(Ё рахнае дар девори ҳувият ва асолати мо, дар ҳисси миллии мо…
Ва ба чӣ далел банда тоҷикеро дар суҳбат бо як дӯсти доғистониям ҳамдиёри худ, яъне тоҷик эътироф накардам…
ОҒОЗИ МАТЛАБ…
Бо ҳамин ном, яъне “Таназзул” ё “Суқут”, адиби маъруфи фаронсавӣ Албер Камю қиссае (аниқтараш романе) дорад. Қаҳрамонаш Жан-Батист Кламанс, адвокати боэҳтирому серу пури порисӣ, чӣ гуна ба бунбасти маънавӣ уфтоданашро нақл мекунад.
Шабе ӯ дар соҳили Сена (дарёе, ки аз миёни шаҳри Порис мегузарад) сайр мекарду духтареро дид, ки худро бо доду войи ҷонкоҳ ба дарё андохт. Ӯ наистод ва коре барои наҷоти он бону накард… Худро таскин медод, ки шаб аст ва агар худро ба дарё меандохт, аз дасташ коре намеомад…
Дигар то ахири умр ҳамин дарди ботинӣ азияташ медод: дар зоҳир накукор, аммо дар ботин худхоҳу бешараф… Амал накардан дар вазъи зарурӣ ҳаёти баъдияшро тағйир дод: умре дигар худашро худаш эҳтиром намекардагӣ шуд…
ПАНҶ РӮЗИ САРАФКАНДАГӢ
Банда баъди марги фоҷеабори Қобилҷон, бидуни ҳеч андешаи пасопешӣ, худро панҷ рӯз боз дар чунин ҳоли забуниву сарафкандагиву таназзули маънавӣ мебинам…
Чанде аз дӯстонам ҳамин гапро мегӯянд. Дар рухсори ду-се каси муҳтарам ҳангоми суҳбат аз марги муфоҷои Қобилҷон рехтани ашкро дидам, баъзеҳо гуфтанд, ки қалам дигар дар ихтиёрашон нест, чизе навишта наметавонанд…
Ҳамин фоҷеаро чӣ гуна таҳаммул кунанд, чӣ гуна дарк кунанд, чӣ навъ баҳо диҳанд, намедонанд…
Ман ҳам, ки бо сабаби бемории беш аз як ҳафта қалам ба даст нагирифтаам, аз ҷумлаи ҳамонҳое ҳастам, ки ҷуз ғаму андуҳи дарунӣ, ғайр аз беқарории ҳиссӣ коре накардам ва сатре нанавиштам…
Фақат навиштаҳои дигаронро хондаму афсӯс хӯрдам, ҳар гаҳ ки ҷигарам оташ мегирифт, оби сард менӯшидам…
Расо панҷ рӯз аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон азову мотам дорад. Дин мегӯяд, ки азо бояд се рӯз бошад, аммо ин ҷо ҳатто фармудаи дин дигар таъсир надорад…
Ин ҷо фоҷеаи одӣ нест, ки бигӯӣ, насибу сарнавишт ҳамин будааст. Ин ҷо фоҷеа хеле фаротар аз як фоҷеа аст…
Фоҷеаи як кӯдаки ғуррамарг не, фоҷеаи тамоми миллат аст…
ОШКОРО ВА РАМЗӢ
(аз Лев Толстой то Пётр Толстой)
Ин куштор рахнае дар девори ҳувияти мо ба вуҷуд овард: басо намоишкорона, ҳам ошкоро, ҳам рамзӣ…
Ошкорояш ҳамин ки “дар Русия танҳо русҳо ҳаққи хуҷаинӣ кардан доранд, ягон қавми дигар ҳаққи бо ин тоифа баробар зистан надорад”…
Рамзияш – “ғуломиву бардагиро сад фоиз ба гардан бигиред, вагарна аз Ҳинду Африқо милёнҳо муҳоҷирон омодаи омадан ҳастанд, ҷойҳоро холӣ кунед…”.
Куштори бераҳмонаи кӯдаки 10-солаи тоҷикро аз даруни кишвар дида дар хориҷи он зиёдтар ва хеле бо лаҳни шадидтар маҳкум карданд… Ҷиддӣ ва бо таҳлили жарф. Ҳазор бор илмитару баинсофтару густардатару фарогиртар аз назари олимони мо…
Олимони сиёсатдону ҷомеашиноси мо хомӯшанд, шояд як навиштаашонро ба даҳ ҷо бубаранд, то ки “хатое” нагузарад…
Аз садҳо таҳлилҳои хосу ом як ибораи Одам Қодиров (писари 17-солаи Рамазон Қодирови чечен) ба назарам дурусттар намуд: ин фоҷеа ногаҳониву як бору ду бор нест, “проблемаи системавист”.
Яъне системавӣ шудааст, чунки ба як рукни дар тарсу ҳарос ва дар ҳолати хавотирии ҳамешагӣ нигаҳ доштани ҷомеаи “ғайрирусҳо”-ро мавриди ҳадаф дорад.
Дар чунин система ҷойи қонунро фаъолияти созмонҳои миллатгарову шовинистӣ иваз мекунанд ва аз ин ки ин созмонҳо озодона амал мекунанд, маълум мешавад дар болоҳо “пуштибонҳои маъруфу машҳур” доранд. Аз гирифтани номҳои малъунашон худдорӣ мекунем, чун ҳама онҳоро медонанд…
Якеаш ҳамин абераи Лев Николаевич Толстой (Пётр Толстой) аст, ки бо ҳазёнҳои ҳамешагиаш дар бораи хатари муҳоҷирони осиёимиёнагӣ шояд хоби абадии он бузургворро мунтазам “ҳаром” мекунад…
Воқеан, Лев Николаевич Толстой – бобобузурги ин сиёсатмадори рус мафҳуми патриотизми давлатиро қабул надошт, миёни патриотизми табиии маънавибунёд ва патриотизми давлатӣ фарқ мегузошт.
Дар “Некии муҳаббат” (1908) ном рисолааш ошкоро гуфтааст, ки муҳаббати воқеӣ ба миллат ва сарзамини худ набояд ба арзишҳои одамони дигар, мардумони сарзаминҳои дигар ва дину оинҳои дигар зиён расонад.
Дар аксар романҳояш ин ақидаро дошт, ки низоми давлати русӣ “барои вуруди эҳсоси инсондӯстона” ягон даромадгоҳ надорад, ҳама ҷо маҳкам, ҳама ҷо иҷрои уҳдадориҳои рӯякӣ ҳасту бас…
Ҷанг гувоҳи бехирадист, инкори ҳақиқат ва гуманизм аст, бадии мутлақ аст, ба ҳар баҳонае, ки сар назанад, ҷангҷӯён муқобили ҷараён мераванд, ҷараёне, ки худи табиати одамиро инкор мекунад…
Ин ҳама андешаҳои бузургворонаи Лев Толстой имрӯз ба гӯши касе намерасад, ҳадди ақал ҳамин андешааш, ки дар давлате, ки даъвои тамаддун мекунад, бояд фарҳанги ҳамзистӣ бо ақвому милали дигарро дар ҷомеааш таҳким бахшад, чандфарҳанггаройӣ ё такассургаройии фарҳангиро (мультикультурализм)-ро ҷорӣ кунад, идеологияи гуногунрангии зисти башарро таъмин намояд…
Банда ҳар қадар аз таърих ҷустуҷӯ кардам, ягон империяи абарқудрати пешинаро наёфтам, ки бидуни ҳамин рангорангии фарҳангу тамаддунҳои одамӣ рушд карда бошад: аз Шумери қадим сар карда, то Амрикои кунунӣ…
Кудом давлати абарқудратеро дар ёд доред, ки танҳо аз як қавму як фарҳанг иборат будааст? Нест ва то ҷомеаи башарӣ ҳаст, чунин нахоҳад буд…
Ҳоло дар ҳама ҷо, ки сухан аз куштори бераҳмонаи Қобилҷон, як кӯдаки толибилми тоҷик равад (ки дар мактаби русӣ мехонд, таърихи адабу фарҳанги ин кишварро меомӯхт, ба фазои фарҳанги русӣ “адаптатсия” мешуд, худро як узви ин ҷомеа медонист – хулоса, ба ҳама талаботе, ки ҳукуматдорони рус ҳоло аз миллатҳои дигар сахт мехоҳанд, посухгӯ буд), мегӯянд, ки ин як “ҳодисаи хусусӣ” аст (частный случай)…
Дар маводи пешакии тафтишотӣ ҳам ин ҷиноятро ҳоло “куштор” ва “қасди куштор” муайян кардаанд.
БОВАРАМ НАМЕОЯД…
Ҳеч боварам намеояд, ки ин ҷинояти ниҳоят мудҳиш бар асоси “хусумати миллӣ” ё “бадбинии миллатҳои дигар” арзёбӣ шавад. Агар шавад, давлат маҷбур аст, тасдиқ кунад, ки дар мамлакат бадбинии саросарии ақвоми дигар (ксенофобия) вуҷуд дорад ва ибораи пурсару садои “сулҳу салоҳи байни миллатҳо ва дӯстиву иқоъи мардумони маскуни сарзамини рус” зери суол хоҳад рафт, яъне миф будани ин навъи зиндагиву таҷаммуъи мардум ошкор хоҳад шуд.
Барои зуд фаромӯш шудани қазия, ба гумони ғолиб, ин даррандаи одамкушро ё девона ҳукм мекунанд ва ё ба ихтиёри кудом созмони сарпараст месупоранд… Аммо санадҳоро чӣ гуна рӯпӯш хоҳанд кард?
Бо манифести “Хашми ман”, ки силоҳи идеологии ин наврас буд (ба хотирам номи китоби Ҳитлер “Муборизаи ман” меояд) чӣ мекунанд, ба фаъолияти волидонаш, ки бо созмони миллатгарои “Обшинаи русӣ” алоқа доштанд, чӣ баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд?
Аввал аз миллат пурсидану баъд одам куштанашро чӣ гуна баҳо медиҳанд?
ҲАЛҚАҲОИ САБАБ
Хуб, дер ё зуд, инҳо ҳама маълум мешаванд. Сарҳалқаи сабаби ин куштор нотавонии системаи давлатдорист: система мехоҳад, ки ба кадом воситае набошад, ҳувияти миллати русро ҳамчун миллати давлатшаклдиҳанда баланд бардорад, афзалияти онҳо нисбат ба дигарон маълум бошад, пеш аз ҳама, мушкилоти зисти онҳо ҳал бошад, аммо проблемаи муҳоҷирон ва “одаткунонии” онҳо бо он тарзу равише, ки русҳо мехоҳанд, намешавад…
Як мардуми дорои фарҳанги хос (чӣ тоҷику чӣ ӯзбеку қирғизу қазоқу чечену балқару дигару дигар) ба ҳеч ваҷҳ ба хотири ду танга маош расму оин ва эътиқоду менталитеташро иваз нахоҳад кард…
Дар тамоми дунё чунин аст: чӣ дар Амрико ва чӣ дар Аврупо.
Дигар сабаб батамом иваз шудани арзишҳоест, ки ба вуҷуд овардани ҳамин фазои чандфарҳангиро таъмин мекунанд: баробарии мардум ва шаъну эътибори миллатҳои дигар бо миллатҳои бумӣ кайҳост, ки аз байн рафта…
Агар ҳатто ягон академики тоҷик ё ӯзбек ба ин мулк биравад, ҳатман бо ӯ мисли як муҳоҷири навбатӣ – намояндаи як қавми дувумдараҷа муносибат мекунанд.
Мардуми дигарро ошкоро танқид мекунанд, ки “дару даҳлезҳои моро”, “роҳу раҳравҳои моро”, “кӯчаву хиёбонҳои моро” ифлос мекунанд, “фарзандонашон ба низоми таълими русӣ” мувофиқ нестанд ва ғайра… Инҳоро ҳам дар кӯчаву бозорҳо мегӯянд, ҳам дар парлумонашон.
Ва инро дар фаҳми умум идеологияи таҳаммулнопазирӣ мегӯянд, ки натиҷааш бадбинии миллатҳои дигар, расизм ва фашизми навбаромад аст…
Ҳоло изҳори рӯйирости нафратро ба намояндагони милали дигар “нуқтаи назар” мегӯянд ва ҳамдастии созмонҳои миллатгароро бо сохторҳои давлат – таъмини осоиши ҷомеа…
БИСМАРК ЧӢ ГУФТА БУД?
Дар замонаш Отто фон Бисмарк (сиёсатмадори маъруфи олмонӣ, 1845-1898) мегуфт, ки давлати аз нигоҳи таъмини зиндагии осудаи ҳама қавму миллатҳо нотавону ноуҳдабаро ҳатман аз сохторҳои кумакрасони теғбадаст истифода хоҳад кард.
Як идея, як андешаро дар миён меандозад ва гурӯҳеро саробонӣ мекунад ва кори ҳукумат бо ҳамин осон мешавад…
Он гурӯҳи бо идеологияи ифротӣ мусаллаҳ бо тарсонидану гӯё ба назму низом овардани ҷомеа масъул мегардад ва бо ҳамин кори хирс тамом.
Бинед, ки ҳоло айнан ҳамин идеология ва айнан ҳамин тарзи фаъолият идома дорад, вагарна барои як давлате, ки тамоми бонку молиёту дороиҳо, куллияи артишу сохторҳои низомӣ дар ихтиёри русҳост, чӣ лозим дорад ба созмонҳое, ки боз барои русҳо корҳои дифоӣ кунанд? Аз киҳо дифоъ кунанд? Кадом арзишҳоро ҳимоят кунанд?
Аз муҳоҷироне, ки ғайр аз кору маош фикри дигаре дар сар надоранд? Ё мехоҳанд таносуби миллатҳои бумиро бо миллатҳои муҳоҷиршуда бо усули саркӯб кардану ҳаросафканиҳо (хонда шавад – ба ғуломони кару гунг табдил додан) нигаҳ доранд???
Расо даҳ сол аст, ки аз миллати русу русзабонҳои Русия як одам ҳам зиёд нашудааст. Таваллуд нест. Даҳ сол боз. Як хавфи бузурги миллатгароёни рус ва ҳомиёни онҳо дар сохторҳои масъул ҳамин аст: “Инҳо сарзамини моро бо баҳонаи муҳоҷират “истило” хоҳанд кард”. Худашон бехабар, ки аллакай Шарқи Дур ба Хитойи дувум табдил шуда…
Ман хабар надорам, ки ягон зану марди хитоӣ ба табъизи нажодӣ дучор шуда бошад, зеро ҳоло дар айёми ҷанги зидди Укроин беш аз навад фоизи ресурсҳои технолоҷӣ аз ҳамин кишвар ба даст меояд ва агар кумаки Чин набошад, ин ҷанги хонумонсӯзи русу укроин дар як моҳ ба итмом мерасад.
Инро русҳо хеле хуб медонанд…
Баргардем ба сарнавишти Қобилҷони азиз. Ӯро танҳо барои тоҷик буданаш куштанд, ки ҳосили идеологияи миллатгароӣ буд. Ва инчунин натиҷаи сиёсате, ки аслан бунёди гуманистиву таҳаммулпазирӣ надорад.
ОХИРИ СУХАН
Вақте ки аҳриманзодае ба тани Қобилҷон корд мезад, садои “дада-дада”-и ӯ дар дару деворҳо танин меандохт…
Ӯ дар пушти ин сухан ватанаш, мардуми Тоҷикистонро дар назар дошт, зеро медонист, ки падараш нест, мурдааст кайҳо…
Шояд баъди маргаш ба доди руҳи озодаи ӯ бирасанд, то ин қабил фоҷеаҳо дигар такрор нашаванд…
ЧӢ МЕБОИСТ КАРД?
1. Қатъиян талаб кардан даркор, ки парвандаи ҷиноии он аҳриманзодаи қаттол бар асоси “хусумат ва нафрат ба намояндаи миллати дигар” мавриди санҷиш қарор гирад ва мурофиаи ошкоро бо ҳузури ҳама намояндагони ҷамъиятҳои миллии ғайрирус баргузор шавад.
2. Вуруди тамоми маҳалгароҳои русро аз Русия, қабл аз ҳама ҳомиёни онҳоро аз сохторҳои қудратӣ ва қонунгузор, ба Тоҷикистон манъ бояд кард… Номҳои малъунашонро ҳама медонанд.
3. Тамоми ҷамъиятҳои тоҷиконро дар шаҳрҳои бузурги Русия барҳам дода, ба ҷойи онҳо Кумитаҳои ҳифзи саломатӣ ва рушди фарҳанги тоҷикиро (бо таъсиси мактабҳои дорои ҳаққи таълими забону адабиёти тоҷикӣ) таъсис бояд дод.
4. Талаб бояд кард, ки дар ҳама зинаҳои қонунгузории кишвари рус қонунҳои махсуси ҳимояи фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шаванд.
5. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои рус семинару тадбирҳо роҷеъ ба асосҳои мультикультурализм (таҳаммули бисёрфарҳангӣ) баргузор шаванд, то ки ҳама бидонанд: дар ҳар ҷо, ки бошад, хоҳ Русия ё Амрико, мардум ҳаққи зиндагии осоишта бо риояти расму таомул ва оинҳои худро доранд ва касе бар каси дигар, ҳеч қавме бар қавми дигар афзалият надорад.
6. Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҳимояи муҳоҷиронро ҷиддӣ бигирад: дар ҳама шаҳру вилоятҳо сохторҳои қудратии тоҷик ситод дошта бошанд, то сари вақт ба доди ҳамдиёрон аввал худашон бирасанд.
7. Ба зудӣ барои дарёфти кишварҳои дигари муҳоҷирқабулкунанда чораҳо бояд андешид. Суроғаҳои ёфтани кор дар хориҷаро тағйир бояд дод (масалан, Австралия, кишварҳои мутамаддини Аврупо, Канада, ҳатто Исроил, ки ҳаққи инсон дар тафовут бо хеле аз кишварҳои мусалмоннишин ҳамаҷониба таъмин мегардад).
8. Ба модари дилфигори Қобилҷон хонаву дар бояд дод, то ки дигар ёди ғарибӣ накунад ва фарзанди дигарашро ҳамин ҷо тарбият ва таълим диҳад.
9. Дар ҳар лоиҳаву паймону шартномаҳои иқтисодӣ бо Русия моддаи махсуси ҳимояи шаҳрвандони Тоҷикистон аз табъизи нажодӣ ва хусумати миллиро ворид бояд кард, дар сурати акс, он лоиҳаву шартномаҳо якҷониба бекор шаванд.
10. Тамоми китобҳои таълимии фанни таърихро бо назари интиқодӣ ва таҳлили амиқи илмӣ бознигарӣ карда, ҳаводиси ахири асри XIX ва оғози асри XX-ро аз мавқеи ҳақиқати таърихӣ аз нав навиштан лозим, то ки устураҳои наҷоти як миллат аз ҷониби миллати дигар пурра ҳазф карда шаванд. Методҳои аслӣ барои навиштани таърихи кишвар инсоф, адолат, ҳақиқат ва воқеият бошад, на стереотипҳои даврони шуравӣ.
11. Давлати Тоҷикистон барои ба муҳоҷирати корӣ равон кардани оилаҳои камбизоат, ки тифлонашон эҳтиёҷ ба таълим доранд, бояд барномаҳои вижаи иҷтимоӣ бо назардошти будани ҷойи воқеии кор, манзили зист ва мактаби бехатар барои кӯдакон таҳия кунанд, дар сурати баръакс, фиристодани чунин оилаҳоро манъ кунанд.
12. Бо назардошти доду фарёди хеле аз мутасаддиёни мактабу маорифи рус, ки мегӯянд: “тоҷикон саводи дурусти русӣ надоранд ва дар синфхонаҳо бо дониши сусташон русзабонҳои дигарро аз донишомӯзӣ қафо мекашанд”, соҳибкорони тоҷик ва сохторҳои масъули Тоҷикистон барои таъсиси мактабҳои хусусӣ барои кӯдакони тоҷик дар шаҳрҳои бузург саъю талош кунанд.
13. Аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ истифода карда, дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия мактабҳои бузургҳаҷми таълимӣ бояд таъсис дод, ё пансиону интернатҳо бо ҷойи хоб, то ки волидон бо хотири ҷамъ аз пайи ризқу рӯзияшон бошанд.
14. Ба Созмони Милал муроҷиат шавад, ки дар масъалаи табъизи нажодии кӯдакон ва куштори онҳо бар асоси хусумати миллӣ қатъномае қабул кунад.
15. Дар синфҳои болоии ҳама мактабҳои Тоҷикистон дарсҳои махсуси фарҳанги халқҳои ғайр (агар майли муҳоҷират ба кишвари рус бошад, фарҳанги мардуми рус, агар ба Куриё бошад, фарҳанги мардуми Куриё ва ғайра таъсис бояд дод, то ки ҳар ҷавони муҳоҷир аз ҳолу ҳавои мардум ва маданияту менталитети миллии он кишвар огаҳ бошад).
ДАР НИҲОЯТ…
Ниҳоят, фарҳанги зиндагии осударо дар Тоҷикистон ба маънои комилу густардааш бояд ба роҳ монд, ки асосаш тарбияву омӯзиш аст. Ситсерони бузург мегуфт: “Ончунон кишоварзе заминашро кишт мекунад, ҳамон гуна одамон бояд фалсафаи ақлро кишту кор кунанд…”
Аз ин беҳтар Рене Декарт гуфта буд: “Доштани ақл кам аст, истифодааш муҳимтар…”.
Аз фалсафаи ақл кор бигирем, то ки фоҷеаҳо такрор нашаванд…
Ҳафиз РАҲМОН

Таназзули маънавӣ…
Блоки рекламавӣ


