Ман ба донишу таҷриба ва кордонии устод Абдукодир Талбаков заррае шубҳа надорам. Боварии комил дорам, ки теъдоди китобҳои мутолиакардаи эшон ба маротиб аз он чи мо медонему худашон гуфтаанд, зиёдтар аст. Аммо муҳим ин нест; муҳим андеша ва дидгоҳи шахсист.
Кутоҳии сухан, мардонавор бояд иқрор шуд, ки яке аз беҳтарин барномаҳои Радиои Тоҷикистон “Озодазодагон” маҳз ба қалам ва гардоннадагии устод вобаста буд. Ва ё барномаи “Ҳамадон”-и устод дар Шабаки аввал барноме буд, ки ҳамагон дӯсташ медоштанд.
Ман, ки аз як ноҳияи дурдаст ба Душанбе омада будам, шоҳиди он будам, ки мардуми зиёди донишманд аз мухлисони доимии ин барнома буданд ва якеашон ҳамсояи мо буд. Ҳатто яке аз онҳо маро ҳангоми гусел бо хоҳише гуфтанд, ки Душанбе, ки рафтед устодро ҳатман бинед ва саломи маро ба эшон расонед ва хоҳиш кунед, ҳамаи барномаҳоро дар диске барои ман дастрас кунед.
Вақте ба бинои Радиои Тоҷикистон қадам гузоштам, устодро дар саҳнаи кор дидам. Салом расондам, эшон бо самимият ҷавоб доданд ва сипос гуфтанд. Баъдан аз ман пурсиданд: «Мавҷ дар ҷои шумо чӣ гуна аст?» Ман посух додам: «Хуб аст». Барои ман он лаҳза воқеан боиси ифтихор буд ва то имрӯз ҳаст, ки дар ҷомеаи мо шахсиятҳое чун устод Талбаков ҳастанд.
Бо вуҷуди ин, ҳамчун як шогирд пешниҳоде дорам: савияву сатҳи дониш ва андешаи устод ягон ҷои баҳс надорад, аммо вақте устод бо нохондадоноҳое баҳс мекунанд, ки дар сатҳашон нестанд, аз корҳои бисёр муҳим шояд каме дур мешаванд. Чӣ хуб мебуд, агар маводҳои барномаи маъруфи «Озодазодагон»-ро дар шакли китоб гирдоварӣ ва нашр мекарданд. Бовар дорем, ки чунин китоб на танҳо барои насли имрӯз, балки барои оянда низ хидмати бузург хоҳад кард. Ва мо омодаем, ки масъулияти чопи онро ба зимма бигирем.
Абдуҷалили Амон



