I
1. Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
2. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо ман ин корро кардам, ман ба назари ҳамагон олӣ меоям».
II
«Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи саросари замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
III
«Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, писари Виштоспа».
IV
«Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо ман ин тачараро сохтам».
V
1. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз миёни мардумони бисёр.
2. Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон аз тамоми таборҳо, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, Порс, писари порсӣ, ориёӣ, аз табори ориёӣ.
3. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман берун аз Порс гирифтам; ман бар онҳо фармон мерондам; онҳо барои ман хироҷ меоварданд; он чӣ аз ҷониби ман бад-эшон гуфта шуда буд, онҳо онро карданд; қонуни ман онҳоро нигоҳ медошт: модӣ, эломӣ, портӣ, ориёнӣ (ҳиравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, дарангӣ (зарангӣ), арахузӣ (рухаҷӣ), стагедӣ, макӣ, гандораӣ, ҳиндӣ, сакоии тагирахуда (тезхуд), бобулӣ, ошурӣ, араб, мисрӣ, арманӣ, кападокияӣ, лидиёӣ, юнониёне, ки дар дунё ҳастанд, сакоиёни он сӯи дарё, тарокиёӣ, юнониёни он суи дарё, кориҳо».
4. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Бадиҳои бисёре карда буданд, ман хубӣ кардам; мардумоне, ки шӯришӣ шуда буданд, бо якдигар меҷангиданд; коре кардам ба хости Аҳурамаздо, ки дигар бо ҳам наҷанганд, ҳар кадом комилан дар ҷои худ аст; қонуни ман, онҳо аз он метарсанд, ба гунае ки тавоно нотавонро дигар намезанад, дигар бо ӯ бадрафторӣ намекунад».
5. Дориюшшоҳ мегӯяд: «ба хости Аҳурамаздо, сохтмонҳои бисёре вуҷуд доштаанд, ки собиқ бар ин дар вазъияти хубе набудаанд; дар Шуш ман дидам, ки девор хароб шуда буд; дар он ҷо, сипас, ман девори дигар сохтам».
Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо бо Худоён маро бипояд ва хонаамро ва он чи ман дар ин катиба навиштам».
VI
1. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
2. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
3. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, бузургтарини Худоён, мефармояд, ӯ маро шоҳ кард, ба ман ин шаҳриёриро дод, ки бузург, дорои асбони хую, дорои мардони хуб аст».
4. Ба хости Аҳурамаздо падарам Виштоспа ва Аршома падарбузургам, ҳарду зинда буданд; ҳангоме ки Аҳурамаздо маро шоҳ кард рӯи ин замин.
5. Иродаи Аҳурамаздо ин будааст рӯи саросари замин: Ӯ маро ҳамчун мард тарҷеҳ дод (бар Виштоспа ва Аршома), ӯ маро рӯи замин шоҳ кард.
6. Ман Аҳурамаздоро ситоиш кардам; Аҳурамаздо маро ёрӣ кард; он чӣ ман ба карданаш фармон додам, ӯ онро комёб гардонд; он чӣ ман кардам, онро ба хости Аҳурамаздо кардам.
7. Ин кох, ки ман дар Шуш сохтам, маводаш аз хеле дурдаст оварда шуд; рӯ ба поин замин канда шуд, то он ҷо, ки дар замин ба санг расидам; замоне ки канда шуд, Шуш рехта шуд аз як сӯ ба 40 арш дар умқ, аз сӯи дигар ба 20 арш дар умқ; рӯи ин шан кох бино шуд.
8. Ва замине, ки рӯ ба поин канда шуд ва шане, ки рехта шуд ва хиште, ки зада шуд: Мардуми Бобил ин корро карданд.
9. Чӯби садр аз кӯҳе ба номи Лубнон оварда шуд; мардуми Ошур онро оварданд то Бобил; аз Бобил кориҳо ва юнониён онро то Шуш оварданд; чӯби яко аз Гандора ва Кирмон оварда шуд.
10. Тилое, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд аз Лидӣ ва аз Бохтар (Балх) оварда шуд, аз Суғдиёна оварда шуд; фирӯзае, ки дар ин ҷо кор гузошта шуд, аз Хоразм оварда шуд….
Хоҳишмандон идомаро метавонанд аз китоби “Мероси хаттии Бостон” саҳ. 357-364 бихонанд. Ин китобро соли 2014 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон зери унвони “Тоҷнома”. Силсилаи тоҷикон дар масири тамаддун чоп кардааст.
Таҳияи Орзуҷон Искандаров, мутахассиси пешбари Маркази “Тоҷикшиносӣ”.

Катибаҳои шуш
Блоки рекламавӣ