари камунистони таъқибшудагӣ тамғайи “миллатгаро” ба пешонӣ доштанд!

Дар шароити сиёсати фарҳангие, ки дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба ташаккул ва тараққии санъати хоси тоҷикӣ мусоидат намекард, ҳофизи ҷавон Ҷӯрабек фаъолияти эҷодиашро аз бозхонии сурудҳои тоҷикии устодони маъруфи ҳунар сар карда, бад-ин сон саъю кӯши ватанпарваронае ба харҷ дод, ки эҳсоси ҳамзабонию ҳамфарҳангиро дар зеҳну дили мардуми вилояти Ленинобод бедор намуда, ҳамнасабию ҳамсилкии маданиро дар ёду хотири таърихиашон барқарор созад.

Ин пайкори маънавӣ ба як ҳисоб фотиҳайи бузургон ба хурдон андар пос доштани одати сурудхонӣ ба забони модарӣ буд, ки ҳатто дар замони ҳукмронии ҳазорсолайи туркон на танҳо дар ҷашну сури тоҷикон, балки дар қасру сарои амирони туркизабон низ садо медод.

Ҳамзамон, бояд низ ба таъкид афзуд: бозхониҳое, ки Ҷӯрабеки ҷавон дар оғози фаъолияти ҳунариаш кардааст, нашоястӣ ҳамчун тақлиде холӣ аз нақши хоси эҷодӣ арзёбӣ кардан; яқин медорам, ки он усулан тақлид набуд, таҷдид буд! Иқдоме чунин аз табиати истеъдоди худод бармеояд. Аз ин маънӣ комилан табиист, ки бозхониҳойи Ҷӯрабек ба омӯзиши ғойибонайи эҷодиёти Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз ва Шоҳназар Соҳибов тавъам омадааст. Дар ин силсилайи омӯзишу парвариш завқиёти ӯ ба сифати ҳофизи баркамоли тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов халқайи охирин ва муассире буд.

Сиришти падидайи рӯҳонию равоние мавсум ба рашк ба куллияти хеш дугуна бувад: ҳавас ва ҳасад. Ва чунон ки оғози таърихи динии инсоният шаҳодат медиҳад, бухлу ҳасад дар робитайи ботинӣ бо адовати шахсӣ фақат бо куштори “рақиб” анҷом ёфта метавонад! Дар шарҳи мантиқи равоншинохтии рафтору гуфтори рақиби ҳасадвар порае аз рӯзгори Ҷӯрабек Муродов ҷолиб аст, ки худашон ҳикоя карда буданд:

“Вақте ки ба Вена сафари ҳунарӣ доштем, ман дар охирин рӯзи ҳунарнамоиамон ногаҳон ба дарди кӯрруда гирифтор шуда, дар бемористон бистарӣ шудам. Ҳайате, ки бо ман рафта буд, ба Тоҷикистон баргашт. Ва ноҷавонмарде аз ин ҳайат ба модарам занг зада гуфтааст: “писаратон мурд!“. Модари маро ин хабар аз пой афтонд… Вақти унвон гирифтан ҳам сару садоҳои зиёд карданд, ки аз азоби рӯҳӣ бемор шудам… Худо аз туҳмат нигаҳ дорад!”

Ба назарам, Ҷӯрабек қиссайи ба унвони “Артисти халқии СССР” ноил шуданашонро дар назар доштанд, ки аз ҷузвиёти он ман ҳам бохабар будам. Сухан аз овозаҳои шуми охирҳойи солҳои ҳафтодум меравад, ки  нағз дар ёд дорам.

Соли 1977 баройи илму маданияти тоҷик соли наҳс буд, зеро ки ҳамон вақт аҷал чандин намояндагони заковатманди ақлу хирад ва ҳунари миллатро аз миёни мо даррабурд. Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Темур Собиров (додари Бозор Собир, ҳамкурси ман дар факултаи физикаю математикайи Донишгоҳи Тоҷикистон, ки баъдан дар мактаби риёзии Воронеж ба боми илми математика баромада тавонист) ва Маҳмудҷон Воҳидов (ҳунарпешае, ки дар баробари Ҷӯрабек Муродов арбоби барҷастайи санъати тоҷик ба шумор мерафт ва мисли ӯ мавриди таваҷҷуҳи хоси ҳунаршиносони қадрдони дуру наздик қарор гирифт). Миёни онҳо дӯсти ману Лоиқ ва Ҷӯрабек Маҳмудҷон Воҳидов низ буд, ки ситорааш ногаҳон аз осмони баланди ҳунари ҷаҳон канда шуда ва ба замини сахт бархӯрда, ҷобаҷо сӯхт. Дар ин соати сангин вай дар Бағдод буд. Қазо чунон афтод, ки Маҳмудҷон аз табақайии 7-ми меҳмонхонайи пойтахти Ироқ  афтида фавтид…

Ҳамон вақт ҳасудон мегуфтанд, ки Ҷӯрабек дар фоҷиаи Маҳмудҷон Воҳидов даст дошт. Гӯё Москав ба Тоҷикистон барои гирифтани унвони ҳунарпешайи мардумии СССР танҳо як ҷой ҷудо карда, онро ба Маҳмудҷон таъйин карда будааст…

Аҳмади Дониш дар васиятномааш ба фарзандонаш аз хусусиятҳойи муҳити илмӣ гап кушода, зимнан гуфтааст: “… Дар камтар мавозеъ боракаллоҳ ба нифоқ шунида ва дар аксари мавоқеъ таъну лаън кашида бошед” [3].

Дар воқеъ, магар худи ҳамон ҳасодату адовати шахсӣ набуд, ки Ленинро водор сохт ҳамаи рақибони илмию идеологиашро ба зӯрӣ ба як киштӣ бор карда, ба хориҷи кишвар пеш кунад?! (Дар омади гап гӯям, дар байни бадарғашудагон файласуфон ва иқтисоддонҳойи бузурге буданд, ки минбаъд дар илмҳойи иҷтимоии ҷаҳон риштаҳо ва равандҳойи комилан нави таҳқиқотро кашф намуданд). Минбаъд ҳам ба иллати худи ҳамон рашку ҳасади адоватомез сафи қурбониёни фишору таъқиби сиёсию идеологӣ даҳчанд афзуд!

Охир, як андеша карда бинед: чаро соли 1937 шумораи эъдомшудагону зиндониёну бадарғагаштагон ба миллионҳо расид? Наход, ки Истолин ва муқаррабонаш намедонистанд, ки дар як мамлакат вуҷуд доштани ин қадар «душмани халқ» аз ақл берун аст? Ҷавоби ин суолро мебоист аз онҳое пурсид, ки он вақт рӯйхатҳои одамони қурбоншавандаро тартиб медоданд. Яқинан, дар ҳар варақи он рӯйхатҳои шум дар қатори як гунаҳкор (шояд гуноҳи вай ҳам ба дараҷае сангин набошад, ки ӯро бидуни ягон бозҷӯию муҳокима фавран ба парррондан ҳукм кардан шарт бошад!) сад бегуноҳи дигар сабт шуда – айнан он соҳибистеъдодоне, ки ба ҷиҳати кори инноватсиониашон ва заҳмати ҳалолу покашон ангуштпечи ҳасудонашон шуда буданд: ҳар соҳибмансаб ва ҳатто шаҳрванди одие, ки дар асари бухл ҳамгину ҳампешаашро чашми дидан надошт, аз фурсати мусоид истифода бурда, хабарчиниву хабаркашӣ кард, онҳоро бӯҳтон зад ва ё бадном намуда, то тавонист амру амали баҳонаҷӯёнайи сохтакорони дастгоҳи амниятро осон кард, ки баройи одамкушию ҷазододанҳояш плани давлатӣ дошт.

Дур наравем: киҳо устод Садриддин Айниро «душмани халқ» эълом дошта, шабу рӯз хабари қатли ӯро бетоқатона мунтазир менишастанд?

Худам шоҳид будам, ки аз фитнаҳои аҳли ғараз дӯстам Маҳмудҷон Воҳидов чӣ азобҳое накашид! Ҷӯрабек Муродов ҳам, агар сари вақт Душанбеи ошубзадаро тарк намекард, аҷаб набуд, ки ба ӯ низ ягон офати сахту сангин расад.

Чӣ илоҷ, аз қавли Саъдӣ гӯям, беҳунарон ҳунармандонро дида натавонанд, ҳамчунон, ки сагони бозорӣ саги шикориро бинанд машғала бардоранду пеш омадан наёранд, яъне сифла чун ба ҳунар бо касе барнаёяд, ба бухлаш дар пӯстин афтад…

Аҳмади Дониш дар васиятномае, ки зикраш гузашт, дар  ин бора мушаххастар нигошта буд: “Дар диёри мо аҳли ҳунарро сағиру кабир душман медоранд”.  Дар муҳити худи эҷодкорон бошад, “беҳунарон душмани ҳунармандон бошанд ва дар ҳаққи ҳунарпарварон ҷуз қадҳу таън нагӯянд”! [3] Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш маъюсона як хулосайи ҷомеъ баровардааст: “Балки худи ҳунар дар ҳаққи шахс офати ҷон аст ва мӯриси яъсу хирмон?!”. [4]

Валекин чӣ кор кунем, охир? Одамони хокӣ давру даҳрро барояшон баргузида наметавонанд: замона ба унвони сарнавишт онҳоро худаш интихоб мекунад. Бо вуҷуди дар суннате, ки нақлу нақд мекунам, ҳикмате низ нуҳуфта: ҳар як насл, аз ҷумла насли ҳозира низ, айёми худро пурмуҳтавотарин ва ба ин маънӣ ҷолибтарин пиндошта, бад-ин тариқ рӯзгорашро мазмуну мароми ба худ хоси таърихӣ мебахшад.

Сарчашмайи чунин эътиқоду эътимоди одамӣ албатта, фикрати тараққию такомул (назарияи фалсафии прогресс) бувад, ки мурури замонро ба як маҷрои пешравии куллӣ ва ҳамагонӣ андохта, онро рангу раванди некбинона мебахшад. Дарвоқеъ, агар боварии азалие намебуд, ки тамоми ҷомеайи одамӣ ва ҳатто ҷамеи ҷирмҳойи кайҳонӣ ба куллияти хеш дар инкишофи бепоёну ҳамешагист, шикебоӣ барин фазилати неки инсонӣ аз куҷо пайдо мешуд!

Дар қатори хидматҳойи шоёну таҳсине, ки академик Бобоҷон Ғафуров баҳри рушду камоли маданияти миллаташон кардаанд, як иқдоми бузурги эшонро алоҳида қайд намудан мебояд, ки дар ғафуровшиносӣ ба ҳадди бояду шояд қадр нашудаст. Манзурам нотанависӣ кардани суруду оҳангҳойи классикии “Шашмақом” аст. Ин иқдоми мондагор маҳз бо ташаббуси устод Ғафуров дар Душанбе сар шуда (соли 1950) зери назорати академии худи  эшон дар Москав фарҷом ёфтааст (соли 1967).

Аҳамияти бузурги ин ибтикори муҳимму муфиди тоҷикшиноси асилу дилсӯз пеш аз ҳама дар тадбири саривақтӣ будани иқдоми ӯст. Хусусан, ки дар  шароити идеологиязадайи шӯравӣ дар роҳи наҷоти таърихии мероси гаронбаҳойи мусиқии суннатиамон ба унвони шоҳасари маданияти мусиқии тоҷикӣ чандин хатари сарнавиштсӯз дар камин буд: аз сиёҳкориҳойи идеологӣ гирифта то миллатгароиҳойи шадид.

Дар ҳамон ҳангоми аз ҷиҳати идеологӣ нозук ва аз ин маънӣ басе хатарнок сиёсатмадори кордон, ватанпарвари ҷасур ва раҳбари донишманду масъулиятшинос Бобоҷон Ғафуров се нафар донандагону иҷрогарони маъруфи “Шашмақом” Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибовро аз Бухоро ба Душанбе таклиф намуда, аз онҳо дархостанд, ки ҷамейи суруду навоҳойи “Шашмақом”-ро ба нота гузаронанд. Ин тадбири дурандешонайи Бобоҷон Ғафуров, ки ба маънии томи сиёсию маданию ахлоқӣ сарвари миллат буданд, ду ҳадафи сарнавиштсо дошт: (1) таърихан ҳифз кардани ганҷинайи мусиқии Аҷам аз хатари нобудшавӣ, ки он вақт эҳтимоли рух доданаш ба ду маънӣ – таърихӣ ва сиёсӣ беш аз пеш буд ва (2) нигоҳдошти аслу насаби “Шашмақом”, ки таърихан самарайи заҳмати ақлонию отифии мардуми таҳҷойии Турону Эрон буда, бад-ин унвон онро муқаддасоти миллии тоҷикон ҳисоб кардан ҳам равосту ҳам баҷост!

Дар воқеъ, солҳойи панҷоҳум “Шашмақом” дар вартайи ду хатар монда буд. Якум, хатари ба мероси таърихии мусиқии мардуми турктабор (махусусан, соҳибони кунунии Самарқанду Бухоро) табдил ёфтани он. Дудигар, хатари нуфузи хурофоти идеологии онвақта дар боби мероси маънавии табақаҳойи болойии ҷомеа (синфҳойи ҳукмрон) будани “Шашмақом”, хосса ҳамчун боқимондайи даврайи иртиҷоии бою феодалии Шарқи исломӣ қаламдод кардани ин осори мусиқии Аҷам, ки мустақиман ба ислом ва ё осори мазҳабҳойи он тааллуқ надошт!

Ба муҷарради гумон як сабаби дар маданияти даврони шӯравии тоҷик ба мартабайи баланди таваҷҷуҳу эътибор нарасидани шашмақомхонӣ бар асари ҳамин омилҳост, ки беруниву таҳмилистанд. Вале дар айни замон, дар баробари онҳо як қатор омилҳойи даруние низ буданд, ки аз хусусиятҳойи инкишофи санъати иҷроӣ дар Тоҷикистони пасоҷангӣ бармеомад.

Сухан аз омилҳое меравад, ки суруду таронаҳои тоҷикиро аз ҳусну таровати хосашон маҳрум карда буд. Манзурам костани заминайи миллии ҳунари иҷроии тоҷикон буд, ки солҳои баъдиҷангӣ (то худи оғози солҳои шастум) дар раванди ташаккули ба истилоҳ санъати профессионалӣ ба амал омад. Бастакороне (асосан аз миллатҳои ғайр) пайдо шуданд, ки оҳанги мардумии таронаҳои халқиро «такмил» дода, баъд онро дар шакли «пӯстканда» ё «зарҳал додашуда» аз тариқи хор ё оркестри симфонӣ иҷро мекарданд, ки албатта, ба гӯши мардум намефорид. Хусусан, ки «ашӯлаҳои замонавии» эшон таносуби суннатии шаклу мазмунро вайрон карда, шунавандаро ҳатто аз ҳаловати фаҳмидани муҳтавойи аслии шеър маҳрум менамуд, ки бунмояи ҳамагуна суруду таронаҳойи тоҷикист!

Нахустин ҳофизи мардумие, ки қолабҳойи овозхонии бегонаю

таҳмилиро шикаст, муаллими Ҷӯрабек Муродов устод Боймуҳаммад Ниёзов буданд. Эшон вазну оҳанги хоси ҳар як шеърро ба назар гирифта ва ба чаҳорчӯби навойи мардумӣ дароварда, суруди тоҷикӣ сохтанд. Ва онро бо лаҳну иқойи (ритм) халқӣ дар камоли маҳорат хонда, қуввату қудрати маънавӣ ва нуфузи отифии (эмотсионалии) таронаи асили тоҷикиро ба ҳамагон, пеш аз ҳама ба худамон, намоиш доданд.

Аз ин рӯст, ки сурудҳои эҷодкардайи Боймуҳаммад Ниёзов ба зудӣ ба дилу зеҳни мардум роҳ ёфтанд. Ба ёди худам ҳам ҳаст, ки чи тавр мо, донишҷӯёни ҳамонвақта, байтҳои машҳури Мушфиқиро аз ғазале, ки ҳунари оҳангсозии Ниёзов ба суруди мардумӣ табдил дода буд, дар кӯчаву хиёбонҳо, агар ягон духтари ситорагармро дида монем, худ ба худ замзама мекардем:

Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён,

Ошуфтаву парешон чун кокул аз қафоят

Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устозро! Ҷӯрабек, ана ҳамин иқдоми навоваронайи Боймуҳаммад Ниёзовро қуввати тоза ва вусъати майдон бахшида, санъати иҷрогарии тоҷикро то авҷи камоли меросбарӣ расониданд.

Ин ҷо боястӣ як қазийяи куллиро низ афзудан: Ҷӯрабек дар баробари равнақу вусъат додани истеъдоди сарояндагию бастакориашон завқу шавқи эстетикии мо, шунавандагони тоҷикро низ ғойибона таҳзибу тарбия карданд.

Дар зимни ин як шиори даврайи шӯравӣ ба ёдам меояд, ки мебоист комёбиҳойи эҷодии ҳунарро дар ҳошияҳойи миллии СССР таҷассум кардан: “Аз “ҳофизи халқӣ” то “сарояндайи опера”! Бино ба талқини идеологҳойи шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи Ҳизби Камунист, ин шиор дараҷайи такомули санъати иҷрогарии халқҳойи таърихан қафомондаро нишон медод! Вале кинояи ба истилоҳ диалектикии таърихи шӯравиамонро бинед: калонҳойи ҳамонвақтайи санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистии мо жанрҳойи опера ва балетро баландтарин қуллайи ҳунар дониста, онҳоро ба сойири халқҳойи шӯравӣ таҳмил мекарданд.

Дар ин росто, дар пойтахтҳойи ҷумҳуриҳойи халқҳойи мазкур, ки ба истилоҳ “витринайи сотсиализм” ба ҳисоб мерафт, барпо кардани театрҳойи опера ва балет ба расмият даромад.

Албатта, мани дар Ленинграду Москав таҳсил кардагӣ санъати опера ва балетро куллан мепазирам. Валекин опера ва балет ҳамчун жанрҳойи санъат ба завқиёт ва рукнҳойи ҳунари миллии мо чандон рост намеоянд, хосса ҷиҳати сару либос пӯшиҳойи ҳунарпешаҳо аз ҷинси зан ва тарзи рафтори саҳнавии актёрҳо. Гап инҷост, ки ба назари ман, онҳо на фақат ба занҳойи ҳаёзеркардайи мо, балки ба мардҳойи “замонавӣ” нашуда ҳам маъқул нестанд!

Масъаларо ба тариқи куллитар ҳам ба миён гузоштан мумкин аст. Опера ва балет дастовардҳое мебошанд, ки рушду камоли рӯҳи хоси маданияти мусиқии халқҳойи аврупойиро муҷассам менамоянд. Аммо ба ҳеч ваҷҳ шарт нест, ки дигар халқҳо низ камоли матлуби мусиқиашонро, ки вобаста ба табъу мизоҷ ва завқи хосашон ташаккул ёфтааст, тавассути операю балет муаррифӣ намоянд. [5]

Яке аз шоҳидони шӯхиҳойи гарму хунуки шоири варзидайи даврайи шӯравии мо Қутбии Киром (агар фурсату имкон медоштам, ман ҳам чанде аз онҳоро, ки солҳойи 70-и қарни гузашта аз забони худашон ба ҳамон лаҳни хосашон шунида будам – бо ҷузвиёте, ки низ сазовори нақлу нақди дӯстона бувад – ҳикоя мекардам!) оварда, ки эшон ба ҳамсафари тасодуфиашон ҳофизи “Шашмақом” Абдуҷалил Ҳошимов дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ҳазломезона гуфта будаанд: “Абдуҷалил, акнун ба Душанбе ҳангҳангкунон бармегаштем-дия!

Ман дар идомайи андешаномаам андар нақши Ҷӯрабек Муродов дар таърихи ташаккули ҳунари овозхонии тоҷикӣ пораеро аз ҳарфпаррониҳойи ҳамдиёри нуктапардозашон ба унвони маҷози калидӣ истифода мебарам.

Аз назари ман, “ҳанг-ҳанг кунон” хондан лаҳни хоси сарояндагони ҳамонвақтайи сурудҳойи тоҷикӣ ба услубест, ки онро шояд димоғӣ, унвон кунем. Манзури назарам хониши “Шашмақом” бо ҳамовозии оркестр мебошад, ки набудани овозро дар сарояндагӣ ва оҳанги дилпазирро дар суруд бо ишорайи дирижёраш бо сару садоҳойи бемавқеъ ҷуброн мекард…

Ҷӯрабек Муродов дар радифи Боймуҳаммад Ниёзов дар эҳёи ҳусни таваҷҷуҳи мардум (аз ҷумла худи ман) ба шоҳасари мусиқии классикиамон «Шашмақом» саъю кӯшиши босаботе карданд, ки низ шоистайи таҳсин бувад.

Иллати умдайи нуфузи шоиста пайдо накардану ба миқдори боистанӣ мухлис надоштани «Шашмақом» дар Бухорои Шарқӣ паст будани сатҳи миёнаи фарҳанги шаҳрӣ дар он ҷоҳо буд. Албатта, дар он қисмати  Тоҷикистон низ таҳсилкардаҳойи мадрасаҳойи Самарқанду Бухоро чандон кам набуданд. Вале низ медонем, ки бо омадани як-ду турна баҳор намешавад.

Дар воқеъ, бо мурури замон фосилаҳойи ҷуғрофию маҳаллӣ ба фосилаҳойи таърихию маънавӣ табдил ёфтанду чойи ҳавасро, ки такондиҳндайи рушду пешравиҳост, ҳасади музофотӣ гирифт; ба ҳар ҳол дар байни Бухоро ва Бухоройи Шарқӣ фазои ягонаи фарҳангӣ ба вуҷуд наомада монд…

Боз як омили даруние, ки миёни тоҷикони минтақаҳойи гуногуни Тоҷикистон ба “Шашмақом” дилхунукиҳо эҷод кард, ба назари ман аз тариқи хор иҷро шудани сурудҳои классикӣ буд. Ба гумони ман, асл ин ҷост, ки дар мусиқии асили тоҷикӣ ваҳдати се унсури рукнгузор: матн (каломи манзум), оҳанг ва овоз шарти асосии ҳастии маънавии суруду таронаи миллист.

Ҳангоми хониши бисёровоза бошад, дар аксари мавридҳо таъсири мутақобили ҳамон се унсури суруду таронаҳойи маҳаллие, ки муҷассамайи хусусияти тоҷикии онҳост, суст шуда, яклахтии рӯҳонию равонии мусиқӣ куллан осеб мебинад. Ин хулосаро устодони шашмақомхон, махсусан Фазлиддин Шаҳобов, қаблан таъкид карда буданд: «Ба ҷавонон фаҳмонед, ки «Шашмақом»-ро ба мисли хор 15-20 нафар дар якҷоягӣ сурудан мумкин нест, зеро матни шеърро касе намефаҳмад…».

Ҳақиқатан ҳам мазмуну маънойи шеърро, ки хамирмояи ҳастии суруди тоҷикист, нафаҳмида суруди тоҷикиро дар тамомияти эстетикию фалсафиаш дарк кардан амри муҳол аст. Ин нуктайи муҳимро устод Айнӣ дар як эссейи адабшинохтиашон мавсум ба “Таассурот” мушаххас карда буданд. Он ҷо робитайи дуҷонибайи шеъру мусиқии тоҷикӣ дар мисоли таъсири мутақобили як ғазали Камоли Хуҷандӣ (“Натавон кард”) бо нағмайи дутор ва танбӯри ларзишдори Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ мавриди шарҳи отифона, вале амиқу дақиқ қарор гирифтааст:Ҳар гоҳ ки нолайи шӯрангез ва суруди ларзишомез аз нохун ва гулӯйи мусиқишиноси куҳансоле сар бар занад, ҷӯшу хурӯши дили ҳасраткашидаам дучандон мегардад. Зеро ҳар нағма ва суруде, ки дар ин ҳолат навохта ва гуфта меояд, чунон ки сурати айёми шабоб ва саргузашти рӯзҳои ҷавониамро аз пеши назарам ягонягон мегузаронад, инчунин гиреҳҳойи дили хунгаштаамро, ки монанди ғунчайи лола тан ба тан доғ бар ҳам бастаанд, дар пеши чашмам варақварақ мекушоянд” [6].

Ҷӯрабек ба ҳунари яккахонии «Шашмақом» ҳусну таровати тоза афзуда, дар баробари Боймуҳаммад Ниёзов барои барқарор намудани мақоми пешини умумифарҳангии он ба ҳадди назаррас саъю кӯшиш ба харҷ додаанд. Кош, овозхони маъруфу маҳбуби мо ин кори бузургро ба як низом дароварда, сурудҳои марғуби «Шашмақом»-ро ба тариқи силсила ба навор сабт мекарданд. Дар зимни ин мавриди алоҳида қайд карда гузаштан аст, ки Ҷӯрабек Муродовро ба унвони санъаткори соҳибмактаб мешиносанд. Чунончӣ, эшон “Нури Хуҷанд” ном гуруҳи ҷавонони мақомхонро ташкил карда, онро ба як мактаби бонуфузи такмили маҳорати овозхонӣ табдил доданд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ ном баровард.

Зимнан, бояд афзуд, ки Ҷӯрабек худашон истеъдоди худрӯстанд; Ҷӯрабеки наврасро ягон муассисаи давлатӣ кофта ёфта ва ба зери қаноти худаш гирифта, ба таълиму тарбияаш машғул нашуда буд! Дар робита бо ин факти биографӣ ин ҷо як масъалайи муҳим ва вазифайи мубрам қомат меафрозад: сухан андар самаранок истифода бурдани қудрати маънавии кадрҳои волоистеъдод меравад, ки мисли Ҷӯрабек Муродов зотан басе нодиранду онҳоро бад-ин унвон ба генофонди тиллоии миллат ворид кардан мебояду ҳамаҷиҳата эҳтиёт кардан.

Вале ҳайҳот, мо зарурати иҷтимоии ин амри таърихан воҷибу амалан миллатсозро ҳамасола дарк намекунем! Умуман гирем, дурнамои рушди миллӣ сусттарин пояи ояндаандешиҳойи тафритии калонҳойи мост, ки “тақлид ба ёрон шевайи тафаккури миллии онҳост.

Муносибати кунунии мо ба «Шашмақом» боз як бӯъди муҳиму мубрами маданӣ дорад. Гап болойи пайванди рӯҳонии замону маконҳост, ки аслҳойи фаҳангию наслҳойи одамиро ба ҳам васл намуда, тамомияти таърихию фарҳангии миллатро таъмин мекунад. Барои халқе, ки дар раванди эҳёи маънавӣ қарор дорад, ба хусус оне, ки мехоҳад тибқи таҷрибайи рушди миллатҳойи пешрафтайи ҷаҳони муосир рангу рӯзгорашро андаке бошад ҳам, дигаргун созад, муҳимтарин масъала – тарзу тариқи азхуд кардани чизи бегона аст.

Чаҳор роҳро медонам, ки барои ҳамаи халқу замонҳо рост меояд: (а) бегонаро ба ҳамон шаклу андоме, ки дорад, пазируфтан, (б) аввал тағйири шакл кунонда, баъд қабул кардан, (в) фақат бунмояашро  гирифта, дар замина ё қолаби он чизи нав офаридан, (г) онро ойинаи ибрат дониста, дар пасманзараш чизи комилан нав ба вуҷуд овардан –

то ҳадде, ки минбаъд худаш барои дигарон ойинаи ибрат гардад.

Тариқи аввалро иқтибос мавсум мекунам, дуввумиро тақлидкорӣ, саввумиро эҷодкории тақлидӣ ва чорумиро муколамайи эҷодӣ. Тариқҳои аввалу сонӣ одатан дар овони шогирдӣ корбаст мешаванд, саввумӣ дар марҳилайи ҷустуҷӯҳойи эҷодӣ ва чорумӣ дар даврони камолоти эҷодии субйекти омӯзанда. Зинаҳои мазкури таҳаввули эҷодкориро аз ҳам садҳои чинӣ ҷудо намекунанд. Як фарди эҷодгар шояд як умр дар зинаи ибтидоӣ монад, дар ҳоле, ки эҷодгари дараҷаи Ҷӯрабек метавонад, якбора аз зинаи саввум оғоз намояд. Ин ҳама ба заковати фардии эҷодкор вобаста аст, ки азалӣ бувад. Манзурам худи ҳамон заковати фитрист, ки кордонро аз коркун усулан фарқ мекунонад.

Дар омади гап гӯям, баъзе тақлидкорони ҳунарвар чунон дар ғояти маҳорат нусхабардорӣ мекунанд, ки сохтаашон аз нусхаи асл монданӣ надорад; то ҷое, ки дур нест ба назари ҳатто коршиносони варзида ҳам ҳамчун офаридайи тақлидкор вонамуд мегардад.

Чунончӣ, дар Амрико бо як наққоши эронӣ мулоқот доштам. Ба коргоҳаш даъват намуда, якчанд минётурҳои шарқиро нишон дод ва зимнан бо як табассуми пурмаънӣ гуфт: «Осори қадимист, аз Эрон овардам, то ба музаҳои инҷо фурӯхта зиндагиамро дуруст кунам». Одоби муоширати шарқиро баҷо оварда «баҳ-баҳ, аҷаб зебост, ҳунари асил-дия» гуфта, худнамоёна ба гузаштагони бузургворамон таоруф кардам. Вале ҳангоме, ки ба сари мизи наҳор нишаста як-ду паймона даркашидем, наққош аз шоире нақли қавл кард:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,

Дасте, ки нест масдари эҷод бастанист.

Ва аз худ афзуд: «Қаблан андак шайтанат кардам, маъзарат мехоҳам. Минётурҳое, ки манзури Шумо буданд, аслан эҷодиёти худи ман ҳастанд, дақиқтар гӯям, аз офаридаҳои Беҳзод нусхабардорӣ шудаанд. Агар онҳоро дар коғази даврони Беҳзод тарҳрезӣ мекардам, онгоҳ метавонистам ба ҳар музае, ки хостам, ҳамчун моли асили Беҳзод фурӯшам, чунки ба истилоҳ беҳзодшиносони инҷойи тамоми зарофату резакориҳои ҳунари қадимии моро ба ҳадде, ки бояд, пай набаранд».

Дар зимн пурсидам: «Агар муродатон аз наққошии тақлидӣ пул кор кардан набошад, пас қасдатон аз ин кор худаш чист?». Наққоши эронӣ ба ман як нигоҳи мағрурона андохт ва гуфт, «агар асли воқеаро гӯям, шояд бовар накунед, вале мегӯям: манзурам собит кардани он аст, ки ҳунари волои наққошие, ки Беҳзод дошт, аз худи вуҷуди рӯҳи халлоқонайи эронӣ берун омада ва муҳимтар аз ҳама – ҳанӯз зиндааст! Барои худи ман, амре, ки ба он пардохтаам, як навъ мусобиқаи эҷодист мобайни наслҳову асрҳойи эронӣ!».

Аз ин маънӣ тақлидкорӣ худаш ба худаш айбе надорад. Гарчанде, ки тақлидкорӣ дар қиёси халлоқияти асили одамӣ эҷодгарии фаръист, ҳамайи гап болойи маҳорат аст. Фақат бояд низ эътироф кард, ки маротиби имконот ва камолоти ҳар як фард ҳадде дорад, яъне панҷ панҷа баробар нест! Ва ба зӯрӣ баробар кардани онҳо нашояд! Мутаассифона, Офаридгор ба Инсон қудрати ақлу идрок бахшидаву ҳамзамон қуввати маънавие надода, ки битавонад ҳадди имкони ақлу иродаашро донистан! Худи ҳамин ҷост зодбуми он ҳама суитафоҳумҳо ва ифроткориҳойи одамӣ, ки аз рашку ҳасадвариҳои оташбор сар зада, эҷодкорони асилро кор кардан намемонад!

Гуфтору пиндорамро андар нақши Ҷӯрабек Муродов дар рушду камоли санъати тоҷик дар садаҳойи XX-XXI бо порае аз каломи мавзуни шоири миллиамон Лоиқи Шералӣ ҳусни анҷом мебахшам, ки ба қавли худаш аз ҷумлайи “дӯстони ҷамолакӣ”-и Ҷӯрабек буд ва бад-ин унвон бо вай ба ҳамкории самарабахши эҷодӣ пардохтааст. (Гуфтан кофист, ки замоне шаби ҳунарнамоии якҷояи Лоиқу Ҷӯрабек мавсум ба “Ширу шакар” машҳуртарин ва дӯстдоштарин барномайи консертӣ, пеш аз ҳама баройи ҷавонон, ба шумор мерафт).

Лоиқ дар ҷашни панҷоҳсолагии дӯсташ бадоҳатан, гуфта буд:

Ҳар кас, ки буд дар пайи озори Ҷӯрабек,

Ҳеч аст дар баробари осори Ҷӯрабек!

Бар торҳои ҷони мо оҳанг бастааст,

Оҳанги ҷони мо бувад аз тори Ҷӯрабек!

Ман ба ин сатрҳойи самимонайи дӯсти муштаракамон шодравон Лоиқ, ки гуфтаашро ҳамчун муҷассамайи бадеии эҳсосу таассуроти ҳамнаслонам ва ҷумла ҳаводорони ҳунари волойи Ҷӯрабек Муродов мепазирам, як байти Мавлоно Ҷалолиддинро аз манзумайи ӯ “Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест” афзуданиам, ки худаш ба дӯсти ҷониаш Шамси Табрезӣ мавсум карда буд. Агар хато накунам, ин пандномайи манзуми Мавлавӣ аз ҷумлайи шеърҳойи писанддидайи Ҷӯрабек аст; хусусан ки муҳтавояш имрӯз ҳам айни муддао бувад! Аз ин рӯст, ки ҳофизи миллиамон ба он оҳанг баста, суруде эҷод кардааст:

Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,

Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест!

Китобиёт ва пайнавиштҳо

[1] Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 11, китоби дуйӯм, Д.: “Ирфон”, 1964, саҳ. 411.

[2] Садриддин Айнӣ. Куллиёт, дар ҳамон ҷилду дар ҳамон китоб, саҳ. 408

[3] Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 2. Д.: “Дониш”, 2017, саҳ. 547

[4] Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 2. Д.: “Дониш”, 2017, саҳ. 498

[5] Дар омади гап гӯям, як навъ кинояи ба истилоҳ диалектикии таърихи шӯравиамонро бинед: калонҳойи ҳамонвақтайи санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистии мо театри навбунёди опера ва балетро дар Сталинобод ба номи Айнӣ гузоштанд, ки ба эшон ягон муносибат надошт! Ва ин тадбири беҷо тақлиде буд ба ёрон: қаблан театри ҳамгуни Тошкандро ба Алишери Навойӣ мавсум карда буданд…

[6] Садриддин Айнӣ. Ахгари Инқилоб, Д.: Ирфон, 1974, саҳ. 130.

Академик Акбари Турсон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь