Китоби навбатии рӯзноманигори хушзавқ ва зарофатгӯ Холиқназар Ҷумъаев бо номи «Биё ки фолат бинам» дар зери таҳрири Абдумудасир Аҳмадзода ва Фазлиддин Хоҷаев аз чоп баромад. Китоби мазкур маҷмӯи латифаҳо ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар мегирад, ки аз зиндагии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин суҳбат бо мардум гирд оварда шудааст. Номи китоб аз номи ҳаҷвияе бо номи «Биё ки фолат бинам» гирифта шуда, муаллиф дар ин ҳаҷвия фолбину фоландозро ончунон моҳирона ба риштаи ҳаҷв кашидааст, ки ба қавли худаш «ҳар ки онро бихонад, дигар ба фолбин рӯй наорад». Бояд гуфт, ки китоб бештар аз 300 латифаву хотираҳои ва бо пешгуфтори Абдумудассир Аҳмадзода барои дӯстдорони ҳаҷву ханда пешкаш мешавад.

Чӣ тавре, ки мегӯянд сухан аз забони луқмон хуш аст. Биёд дар бораи Холиқназар ва китоби ӯ “Биё ки фолат бинам” аз пешгуфтори Абдумудассир Аҳмадзода маълумот гирем:

“Ҳар субҳ мардуми бо интернет сарукордошта ба нетбуку фейсбуку боз чанд «бук»-и дигар медароянд ва аз хабарҳои нави худию бегона огоҳ шудан мехоҳанд. Банда, ки аз зумраи «насли афсонагӯ» (яъне «афсонаҳои» замони шӯравиро ба мардум мегӯяму онҳо бовар намекунанд) мебошам, се-чор сол пеш ахбори навро аз ТВ ва радио мегирифтаму «ҳаҷв»-ро фаромӯш карда, бо ҳамин манбаъҳо қаноат мекардам. Чун аз пайравони мазҳаби «дандонсафедон» будам (яъне ҳазлу ҳаҷву хандаи бандаро дӯст медоштам), ташнаи чунин маводҳо будам ва пешгӯӣ мекардам, ки пас аз раҳматии Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ (яке аз охирин намояндагони тоҷики ҳаҷви шӯравӣ) дигар касе дандонҳои марою мардуми пайрави мазҳаби моро гиз карда наметавонад. Аммо хушбахтона, на ман Нострадамус шуда тавонистаму на ҳаҷв бо Аҳмадшоҳ ба охир расид. Рӯзе пас аз гилаи ман дар мавриди набудани ҳаҷви воқеӣ ва ҷомеасоз, яке аз дӯстон гуфт, ки дар компютерам «фейсбук» насб кунам ва он ҷо дароям, мебинам, ки гап дар куҷост. Барои ман дар куҷо будани гап даркор набуд, аммо касе лозим буд, ки мазҳаби моро зинда кунад, яъне ҳаҷв навишта тавонад. «Ҳамон ҷо даро, мебинӣ, ки як «Холиқназарак» чиҳо менависад…»,- муғамбирона ҷавоб дод он дӯст ва ман аз рӯи маслиҳати додааш амал кардам. «Вой ман мураме…»,- беихтиёр ҳайратнидои кампиракои лаби оби Сирро ба забон овардам. Он ҷо нафараке бо исми «Холиқназар» чунон чизҳое навишта буд, ки бехтиёр мисли солҳои зинда будани Аҳмадшоҳҳо (ҳам Зоҳиру ҳам Омиру ҳам Маҳмадшо) даҳонам аз як гӯш то гӯши дигарам мисли «молния»-и шими куҳна якбора воз шуд. Дар навиштаҳои он «…назарак» Холиқи бузургро дидам ва минбаъд ҳар субҳ «ахбори» субҳонаи худро бо ҳазлҳои намакин ва латифаю ҳикояҳои хурди Холиқназар оғоз мекардагӣ шудам…

Боре роҳбари корхонаамон бо нигоҳи омирона ба ман гуфт: «Ягон нафаре ҳаст, ки барои гӯшаи ҳаҷвии «Тоҷикистон» чизе навишта тавонад?».

«Бале,- гуфтам дилпурона ва илова кардам,- Холиқназарро мегӯям, менависад». Бо шунидани ин ном лабҳои ҷиддии ҳамсӯҳбатам ба ду тараф кашида шуданду гуфт: «Мешавад…».

Аз ҳамон вақт инҷониб навиштаҳои Холиқназарро пайгирӣ мекунам ва гумон доштам, ки ӯ танҳо ҳаҷв менависаду танҳо бо пули додаи идораи телефон қаноат мекунад. Аммо вақте қиссаҳои худро барои таҳрир дод, фаҳмидам, ки ӯ боз қилиқи хунуки саргузаштнависӣ ҳам доштааст. Аммо аз назари як узви қатории мазҳаби «дандонсафедон» бо итминони комил мегӯям, ки имрӯз дар ҳаҷвнависии тоҷик ӯ ҳамто надорад. Метавонад аз як ҳодисаи одӣ манзарае бунёд кунад, ки дили кас ба рӯдаҳои аз ханда ба дард даромадаи худ месӯзад. Исботи ин гуфтаҳо маҷмӯаи дар дасти шумо буда аст, ки нусхаи ҳанӯз чопнашудаи онро банда чанд бор рӯи ҳам аз аввал то охир ва боз баръакс хонда баромадам. Аммо ҳар дафъа мисли он, ки бори аввал мехонда бошам, бо овози баланд ва бо бадани аз ханда ларзон мехондаму гурбаи болои зонуҳоям нишастаро меҳаросондам. Занаки хона ҳар дафъа худ ба худ хандидани маро дида, ангушти ишора ба сар бурда, 80% тоб медод ва ба бачаҳо мегуфт: «Ана, нагуфтам, дадоятон ҳамин китобро ки ба даст гирифт, касал мешавад. Халал нарасонед, монед «приступаш» гузарад… ».

Аммо гумон намекунам, ки танҳо бо «Биё, ки фолат бинам…» гуфтани Холиқназар «приступи» ман ва хонандагони ташнаи ҳаҷви тоҷик гузараду аз ин беморӣ халос шавем. Умедворем, ки барои шикастани ташнагии дӯстдорони ин жанри мардуми зиндагидӯст Холиқназар Ҷумъазода боз чандин «ретсептҳои» нав пешниҳод мекунаду… «приступ»-и бемории мо ва бо ҳамин тарзи табобат умри дӯстдорони хандаро дарозтар мекунад”.

Бояд тазаккур дод, ки тоби мазкур бештар бо роҳи танзу ҳаҷв инсонҳоро барои инсонтар гардиданашон ҳидоят мекунад ва ҳамзамон, ин китоб қудрати раҳонамудан аз банди аҷру ғуссаву ранҷаро низ дорад, ки албатта, имрӯз мо худ бевосита мушоҳида мекунем, ки одамон дар банди дарду бало, бепуливу бечорагӣ, бедодиву ноадолатии рӯзгор беш аз пеш гирифторанду маҷоли лабханд намудану аз ин яъсӣ раҳиданро надоранд, аммо китобе, ки дар даст доред, то ҷое шуморо ба дунёи руъёву танзу ҳазлу бозиҳои зиндагӣ мебард ва яқин лаҳзае аз ҳама проблемаҳо озод мешаведу шод мегардед. Ҳаҷв жанрест, ки бештари одамон онро хуш меписанданд ва ин китоб ҳам барои ононе иншо гардидааст, ки бештар мехоҳанд дар баробари мушкилоту норасоиҳои рӯзгор биханданд. Пас, ин ҳадяи баҳорӣ барои шумо зарофатписандон хоҳад буд.

З.С.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь