3 октябр дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе шоми эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, ношири маъруфи китобҳои бачагон, сармуҳаррири вақти маҷаллаи “Истиқбол”, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Истиқбол” Латофат Кенҷаева баргузор гардид. Чорабинӣ аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шогирдон ва наздикони шоир ташкил шуда, ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ва 75 – солагии Латофат Кенҷаева бахшида шуда буд.
Бо муаллимаи муҳтарам, ҳанӯз дар аввали солҳои 2000-ум, мо дар як ошёна дар маҷмааи “Шарқи Озод” кор мекардем.
Дарҳои дафтари кории мо қариб ба ҳам менигаристанд.
Бештари кормандони ташкилоти ӯро мешинохтам. Писари ӯ Комрон – ҳамкурси духтари калониам дар факултаи забонҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, ҳамзамон ёвари аввали ӯ, тарҷумони англисӣ, саҳифабанди ҳафтанома буд. Бо дигар кормандони он кас низ муносибати хуб доштам, махсусан бо Шаҳло Раззоқова.
Шоҳид будам, ки командаи ин шоири номвар на танҳо маҷаллаи маъмул ва рангини кӯдаконро нашр мекард, балки аз сарпарастони гуногун барои нашри китобҳои зебои тасвирии кӯдакон маблағ мекофт.
Китобҳои муаллифони тоҷик ва хориҷиро на танҳо бо забони аслӣ, балки бо тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсӣ нашр мекарданд. Ва инчунин асарҳои муаллифони тоҷик ба забонҳои дигар: арабӣ, чинӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума мешуданд.
Муаллима бо ин роҳ на танҳо забони модарии мо ва муаллифони тоҷикамонро дар сатҳи байналмилалӣ паҳн менамуд, балки китобхонаҳои мактабӣ ва хонагиро дар давраи норасоии шадиди китоб, бахусус бо китобҳои кӯдак пур мекард.
Бо нашри китобҳои рангини кӯдакон ТҶБ “Истиқбол” ва шахсан Латофат Кенҷаева, инчунин муаллифон аз байни нависандагони тоҷик, рассомон ва тарҷумонҳоро дастгирӣ мекард, ки ин рисолати муҳим ва наҷиб дар замони баъдиҷангӣ буд. Бо шарофати ҳамсоягӣ бо дафтари маҷаллаи “Истиқбол” ман ҳатто нависандагони машҳури кӯдакон ва одамони эҷодкорро, ки зуд-зуд ба идораи онҳо ташриф меоварданд, шинохтам..
Пас аз даъват ба шаби эҷодии Латофатбону, бисёр шод шудам, зеро дидам, ки меҳру муҳаббати мардум ба шоир беинтиҳост.
Тавре ки дар ин маврид пешбинӣ шуда буд, аз ҳамкорон, ҳамватанон, шогирдон, ҳамсинфон, ходимони намоёни ҷамъиятии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Иттифоқи нависандагон, шоири маъруф Низом Косим, нависанда Гулсифат Шаҳидӣ , Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева ва дигар шахсиятҳои маъруф ва боистеъдод табрику суханрониҳои олиҷаноб намуданд.
Табрикоти олиҷаноб ва тӯҳфаи мухлиси эҷодиети шоир – раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буд, ки онро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон тақдим кард. Ман махсусан мехоҳам овозхонҳои болаёқатро, ки сурудҳои зеборо ба ашъори Латофат Кенҷаева иҷро карданд, аз ҷумла набераи калонии муаллима Акбарҷони Шахбозро бо ин ҷашн махсус табрик гӯям.
Ин писар дар рагҳояш хуни истеъдоди бибиашро доштааст ва ҳис мешуд, ки ӯро ояндаи зебо интизор аст.
Дар баргузории чорабинӣ ҳамкорони ҷавони ман – рӯзноманигорон, шоирони ҷавон Бузургмеҳр Баҳодур ва Сайидо Шарафӣ низ фаъолона иштирок карданд, ки Латофат Кенҷаевро роҳнамо ва мураббии худ мешуморанд. Онҳо дар бораи дастгирии ӯ дар ташаккул ёфтани худ чун эҷодкор самимона суҳбат карданд.
Толори пур аз тамошобин, гулдастаҳо, туҳфаҳо ва фикру мулоҳизаҳои миннатдорӣ аз муҳаббати бузурги мардум ва парастиши истеъдод ва қудрати шикастнопазири Латофат Кенҷаева шаҳодат медоданд.
Чорабинӣ бо ишораи воқеан “шоҳона”-и ҷашни солгард – тақдими ҳамаи гулдастаҳои ба ӯ туҳфашуда ба мухлисони худаш, ки дар толор нишастаанд, ба анҷом расид.
Ин амал, инчунин аз саховатмандии ӯ, инсонпарвариаш, аз назария ба амалия гузаштанаш гувоҳӣ медод. Тавре ки базморои ин шом Бузургмеҳри Баҳодур иқрор шуд : “Муаллима аз он нигарон буд, ки чунин миқдори зиёди гулҳо танҳо дар хона хушк мешаванд…Пас, шоири дурандешу дилсӯзи мо Латофат қарор кард, ки бигзор ин гулдастаҳои ба мо расида, одамони дигарро низ шод кунанд!”.
Марҳабо ЗУНУНОВА, рӯзноманигор

Шоми шеъри Латофат
Блоки рекламавӣ


