Салом, хонанда!

Баъди баҳсу баррасии зиёд сари ояндаи расонаҳои чопӣ ба ин хулоса омадем, то дигар фаъолияти ин намуди нашрро яксӯ гузошта, пурра ба нашри электронии мавод, мақола ва хабару навор гузарем. Ба қавле, аз усули бобоии нашри газетаҳо бароем ва минбаъд барои шумо тариқи электронӣ мавод пешкаш кунем.

Табиист, якбора гузаштан ба намуди электронию интернетӣ ҳам вақт мегираду ҳам қувва металабад, аммо “Маскавро дар як рӯз насохтаанд” ва мо бовар дорем, пеш аз ҳама, бо дастгирии  хонанда пахши маводи “Фараҳ”–ро натанҳо тариқи вебгоҳи алоҳида, балки тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Телеграмм”, “Тик – ток”, “Инстаграмм”, “Твитер” ва бо забонҳои русию тоҷикию англисӣ ба роҳ мемонем. Дар ҳолати зарурат пайдо шудан, дар идома нашри чопии онро ҳам пешкаш хоҳем кард, аммо алъон чунин заруратро намебинем.

Зиндагӣ мубориза аст ва мубориза ин зиндагӣ кардан аст!

Ҳамеша бо мо бошед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь