Дар низоми давлатдории дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ бархӯрд карда тавонанд. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатдорӣ ва ҷомеасозии дунявӣ, ки ҳанӯз дар қолаби бовардоштҳои бостонӣ ва ормонгаройии миллӣ рехта шудааст, раҳонидани инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа аз бунбасти ҷаҳолату хурофот мебошад.
Бояд гуфт, ки давлати дунявӣ усули эътирофшудаи модели давлатдории муосир буда, ҳеҷ гоҳ бар зидди дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил мешаванд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар фармуда буданд: “Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуқтаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ созанд”.
Маҳз ҳамин дунявият буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва давлати баробарҳуқуқ эътироф гардид. Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати дунявӣ эълон шудааст (моддаи 1) ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ (моддаи 8) “ба ҳайси мафкураи давлатӣ” эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, “ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд” (моддаи 26).
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санади олии қонунгузорӣ – Сарқонун дар пайи сохтани давлати дунявӣ гом бардошта, ҳамзамон тавассути самтҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ин тариқа васеъ истифода бурда истодааст. Барои сохтани давлати миллӣ бар низоми сиёсии дунявӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорем. Ҳанӯз дар қадимтарин бовару эътиқодоти форсӣ-тоҷикӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири миллӣ-мардумӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият, давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.
Яке аз роҳҳои мусоидат ба таҳкими давлатдории миллӣ дар зеҳну шуури мардум ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мусоидат ба рушди илму маориф дар кишвар мебошад, ки бояд дар қалби ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину маҳзаб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии ӯ ҷой гирифта бошад. Раҳоӣ аз вобастагии мафкуравӣ дастёбӣ ба соҳибихтиёрии мафкуравӣ дар даврони шиддатёбии муборизаи кишварҳои абарқудрат барои қудрат бар мафкураи одамон аз муҳимтарин вазифаҳост дар роҳи таҳкими давлатдории миллии тоҷикон.
Дар низоми равобити байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамҷавор мақоми авло доранд. Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.
Ташкили низоми мазкур аз мавқеи кишварҳои минтақа ва абарқудратҳои хориҷӣ вобаста буда, зарурати ҳамкориро таъкид менамояд. Аз ҷониби дигар нақши созмонҳои минтақавӣ дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ афзоиш меёбад. Таъмини амнияти минтақавӣ низоми муайянеро тақозо намуда, фишанги муҳими ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ба шумор меравад.
Шарти муҳимтарини ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур ташаккули низоми сиёсии демократӣ ва дунявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ҷомеаи навин, суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ахлоқиву фарҳангии халқи тоҷик ва сокинони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар низоми дунявӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳ, равобити ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстии халқҳо ва кишварҳо мебошад, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои олии Ватан, амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон аст.
Имрӯз бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои миллии худро шинохтаем ва дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ин нуктаро бояд бо тору пуди вуҷудамон дарк намоем, ки манфиати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон болотар аз ҳама гуна манфиатҳои дигар аст.
Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё, бахусус мо ҷомеашиносон тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоем, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёрии сиёсии мардумро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардорем. Зеро мардуми огоҳ, дорои маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳеҷ неруе фирефта наметавонад ва худогоҳиву ҳисси баланди ватанпарастии мардум аз пояҳои асосии амният ва суботи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан ва мардуми онро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили хешро ҳамаҷониба таҳким бахшем.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ,
номзади илмҳои фалсафа



