Яке аз самтҳои муҳими татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи кинои миллӣ мебошад. Дар ин замина бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) барои довталабон аз Тоҷикистон коргоҳи махсуси ҳунарпешагӣ таъсис дода шудааст.
Дар марҳилаи аввал соли 2024 аз Тоҷикистон 15 нафар ҷавонони соҳибзавқ тавассути бурсияҳои таълимӣ имкони таҳсил дар ин донишгоҳро пайдо намуданд. Ин иқдом ба рушди неруи инсонӣ дар соҳаи кинои миллӣ мусоидат карда, барои боло бурдани мақому манзалати кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари ин Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» омода аст, ки ҷавонони соҳибистеъдод ва дорои завқи киноофариро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Солҳои охир тавассути татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» филмҳои зиёде аз ҷониби ҷавонон таҳия ва бо маблағгузории давлатӣ ба навор гирифта шуданд. Мо ҳамчун сохтори масъул дар самти рушди кинои миллӣ кӯшиш дорем, ки барои ҷавонони эҷодкор, ки дорои идея ва завқи баланди киноофарӣ ҳастанд, шароити мусоид муҳайё намоем. Имрӯз аксари филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанаде, ки аз ҷониби ҷавонон таҳия мешаванд, дар доираи «Барномаи рушди кино» маблағгузорӣ мешаванд. Дастгирии ҷавонон на танҳо дар самти молиявӣ, балки дар шакли омӯзиш, машварат, ҷалби мураббиёни варзида ва фароҳам овардани таҷрибаомӯзӣ дар лоиҳаҳои бузурги соҳаи кино низ ба роҳ монда шудааст.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар соҳаи кинои миллӣ кадом мушкилот бештар ба назар мерасанд-масъалаи маблағгузорӣ, норасоии мутахассисон ё набудани бозори фурӯш ва паҳнкунии филмҳо?
Маҳмадсаид Шоҳиён: Дар айни замон дар соҳаи кинои миллӣ мушкилоти нарасидани мутахассисони касбии соҳа ба назар расида, солҳои минбаъда ин мушкилот ҳам роҳи ҳалли худро меёбад. Солҳои охир тавассути бурсияҳо ва ҳамкории байналмилалӣ гурӯҳи ҷавонони лаёқатманд ба донишгоҳҳои бонуфузи соҳаи кино ҷалб гардидаанд. Аммо шумораи мутахассисони баландихтисос, бахусус дар самтҳои коргардонӣ, сенариянависӣ, муҳаррирӣ ва бахусус соҳаи аниматсия ҳанӯз басанда нест. Мо барои ҷалби мутахассисони варзида ва тарбияи кадрҳои нав тадбирҳои ҷиддӣ меандешем.
АМИТ «Ховар»: Арзишҳои миллӣ дар филмҳои тоҷикӣ то чӣ андоза инъикос шудаанд? Зеро коршиносони соҳа яке аз роҳҳои шинохти кинои миллиро дар сатҳи байналмилалӣ- сар карда аз сару либоси миллӣ то риояи расму оин ва анъанаҳои халқи тоҷик медонанд.
Маҳмадсаид Шоҳиён: Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доштанд ва доранд. Аз рӯзҳои аввали пайдоиши кинои миллӣ муаррифии фарҳанг, расму оин, забон ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик яке аз ҳадафҳои асосии киноофарони мо буд. Хушбахтона, имрӯз низ ин раванд идома дорад. Дар аксар филмҳое, ки солҳои охир аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ё бо дастгирии он таҳия шудаанд, мо талош мекунем сару либоси миллӣ, мусиқии анъанавӣ, суннатҳои мардумӣ, урфу одат ва тарзи зиндагии халқи тоҷикро ба таври муассир инъикос намоем. Зеро маҳз ҳамин ҷузъиёт ҳастанд, ки симои миллии филмро ташкил медиҳанд ва кинои моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд.
Ҳар қадар филмҳои мо дорои мазмун, услуб ва завқи баланди миллӣ бошанд, ҳамон андоза имкони онҳо барои пазируфта шудан дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва шинохта шудан дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ мо на танҳо ҳангоми таҳияи филмҳо, балки дар марҳилаи таҳияи сенария низ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳем.
Итминон дорем, ки кинои тоҷик бо пос доштани ҳувияти фарҳангии хеш метавонад на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи сазовор пайдо кунад.
АМИТ «Ховар»: Дар охир мехостам доир ба ҳамкории байналмилалӣ иттилоъ диҳед. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Маҳмадсаид Шоҳиён: Бо мақсади табодули таҷриба, густариши равобити фарҳангӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар соҳаи кино солҳои охир Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо муассисаҳои филмофарии давлатҳои хориҷӣ якчанд созишнома ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.
Аз ҷумла, бо Гурӯҳи филмофарии «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез сармоя», ширкати филмофарии «Корномаи Дубай» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Инчунин Киностудияи миллии «Беларусфилм» -и Ҷумҳурии Беларус, Агентии давлатии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон — оид ба таҳияи филми муштарак, Иттиҳоди давлатии «Туркманфилм» ба номи Оғузхони Туркманистон, Созмони умури киноӣ ва маводи аудиовизуалии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо телевизиони «ifilm»-и Эрон ва ширкати «Амкарт»-и Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.
Дар маҷмуъ, то имрӯз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо 12 кишвари дунё ҳамкорӣ ба роҳ монда, таҳия ва наворбардории филмҳои муштаракро фаъолона амалӣ менамояд.
Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо филмофарони Ҷумҳурии Узбекистон наворбардории филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» идома дорад. Ин филм ба зиндагӣ ва дӯстии ду чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷику узбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст. Интизор меравад, ки ин филм бо сифати баланд ва мазмуни амиқ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардад.
Итминон дорем, ки дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр дар Тоҷикистон баргузор мегардад, созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь