Соҳибёр Толиб, ки дар гузашта нависандаи рӯзнома буд, соли 2018 филми кӯтоҳи “Талош”-ро сохт, ки бо он дар ҷашнвораи “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собирро дарёфт кард ва бо ҳамин ӯ ҷиддан ба кино рӯ овард. Соҳибёр хатмкардаи донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ (2008) ва Донишгоҳи синамосозии Санкт-Петербург (2021) аст, дар Озмоишгоҳи коргардонии “Кинокоммуна”-и Иттиҳоди синамогарони Санкт-Петербург низ дарс хондааст.

Дар замони омӯзиш дар Русия филми кӯтоҳи русӣ бо номи “Моҳиҳои бузург”-ро офарида буд. Рӯзи 16 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин филми тӯлонии ӯ бо номи “Хоби сурх” рӯнамоӣ шуд, ки дар ҷомеа баҳсу пазириши фаровон ба бор овард. Хусусан донишмандоне, ки филмро диданд, онро бо мавзӯи тоза ва дар фазои имрӯз боҷуръатона арзёбӣ карданд.

– Ман дар шӯрои ҳунарии “Тоҷикфилм” чанд гузиндаи филмномаи “Хоби сурх”-ро дида будам, вале боре аз шумо напурсида будам, ки ин андеша кай ва чаро пайдо шуд?
– Дар ёд надорам, ки чӣ ангезае боиси ба зеҳн омадани ин достон шуд. Вале дар вақти бознигарӣ ба он, мавзӯъҳое ворид шуданд, ки барои ман ангезаҳояшон рӯшананд.

– Масалан кадом мавзӯъҳо?
– Яке аз онҳо орзуи бозгашт ба даврони шӯравист, ки қаҳрамони асосӣ дорад. Ман хабару баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ мекунам. Шахсиятҳои огоҳ зиндагӣ бо ормони шӯравиро танқид мекунанд. Ғайр аз ин, насли шӯравӣ то имрӯз таъсири амиқе дар ҷомеаи мо дорад. Онҳо аз нархи қанд то гӯгирдро бо ҳамон давра муқоиса мекунанд, вале бештар аз он фоҷиаҳои шӯравӣ, ки бар сари миллати мо овард, сукут меварзанд. Ин баҳсҳо ба ман илҳом бахшид, ки хислати қаҳрамонро тавре бисозам.

– Шӯравӣ чӣ фоҷиае бар сари мо овард?
– Қадимтарин миллати шаҳрнишини Осиё тоҷикро аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро берун кард ва деҳаеро ба мо марказ сохт. Сарзаминҳои моро тақсим кард. Сарнавиштҳои дигар ҳазорон достон аст, ки дар як филм намеғунҷад.

– Бо чунин филм паёми шумо ба тамошогар чӣ буд?
– Ба ин савол посух додан осон нест. Ман ҳарфҳои зиёде дорам. Ин филм барои касе, ки дар ҷомеаи урупоӣ зиндагӣ мекунад, маълумот медиҳад ва паёми хос низ дорад. Вале барои тамошогари пасошӯравӣ суолҳои печида эҷод мекунад. Бо як ҷумла наметавон андешаи филмро баён кард.

– Филми шумо баҳси арзишҳои эътиқодӣ ва даҳриро матраҳ мекунад, ки қаҳрамонҳо андешаҳои мухолифро ба якдигар таҳмил кардан мехоҳанд.
– Дар ҷомеаи мо бӯҳрони андеша вуҷуд дорад. Русгароён, арабгароён, эронгароён ҳар кадом ҷомеаро ба сӯи худ мекашанд. Дар ин миён тоҷикгароёни шӯравиманиш низ ҳастанд, ки тоҷикро аз эронӣ ҷудо мекунанд ва забони миллиро форсӣ намешуморанд. Ин ифтихори холӣ моро ҳамчун як миллат кӯчак мекунад. Баҳси эътиқодӣ ҳам як мавзӯи гарм аст. Ин мавзӯъ дар филми ман рӯҳи ҷомеаро ифода мекунад.

Мавзӯи дигар: Азиз падарро аз бемористони равонӣ ба хона меорад, аммо бародаронаш ва ҳамсараш мухолифанд. Аммо кори хуби ӯ ба зарари худи ӯ тамом мешавад. Падараш фарзанди Азизро мекушад. Подоши некӣ, бадӣ шуд? Тамошогар аз ин чӣ мегирад?
– Барои шахсе, ки қобилияти таҳлил надорад, шояд таъсири бад гузорад. Ин саҳна танҳо саҳнае нест, ки тамошогарро озурда кунад. Филми ман барои андеша аст. Ман ба таъсири мусбат ва бедории андешаи инсон умед дорам.

– Ба андешаи шумо, имрӯз тамошогар бештар ба кадом навъи филм ниёз дорад?
– Ҳар сабк бинандаи худро дорад. Аммо имрӯз бинандаи силсилафилмҳо зиёд шудааст. Наворҳои ҳаваскорона дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз ҳама таъсиргузор шудаанд. Инҳо кино нестанд, вале дастрасанд. Ҳуши сохта низ ин равандро густариш медиҳад. Наворҳои сохтаи он имрӯз тамошобини зиёд доранд. Баъзеҳо мепиндоранд, ки ин ба кинои ҳирфаӣ зиён мерасонад. Ман баръак фикр мекунам дӯстдорони кино афзун мешаванд. Касоне ки ба кино таваҷҷуҳ надоранд, низ аз рӯйи тасодуф аз шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаеро мебинанд. Ин ҷараён алоқаро ба ҳунари бадеӣ бештар мекунад. Ман орзу дорам давлат дар ин бахш низ ҳазина ҷудо кунад, то филмсозии ҳирфаӣ рушд ёбад ва андешаи солим таблиғ шавад.

Кадом мактаби филмосозиро меписандед?
– Ман Донишгоҳи кинои Санкт-Петербургро хатм кардам ва кинои русиро ҳам дӯст дорам. Вале аксари филмосозони тоҷик, ки донишгоҳҳои Русияро хатм кардаанд, донишманду ҳирфаӣ ҳастанд, аммо забонгумкарда. Онҳо форсии тоҷикиро намедонанд ва аз ганҷинаи адабиёт ва фарҳанги миллӣ дур мондаанд. Бо чунин вазъ кинои миллӣ пеш намеравад. Мо бояд аз синамои Эрон омӯзем ва мактаби синамои миллии худро дошта бошем. Синамогаре, ки дар Тоҷикистон филм месозад, бояд рӯҳи миллати тоҷикро тавассути забон ва адабиёти форсӣ эҳсос кунад. Ин эҳсос барои синамои тоҷик бисёр муҳим аст.

Ҳамчун коргардони ҷавон, дар фазои синамои Тоҷикистонро боз чиҳо дидан мехоҳед?
– Дар фазои синамои Тоҷикистон бояд як мавҷи нав ба вуҷуд ояд. Синамогарони тоҷик бояд анҷуман созанд ва таваҷҷуҳи давлат ва сармоягузоронро ҷалб кунанд. Азбаски маблағгузорӣ кам аст, филмсозии мо низ кам аст. Дар гузашта кино набуд, мардум достон мехонданд. Миллати тоҷик дар ин ҷода пешсаф буд. То имрӯз бо забони мо беш аз ҳама шеър суруда шудааст. Адабиёти куҳани мо хеле дар пояи баланд аст. Ҳар достон ва афсона драматургия дорад, вале мо аз сабаби камбуди ҳазина наметавонем адабиёти миллиро дар синамо истифода кунем. Бояд бедор шавем.

Ман умедворам, ки ба гуфтаҳои шумо таваҷҷуҳ мешавад.
– Умед мебандем. Сипос.

Сӯҳбати Зоҳир Сайфулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь