(Бахшида ба солҳои рафтаву рафиқони ҷонӣ)
Соле гузашт…
Соле ки корвони умр бо пастию баландии раҳовард кулвори худро кашон-кашон ба боди само бурд ва танхо осори хотироти ӯ дар дилҳои мо монд. Бо андешаи омадану рафтан, буду набуд ва умри равони одамӣ … Симои мо низ дар акси ойина дигар шуд, симое ки акнун хамидаю ғуборолуд менамояд.
Гӯё дирӯз буд ва мо дар оғози роҳ будем. Солҳои донишҷӯӣ, шабҳои розу ниёз, шоирию ман-манӣ, қадамониҳои шабона дар кӯчаҳои шаҳр, хандаҳои беғаши духтарон, тӯйҳои ҳамкурсон дар гӯшаву канори диёр — ҳамааш пораҳое буданд, ки аз зиндагии пок, аз рӯҳи ҷавонӣ дарак медоданд, вале ….
Рӯзҳои беҳтарин ба хотира табдил ёфтанд ва пайроҳаи қисмати мо ба роҳе афтод, ки дигар бозгашт надорад. Ҳар якеи мо дар он бо тақдиру қисмати худ рӯ ба рӯем.
Гӯё замона раҳм надошт, ҷавонии моро руфта бурд, бо як афсусу надомат. Ёдаш ба хайр.
Ҳарчанд тӯли солҳои зиндагӣ ҷудою бо ҳам роҳ мерафтем, вале на ҳама ба имрӯз расиданд ва нафароне аз дӯстони мо дар миёни роҳ монданд, дунёи фониро тарк карданд.
Онҳо дигар дар паҳлуи қадам намезананд, аммо хотираи мо бо симои ҷавони онҳо зинда аст. Хандаҳои поку суҳбатҳоии самимӣ, орзуҳои барбодрафта чун захме дар дил боқӣ монд. Ҳар боре ки номашон ба забон меояд, ҷигарҳо сӯзон мешавад. Равонашон шод бод.
Вале боз шукри он мекунем, ки давоми онҳо –фарзандон чароғи хонадонро равшан ва оташи оташдонро фурӯзон нигоҳ медоранд.
Солҳо мисли умри инсон пайи ҳам сафар доранд…
Соле ки гузашт, моро боз ҳам муттаҳидтар кард, тақдир риштаҳои дӯстиро зиёдтар гиреҳбанд намуд ва сабақи зиндагӣ ҳидоятамон намуд, ки моҳияти инсонӣ дар пайвандию дӯстӣ аст. Сарнавишти мо ба ҳамин раванд саҳифабандӣ мешавад. .
Вохӯриву нишастҳои мо ин сол зиёдтар буданд, дар ғаму шодӣ якҷо будем. Гӯё мо солотар шудем. Реҳлати пайвандони дӯстон моро низ ғамшарик сохт. Дар ғами Зебию Лола, Эркаю Сайёра, Ибодату Сӯҳробу Мавҷуда паҳлуи ҳам менишастем, хомушу лол будем. Он ҷо ҷойи сухан набуд, танҳо дилҳо якҷо буданд. Одамгарӣ шояд ҳамин аст, нишастан дар канори дарде, ки табобат надорад. Маънии дӯстӣ ва зиндагии гузарои мо низ шояд дар ҳамин бошад.
Ва дар тӯйи писари Парвину бародари Суҳроб низ шодиямонро бо ин хонадорон тақсим доштем ва эҳсос мекардем, ки ҳамбастагӣ чӣ неъмати бузург аст.
Вақте ки ба дидорбинии модари Неъмат рафтем…
Модар ҳама вақт Модар аст, ташрифи ногаҳонии мо Ӯро хело ва хеле рӯҳбаланд намуда буд, бо пиронсолӣ ва дардмандии худ нигоҳ накарда, ҳар якеи моро навозиш мекард… ва вақти хайрухуш фотеҳаи Модарро гирифтем. Ин беҳтарин роҳбаладу сипари мост.
Ва имрӯз ҳам дар роҳем…
Роҳи раҳсипори Зиндагӣ, қадамҳои мо акнун дигар шитоб надоранд, оҳиста-оҳиста роҳ мераванд. Ин лаҳзаҳо панди бузургворе ба хотир меояд: Инсон дар миёни ду мафҳум — Гузашта ва Оянда сарнавишти худро китобат мекунад, ки баъдтар дар саҳифаи таърих нақшбандӣ мешавад.
Соле ки рафт, ғами азимеро бо худ овард ва пардаи мотам кишварро печонид.
Фоҷиаи куштори як тифли бегуноҳ — Қобилҷон ҳамарро такон дод, ларзонд ва ҷигарҳоро сӯзонд. Ханда аз лабҳо парид.
Ин фоҷиа хурду калонро боз муттаҳидтар намуд. Садои он аз дуриҳои дур шунида шуд ва мо фаҳмидем, ки зиндагӣ то чӣ андоза нозук аст ва Инсон, ҳар қадар бузург ҳам бошад, дар баробари ноилоҷӣ нотавон мемонад… Ва суолҳои беҷавоб аз дили мо фарёд заданд.
Инсонӣ куҷо шуд?
Раҳму шафқат куҷо шуд?
Ёди Қобилҷон то дергоҳ синаҳоро месӯзонаду гиряи Модари ӯ шабонарӯз рубарӯи мост. Ҷояш ҷаннат бошад.
… Соли кӯҳан бо бо ҳама буду набуд, бо нури зиёву сояҳои торик сафар дорад. Сари шахи баланди кӯҳистони ман, бесадою беовоз ва танҳо сафедии барфи сафед мефаҳмонад, ки боз Соли нав меояд, саҳифаи нави Зиндагӣ кушода мешавад.
Кош он сабуку сафед бошаду, гармию нури дурахшаш дилҳои моро равшантар созад.
Кош дигар Модаре дар ғами фарзанд гирён набошад….
Аз саҳифаи фесбукии Шодмон Каримов

Дар остонаи Соли нави 2025
Блоки рекламавӣ


