Дуруд, киё Хуршед Атовуллоҳ!
Номаатонро дарёфт кардам. Бисёр мамнунам, ки ба он вокуниш кардед.
Медонед, чаро ба баҳси шумову Абдувоҳиди Зевар ҳамроҳ шудам ва дар мавриди “танҳоӣ” ибрози назар кардам? Чун ин мавзӯъ барои ман бегона нест ва дар ин замина ногуфтаҳои зиёд дорам. Боре дар як нишаст шоири ҷавон Меҳровари Масчоӣ гуфта буд:
“Ман бо Ардашер ду рӯз шуд, ки ошноям. Ӯ бачаи ором менамояд, вале дар ботинаш ҳарфҳои зиёд дорад ва вай бо худ меҷангад”.
Ин арзёбӣ маро ҳайратзада кард. Зеро на ҳама тавони дарк кардани маро дорад, махсусан онҳое ки ҳамнишинҳои наздикам ҳастанд. Фикр мекунам, аз ин ҷиҳат ба Беҳзоди қаҳрамони детективи “Доғи як бӯса” монандиҳое дорам. Аммо фарқ миёни ману ӯ чандон зиёд нест ва он ҳам ҷузъист. Масалан, вай зиёд сигор мекашад, аммо ман сигорӣ нестам. Оиладор аст, вале инҷониб муҷаррад ҳастам. Ба Русия ба муҳоҷирати корӣ рафтааст, лек банда гардишгарам ва ба қавли Саъдии бузургвор “бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме”.
Шумо дар номаатон навиштаед:
“…ҳамеша ба ман мегӯянд, ки “навиштаҳоям навмедона аст, пессимистона аст, рӯҳияи зистанро бедор намекунад”. Аммо дурӯғ мегӯянд”.
Воқеан, ба ин баҳо мешавад аз се зовия нигарист. Якум, аз нигоҳи бадбинҳо (пессимистҳо), ки гӯӣ зиндагӣ барояшон ҷуз аз абри сиёҳ дигар аз чизе иборат нест. Дувум, аз чашми хушбинҳо (оптимистҳо), ки хештандӯстдор ва умедвор ба зиндагии дурахшон ҳастанд. Ва севум, аз диди воқеъиятгароҳо, ки сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ нагӯянд.
Дар ин замина ҳарфи донишманд Комил Бекзода ҷойи фикр дорад, ки Шумо гуфтовард кардаед:
“Аз назари аввал навиштаҳои Хуршед навмедона аст. Фикр мекунӣ, ки ҳамин ҳозир мераваду худро меовезад. Вале ин тавр нест. Пушти ҳар сатри навиштаҳояш бонги бедорӣ, исён алайҳи бедодгариҳои зиндагӣ ниҳон аст ва бовар дорам Хуршед замоне мерасад, ки фарёди дилашро ба хонандагон мерасонад”.
Ба пиндори ман, таронаву ҳикояҳои Шумо воқеънигарона аст. Дар он фарди ошиқ ҳарфи муносиби ҳоли дили “девона”-и худро пайдо мекунаду шахси маъниҷӯ ҳикматҳои бешумори зиндагиро аз дидгоҳи Шумо.
Медонед, киё Хуршед, замоне ман ҳам мисли Шумо тарона менавиштам (қиссаи чаро идома надодани таронанависиро дар номаҳои баъдӣ хоҳам навишт). Мешавад онро як навъ хулосаи зиндагӣ арзёбӣ кард. Ман ба ин назарам, ки тарона нависандаашро гаҳу гоҳ ба суроғи иттифоқоти гузашта мебарад. Ва бо ин хотироти рангину шояд беранг навор мисли қатор аз пеши дидагон мегузарад. Бинобар ин, таронанависӣ то ҷое бардошт аз хотираҳо ва ҳамин тариқ коридани “тухм”-и хотираҳо дар “сарзамин”-и сафед аст.
Воқеан, мамнунам, ки гоҳ-гоҳе бароям панд ва машварат медиҳед. Шод мешавам, вақте ки шахси гиромие ба ман чизеро таъкид мекунад, аз таҷрибаи худ тавсия медиҳад. Ва ин бозгӯи самимият ва накӯхоҳии шумост. Ростӣ, ёдоварии панди шодравон падарам ва таъкид рӯйи он маро ба андешидан водошт. “Ном ёб, нон худаш меояд!” Бо ин ҳарфи падарам ҳамнавоям, аммо фикр мекунам, ки ҳама чиз фурсати худро дорад. Набзи мо, инсонҳо, яксон нест, аз ин рӯ, яке зудтар, дигаре дертар шуҳрат ба даст меорад. Ва шуҳратмандӣ замоне маъно хоҳад дошт, ки шахс пур аз таҷрибаву фаросат ва хирад раҳнамои ӯ дар ин масири душворписанд бошад. Чунонки бузургон мегӯянд:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Ин “пир” ба маънои таҷриба ва “Сикандари замон” бозгӯйи шуҳратмандист! Ва таҷриба бештар дар сафар ҳосил шавад. Дар сафаре, ки дар шароити имрӯзи ҷаҳон фанновариҳо фосилаи миёни инсонҳоро кӯтоҳ ва кори эшонро осон кунад.
Киё Хуршед, иқрор мешавам, ки мояи эҷод шудани номаи қаблӣ асари “Хунро бо хун мешӯянд” низ ҳаст. Ин асар ба ман чунон таъсир гузошт, ки водор ба навиштан кард. Сабки хоса, хати сужаи ҷолиб, қиссаи пурмоҷаро ва гардишҳои бамавқеъ аз вижагиҳои ин асари хонданист, ки эҳсосбарангез аст. Фикр мекунам, ки барои синамо идеяи хуб аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Беҳзод мушкилии ғурбатро пушти сар мекунад, ба ман фурсат лозим аст, то ба эҳсос кардани ин дард даст ёбам.
Шумо дар идома навиштаед:
“Ҷумлаи “чаро аксари дилбарон хиёнат мекунанд?” дар ин нома мисли тарошаи аз бом афтода нест? Мабодо сабаби ғурбат интихоб кардани ту маҳз ин мушкил нест? Медонам, медонам, о ваҳ, чӣ хуб медонам, ки ишқ инсонро, махсусан инсони эҷодкору эҳсосиро ба сӯйи қаҳрамонӣ, ба сӯйи эътирофи маҳбуба мекашад. Ва ҳама ин ранҷу ғусса барояш ҳеҷ метобад”.
Эътироф мекунам, ки “ишқ инсонро, махсусан инсони эҷодкору эҳсосиро ба сӯйи қаҳрамонӣ, ба сӯйи эътирофи маҳбуба мекашад”, пару бол медиҳад, барои анҷом додани корнамоиҳо илҳом мебахшад, зарфиятҳои инсонро мушаххас месозад ва ин дард инсонро “истеъморзада” мекунад. Аммо бояд бигӯям, ки ҷумлаи “чаро аксари дилбарон хиёнат мекунанд?” дар номаи қаблӣ дар бофтори хешкории эҷодкор ҷоуфтода омадааст ва ёдоварии он барҷаста нишон додани ин падида ҳамчун ҷузъи муҳиму сарнавиштсози зиндагии инсонҳои тахайюлпардоз аст. Вагарна, бидуни ин оё магар фардияти эҷодии Хуршед Атовуллоҳ нокомил намебуд?!
Чунин мепиндорам, ки ману Шумо ва ҳар касе ки боре ба маънои томаш ошиқ шудааст, назаркардаи Худост! Ин эҳсоси баланд ва отифаи номуқаррарӣ “заҳр”-и бедармонест, ки зиндагӣ ба шишаи дил рехта, “Нӯш бод!” мегӯяд. Ва хумори он то дер фаро намерасад, шояд аслан ҳам нарасад…
Ҳамин тавр не, киё Хуршед?
Бо арҷи фаровон,
Ардашер Пайванд
“Пиртаваллудшуда”
Дуруд Ардашер!
Номаатро гирифтам. Бо вуҷуди он ки дар ғурбат ҳастӣ, зуд ба ман расид. Зуд расидани нома, дубора хотираҳои маро зинда кард: Ёдам омад, ки ҳангоме дар синфи ҳашт таҳсил мекардам,(тахминан солҳои 1988) боре тавассути почта ба ҳуҷумкунандаи маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе Вазген Манасян нома навиштам. Бо забони тоҷикӣ. Гумон надоштам посух медиҳад. Чун он сол Вазген Манасян нишонзани беҳтарини лигаи якуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буду соҳиби “бутсии тиллоӣ”. Ва ҳам ба як арманӣ нома навиштани як тоҷикписар -хонандаи мактаб, ки он ҳам деҳотии тоҷик аст ва интизори ҷавоб мондани вай имрӯз шабеҳи афсона аст. Аммо Вазген ба ман посух навишт. Бовар мекунӣ? Ба ғайри нома ба ман чанд армуғони варзишӣ ҳам фиристода буд. Сатрҳои навиштааш то ҳанӯз дар ангораҳои хаёлам зинда аст. Агар хотираам фиреб надиҳад, дар оғози нома навишта буд” “ Номаи туро ба ман ҳамсарам, ки забони тоҷикиро хуб медонад, тарҷума кард”. Дигар ман миёни мухлисони футбол ангуштнамо шудам. Маро бо мошинашон то деҳаҳои наздики маркази ноҳия мебурданд, то бозии дастаи футболи “ Помир”-ро тамошо кунам. Бо пешниҳоди шодравон падарам як армуғонро ба амаки Абдувакил, ки маро ба тамошои се бозӣ ба деҳаи Ғусар бурда буданд, додам. Маҳз он кас маро ба тамошои бозиҳо мебурданду меоварданд. Дигар мехостам футболбоз шавам, аммо… тақдир дигар чӣ мехостааст…
Бори дигар соли 1990 ба ҳунарманди он замон овозадори дастаи “Гулшан” Субҳони Сайид, ки шефтаи овозаш дар сури як ҳамдеҳаамон гардида будам, нома навиштаю посух гирифтам. Шодии маро ҳадду канор набуд. Баъдтар дӯстам Фурқат Сайид қисса кард, ки аз ин номаю аз ҷавоби Субҳон огоҳ будааст. Худи шодравон Субҳон Сайид ҳам даҳҳо бор аз ин номаи ман, ки оғози робитаю бародарии мо гардид, қисса карда буд…
Чӣ гуфтан мехоҳам? Он солҳо ба номаи ҳар як бинандаю мухлису шунаванда арҷ гузошта мешуд. Ҳоло чӣ? Фикр мекунӣ ба Садриддини Наҷмиддину Манучеҳр Ҷалилову дигар ситораҳои имрғз нома наменависанд? Менависанд! Аммо намедонам, ки посух мегиранд ё не…
Ту дар бораи як андешаи Меҳровари Маччоӣ навиштаӣ: “ “Ман бо Ардашер ду рӯз шуд, ки ошноям. Ӯ бачаи ором менамояд, вале дар ботинаш ҳарфҳои зиёд дорад ва вай бо худ меҷангад”. Медонӣ ин нишонаи чист? Ба андешаи ман, нишонаи он аст ки ту ҳанӯз андешаи мустақилонаи хешро сари мафҳумҳое чун миллатгароию маҳалгароӣ, андешаҳои фардӣ сари фаъолияту ҳунари ситораҳои ин ё он соҳа, тӯфонҳои бешумори замона, чуну чароҳои зиндагӣ надорӣ. Аз ин рӯ, дар баёни андеша таҳаммул мекунӣ, аз ранҷидани ин ё он нафар меандешӣ, аз тамғаҳои бешуморе, ки метавонанд дар ин рӯзгор зананд ( ба мисли “хоин”, “душман”, “мулло”, “кофир” ва дигарҳо) меандешӣ. Ин аст посухи ман!
Таронаро шоирона –“тухми хотираҳо дар сарзамини сафед” номидаӣ. Зебо гуфтаӣ, вале барои ман тарона мисоли мина аст. Ҷамъбасти ҳар тарона бигзор дар се калима ҷамъбасти андешаи ту, хостаи ту, ниёзи ту, умеди ту бошад. Ва онро бояд дар сатрҳои охирини ҳар тарона бояд гуӣ.
Ҳис мекунам мекӯшӣ то лаҷоми номаҳоро ба сӯйи ишқ кашӣ. Ишқро ҷузъи сарнавишт” мегӯӣ. Ин бо вуҷуди инкори ту хулосаи маро қотеъ мекунад, ки як сабаби ҷиддии рӯ овардани ту ба ғурбат маҳз ишқ аст. Метавонӣ бори дигар инро инкор кунӣ, вале ба пиндори ман чунин аст. Медонӣ, замоне дар бораи фарқи ишқи замони ҷавонии мо ва замони ҷавонии шумо дар китоби “Санге ба гӯри Лайлӣ” навишта будам:
“ … Ёд дорам, дар ангезаҳои талхи ҷавониам, ки чӣ гуна бо ӯ мерафтаму гумон доштам ин дунё моли ман аст. Ба чеҳраи зебояш дида медӯхтаму мегуморидам, ки ин воқеият нест, балки як хоби ширини олудаи афсонаесту бас! Дастонамро, ки ҳангоми хайрбод бар кафи гарми ӯ ниҳода будам, садҳо бор бо ҳазор хиёл менигаристаму оҳ фақат як бори дигар… ин лаҳзаро дар пиндорҳои хеш мебофтам.
Ҳангоме хати қисмати мо ба ҷабри тақдир бигсаста шуд, аз хиёбонҳое, ки паҳлӯи вай гом мебардоштам, танҳои танҳо мегузаштам ва гумон доштам ҳамин лаҳза ДИЛ – ам ме-ка-фад… бовар мекунед, МЕКАФАД… Бе Ӯ ва бо ёди Ӯ будан ба дили танҳоям гаронӣ мекард ва бо чашмоне, ки ғарқа дар фаввораи ашк буд, танҳо ва танҳо Ӯро меҷустам
Ба дарахтоне, ки зери он аз нағмаи борони баҳорӣ паноҳ мебурдем, ва такя ба ҷисми аз ҷабри рӯзгор азиятдидааш мекардем,чун ба меҳроб саҷда меовардам.
Ба кулбае, ки аз паси пардаи ҳарири он чеҳраи сапеду дилрабои вай ҳангоми гусели ман ба Донишгоҳ ҳар сари субҳ намоён мегардид, лаҳзаҳо, соатҳо, рӯзҳо, ҳафтаҳо дида медӯхтам…
Вале Ӯ набуд, ки набуд…
Худоё худовандо! Мардуми имрӯз чӣ? Ишқро он қадар вожаи соддаву масхараомезе мепиндоранд, ки гиряат меояд ба ҷавониву ба ин дӯст доштанҳо!
Ҳанӯз боре дар оғӯши ёр аз оташи ишқ насӯхта, боре рози дил пешорӯи вай қисса накарда, қалби азизашонро нашунидаву надониста, ҳатто боре бо Ӯ дар танҳоӣ сухан нагуфта, тамғаи бевафоиву номардӣ, ноогоҳиву бедилӣ мезананд..
Чӣ рӯзу чӣ рӯзгоре аст ин ХУДОЁ!
Ё Ман пиру қафомонда аз ин мардум шудаам ва ин мардум асрҳову солҳо аз ман …пеш рафтаанд.?.. Билло бахудо, намедонаму шояд ҳаргиз надонам”….
Бубин, миёни ману ҳамсолони ту чӣ фарсахҳост Ардашер! Аммо ман туро ба қавли устод Лоиқ аз зумраи “пиртаваллудшудагон” меҳисобам.
Рост гуфтам?
Хуршед Атовулло