Ҳангоми тайёрӣ ба кушодашавии нахустин «Музейи китоб», ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки аввалин дар собиқ давлати бузурги Иттифоқи Шӯравӣ ба шумор мерафт, «Даъватнома»-ҳои махсусро ба ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ба Иттифоқи нависандагон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ба ҷамъияти умумиттифоқии дӯстдорони китоб ба шаҳри Москва ба номи Александр Шувалов равон карда будем.

Як рӯз пештар аз кушодашавии «Музейи китоб» аз шаҳри Москва роҳбари аввали ҷамъияти умумииттифокии китобдӯстони СССР А. Шувалов бо ҳамроҳии роҳбари ҷамъияти китобдӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паринамо Ҷумъаева ба Ӯротеппа (имрӯза Истаравшан) ташриф оварданд.

Рӯзи дигар тахминан соати 12 ё13-и нисфирӯзи 20 феврали соли 1986 ба назди бинои комитети шаҳрии партия автомашинаи сабукрави тамғаи «Жигулӣ» омада истод. Ба пешвозашон баромадем. Аз автомашина Нависандаи халқии Тоҷикистон, адиби хушсалиқа ҳамчун намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев ва нависандаи ҷангноманавис, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» Ҳазратқул Файзиев фаромаданд. Онҳо аз шаҳри Душанбе омада буданд. Меҳмононро хуш қабул карда, барои хӯроки нисфирӯзӣ ба ошхонаи «Орзу» даъват кардем. Сарошпаз Алиҷон то рафтани мо, аллакай дастурхон кушода, рӯйи мизро бо анвои хӯрданӣ оро додааст. Меҳмононро сари миз даъват карда гуфтем:

– Меҳмонони азиз, кушодашавии «Музейи китоб» соати 14-00 нишон дода шудааст. Бинобар ин, бемалол то омадани меҳмонони дигар истироҳат карда кӯфти роҳро бароред,- гуфта аввал нону чой ва хӯроки хушлаззати «Оши ӯротеппа» оварда ба назди меҳмонон гузоштем. Дар мизи дигар меҳмонони москвагӣ А. Шувалов бо Паринамо Ҷумъаева собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Лазиз Қаюмов ва раиси ҷамъияти русзабонони Ӯротеппа Олег Владимирович Любимов нишаста буданд.

Дар соати муайяншуда меҳмонони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), вилояти Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд. Меҳмононро ба саҳни ҳавлӣ даъват намуданд. Ҳамоишро раиси комиҷроияи шаҳри Ӯротеппа Фотима Шарифова кушода суханро ба А.Шувалов доданд. Шувалов Александр китобдӯстони Ӯротеппа ва Тоҷикистонро бо кушодашавии нахустин «Музейи китоб» дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табрик намуда, ба осорхона як қатор китобҳои адибони рус ва русзабононро тӯҳфа кард.

Вақте нависандаи машҳури тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев ба сухан баромада, ҳозиринро ба тарғиби китоб ба воситаи «Музейи китоб» ва китобхонаҳои шахсии «Кошонаи Саъдӣ»-и дорусоз Акбар Бобохоҷаев, «Дилшоди Барно»-и зану шавҳар Тоҷинисо Абдуҷалилова ва Ғафурҷон Аҳроров, «Панди Сино»-и духтур Набиҷон Назаров табрик намуданд. Буридани лентаи рамзии «Музейи китоб» ба А. Шувалов, Л. Қаюмов ва Фазлиддин Муҳаммадев вогузошта шуда буд. Аз сабаби се нафар ба дари осорхона нағунҷидан Фазлиддин Муҳаммадиев худро дуртар гирифтанд, аз ин сабаб ба расм акс наёфтанд.

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев баробари вориди музей гаштан, диққаташонро шуъбаи дастхатҳо ба худ ҷалб намуда буд. Дар як дам гирди устодро меҳмонон печонида гирифтанд. Аз тарафи чапи устод котиби комитети шаҳрии партия Саври Бердишукурова, мудири шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ (мудири ЗАГС)-и ҳамонвақта Фатия Шораҷабова, аз тарафи рости устод котиби якуми горком партия Мирзоқосим Рустамов, шоири ҷавон аз ноҳияи Ғончӣ, ҳоло аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Эгамназар Соҳибназаров ва меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯлоб иҳота намуда, мехостанд маълумоте дар бораи китоби асри Xlll-ки дар музей маҳфуз буд ва онро устод ба дасти худ гирифта буданд, фаҳмида гиранд.

Дар толори «Музейи китоб» устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба аҳли қалам ва дӯстдорони адабиёт сӯҳбати хосае оростанд. Пас аз он, нависандагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳазратқул Файзиев ба китобхонаи шахсии дорусоз Акбар Бобохоҷаев «Кошонаи Саъдӣ» ташриф оварда, ба соҳиби он аҳсан хонда гуфтанд, сад ташаккур ба китобдӯстони Ӯротеппа, алалхусус ба акои Акбар Бобохоҷаеви дорусоз, ки ин қадар махзани илмро барои ҳамдиёронаш манзур кардааст.

Рӯзи дигар меҳмонон, аз ҷумла, устод Фазлиддин Муҳаммадиев бо ҳамроҳии Ҳазратқул Файзиев ва роҳбари ҷамъияти китобдӯстон ҷумҳурӣ Паринамо Ҷумъаева бо як ҷаҳон таассурот ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Александр Шуваловро аз шаҳри Хуҷанд ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Москва гусел карда будем.

Сайфулло Маҳкамов,

собиқ котиби масъули ҷамъияти китобдӯстони ш. Ӯротеппа, рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь