«Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори воқеаҳои муҳимтарини таърихи нави Ватанамон воқеаи нодиртарин ба шумор меравад, ки аҳамият ва арзишаш бо гузашти вақт меафзояд. Яъне, агар мо имрӯз ифтихор дошта бошем, ки давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ месозем ба ин мақсад моро Конститутсия вазифадор мекунад. Агар бо қаноатмандӣ арз намоем, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат пайдо гардидааст, ин ҳам аз шарофати Конститутсия ба амал омадааст, чунки Конститутсия барои мо асоси амалкунӣ ва дар ҳама соҳаҳои ҳаёту фаъолиятамон моро раҳнамост».
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, санади муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон буда, дар он орзую ормон ва иродаи миллати тоҷик баҳри барпо кардани давлати миллӣ ифода ёфтааст.
Қабули Конститутсия, ташкили давлати миллии тоҷикон, соҳибихтиёрии воқеии давлатӣ пайдо кардани Тоҷикистонро дар сатҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровард. Дар он рамзҳои давлатии хоси Тоҷикистон, шакли давлат, моҳияти давлат, соҳибихтиёрии халқ, таркиби давлат, сохтори ҷомеа, усулҳои асосии ташаккули ҳокимияти давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва асоси иқтисодии давлат муқаррар карда шудааст. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ дониста, дар он ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир арзёбӣ шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамият ва таъсири Конститутсия ба ҳаёти ҷамъият хеле бамаврид қайд карда гуфта буданд- «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори воқеаҳои муҳимтарини таърихи нави Ватанамон воқеаи нодиртарин ба шумор меравад, ки аҳамият ва арзишаш бо гузашти вақт меафзояд. Яъне, агар мо имрӯз ифтихор дошта бошем, ки давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ месозем ба ин мақсад моро Конститутсия вазифадор мекунад. Агар бо қаноатмандӣ арз намоем, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат пайдо гардидааст, ин ҳам аз шарофати Конститутсия ба амал омадааст, чунки Конститутсия барои мо асоси амалкунӣ ва дар ҳама соҳаҳои ҳаёту фаъолиятамон моро раҳнамост».
Воқеан, нақши Конститутсия дар марҳилаи аввали амалаш дар кори ҷамъ овардану муттаҳид кардани миллат, расидан ба ризоият ва ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, ҳамчун омили муҳиму асосии ташаккул ва устуворгардонии давлатдории миллӣ беназир аст. Мақсад, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат, чуноне ки дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар меҳвари он инсон, ҳуқуқ, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ, ки арзиши олӣ эътироф шудаанд, қарор дорад.
Чуноне, ки аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати 10- солагии Конститутсия бармеояд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми рӯҳи бешикасту озодпарастии миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз истиқлолияти давлатии мо бозгӯӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст».
Дарвоқеъ тавассути амалишавии арзишҳои Конститутсия низоми давлату давлатдорӣ ба ҷо оварда мешавад. Давлат, Конститутсия ва ҳамаи арзишҳое, ки дар он омадааст, бояд барои инсон, барои ҳимояи ҳуқуқҳои он хизмат намоянд, бояд шароити мусоид ва зиндагии арзандаи ӯро, ки амали шудани тамоми орзӯю ормон ва ҳуқуқу озодиҳояшро дарбар мегиранд, таъмин карда тавонанд, зеро иҷрои ин масъулияти умда ва ҷавҳарии Конститутсия кафолати асосии бунёди ҷомеаи адолатпарвар, устувории давлату давлатдории миллӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад, ки аҳамият ва нақши бузурги он маҳз дар ҳамин ифода меёбад.
Ҳамзамон барои он, ки меъёрҳои Конститутсия амалӣ шаванд, механизми муайяни ҳуқуқмуҳофизаткунандае зарур аст, ки натанҳо ба ҳайси кафили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати давлату шахсият баромад кунад, балки худи Конститутсияро низ ҳимоя карда тавонад. Низоми конститутсионӣ ва арзишҳои конститутсионӣ худ ба худ ваҷуд дошта наметавонанд, онҳо низ ба муҳофизат ва истодагарӣ ниёз доранд. Онҳо ба ин ҳимоя на аз он ҷиҳат эҳтиёҷ доранд, ки касе аз берун ба онҳо таҳдид мекунад, балки барои он ниёз доранд, ки ҳанӯз дар ҷомеа қувваҳои ихтилофкору мухолифони ҳуқуқ вуҷуд доранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ меъёрҳоеро таҷассум кардааст, ки ҷавобгӯи арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ буда, аз эътибори олии ҳуқуқӣ доштани он шаҳодат медиҳанд. Маҳз бо ҳамин волоияту эътибори олии ҳуқуқи доштани худ Конститутсия дар устуворгардонии давлатдории миллӣ нақши созандаю бунёдкорона бозида метавонад. Конститутсия меҳвари асосии устуворгардонии давлат буда, меъёрҳои он бояд аз ҳама гуна ихтилофҳо поку беолоиш бошад, онҳоро нодуруст нафаҳманд ба онҳо такя карда, ғаразҳо ва манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва мансабии худро амалӣ насозанд.
Арзишҳои башарие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд ва барои демократикунонии ҷомеъа нақши назаррас дошта метавонанд инҳо мебошанд:
Пеш аз хама, роҳи демократии инкишофро интихоб кардани Тоҷикистон ба арзишҳои ҷаҳонии ҷомеаи озод наздикшавии ҷумҳуриро осон гардонида, низоми давлатдории демократиро мустаҳкамтар месозад.
Ин омил, ки дар Конститутсия инъикос ёфтааст, якҷоя бо арзишҳои дигар, аз ҷумла моҳияти ҳуқуқбунёдии давлат, нуфузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардонад.
Дигар ин, ки дар асоси таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтани сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва эълон гардидааст, ба тамаддуни ҷаҳонии ташкили сохтмони давлатӣ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад. Дар таърихи зиёда аз дусадсолаи ташаккули Конститутсия, меъёри он дар хусуси таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамеша мавқеи хоса дошт. Зеро риояи татбиқи қатъии ин усул бо тарзи демократӣ ташкил кардани сохтор ва фаъолияти дастгоҳи давлатиро ифода карда, ҳамчун воситаи садди роҳи бозгашт ба низоми ғайридемократии идораи давлат хизмат мекунад.
Хамчунин, эълони волоияти санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, боиси эҳтироми иттиҳоди ҷаҳонӣ ва ба низоми ҳуқуқи байналмилалӣ наздик шудани давлатро ифода мекунанд. Аҳамияти ин меъёр дар он аст, ки ба воситаи он Тоҷикистон худро дар қатори давлатҳое шуморид, ки онҳо на фақат волоияти Конститутсия ва қонунҳои миллӣ, балки риояи ҳуқуқи байналмилалиро муқаддас мешуморанд. Барои ноил шудан ба баланд гардидани аҳамият ва эътибори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашмаи қонунии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдор гардад.
Хамзамон, эътирофи муқаддасоти озодӣ ва ҳуқуқи шахс, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, эълони дахлнопазирии ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз тарафи давлат эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ба ӯҳда гирифтани риоя ва ҳифзи онҳо яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ ва кафолати муҳими вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад.
Вобаста ба эътироф ва эълон кардани муқаддасоти арзишҳои номбурда дар Конститутсия вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии онҳо муайян карда шудааст. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар он ифода ёфтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар низоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ ҷои аввалро ишғол кардаанд.
Моддаи 14 Конститутсия муқаррар мекунад, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд ҳифз мегарданд». Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бевосита амали мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти хокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Яке аз хусусиятҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави кардан ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Инро мо дар сарнавишт ва боби якуми Конститутсия мебинем, ки дар онҳо озодӣ ва ҳуқуқи инсон муқаддас ва арзиши олӣ дониста шудаанд. Чунин иқдом дар боби дуюм низ идома ва ривоҷ ёфта, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд дар оғози низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ ҷой дода шудааст.
Ин мавқеи конститутсионӣ далели ба арзишҳои башарӣ оид ба ҳуқуқи инсон баробар шудани Тоҷикистонро ифода мекунад. Вобаста ба сатҳи татбиқи ҳуқуқу озодиҳои номбурда дар арсаи ҷаҳонӣ ба мавқеи давлат баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо ҳолатҳои нав бой гардонидани кафолати ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ҳамеша дар зери диққати давлат ва ҷомеа бошад.
Арзиши дигаре, ки дар Конститутсия инъикос ёфта, барои демократикунонии ҷомеъа нақши назаррас гузоштааст, ин ба ҳайси асоси иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани шаклҳои гуногуни моликият, кафолату ҳифзи баробарҳуқуқии онҳо, аз ҷумла моликияти хусусӣ, заминаи ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ гузаштан мебошад. Маҳз эътирофи моликияти хусусӣ ҳамчун асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои молиявию бонкҳои ҷаҳонӣ, ба сармоядорони хориҷӣ боварӣ бахшид, ки Тоҷикистон бебозгашт ба роҳи сармоядорӣ дохил мешавад ва муқаддасоти моликиятдориро эътироф мекунад.
Чунин эътироф қадами нахуст барои сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ бошад барои ба муносибатҳои устувори сармоядорӣ дохил гардидани Тоҷикистон ва бо ҳамин аз иқтисодиёти сотсиалистӣ даст кашидан замина фароҳам овард. Дар навбати худ ин меъёр заминаи ҳуқуқии ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ наздик шудани муносибатҳои молумулкӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Хамчунин арзиши дигар дар ҷодаи демократикунонии ҷомеъа, ки аз мукаррароти Конститутсия бармеояд, ин дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ буда, он заминаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Маҳз дар ҳамин асос ва нишондоди Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ташаккул меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси вуҷуди он расму қоидаҳои демократӣ мебошад, бе фаъолияти низоми бисёрҳизбӣ ва рақобати созандагии онҳо, бе низоми такомулёфтаи шабакаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хусусан ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар пеши назари ҷаҳони мутамаддин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар он эътирофи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ дар мадди аввал меистад, қадами ҷиддӣ барои шинохти сохтори сиёсии давлат мебошад.
Бо ҳамин сабаб барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардонидани ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва ривоҷи фаъолияти онҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътибори махсус медиҳанд.
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон, ки дар Конститутсия муқаррар гардидааст, самти асосии сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташкил мекунад. Эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои дигар, ки дар сиёсати хориҷии худ Тоҷикистон пеш гирифтааст ба афзун гаштани нуфузу мартабаи он мусоидат менамояд.
Содиқ будан ба сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷӣ ба давлат имконият медиҳад, ки дар муайянсозии муносибат бо дигар давлатҳо ба ҳеҷ яке аз онҳо бартариятро раво нашуморад, ба ҳамаи давлатҳо робитаи мӯътадили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта бошад. Таҷдиди давлатдории миллӣ фақат дар заминаи ташкили давлати миллӣ, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва дар арсаи байналмилалӣ истиқлолияти худро ҳифз карда тавонистан сурат мегирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ноил гаштан ба соҳибихтиёрии воқеӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам сатҳи байналмилалӣ кафолати соҳибихтиёрии давлатиашро устувор гардонад.
Ҳамаи арзишҳои зикршуда, ки дар Конститутсия инъикос ёфтаанд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд дар роҳи рушди босуботи сохтумони давлати воқеан ҳам демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳифз, риоя ва таъмини арзишҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои Конститутсия аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, шахсони мансабдор, ҳар як шахсияту шаҳрванд бо ин ё он тарз ба амал бароварда мешавад ва ба ин васила онҳо дар устуворгардонии давлати миллӣ, таъмини волоияти Конститутсия ва мустаҳкам намудани қонуният дар ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Воқеан таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии мамлакат аз таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо вобастагӣ дошта, асоси кафолати инкишофи оянда ва устуворгардонии давлатдории миллӣ мебошад.
Қурбонзода Иброҳим Музаффар,
прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1



