Румон дар адабиёти муосири ҷаҳон муҳимтарин ва ягонатарин гунаи адабӣ ба шумор меравад, чаро ки бо густарае бепоён аз мазмунҳо ва шаклҳо, тавонистааст жарфтарин лояҳои рӯҳи инсон ва печидатарин воқеиятҳои иҷтимоиро бознамоь кунад. Румон беш аз ҳар қолаби дигаре, тавони омехтани достон, андеша, нақд ва рӯъёро дорад ва ҳамин вижагӣ онро ба тапандатарин қалби адабиёти имрӯз бадал кардааст. Оинае бебадил, ки ҳам инсон ва ҳам ҷаҳонро дар ҳазор ранг ва тасвир ба мо намоён месозад.
Дар назарияи румони муосир, мунтақидон бар ин боваранд, ки румони хуб натанҳо достони ҷаззоб ва шахсиятҳои зиндаву боварпазир дорад, балки тавони онро дорад, ки бо забоне тоза ва сохтори навоварона нигоҳи мо ба ҷаҳонро дигаргун кунад. Румони арзишманд аз сатҳи ривоят фаротар меравад, ба жарфои равон инсон, ба танҳоиҳо, изтиробҳо ва таноқузҳои даруни ӯ роҳ меёбад ва дар айни ҳол чеҳраи пинҳони ҷомеа ва замонаро бо диққати шоирона ошкор месозад. Чунин румон марзи миёни воқеият ва хаёлро барҳам мезанад, андешаву эҳсосро дар ҳам меомезад ва хонандаро ба пурсишгарӣ, тааммул ва ҳатто бозофаринии маънои зиндагӣ ва ҳастӣ фаро мехонад. Ин таҷриба фаротар аз як достон, тимсоли мукошафаи инсонӣ ва ҳунарӣ аст.
Бо хондани румони «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» аз Соҷидаи Мирзо, тавонистам он чиро, ки мунтақидон дар бораи румони муосир гуфтаанд, ба гунае зинда ва малмус таҷриба кунам. Ин асар намунаи равшан аз румоне аст, ки танҳо ба ривояти як достон басанда намекунад, балки ҷаҳони тозаеро пеши рӯйи хонанда мекушояд. Ҷаҳони саршор аз эҳсос, андеша ва пурсиш. Нависанда бо забоне шоирона ва дар айни ҳол бепироя, тавонистааст ба даруни равони инсон роҳ ёбад. Ошубҳо, умедҳо, тарсҳо ва рӯъёҳои ӯро бо диққат ва зарофати сутуданӣ тасвир кунад. Румон чеҳраи ҷомеа ва замонаи моро дар оинае равшан бозтоб медиҳад. Тазоддҳо, ранҷҳо ва зебоиҳои ниҳони онро ошкор мекунад. Чунин таҷриба аз хондани ин румон ба ман нишон дод, ки Соҷидаи Мирзо дар таҳаққуқи он меъёрҳое, ки барои як румони арзишманд ва муосир бармешуморанд, муваффақ шудааст.
Сужаи румони «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» ривояти зиндагии писаре ба номи Фарҳод аст, ки дар шабе, ки моҳ гирифтааст, аз хона ва зиндагии талху пурандӯҳи худ, ки пас аз марги падару модар бар сараш овор шудаааст, мегурезд ва роҳии Русия мешавад. Дар Русия бо мушкилот ва сахтиҳои фаровоне рӯ ба рӯ мегардад ва таъми талхи ғурбатро мечашад, аммо ба лутфи инсонҳои некдил, саранҷом ба Финланд мерасад ва дар он ҷо зиндагие ором ва рифоҳомез барои ӯ фароҳам мешавад. Бо ин ҳама, дилаш дар гарави хоки ватан ва хонаводааш мемонад. Пас ба ҷустуҷӯйи хоҳаронаш бозмегардад ва бо талоши бисёр мекӯшад онҳоро гарди ҳам оварад ва хонаводаи азҳампошидаашро дубора сару сомон диҳад.
Замони драмматики румон лаҳза ба лаҳза тундтар ва пуртаништар мешавад ва хонандаро вомедорад, ки пайваста дар ҷустуҷӯйи лаҳзаи оғозини достон ва розҳои нуҳуфтаи он бошад. Ин шитоб ва кашиши санҷида дар ривоят, сабаб мешавад, ки хонанда ҳаргиз эҳсоси истоӣ ё хастагӣ накунад ва бо ҳар сафҳа аташи бештаре барои донистан ва идома додан биёбад. Соҷидаи Мирзо ба хубӣ тавониста тавозуни замони драмматики румонро дар даст бигирад. Нақли достон на он қадар шитобон аст, ки маънои достон гум шавад ва на он қадар кунд, ки ҷаззобият ва ҳаяҷони он аз миён биравад. Чунин мудирияти замон ва авҷгирии тадриҷии драммтик, яке аз нуқоти пурқуввати ин румон ба шумор меравад.
Дар хусуси забон ва ба вижа диалогҳои румон низ бояд гуфт, ки нависанда дар ин замина бисёр муваффақ амал кардааст. Забони асар равон, зинда ва пур аз зарофатҳои шоирона ва ҳиссӣ аст ва дар айни ҳол бо содагӣ маънову мақсуди аслиро ба хонанда мунтақил мекунад. Ба вижа дар офариниши диалогҳо Соҷидаи Мирзо тавониста ба гунае устодона амал кунад. Гуфтугӯҳо табиӣ ва боварпазиранд. Ҳамин хусусиёти диалогнависӣ сабаб шудааст, ки паёмҳо ва мафоҳими достон бепардаву дақиқ ба хонанда бирасад ва иртиботе зинда ва самимӣ миёни ӯ ва шахсиятҳо барқарор шавад.
Вижагии дигари румони «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» дарки жарф ва ҳунармандонаи нависанда аз равони инсон ва рӯҳиёти талху печидаи қаҳрамононаш аст. Соҷидаи Мирзо бо ҳунари хос тавониста ранҷ, танҳоӣ, андӯҳ ва умедҳои ниҳони шахсиятҳоро чунон дақиқ ва зинда ба тасвир бикашад, ки хонанда дар лобалои сатрҳо, ҷузъе аз равону таҷориби худро дар вуҷуд онҳо бозмеёбад. Ӯ ба хубӣ нишон медиҳад, ки ранҷи қаҳрамононаш фақат як достон нест, балки бозтобе аз ранҷҳои муштараки инсонӣ аст. Ба ҳамин далел қаҳрамонҳо воқеӣ ва наздик ҳис мешаванд ва хонанда метавонад бо онҳо ҳамдилӣ кунад, дардашонро бифаҳмад ва ҳатто онро аз они худ бидонад. Ин дарки равоншиносонаи нависанда ба румон таъсиргузории отифӣ мебахшад.
Ман бар ин боварам, ки мавзуи асли румони «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» инсоният аст. Ҳамон рафторҳои нек ва одамияти асиле, ки дар вуҷуди инсонҳо метапад. Қаҳрамонҳои нексирату некхоҳе чун Неъмат, Вера Василевна, Аймо, София, Мария, Қосимоғо, Саидалӣ ва Азим намоди инсонҳое ҳастанд, ки ҷаҳонро ба сӯйи некӣ савқ медиҳанд ва ояндаи инсониятро равшан ва умедворона ҷилвагар месозанд.
Ин румон бо ривояти худ ба мо меомӯзд, ки дар ҳар миллате, дилҳои нек ва дастҳои меҳрубон ёфт мешаванд ва некӣ ҳеч марзеро намешиносад. На ба дин вобаста аст ва на ба миллат, балки ҳақиқатест, ҷорӣ дар ҷони ҳамаи инсонҳои пок ва равшандил.
Соҷидаи Мирзо дар ин румон ба хубӣ тавзеҳ додааст, ки чигуна як мусибати хонаводагӣ метавонад ба тору пуди ҷомеа чанг занад, масири зиндагии инсонҳоро тағйир диҳад ва онҳоро дар оташи ранҷу таҷриба боз бисозад ва шакл бахшад. Ин дастоварди арзишманди адабиро ба бонуи фарҳехта Соҷидаи Мирзо табрик мегӯям ва барои эшон дар масири офариниши асарҳои мондагор комёбӣ орзу мекунам!
Ҳусайн Ҳамид, рӯзноманигор