Ё қиссаи тифле, ки навадсола шуд…

Дар ҳоле ки тифлакони дирӯз пайдошудаи журналистика дар сари ҳар роҳ гӯиё чизи наве дар журналистика мекобанд, номи англисӣ мегузоранд, аз кадом шахси бӯ набурдае аз коғазу қалам, маблағ ҳам мерӯёнанд ва бо тасвиру обу ранг нишон доданӣ мешаванд, ки ҳарфи тозае гуфтаанд, тифлаки дирӯзае бо номи “Зарафшон” ба синни навад расид.

Тифлаке ки тӯли ин қадар сол оҳиста рафтааст, вале ҳамеша рафтааст, чун медонистааст, ки “ба манзил мерасад ҳар раҳнавард рӯзе”. Якуми майи соли 1932 бо номи “Коммунисти Панҷакент” нашр шудааст ва танҳо соли 1962 бо ташаббуси Зайниддин Насриддинов номи “Зарафшон” – ро гирифтааст.

Нашрияе, ки дар замони Шӯравӣ ҳам бо ин ном нашр мегардид ва муассисаш ҳам мақомоти давлатии он замон буд, ҳоло ҳам, сармуҳаррири имрӯзааш Луқмон Қурбон дар замони Шӯравӣ аз соли 1983 ҳам нашрияро роҳбарӣ мекарданд, имрӯз ҳам. Вале бо ин умри дароз ба қавли Иқболи Лоҳурӣ “чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд?”.

Номи “Зарафшон” барои ман ҳанӯз аз замони тифлӣ шинос буд. Вале на ба он хотир, ки хаткашони деҳа ҳамеша ин нашрияро ба мо мерасонид, на ба он хотир, ки падари як ҳамсинфи мо барои дузанагӣ мавриди ҳаҷви гӯшаи “Ҷайра” – и “Зарафшон” гардида буд. Балки падарам хабарнигори ҷамоатии ин нашрия буданд. Бале, он замон нашрия қариб дар тамоми деҳа хабарнигорони ҷамоатии худро дошт ва навиштаҳои хуби онҳоро чоп мекард. Ин имрӯз аст, ки онро “журналистикаи шаҳрвандӣ” номиданду гӯиё ситораи наве кашф карданд. Дар асл журналистони ҷамоатӣ ҳанӯз аз солҳои сиюми асри бист буданд ва рӯзномаҳоро бо навиштаҳояшон таъмин мекарданд.

Сардабири ин нашрия, устод Луқмон Қурбонро хуб мешиносам. Ин гуна шахсони ҳалиму ғамхор, меҳрубону хоксорро дар ин замона намеёбӣ. Ман хуб медонам, ки бо вуҷуди ин қадар фаъолият ин марди накӯном на соҳиби қасре шудаасту на соҳиби мағозае. Ҳатто як дӯкони рӯзномафурӯшиеро ҳам надошту надорад. Медонам, ки дар ин байн ба ҷабр аз кор рафтаву ду сол бекор ҳам будааст. Медонам, ки маҳз дар ин соли “ГКЧП” дар “Зарафшон” (соли 2002) ҳисоби бонкии нашрияро холӣ кардаву маҷбур шуда, дубора Луқмон Қурбонро ба кор овардаанд.

Нашрия баъди ин ҳодиса ҳайати эҷодии хешро бой дод. Журналистони номдоре чун Бобо Солеҳзода, Маҳмадшарифи Рустам, Абдурауф Муродӣ, Юнус Юсуфӣ, Хушдили Абдулғафур, Абдулаҳад Юнусов ва садҳои дигарро маҳз “Зарафшон” – и Луқмон Қурбон боли парвоз додаву ба ҳар даргоҳе гуселонид.

Имрӯз ҳам “Зарафшон” нафас мекашад….

Имрӯз ҳам “Зарафшон” дар такопӯ аст.

Имрӯз ҳам “Зарафшон” бо Луқмон Қурбоне, ки 55 соли умри хешро ба ӯ бахшидааст, даргоҳи ҳар навқаламе дар Панҷакент аст.

Навадсолаҳои дигар бошӣ “Зарафшон” – е, ки бӯи Падар мекунӣ!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь