Хона нахар, ҳамсоя хар.
(масали мардумӣ)
Дуруд Абдувоҳид!
Ҳис мекунед, ки оҳиста-оҳиста мукотибаи мо осонтар мешавад, аниқтараш, номаҳои Шумо ба ман зудтар мерасанд? Шояд Бек Сабур ниҳоят корро ёд гирифтаасту дар мукотибаи мардум нақши умда дорад? Намедонам, вале бовар дорам, ки рӯзе садои пойи хари сиёҳи тағои Давронро ҳанӯз аз кӯча мешунавам ва ба пешвози эшон мисли ташна сӯйи об бо умеди дарёфти номаи Шумо медавам. Мегӯед, ки “хайёли хом ва ҳам амри маҳол аст”-у дигар хотираи замони Шӯравиро фақат дар хоб мебинам? Инашро ҳам намедонам…
Суханро ба дарозо накашем, имрӯз мехоҳам дар бораи ҳамсояю ҳамсоядорӣ бо Шумо гуфтугӯ кунам. Аниқтараш, сари ҳамсоякишварҳои мо.
Бубинед, чӣ қисмати шуме доштаем, ки аз рӯзи аввал ба иҳотаи ҳамсояҳои бад афтодаем. Агар ки аввалӣ замони турктозиҳои қарни бист шаҳрҳои азими моро соҳиб шуд, дуввумӣ дар солҳои Шӯравӣ заминҳои ҳосилхези моро чун чарогоҳ соҳиб гардиду имрӯз онро моли худ медонад, саввумӣ чил сол боз ба гирдоби ҷанг кашида шудаву ҳар лаҳза хатаре аз ба сари мо меорад.
Дар зиндагӣ ҳам чунин аст Абдувоҳид. Худо накунад ба ҷанги ҳамсояи бад гирифтор шавед. Ҳар лаҳза дили Шумо мезанад, ки мабодо ҳамсараш дар хонаи Шумо бо баҳонае моҷаро наандохта бошад, мабодо фарзанди нохалафаш бо ҷигарбандони Шумо балво наандохта бошад, мабодо…
Миёни ҳамсоякишварҳои мо аз ҳама ҷангҷӯ ва баднафс баъзе аз шаҳрвандони қирғизанд, ки дар аввал бо кадом дурӯғи таърихӣ худро бо мо хешу табор бароварданд, вале солиёни дароз аз тири ин ё он марзбони қирғиз тоҷик мемурду мемурад. Ваҷаб ба ваҷаб хоки моро соҳиб мешаванд ва имрӯз Чоркуҳи мо куҳ надораду Ворӯхи мо роҳ. Чӯпони мо чорвои худро аз тарси балвою ошӯби онҳо нигаҳбонӣ карда наметавонаду марзбони мо аз тарси қонуншиканӣ метарсад, ки ба нағмаҳои бешумори онҳо посухи сазовор диҳад.
Ҳамсояи дигари мо Афғонистон аст. Кишваре, ки сиёсатмадорони давр чил сол аст тухми нифоқ меандозанду мардуми онро осуда намегузоранд. Имрӯз Толибе, ки дар аксар кишварҳо террорист эълон шудааст, давр меронад, ҳукуматро соҳиб шудааст. Тоҷикони мо бошанд, чун ҳамеша бо содагию шикамхорагӣ дур ронда шудаанд ва дигар водор мешаванд то хоки худро ба панҷобиҳои аз Покистон рехта, холӣ кунанд.
Абдувоҳид!
Дар ин моҷаро як чиро намефаҳмам:
Чаро тоҷикон, ки қишри асосии Афғонистонро ташкил медиҳанд, дар ҳеч замоне аз ҷониби ҳокимони қисматсози ин мамлакат, – на англис, на рус, на амрикоӣ аксар эълон нашудаанд? Чаро ҳақиқати таърихиро ба тӯри масхараи як миллат мепечонанд? Чаро намегузоранд то дар ин сарзамин тоҷике сари қудрат ояд?
Чаро қирғиз рӯирост хоки моро соҳиб мешаваду ба қотилони тоҷикон ордену медали мансаб медиҳад, вале мо қаҳрамонони худро ба баҳонаи ину он, барои ширин шудан ба қирғиз пушти панҷара мебарем? Чаро ба куштори дастҷамъонаи узбекҳо дар моҷаро бо қирғиз тамоми ҷаҳон хомӯшӣ ихтиёр кард? Чаро онҳо тавассути “шарикони стратеги”-и мо, “бародарони калони”-и мо шаҳрвандони моро боздошт кардаву барояшон ҳукми абад содир менамоянд, аммо мо хомӯшем?
Наход кори ин миллат фақат эҷоди шеъру тарона ва рақсидану каф кӯфтан бошад? Чаро? Чаро? Чаро?
Абдувоҳид, ман посухро ба ин суолҳо интизорам.
Ҳамсоя хар
Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!
Бисёр мехостам пас аз мактуби охиринатон дигар ба номаҳоятон ҷавоб нанависам ва номаи дигаре ба номатон накунам! Аммо… боз ҳамон хуни содагӣ ё зудбоварӣ ё асилзодагӣ водорам мекунад, ки пушти компутар нишинам. Аз як тараф, ба мактуби Шумо посух мешаваду аз тарафи дигар, дили одам холӣ мешавад.
Дар урфият мегӯянд, ки “ҳамсояи нағз аз хеши дур беҳтар.” Дар мавзӯи ҳамсояву ҳамсоягарӣ ҳам монанди хешутабордорӣ бояд аз додугирифт ва табодули ҳасана кор гирифт, вагарна як умр дар як бино зиндагӣ карда бегона мемонед (мисли ман). Дувоздаҳ солу чанд моҳу чанд ҳафтаю чанд анд мешавад, ки хонаи ҳозираро харида будем, пеш аз ба ин бино омадан аз ҳамсояву ҳамсоядорӣ пурсон шуда будам. Нақл карда буданд, бисёр ҳамсояҳои тифоқ ҳастанд ва ҳамеша ба ҳамдигар нишасту хез доранд. Умед доштем, ки ҳамсояҳои хубу дӯстони нав пайдо кардем. Мегӯянд-ку “хона нахару ҳамсоя хар!”. Агар ба ин гуфта дурусттар аҳмият диҳед, ҳамун вожаи “хар” чанд маъно доштааст. Дар бораи ҳамсояву ҳасоядории шаҳрнишинон фикратон куллан дуруст аст!
Дар масъалаи ҳамсоякишварҳо фикратон куллан нодуруст аст, бародарҷон! Чун ки ин ҷо чун харидани хонаи сексия ё ҳавлӣ намешавад, ки роҳи интихоб дошта бошӣ. Ин ҷо вазъият тамоман муташанниҷ аст. Ин ҷо намешавад қирқиз ё ӯзбак ё афғонро иваз кунӣ. Ин ҷо намешавад кишваратро бардорию ба ҷойи дигар бубарӣ. Ин ҷо намешавад сарҳадатро бигирию дуртар бибарӣ, ки чашмат дигар башараи хунуки баъзеҳоро набинад. Ин ҷо бояд истодагарӣ карду аз ҳилаву найрангу зӯр истифода кард. Ин ҷо бояд бо ҳар хунукбашара бо забони худаш гуфтугӯ кард. Ин ҷо бояд шоиру нависандаро гунаҳгор накунед. Ин ҷо бояд аз шоиру нависанда асарҳои мазмуни ватандӯстию меҳанпарастӣ дошта тақозо кард, то ҳамагонро барои дӯст доштани Ватан раҳнамоӣ кунад, то дар дили ояндагон шуълаи далерию шуҷоат ва умеду отифаро бедор созад. Ин ҷо бояд ҳукумату давлатмардони миллат сари нангу номус биёянд ва пешвою пешоҳанг бошанд, то ватандорон низ аз пасашон барои ҳифзи сарҳадот камари ҳиммат бибанданд. Ин ҷо боядҳои зиёде ҳаст, ҳар ки бохирадтар аст, ҳар ки боандешатар аст, ҳар ки далертар аст, ҳар ки шуҷоътар аст, ҳар ки донотару бинотар аст бурд мекунад.
Ман ҳамеша пеши худ фикр мекунам, ки аз гузашта нолидану имрӯза ва ояндаро ба назар нагирифтан, аз гузашта ифтихор кардану аз имрӯза қадр накардан, аз гузашта лоф задану фардоро фикр накардан ба зарари мо будаасту хоҳад буд. Агар ҳамин сарҳадоти имрӯзаамонро низ чун гавҳараки чашм ҳифз накунем фардо ояндагонамон боз дасти ҳасрат ба сар мезананду лагад ба гӯри ману Шумо. Масъала чӣ хеле ки дар боло гуфтам хеле муташанниҷтар аст аз оне ки ману Шумо мепиндорем. Ин масъаларо дар як мактуб намешавад баррасӣ карду ҳаллу фасл намуд. Барои ҳаллу фасли ин масъала бояд як нишасти чанднафара ташкил карду аз нӯшокиҳои таҳрикдиҳанда ҳам истифода кард. Ана дар ҳамон ҳолат, ман ваъда медиҳам, ки масъаларо ба таври бояду шояд бароятон нақл мекунам.
Бо эҳтиром Абдувоҳид